Вазирон боз чӣ гуфтанд

«Таҳмдор» ба ҷои лейтенант, қочоқи 90 кило тилло ва $3,7 млрд қарзи давлат. Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо дар ҷамъбасти соли 2020 ба охир расиданд. Nuqta.tj гуфтаҳои ҷолибтарини мансабдорони зинаи олиро, ки ҳафтаи гузашта садо доданд, пешкаши хонанда мекунад.

Гумрук: 260 мошини боркаш дар марзи Чин дармонд

Зиёда аз 260 мошини боркаш бо амволи соҳибкорони тоҷик дар гузаргоҳи «Қулма» дармондааст, хабар дод 18 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода.

Маълум нест, ки ҳукуматдорони Чин ба гузаргоҳҳояшон дар марзи Тоҷикистон боз кай иҷозати оғози корро медиҳанд.

Вазирон боз чӣ гуфтанд
Азим Турсунзода

Гузаргоҳи «Қулма» аз аввали октябри соли гузашта баста аст. Соҳибкорони тоҷик аз сабабе, ки боркашҳои ҳомили молҳои барои Тоҷикистон пешбинишуда дар марзи Чин дармондаанд, зарари ҷиддӣ мебинанд.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми кўшиши ғайриқонунӣ гузарондани 90 кг тилло ва асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон ба Дубай ҳафт нафар дастгир шуданд. Се нафари онҳо кормандони хадамоти гумрук, чор нафари дигар шахсони мулкӣ, аз ҷумла хешовандони директори собиқи кони тиллои «Шугнов» буданд.

Аз рўи далели мазкур прокуратураи генералии кишвар тафтишот мебарад.

Кумитаи забон: Лейтенант не, таҳмдор

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода зидди такроршавии номҳои мавзею маҳалҳо мавқеъ арз кард.

Ў гуфт, имрўз мо бо ҳолатҳои зиёди такрори номҳо дар кишвар дучор мешавем. «Масалан, номи «Пахтакор» 84 бор такрор меёбад, «Истиқлол» – 25, «Ваҳдат» – 31, «Баҳористон» – 15, «Гулистон» – 26». Гурўҳҳои корӣ сари масъалаи тағйири номҳое, ки зиёд такрор шудаанд, кор мебаранд, зеро ин нодуруст ва хилофи қонунгузории амалкунанда аст, афзуд роҳбари Кумита.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ ёдрас карданд, ки Кумита барои тасдиқкунӣ ба ҳукумати кишвар рутбаҳои низомиро ба забони тоҷикӣ пешниҳод кардааст.

Вазирон боз чӣ гуфтанд

Дар суҳбат бо «Азия-Плюс» мудири шуъбаи истилоҳоти кумита Абдураҳим Зулфониён гуфт, дар сурати қабул шудан аз тарафи ҳукумат рутбаҳои низомӣ ба забони тоҷикӣ чунин хоҳанд буд:

ефрейтор – радабон, сержанти хурд – даставар, сержант – дастаёр, сержанти калон – дастабон, старшина – сардаста, прапоршик – силаҳбон, лейтенант –  таҳмдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал-лейтенант – лашкарсолор, генерал-полковник – сипаҳсолор ва генерали артиш – артишсолор.

Сардори Кумитаи кор бо занон: Таҷовузи духтарон ҷинояти нобахшиданист

Соли 2020 дар Тоҷикистон нўҳ ҳолати рафтори зўроваронаи дорои хусусиятҳои ҷинсӣ нисбати духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шуд, гуфт 17 феврал дар ҷараёни вохўрӣ бо рўзноманигорон раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Ў гуфт, ҳар бор ҳайрон мешавад, ки мард чӣ гуна метавонад нисбат ба як кўдак, ки тамоман заиф аст ва қобилияти худро муҳофизат кардан надорад, ин гуна корҳои ваҳшиёнаро раво бинад. «Магар ин хелҳоро одам номидан мумкин аст? Таҷовузи духтарон ҷинояти нобахшиданист!» – гуфт роҳбари Кумита.

Қурбонзода хотиррасон кард, ки тафтиши чунин ҳодисаҳо зери назорати махсуси раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Вазирон боз чӣ гуфтанд
Ҳилолбӣ Қурбонзода

Ҳамчунин сардори Кумита аз ҳодисаҳои худкушӣ изҳори нигаронӣ намуд. Тавре Қурбонзода қайд кард, дар Тоҷикистон соли 2020 601 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 239 ҳолат марбут ба занон буд. Бино ба суханони ў, асосан сабабҳои даст ба худкушӣ задан дар ихтилолҳои гуногуни руҳӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, ҳар гуна зўроварӣ нисбати қурбонӣ, танҳоӣ, ноилоҷӣ аст.

Ҷамшед Каримзода: Бонки ҷаҳонӣ барои эмкунӣ $21,1 млн медиҳад

Бонки ҷаҳонӣ барои эмкунии гурўҳҳои афзалиятноки аҳолии Тоҷикистон зиёда аз $21,1 млн медиҳад, хабар дод муовини вазири молияи кишвар Ҷамшед Каримзода дар нишасти матбуотӣ.

Ваксинагузаронӣ дар навбати аввал гурўҳҳои афзалиятдори аҳолиро фаро хоҳад гирифт: аз ҷумла, кормандони соҳаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, аҳолии аз 50-сола боло, шахсони гирифтор ба бемориҳо, инчунин омўзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимотӣ эм карда мешаванд, гуфт Каримзода.

Вазирон боз чӣ гуфтанд
Ҷамшед Каримзода

Ў афзуд, ки гуфтушунид оид ба сармоягузории харид ва интиқоли ваксинаҳо ба ҷумҳурӣ идома дорад. Шумораи аниқи шаҳрвандоне, ки дар доираи маблағгузории иловагӣ бо эмкунӣ фаро гирифта хоҳанд шуд, аз нархи ниҳоӣ ба ваксина вобаста хоҳад буд.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ муовини вазир ҳаҷми қарзи давлатиро номбар кард. Ба ҳоли оғози соли ҷорӣ он ба $3,7 млрд расид, ки 46,8% аз ММД Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Бино ба суханони ў, дар сохтори қарз $3,2 млрд ба қарзи беруна ва $500 млн ба қарзи дохилӣ рост меояд.

Ҳаҷми қарзи беруна дар соли 2020 $300 млн афзуд, андозаи қарзи дохилӣ, баръакс, беш аз $200 млн коҳиш ёфт. Қарзи беруна дар соли гузашта, дар навбати аввал, аз ҳисоби кредите афзуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дар ҳаҷми $190 млн фароҳам овард.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад ($1,2 млрд).

Муовини вазир ҳамчунин дар бораи ҷалби инвеститсияҳо барои сохтмони НБО Роғун нақл кард. Ба қавли ў, дар соли 2020 барои сармоягузории иншооти мазкур 3,2 млрд сомонӣ (тахминан $290 млн) сафарбар шуд: 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ва 1 млрд сомонӣ аз ҳисоби манбаъҳои байналмилалӣ.

Каримзода қайд намуд, ки маблағгузории Роғун дар соли ҷорӣ тақрибан дар сатҳи соли гузашта ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла 2,1 млрд сомонӣ аз буҷа ҷудо карда мешавад.

«Қатъи назар аз имкониятҳои молиявии ба ҳоли имрўз маҳдуд, мо сохтмони НОБ-и Роғунро идома медиҳем»,- илова кард ў.

Сардори Кумитаи андоз:  Сеяки ҳамаи қарзҳо ба 7 корхона дахл дорад

Ҳаҷми қарзҳои андоз дар ҷумҳурӣ дар давоми соли 2020 303 млн сомонӣ афзуд, хабар дод сардори Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 18 феврал дар нишасти матбуотӣ.

Ў қайд намуд, ки дар лаҳзаи ҷорӣ боқимондаи қарзҳо 844 млн сомонӣ ($75 млн)-ро ташкил медиҳад.

Ба ақидаи ў, ин андоза сатҳи баланди афзоиши қарзҳои андоз аз ҳисоби баъзе корхонаҳои калон ба амал омадааст, дар ҳоле ки теъдоди умумии қарздорон 35 ҳазорро ташкил медиҳад.

Давлатзода ҳафт қарздори калонтаринро ном бурд: инҳо «Тоҷиктелеком» (86 млн сомонӣ), НБО Роғун (67 млн сомонӣ), Ширкати алюминийи тоҷик (38 млн сомонӣ), Сангтўда-1 (36 млн сомонӣ), фурудгоҳи Душанбе (31 млн сомонӣ), «Талко Ресурс» (17 млн сомонӣ) ва «Алюминсохтмон» (16 млн сомонӣ) мебошанд.

Роҳбари Кумитаи андоз қайд намуд, ки қарзҳои корхонаҳои номбаршуда муштаракан 291 млн сомониро ташкил медиҳанд, ки 33% аз ҳаҷми умумӣ мебошанд.

Инчунин дар рафти нишасти матбуотӣ аз мавқеи Кумитаи андоз дар масъалаи блогерҳои тоҷик гуфта шуд.

Ба онҳо то 1 апрели соли 2021 барои бақайдгузорӣ дар мақомоти андоз муҳлат дода шуд, дар акси ҳол нисбати онҳо чора андешида мешавад, хабар дод сардори Сарраёсати Кумитаи андоз Шамсулло Кабирзода.

Ў таъкид намуд, ки мутахассисони Кумитаи андоз фаъолияти блогерҳоро омўхта, ба номгўи андозсупорандагон ворид кардани онҳоро лозим донистанд.

«Тибқи таҳлил, тақрибан 30 канал муайян карда шуданд, ки аз 3 то 20 миллион тамошобинро ҷамъоварӣ мекунанд»,- хабар дод ин корманди масъули Кумита.

Сардори ВКД: Омори ҷиноятҳо афзуд

Дар муқоиса бо соли 2019 теъдоди ҷиноятҳо 1464 адад афзуд, ҳиссаи чиноятҳои ошкоршуда 83%-ро ташкил дод, гуфт вазири ВКД Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матуботӣ.

Бино ба суханони ў, дар соли 2020 дар ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 ҷиноят ба қайд гирифта шуд (соли 2019 – 21 ҳазору 996). 18 ҳазору 887 ҷиноят ошкор шуд. Мақомоти корҳои дохилӣ 15 ҳазору 542 ҷиноятро фош намуда, ба қайд гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумла 107 далели сўиқасди куштор, 135 далели расондани зарари вазнин ба саломатӣ, 34 ҳолати таҷовуз ба номус, 33 роҳзанӣ, 12 ҳодисаи одамфурўшӣ, 161 ғоратгарӣ, авбошӣ – 1325, қаллобӣ – 2886, дуздӣ – 6197, гардиши ғайриқонунии силоҳ – 44, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир – 602, ҷиноят бо истифода аз силоҳ  42 адад ба қайд гирифта шуд.

Вазирон боз чӣ гуфтанд
Рамазон Раҳимзода

Соли гузашта аз аҳолӣ 54 адад автомат, 65 туфангча, 138 камону карабин, 302 адад силоҳи суфтамил ва дигар навъҳои лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Ғайр аз ин, бино ба қавли вазир, мақомоти корҳои дохилӣ дар соли сипаришуда 1 тоннаву 117 кг маводи мухаддир, аз ҷумла 49,2 кг героин, 481,2 кг афюн,  502,2 кг ҳашиш, тақрибан 65 кг бангдонаро мусодира карданд.

Кормандони ВКД 10 гурўҳи муташаккилеро дар ҳайати 37 нафар дастгир карданд, ки ба ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир машғул буданд. Дар маҷмўъ, сохторҳои қудратии кишвар соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 425 кг маводи мухаддирро хориҷ карданд.

Раҳимзода инчунин истифода аз шиканҷаро аз ҷониби кормандони худ нисбати муовини раиси ҳизби сотсиал-демократӣ Маҳмурод Одинаев инкор кард. Сиёсатмадор қаблан дар ҷаласаи судӣ изҳор дошт, ки дар рафти тафтишот латукўб шудааст.

Инчунин вазир пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистонро оид ба табдили номи рутбаҳои низомӣ ба забони тоҷикӣ шарҳ дод.

Дар посух ба суоли хабарнигорон ў гуфт, дар шароити буҳрони иқтисодӣ, иваз кардани номи рутбаҳои низомӣ сарфи зиёдатиро талаб мекунад. Ба ин хотир вазири корҳои дохилӣ гуфт, “дар ҳоли ҳозир лозим нест, дар оянда агар омўзем, мумкин аст”.

Nuqta.info

Оцените статью

Вазирон боз чӣ гуфтанд «Таҳмдор» ба ҷои лейтенант, қочоқи 90 кило тилло ва $3,7 млрд қарзи давлат. Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо дар ҷамъбасти соли 2020 ба охир расиданд. Nuqta.tj гуфтаҳои ҷолибтарини мансабдорони зинаи олиро, ки ҳафтаи гузашта садо доданд, пешкаши хонанда мекунад. Гумрук: 260 мошини боркаш дар марзи Чин дармонд Зиёда аз 260 мошини боркаш бо амволи соҳибкорони […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.