Дар Тоҷикистон боз масъалаи муттаҳид намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба миён гузошта мешавад. Коршиносон бовар доранд, ки ин ба пайдо шудани ҷойҳои кории нав, содироти муташаккилонаи маҳсулот, бунёди зерсохтор дар маҳалҳо, рушди кишоварзӣ ва дар маҷмўъ рушди иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Соҳаи кишоварзӣ бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон мебошад, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии ММД тақрибан 22%-ро ташкил медиҳад.
Дар зимн захираи заминҳои барои истеҳсолоти кишоварзӣ коршоям дар кишвар хеле маҳдуд аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ, аз масоҳати умумии кишвар заминҳои кишоварзӣ 33%-ро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо чарогоҳҳои мавсимӣ 27% ва заминҳои обӣ танҳо 5,2%-ро фаро мегиранд. Дар 498 ҳазор гектар заминҳои обӣ (3,3%-и масоҳати кишвар) зироатҳои муҳимтарин парвариш карда мешаванд.
Дар ҳоле 30 сол пеш ба сари ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ 0,12 гектар киштзор рост меомад, имрўз аз сабаби афзоиши аҳолӣ ин нишондод ба 0,05 гектар расидааст. Аз рўи ин нишондод Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ мавқеи охирро ишғол мекунад.
Ҳукумати кишвар ба ҳар роҳ кўшиш мекунад аз даст рафтани заминҳои кишоварзиро пешгирӣ намояд, вале омор бозгўяндаи акси ҳол аст.
Дар баробари ин солҳои охир мушкилии дигар матраҳ мешавад – ғайриимкон будани фаъолияти комгоронаи хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ. Мо тасмим гирифтем ба сабабҳои ин равшанӣ андозем.
Аз колхозҳо то ХДФ
Дар мавзеъҳои деҳотнишини Тоҷикистон 74% аҳолии ҷумҳурӣ ба сар бурда, аз кишоварзӣ даромад ба даст меорад. Бахши аграрӣ меҳнатталаб аст ва хоҷагидории самаранок дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеаи деҳоти Тоҷикистон нақши бориз дорад.
Раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҶТ Азизбек Шарипов хотиррасон мекунад, ки дар Тоҷикистон то соли 1991 бахши кишоварзӣ дар асоси хоҷагиҳои дастаҷамъӣ рушд меёфт.
«Колхозу совхозҳо иқтидорҳои зиёд, зерсохторҳои бузург, роҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ доштанд. Инчунин корхонаҳои давлатие буданд, ки ба муассисаҳои кишоварзӣ ҳам аз ҳисоби давлат ва ҳам аз ҳисоби худи хоҷагиҳо хадамоти зарурии сохтмонӣ мерасонданд»,- нақл мекунад Шарипов.
Бино ба қавли ў, пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ва барҳам хўрдани колхозҳо низоми мазкур аз байн рафт ва тамоми иншооту моликияти онҳо аксаран ба яғмо бурда шуд.
Заминҳое, ки замоне низоми ягонаи идоракунӣ ва хоҷагидорӣ доштанд, мувофиқи қонунҳои иқтисоди бозаргонӣ ба дасти моликони хусусӣ гузаштанд ва номи дигар – хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) гирифтанд.

Аммо сохтори таъминоти моддӣ-техникии ба ҳадди лозима ривоҷнокарда, набудани механизми пешкаши субсидияҳо ба истеҳсолоти кишоварзӣ, адами зерсохтори кофӣ, маркетинги кишоварзӣ ва пойгоҳи номукаммали меъёрӣ-ҳуқуқӣ суръати тараққиёти бахши аграриро таъмин карда наметавонистанд.
88 % хоҷагиҳо ба мушкилӣ печидаанд
Дар солҳои охир бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар 122 ҳазору 723 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфт.
Тибқи таҳқиқотҳои анҷомёфта муайян гардид, ки:
36% ё 44 180 хоҷагии деҳқонӣ аз 0,03 то 0.5 гектар масоҳат дорад;
31% – 38044 хоҷагии деҳқонӣ аз 0,5 то 2,0 гектар масоҳат дорад;
21% – 25 772 хоҷагии деҳқонӣ аз 2,0 то 5,0 гектар масоҳат дорад;
12% – 14726 хоҷагии деҳқонӣ зиёда аз 5,0 гектар масоҳат дорад.
Коршиносон қайд мекунанд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки заминҳои васеъ надоранд, ҳам аз нигоҳи заминсозӣ ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ қобили қабул нестанд. Масалан, дар як қитъа шумораи зиёди истифодабарандагони замин ҷойгир аст, ки зироатҳои гуногуннавъро парвариш мекунанд. Ин зироатҳо реҷаҳои мухталифи обёрӣ доранд, дар натиҷа ба яке об намерасад, дигаре онро аз меъёр зиёд истифода мекунад. Дар оқибати ин қитъаи аввалро об пахш мекунад, дар қитъаи дуюм хок хушк шуда, рў ба завол меорад.
Ба ақидаи коршиносон, хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ наметавонанд ба худ иҷоза бидиҳанд, ки трактор, насосҳои муқтадир барои кашидани об, техника барои интиқоли молҳо ё ки анбор барои нигоҳдории ҳосили ҷамъоварда бихаранд.
Мушкили хурд-хурд пора кардани захираҳои замин на танҳо ассотсиатсияҳои ХДФ, балки хоҷагиҳои калони фермериро низ нигарон мекунад. Гап сари он аст, ки ХДФ-ҳои хурд ба фарқ аз хоҷагиҳои калон қудрати маблағгузорӣ кардани таъмини зерсохтори умумии кишоварзиро надоранд. Онҳо дар сохтмони роҳу коммуникатсияҳои дигар, тармиму барқарорсозии иншоотҳои гидротехникӣ, тоза кардани каналу шабакаҳои заҳбурӣ ширкат намеварзанд.
Саҳми ХДФ-ҳо дар ободонии деҳаву шаҳракҳои маҳалли зисташон низ хеле кам аст.
«Фермерҳои хурд бояд муттаҳид шаванд»
Омилҳои номбаршуда хавфи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар танҳоӣ ба андозаи назаррас баланд мекунанд.
“Хоҷагиҳои фермерӣ, ки камтар аз 50 га замин доранд, самаровар нестанд,- ақида дорад сардори ХДФ «Неъмат Ҳоҷӣ» дар Турсунзода Неъмат Усмонов.- Агар минбаъд ҳам тақсим намудани заминҳоро ба қитъаҳои хурд идома диҳем, дар истифодаи ратсионалии он ба мушкилот дучор хоҳем шуд».
Ба андешаи ў, фермерҳои хурд бояд ба кооператсияҳо муттаҳид шаванд, то ки на танҳо масъалаҳои хоҷагидории худро ҳал намоянд, балки ба рушди кишвар низ саҳмгузор бошанд».

«Дар ноҳияи мо зиёда аз 3 ҳазор га ангурзор ҳаст. Хоҷагиҳои калон аз байни онҳо «Боғи Сомон» бо 500 га замин ва ХДФ-и мо «Неъмат Ҳоҷӣ» бо 105 га токзор мебошанд,- гуфт Ҳоҷибобо.- Мо соли 2011 таъсис ёфтем. Дар ҳафт сол аз ҳисоби даромадҳои худ 5 км роҳҳои деҳаро мумфарш кардем. Бо ёрии пойгоҳи обкашӣ 60 га заминҳои лалмиро шодоб намудем ва ба боғи баландҳосили обӣ табдил додем. Дар натиҷа бисёр аъзои хоҷагии мо соҳиби ҳиссаи худ шуданд. Дар кўчаҳои деҳаи Янгибоғ прожекторҳо насб кардем. Ғайр аз ин, пайваста ба эҳтиёҷмандон бо пул ва маҳсулоти озуқа ёрӣ мерасонем, кўмакамон ба хонаи пиронсолон, мактабҳо, беморхонаҳо мерасад. Вақте хоҷагӣ калон аст, ҷойҳои нави корӣ таъсис додан осонтар мебошад. Инчунин аз ҷойҳои дигар одамонро ба корҳои мавсимӣ даъват намуда, онҳоро бо хўрока ва музди ҳаррўза таъмин мекунем. Ба фикратон, агар танҳо як гектар замин медоштем, метавонистем ин корҳоро анҷом диҳем?».
Акси Н. Қаландаров
Ба қавли Усмонов, асоси дастовардҳои ў қабл аз ҳама мавҷудияти майдонҳои васеи кишт аст. Маҳорат, ҳунари ташкил намудани кори дастаҷамъӣ ва ғайра баъди ин меоянд.
“Дар масоҳати кам низ софдилона кор кардан мумкин аст, аммо амалӣ намудани лоиҳаҳои калони ободонӣ, ба роҳ мондани содирот, ширкат дар намоишгоҳҳо ва намояндагии арзанда аз Тоҷикистон дар онҳо ғайриимкон ба назар мерасад. Каналҳоро тоза кардан, техникаи ҳозиразамон ворид намудан, маводи сўзишворӣ ва нуриҳоро захира кардан, анборҳо сохтан ва ташкил намудани коркарди маҳсулот дар ҷойҳо низ номумкин аст. Ин корҳо маблағгузориҳои ҷиддиро металабанд ва хоҷагиҳои хурд наметавонанд онҳоро мустақилона ҳал намоянд»,- мегўяд фермер.
Худи моликони ХДФ-ҳои хурд мегўянд, ки мехостанд муттаҳид шаванд, вале метарсанд, ки мустақилияти худро аз даст медиҳанд.
«Дар мо қонунҳои хуб зиёданд, лекин зиёд мақомдорон дар маҳалҳо онҳоро ба таври худ тағйир медиҳанд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки муттаҳид карда, онҳо боз моро ба нусхаҳои колхозҳои собиқ табдил намедиҳанд, ки дар онҳо раисҳо шароити меҳнат ва муздро бо ихтиёри худ таъин карда, боз чанд муфтхўрро ба ҳосили мо зам намекунанд?»- мегўяд хоҷагидоре аз Турсунзода.
Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки то ин замон ба кооперативҳо муттаҳид шуда, кори хоҷагии худро комгорона пеш мебаранд.
Ба ҳайси мисол, соҳибкори ҷавон аз ноҳияи Шаҳристон Озода Додхоева, ки кооперативи бо ёрии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ – ФАО таъсисёфтаро сарварӣ мекунад, мегўяд, «мушкилоти фермерҳоро дар танҳоӣ ҳал кардан намешавад». Аз ин рў ФАО ибтикори ташкил намудани кооперативро гузошт, ки ба он 23 хоҷагии хурд муттаҳид шуданд. Ў дар бораи бартариҳои иттиҳоди озод нақл кард: «Ҳукумат ба мо қитъаи заминро барои сохтмони Маркази логистика ва анбор ҷудо кард, ки дар он картошкаи тухмиро нигоҳ доштан, аз он ба муштариён моли худро равон кардан мумкин аст. Бо ташкил намудани кооператив шумораи ҷойҳои корӣ меафзояд, сардхонаҳои яхдонӣ бунёд мегарданд, трактор, плуг, дигар таҷҳизоти кишоварзӣ (масалан, мошин барои ҷамъ кардани картошка) харида мешавад. Мо як чизи асосиро дарк намудем – дар танҳоӣ дар шароити имрўза муваффақ шудан намешавад. Якҷоя мо неруеро ташкил медиҳем, ки қодир аст даст ба ҳадафҳои бузургтар занад».
Санҷар Хуррамов