Вокуниш ба мақолаҳои хабарнигори портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” Мазҳаб Ҷумъа таҳти унвони “Метарсам аз бонк қарз гирам” ва “Ҳар рӯз аз бонк занг мезананд”

Бонки миллии Тоҷикистон мақолаҳои хабарнигори портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” Мазҳаб Ҷумъаро аз 17.11.с.2021 таҳти унвони “Метарсам аз бонк қарз гирам” ва аз 10.11.с.2021 таҳти унвони “Ҳар рӯз аз бонк занг мезананд”, ки дар онҳо масъалаи баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва ба муҳлати кам пешниҳод намудани имтиёзҳо дар давраи пандемияи COVID-19 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ баррасӣ гардидааст, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод.

Вобаста ба кам пешниҳод кардани имтиёзҳои қарзӣ, аз ҷумла тамдиди муҳлати қарз, додани муҳлати имтиёзӣ (ба таъхир гузоштан) барои пардохти қарзи асосӣ ва ё фоизҳо қайд менамоем, ки вазифаи асосии бонкҳо ин миёнаравии молиявӣ буда, онҳо маблағҳои озоди аҳолӣ ва корхонаҳоро бо муҳлат ва фоизи муайян ҷалб намуда, дар навбати худ онҳоро ба дороӣ, аз ҷумла қарз табдил медиҳанд.

Яъне маблағҳои ҷалбнамудаи ташкилотҳои қарзӣ муҳлатнок буда, ташкилотҳои қарзӣ барои истифодабарии онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фоизҳои муқарраршударо пардохт мекунанд ва ҳангоми расидани муҳлат, бояд пас гардонида шаванд.

Дар ҳолати саривақт пардохт нашудани маблағи қарз ва фоизҳои он аз ҷониби қарздорони ташкилотҳои қарзӣ, дар онҳо хавфи пардохтпазирӣ ба вуҷуд меояд. Ҳолати мазкур ба устувории молиявии ташкилотҳои қарзӣ таъсири манфӣ расонида, боиси дар муҳлати муайян пардохт нагардидани маблағи пасандоздорон мегардад.

Бинобар ин, имтиёзҳои пешниҳодшаванда ба қарздорон ба монанди дарозкунии муҳлатҳои пардохти маблағи қарз ва фоизҳои он, паст намудани фоизи қарзҳо ва ғайра бо назардошти ҳолати молиявӣ ва дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ амалӣ мегардад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ чораандешӣ менамояд, ки тартиби додани қарзҳоро содда намуда, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва афзун намудани ҳаҷми қарзҳо ба муштариёни боэътимод, аз ҷумла додани қарзҳои хурди дорои фоизи паст ба соҳибкорон аз рӯи имкониятҳои мавҷуда, бо назардошти идоракунии хавфҳо, мусоидат намоянд.

Боиси қайд аст, ки ташкилотҳои қарзӣ дар давраи буҳрони пандемияи COVID-19 вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ ва бо назардошти ҳолати молиявии муштариён дар асоси аризаи муштариён қарзҳои онҳоро тамдид ва ё таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доштанд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда буданд ва раванди мазкур айни замон низ вобаста ба имконияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ идома ёфта истодааст.

Бобати то ҳол арзиши баланд доштани қарзҳои пешниҳодшаванда бошад, қайд кардан зарур аст, ки яке аз нишондиҳандаи асосии муайянкунандаи арзиши қарзҳои пешниҳодшаванда, ин худ арзиши (меъёри фоизии) захираҳои ҷалбшаванда, асъори захираҳои ҷалбшаванда, хароҷоти амалиётии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, омили хавф низ ҳангоми муайян кардани фоизи қарз нақши калон дорад.

Айни ҳол, бинобар арзиши гарон доштани қисми зиёди захираҳои ҷалбшавандаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва муҳлати начандон дароз доштани онҳо ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон надоранд, ба зарари худ бо фоизи аз арзиши пасандозҳо ва дигар захираҳои ҷалбнамуда пасттар ва ба муҳлати дарозтар қарз пешниҳод намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар як ташкилоти қарзии молиявӣ бо дарназардошти арзиши манбаҳои ҷалбшуда, хароҷоти амалиётӣ ва хароҷоти иловагӣ, аз ҷумла пардохти хароҷоти комуналӣ, қувваи барқ, сузишворӣ, конселярӣ, андоз, музди меҳнати кормандон, иҷора ва ғайра тарофаҳои қарзиро аз рӯи сиёсати қарзии худ пеш мебарад.

Новобаста аз ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани арзиши аслии қарз таҳлилҳои амиқ гузаронида шуданд. Ҷиҳати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи чораҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2018 то охири моҳи октябри соли 2021 меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ аз 29,11 фоиз то 23,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 17,07 фоиз то 13,0 фоиз паст карда шуд. Вале ҳолати мазкур ҳоло ҳам қаноаткунанда набуда, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мазкур якҷоя бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома хоҳад дод.

Қайд кардан лозим аст, ки паст шудани фоизи қарз аз қарздорон низ вобастагии калон дорад, чунки саривақт пардохт намудани он дар навбати худ ба паст шудани хавфи қарзӣ оварда мерасонад.

Вобаста ба муроҷиати пайвастаи корманди ташкилоти қарзӣ бояд ҳаминро дар назар дошт, ки барои таъмини саривақтии баргардонидани қарз, ки ташкилоти қарзӣ бо ин хавфҳои қарзии худро пешгирӣ менамояд, кормандони масъул хоҳ нохоҳ бо муштариён дар тамос мешаванд.

Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.