Тоҷикистон чаро аллакай 30-солагии худро таҷлил намуд, аммо Қонуни асосиаш нав 28 сола шуд?
Вақте лоиҳаи Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия карданд, аъзои гурӯҳи корӣ ба ҳам қавли аҷибе доданд: онҳо ҳар сол, агар тавонанд якҷоя, агар имкон нашуд, пас, ақаллан дар муҳити оилаи худ рӯзи қабули Конститутсияро ҳамчун зодрӯзи тифли аз ҳама хурдиву эркаашон таҷлил мекунанд!
Ин ваъда, ки дар борааш роҳбари гурӯҳ Абдумаҷид Достиев дар китоби “Тоҷикистон – шикастанҳо ва бастанҳо”-и худ ба хотир меорад, дар моҳи апрели соли 1994 аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки дар Тоҷикистони он замон ҳеҷ кас ба фардои худ мутмаин набуд. Ҷанги дохилӣ ҳамоно идома дошт. Ҳазорон нафар кушта ва ҳазорони дигар аз мамлакат фирорӣ буданд.
“Сиёсатмадорони пуртаҷриба” мутмаин буданд, ки умри ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш, ки таҷрибаи сиёсиву раҳбарӣ надоштанд, аз чанд моҳ бештар нест.
Аз ҷониби дигар, дар ин вақт аз иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат оварду Абдулмаҷид Достиев он замон муовини аввалаш буд, тақрибан якуним сол гузашт. Вале мамлакат ҳамоно Қонуни асосии худро надошт. Аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон бошад, се сол сипарӣ гашта буд. Оё як кишвари мустақил чӣ гуна метавонист ҳамоно аз рӯи конститутсияи замони шӯравӣ амал кунад?
Зимнан, ин маъноеро ҳам надошт, ки маҳз Достиев ва гурӯҳи зери роҳбарии ӯ бори аввал дар бораи таҳияи Қонуни асосӣ даст ба кор шудаанд.
ВАҚТЕ ДАР ЛУҒАТИ СИЁСӢ МАФҲУМҲОИ НАВ ПАЙДО МЕШУД
Бори аввал дар Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 оид ба таҳияи Қонуни асосии кишвари мустақил андеша пайдо шуд. Ин замоне буд, ки дар асоси Қарори Шӯрои олии Тоҷикистон Комиссияи махсус оид ба таҳия ва омода намудани лоиҳаи Қонуни асосии нави Тоҷикистон таъсис ёфт. Комиссия аз 62 нафар иборат буд. Вале дар байни аъзо аз ҳуқуқдонҳо ва онҳое, ки бо асноди давлатӣ кор карда метавонистанд, ба гуфтаи муҳаққиқон танҳо профессор, ректори вақти УДТ ба номи Ленин Фозил Тоҳиров ва номзади илмҳои ҳуқуқ С. Қосимов буданду халос. Яъне, шояд таҳияи ҳуҷҷати муҳимро гӯё ҷиддӣ нагирифтанд.
Дар ҳақиқат, соли 1990, ки СССР ҳамоно побарҷо буд, ҷиддӣ машғул шудан ба таҳияи Конститутсияи кишвари мустақил осон набуд, аммо сабабҳои хос дошт. Ин раванд ба он иртибот мегирифт, ки миёнаи солҳои 80-ум ва маҳз замони раҳбарии Горбачёв дар СССР масоили вобаста ба бознигарии сиёсӣ авҷ гирифта, мафҳумҳои “давлати демократӣ” , “ҳуқуқбунёд, “волоияти қонун”, “гуногунандешӣ”, “таҷзияи ҳокимият”, “соҳибиродагии халқ ва соҳибихтиёрии давлат” дар лексикони сиёсӣ пайдо шуда, ҳузури густурда меёфт.
- Истилоҳи “истиқлол” дар паҳнои пасошӯравӣ нахустин бор дар ҷумҳуриҳои назди Балтик садо дод. Аслан мардуми ин кишварҳо, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон иҷборан ба ҳайати Иттиҳои Шӯравӣ ворид шуданд, барои истиқлол тайёр буданд. Онҳо ошкоро СССР –ро як кишвари таҷовузгар мегуфтанд.
Ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико забт шудани ин давлатҳо аз ҷониби Кремлро ба ҳич ваҷҳ эътироф накард. Дар натиҷа, моҳи марти соли 1990 онҳо аввалин санади истиқлоли худро ба тасвиб расониданд, ки мавриди вокуниши ҷиддиву низомии Кремл қарор гирифт.
Аммо раванди ҳодисаҳо чунин тарҳрезӣ мешуд, ки дигар чизеро тағйир додан имкон надорад. Баъди кишварҳои назди Балтика Озарбойҷон ҳам Эъломияи соҳибистиқлолии худро ба имзо расонд. Майи ҳамон сол Гурҷистон низ. Гурҷиҳо дар ин маврид шояд аз бештари халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолтар буданд. Ба ҳар сурат, ҳанӯз аз моҳи апрели соли 1989 дар Тифлис зуд-зуд гирдиҳамоиҳо бо талаби истиқлоли кишвар сурат мегирифт. Баъди Гурҷистон, Русия низ моҳи июни соли 1990 Эъломияи истиқлоли худро ба имзо расонд.
Бо соҳибистиқлол шудани Русия, СССР маънии худро аз даст медод ва ҷумҳуриҳои шӯравӣ яке аз паси дигаре истиқлоли худро эълон карданд. Аз кишварҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, Ӯзбекистон 20 июни соли 1990 эъломияи истиқлол ба имзо расонид. Тоҷикистон танҳо 24 августи ҳамон сол дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии кишвар дар ин бора тасмим гирифт ва Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул кард.
Ин ҳуҷҷат барои таҳияи Қонуни асосӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам кард. Аммо бо авҷ гирифтани ҳаводиси сиёсӣ дар солҳои 1990 – 91 фаъолияти комиссияи конститутсионӣ дар Тоҷикистон номаълум монд, ҳарчанд ҳуҷҷатҳои муҳиме таҳия шуда буданд.
“САРҚОНУН” Ё “ҚОНУНИ АСОСӢ”?
Дар маҳфилҳои сиёсӣ бошад, гоҳ – гоҳ ин мавзӯъ матраҳ мегашт ва барои мардум ин гуна масъалаҳои муҳимро зеҳниятсозӣ мекарданд. Аз ҷумла, аввалин созмони иҷтимоии Тоҷикистон – “Растохез” моҳи январи соли 1991 дар анҷумани таъсисотии худ лоиҳаи Констиутсияи таҳияшударо баррасӣ намуд ва мавқеи худро ошкор кард. Солҳо баъд раҳбари ин созмон Тоҳири Абдуҷаббор дар мусоҳибаҳои худ вобаста ба ин мавзӯъ гуфт:
– Соли 1988-89 буд. Ман бо ҳамкории баъзе аз ёрон Консепсияи мустақилияти иқтисодии Тоҷикистонро таҳия намудам, ки он дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” чоп шуда буд. Баъдан варианти алтернативии “Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон”-ро навиштам ва ба Шӯрои Олӣ пешниҳод кардам, ки матни он ҳам дар рӯзнома чоп шуда буд. Ҳангоми баҳсу баррасии мавзӯъ дар ҷаласаи Шӯрои олии Тоҷикистон, пас аз он ки варианти пешниҳодкардаи моро напазируфтанд, ман варианти саввуми Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро пешниҳод кардам, ки онро ҳам напазируфтанд. Аммо пас аз як сол он пешниҳод аз ҷониби Шӯрои Олӣ пазируфта шуд ва 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расман эълон гардид.
Номзад ба президентӣ дар соли 1991 Сайфиддин Тӯраев ҳам зимни мусоҳибаҳои худ аз зарурати таҳияи Қонуни асосӣ сӯҳбат мекард.
- Воқеан, тирамоҳи соли 1991 вазъи сиёсии Тоҷикистон печида гардид. Митингҳои бардавом ва ташаннуҷи сиёсӣ амалан кори комиссияи конститутсиониро қатъ намуд.
Баъдан сари ин мавзӯъ замоне баргаштанд, ки интихоботи президентӣ ноябри соли 1991 баргузор шуд ва Раҳмон Набиевро ғолиби ин маърака эълон намуданд. Ӯ 10 феврали соли 1992 гурӯҳи кории нав оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ таъсис дод, ки ба он ҳуқуқшиноси шинохта Нурулло Ҳувайдуллоев роҳбарӣ мекард. Барои ин комиссия мӯҳлат то 1 июли соли 1992 таъин гардид. Аммо шояд комиссияи ду сол қабл таъсисёфта хеле корҳову аснодро таҳия карда буд, ки гурӯҳи кории зери раҳбарии Ҳувайдуллоев хеле зуд – охири апрели ҳамон сол, кори худро тамом карда, лоиҳаи Конститутсияро дар нашрияи “Ҷумҳурият” ба нашр расонд. Ин замоне буд, ки баҳори соли 1992 кӯчаҳои Душанберо аз нав гирдиҳамоиҳои давомдор фаро гирифт. Яке аз масоиле, ки нерӯҳои сиёсии мухолиф ҳукуматро муттаҳам мекарданд, ҳамин набудани Қонуни асосӣ ба ҳисоб мерафт. Дар робита, Ҳукумати Тоҷикистон, Шӯрои Олӣ бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ шартнома баст, ки онҳоро ба кори комиссияи коркарди Қонуни асосӣ ҳамроҳ мекунанд.
Дар матбуот баҳсҳои вобаста ба қабули лоиҳаи Қонуни асосӣ хусусияти забониву имлоӣ доштанд. Аз ҷумла мухолифат сари мафҳуми “Сарқонун” мерафт, ки дар лоиҳаи таҳияшуда аз Конститутсия чунин ном мебурданд. Гуфта мешуд беҳтар аст онро Қонуни асосӣ ном баранд. Албатта баҳсҳои ҷиддии касбӣ ҳам пеш меомаданд, аммо зиёд набуд. Ҳамон вақт ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров лоиҳаи алтернативии худро пешниҳод кард.
Аммо ҳаводиси баъдӣ ва сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ муҳокимаи ин мавзӯро батамом аз байн бурд….
АГАР “ЛОИҲАИ БАДАХШОНИҲО” ҚАБУЛ МЕГАРДИД...
Ба мавзӯи таҳияи Қонуни асосӣ маротибаи сеюм ва ниҳоиву ҷиддӣ моҳи марти соли 1993 баргаштанд. Ин замон ҳукумати дар он вақт нави Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ дар моҳи чоруми фаъолият пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ қарор дошт. Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон бо қарори худ “Дар бораи тадбирҳои ташкили консепсияи сохтмони давлатӣ, ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” комиссияи кориро дар ин бора ташкил намуд.
- Андактар иҷлосияи 17 -уми Шӯрои Олӣ ба қарори худ аз 23 августи соли 1990 тағйирот ворид карда, ҳайати нави Комиссияи констиутсиониро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон таъсис дод. 30 сентябри соли 1993 Раёсати Шӯрои Олӣ гурӯҳи кории таҳияи Қонуни асосиро ташкил намуд, ки роҳбарии онро муовини аввали Раиси Шӯрои Олӣ Абдумаҷид Достиев ба зимма дошт ва 10 аъзои дигари гурӯҳ низ аз шахсиятҳои шинохта ва аз мавзӯъ огоҳ иборат буд:
- Зариф Алиев, Тоҷинисо Азизова, Шавкат Исмоилов, Рафиқа Мӯсоева, Сафаралӣ Раҷабов, Маҳмадназар Солеҳов, Халифабобо Ҳомидов, забоншинос Шарофиддин Рустамов, олими шинохта, академики Академияи илмҳо Рашид Раҳимов ва С. Раҳмонов – муовини раиси Суди Олӣ.
Намояндаҳои гурӯҳи корӣ, ҳамон тавре роҳбари он Абдумаҷид Достиев менависад, “бо мақсади ҳамаҷониба ва дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намудани ҷиҳатҳои муҳими Қонуни асосӣ ба ИМА, Туркия ва Шветсария сафар намуданд”.

Онҳо ҳамчунин лоиҳаи таҳияшудаи соли 1992 –ро ҳам ба муҳокима гирифтанд.
Дар натиҷа, тибқи қарори Иҷлосияи 18 гурӯҳи корӣ дар тӯли шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсияро тайёр намуд, ки агар яке хусусиятҳои ҷумҳурии президентиро инъикос намояд, дигарӣ шакли парламентии давлатдориро беҳтар медонист.
Ин маънои онро дошт, ки дар ҷомеа ва ҳатто дохили ҳукумат ҳам дар масъалаи Қонуни асосӣ ва шакли идораи давлат фикри якхела ҷо надошт. Хотиррасон мешавем, ки дар иҷлосияи 16 аризаи истеъфои президент Раҳмон Набиев гирифта шуд ва бо ҳамин вакилони Шӯрои Олӣ ба ҷонибдории шакли идораи парламентии давлат овоз дода, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ ва ҳамзамон сарвари давлат интихоб карданд.
Инак пас якуним сол, ҳатто дар дохили комиссияи корӣ оид ба таҳияи Конститутсия низ, ба навиштаи Достиев, якфикрии мутлақ дар мавриди шакли идораи давлат вуҷуд надошт. Як қисмати аъзои он, ғайр аз ҷонибдорони сохти парламентӣ ё президентии кишвар, пофишорӣ доштанд, ки сардори давлат сарвазир бошад. Ин замони сарвазирии Абдумалик Абдуллоҷонов буд, ки дар интихоботи президентии соли 1994 (дар ин маърака ҳамзамон Конститутсия қабул шуд) рақиби асосии Эмомалӣ Раҳмон гашт.
– Агарчӣ буданд ҳолатҳое, ки баҳсҳо то ба ҷаҳл ва ҳатто тарки гурӯҳ кардани узве мерасид, вале баъди гузаштани андак вақт ё сӯҳбатҳои беғаразу хайрхоҳонаи бародаронаву тоҷикона дар бисёр маврид ҷаҳлро ба ҳазл табдил дода, дар муайян кардани меъёрҳо ба фикри ягона мерасидем,- ба хотир меорад он рӯзҳоро Абдулмаҷид Достиев.
Дар натиҷа, моҳи апрели соли 1994, пеш аз гузоштан ба муҳокимаи умумихалқӣ Комиссияи конститутсионӣ аз ду лоиҳа – шакли идораи президентӣ ё парлумонии давлат, бояд якеро интихоб мекард. Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ аз шакли идораи президентӣ намуд. Аъзои комиссия ҳам ин мавқеъро ҷонибдорӣ карда, лоиҳаро ба муҳокима гузоштанд.
- Ҳарчанд кишвар дар ҳолати ҷангӣ қарор дошт ва ба гуфтаи мухолифон беш аз 1 миллион нафар дар ҳоли фирор аз Ватан буданд, ҷонибдорони ҳукумат ба ин назаранд, ки муҳокимаи Қонуни асосӣ бисёр ҷиддӣ сурат мегирифт. Роҳбарони аҳзоби сиёсии мухолиф, ки дар хориҷа ва аксаран дар Афғонистон қарор доштанд, ба пешниҳоди ҳукумат дар бораи ширкат кардан дар муҳокима ва қабули Қонуни асосӣ ҷавоби рад доданд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулини гурӯҳи кории таҳияи Қонуни асосӣ мегуфтанд аз ҷониби мардум ба онҳо беш аз 8000 таклифу пешниҳодҳо ворид гардид. Шояд хеле аз ин пешниҳоду таклифҳо хусусияти имлоиву забонӣ доштанд. Ҳарчанд иқдомоти ҷиддӣ ҳам ба назар мерасид. Аз ҷумла, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров лоиҳаи худро дубора ба муҳокима пешниҳод кард. Гурӯҳе бо намояндагӣ аз мардуми Бадахшон таҳти роҳбарии Мамадаёз Навҷувонов бошанд, лоиҳаи худро дар нашрияи “Фарҳанги Бадахшон” нашр карданд.
Достиев мегӯяд, агар тарҳи Зойиров, бештар хислати илмӣ дошту дар ҷои дигар масоили вобаста ба ҳуқуқи инсонро жарфтар ба муҳокима мегирифт, “лоиҳаи бадахшониҳо” гуфтан мумкин, ки дар муқобили лоиҳаи ҳукумат таҳия шуда буд. Аз ҷумла, онҳо ҷонибдорӣ аз шакли идораи парламентӣ мекарданд, на президентӣ, парламенти думаҷлисаро пешниҳод менамуданд, интихоби ҳарсолаи сарвари давлат – раиси парламентро мехостанд, ба интихоботи парламентӣ аз ҷиҳати ҳудудӣ (аз ин лиҳоз ВМКБ назар ба ҳама вилоятҳои дигар авлавият касб мекард) бартарӣ медоданд…
ХУЛОСАИ АМРИКО ВА ЯК БАҲСИ САҲА
Ҷониби ҳукумат мегӯяд лоиҳаи ниҳоии худро барои муҳокима ва гирифтани хулосаҳои ҳуқуқӣ ба СММ, САҲА (ОБСЕ), Афғонистон – барои муҳокимаи шаҳрвандони фирорӣ ва кишварҳои дигаре, ки дар онҳо гурезаҳои тоҷик ҷо доштанд – Туркманистон, Қазоқистон, Россия ва сафоратҳои ҳамаи кишварҳое, ки дар Душанбе намоянда доштанд, фиристоданд. САҲА фақат масъалаи аз номи Тоҷикистон ҳарф зада тавонистани Президент ва Парламентро ба баҳс кашида, онро ба меъёрҳои байналхалқӣ мухолиф донист.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бошад, дар номае бо имзои сафир Стенли Эскудеро ба роҳбари гурӯҳи корӣ ҷавоб медиҳад:

“Ҷаноби А. Достиев
Матни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи гурӯҳи муаллифон таҳти роҳбарии Шумо навишта шудааст, аслан ҷавобгӯи ҳамаи талабот аст ва метавонад ба таҷрибаи конститусионализм навигариҳои зиёде на танҳо дар худи минтақаи Шумо ворид созад.
Дар ҳақиқат ин ҳуҷҷат (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон) метавонад, санади хубе бо мақсади муҳофизати ҳуқуқҳои мардуми Тоҷикистон гардад. Ман фикр мекунам, ки Сарқонун бояд ба таври возеҳ ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва коргаронро барои истифода аз ҳуқуқи корпартоӣ ифода намояд ва ибораи “созмонҳои ҷамъиятӣ” дорои маънии ҳизбҳои сиёсӣ бошад. Бешубҳа, бисёр чиз аз қонунҳои конститутсионӣ, ки меъёрҳои дар Сарқонун бударо мушаххас ва танзим менамоянд, вобаста аст. Ва, алабатта, бисёр муҳим аст, ки инро оянда эҳтиром ва ба пуррагӣ риоя намоянд. Рияои Сарқонун ва ҳуқуқҳое, ки он кафолат медиҳад, дар асоси қонун беҳтарин кафолати инкишоф ва пойдории демократия аст.
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи
Амрико дар Тоҷикистон”.
Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 дар якҷоягӣ бо Президенти Тоҷикистон мардум ҳамчунин Конститутсияи кишвари худро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат буд.
Ба маълумоти КМИР ба ҷонибдории ин тарҳ 87% раъйдиҳандагон овоз додаанд. Ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мегуфт ҳадафи онҳо аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Қонуни асосӣ ин пеш аз ҳама ба назар гирифтани андешаи ҳамаи мардум ва таҳияи як ҳуҷҷати устувор аст. Вагарна, аксари кишварҳои пасошӯравӣ конститутсияи худро дар парламент бо овоздиҳии вакилон қабул карданд. Танҳо Россия буд, ки Конститутсияашро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
“ҲА” Ё “НЕ” БА САВОЛҲОИ АЗ ҲАД ЗИЁД
Модоме Қонуни асосии Тоҷикистон бо ин қадар дермонӣ ва зимни муҳокимаҳои зиёд ва он ҳам умумихалқӣ қабул шудааст, бояд яке аз конститутсияҳои хеле ҷиддиву муваффақ, ҳади ақалл дар маҳдудаи пасошӯравӣ бошад. Аммо идеологҳои ҳукумат то ҳанӯз масъаларо фаротар мебаранд ва мегӯянд Конститутсияи Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини дунёст. Дуруст аст, ки онҳо намегӯянд бо чӣ далел ва дар пояи кадом меъёрҳо ин андешаро пеш мегузоранд.
Зимнан, роҳбари гурӯҳи кории таҳияи Қонуни асосӣ Абдулмаҷид Достиев як муваффақияти санади таҳиякардаашонро чунин шарҳ додааст:
– Меъёрҳои Сарқонуни соли 1994 аз бисёр ҷиҳат аз таҷрибаи ҳаёту зиндагии аъзои ҷомеаи худамон бармеоянд.
Як масъалаи асосӣ, вақте дар бораи санадҳои муҳиме чун Қонуни асосӣ сӯҳбат мешавад, мавзӯи устувории онҳост. Масалан, Конститутсияи ИМА, ки ба сифати қадимитарин ва аз ҳама хурдтарин Конститутсия шинохт дорад, ҳарчанд 235 сол пеш навишта шудааст, ҳамагӣ 27 маротиба ислоҳоти начандон ҷиддӣ дидааст. Бо ҳамин 27 ислоҳот аз муқаддима, 7 модда иборат аст ва дар маҷмӯъ 4400 калимаро фаро мегирад. Ҳарчанд он 17 сентябри соли 1787 аз ҷониби 30 нафар ва дар муддати 100 рӯзи корӣ навишта шуд. Гуфта мешавад, сабаби “дарозумрии” ин санади асосии Амрико мувофиқ буданаш ба меъёрҳои суннативу мутлақ, ки арзишҳои умумии конститутсиониро фаро мегиранд, вобаста аст.
Пас, Қонуни асосии Тоҷикистон аз ин лиҳоз то куҷо устувор монд?
Абдулмаҷид Достиев, роҳбари гурӯҳи кории таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон дар ин замина навишт:
– Қонуни асосӣ ба сифати “ҳуқуқи олии кишвар” бояд устувор ва аз ҳар гуна тағйиру такмили ғайричашмдошт эҳтиёт бошад. Зеро таърихи инкишофи конститутсияи кишварҳои ҷаҳон исбот намудааст, аз ҳар роҳи саҳлу осон тағйир додани он бисёрии вақт боис ба кашмакашиҳо ва ҳатто ҷангҳои дохилӣ гардидаанд. Дар назардошт бо ҳамин, Шӯрои Олии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Сарқонуни нав тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Ҳарчанд ба назари ман раъйпурсӣ оид ба қабули Сарқонун ё ҳалли дигар масъалаҳо дар қатори бартарӣ ноқисиҳо ҳам дорад. Бартариаш он аст, ки дар кишвар мақоми дигаре нест, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид намояд. Барои ин танҳо раъйпурсии дигар лозим. Аз ин рӯ, Қонуни асосӣ устувор, қавӣ ва барои мӯҳлати дароз ҳосил мешавад. Паҳлӯи заъфаш аз он иборат аст, ки мардум ҳангоми раъйпурсӣ имкони ба он чизеро илова кардан, ё чизеро ихтисор карданро надоранд. Яъне ҳар чизеро таҳиягарон (асосан ҳукуматҳо) пешниҳод мекунанд, мардум танҳо “ҳа” ё “не” хоҳанд гуфт. Албатта лоиҳаро ба муҳокима мегузоранд, аммо қабул ё рад кардани пешниҳодҳо аз онҳое вобаста аст, ки лоиҳаро таҳия кардаанд. Чӣ бояд кард? Имрӯз мутаассифона, инсоният беҳтар аз ин тарзи қабули қонунҳо ё Қонуни асосиро ихтироъ накардааст ва мо онро эҳтиром дорем.
Охирсухан
Ё Достиеву ҳамроҳонаш ба ваъдаи худ дар соли 1994 содиқанд, ё не?
Дар ибтидои матлаб аз Абдулмаҷид Достиев – роҳбари гурӯҳи кории таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон (ҳоло ҳамин тавр номида мешавад, таъбири “Сарқонун” пас аз тағйироти соли 2016 гирифта шуд) ва ҳамроҳонаш нақли қавл кардем, ки пеши ҳам ваъда доданд: агар лоиҳаи онҳо аз ҷониби халқи Тоҷикистон дар таърихи 6 ноябри соли 1994 пазируфта шавад, онҳо ҳамасола ин рӯзро ҳамроҳ, ё дар алоҳидагӣ бо пайвандони хеш ҳамчун рӯзи таваллуди фарзанди хурдӣ ва эркаи хонадонашон таҷлил хоҳанд кард.
Оё онҳо ба қавлашон содиқанд?
Посухи Абдулмаҷид Достиев:
– Агарчӣ ҳоло дар якҷоягӣ ин идро таҷлил намекунем, аммо дар алоҳидагӣ ба аҳдамон содиқем. Дар яке аз нишастҳои якҷоя ҳозирин аз ман пурсиданд, ки чаро баъзеҳо ба ваъда вафо намекунанду ба таҷлил намеоянд? Ба онҳо гуфтам, ки мо 11 нафар будем. Як нафар мутаассифона даргузашт, як нафари дигар раис шудааст. 9 нафар боқӣ мондаем, ки инҷоем. Баъди ин аз баҳри якҷоя қайд кардани Рӯзи Конститутсия гузаштем.
Масъала танҳо ҳамин аст, ки шахсияти дар замони худ расман №2 дар Тоҷикистон мегӯяд, ё масоили дигаре ҳам ҷо доранд?
Ба ин савол мо ҷавоби қотеъ надорем. Ҳарчанд сари фарзияву тахминҳое мешавад ист кард…
Раҷаб Мирзо