Мушкилот дар соҳаи бонкӣ, ки аз соли 2015 оғоз ёфт, пас хонда шудани иҷозатномаҳои кор ва барҳам додани 2 бонки низомсоз («Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»), афзоиши шикоятҳо ба поин рафтани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо ва дар маҷмуъ ба низоми бонкӣ сабаб гардид.
Портали таҳлилии Nuqta.tj, бо такя ба ахбори “Бюллетени омори бонкӣ”-и Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2017 то 2021, ки дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон нашр шудааст, мутобиқати имкониятҳои мавҷудаи онро ба ҳалафҳои ҷиддие, ки роҳбарияти кишварамон дар назди он мегузорад, арзёбӣ намуд.
Шумораи ташкилотҳои молиявӣ дар Тоҷикистон коҳиш меёбад
Аввалин чизе, ки ҳангоми назарандозӣ ба маълумот ба чашм меафтад, дар 5 соли охир коҳиш ёфтани миқдори ҳамаи намудҳои муассисаҳои молӣ дар Тоҷикистон аст.
Ба охири соли 2021 шумораи бонкҳо 22,22 фоиз, ташкилотҳои қарзии молиявӣ 39,42%, ташкилотҳои маблағгузории хурд 43,02%, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд 52,63%, ташкилотҳои қарзии хурд 71,43%, фондҳои қарзии хурд 20,59% кам шуд.
Поёнравии нишондиҳандаҳо
Дар баробари кам шудани шумораи муассисаҳои молиявӣ, дар соли 2021 нишондиҳандаҳои молиявӣ низ бад шуданд. Масалан, дар як қисми нишондиҳандаҳои молиявии («Сармоя», «Воситаҳои асосӣ», «Сармоягузориҳо», «Активҳо», «Амонатҳо», «Пассивҳо+ Сармоя») бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз охири соли 2019 то семоҳаи якуми соли 2021 афзоиши умумии дар маҷмуъ муътадилро нишон медоданд, дар соли 2021 поинравии назаррас дида мешавад.
Бозгашти нишондиҳандаҳои молиявӣ ба сатҳи оғози соли 2017 ва поёнравии ҳаҷмҳои активҳои бонкҳои Тоҷикистон, ки ҷойи болоравии активҳоро аз охири соли 2019 то семоҳаи якуми соли 2021 гирифт, суолҳои табииро ба вуҷуд меорад.
Коршиноси бахши бонкӣ (бо таҷрибаи 20-солаи кор дар низоми бонкӣ) Лола Ҷумъаевна Салимова инро “бо сахт шудани талабот нисбати ташаккули фонди зарарҳои эҳтимолӣ аз рӯйи қарзҳо ва бад шудани сифати портфели қарзӣ” марбут медонад.
Бояд қайд намуд, ки дар моҳҳои минбаъда зиёд кардани активҳо кисман имконпазир гардид. Ин кор, ба ақидаи коршинос, “аз ҳисоби зиёд кардани портфели қарзӣ, ки манбаи он ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ буд,” даст додааст.
Аммо ҳадди 18,1 миллиард сомониро то охири соли 2021 убур кардан муяссар нашуд. Ба ин тариқ, то охири соли 2021 активҳои бонкҳои Тоҷикистон натавонистанд ҳатто ба сатҳи аввали соли 2017 бирасанд.
Ба ақидаи Лола Ҷумъаевна, ҳамаи тамоюлҳои болозикр сабаби мантиқӣ доранд: “Дар давраи аз соли 2017 то имрӯз бо мақсади таъмини рушди устувори бахши бонкӣ ва коҳиш додани осебпазирии он ба омилҳои бӯҳронии беруна ва дохилӣ, инчунин таъмини шаффофияти фаъолият ва эътимоднокии ҳисобот БМТ сиёсати назорати ба хавфҳо нигаронидашударо пеш гирифт, ки боиси аз бозори молиявӣ баромадани як қатор ташкилотҳои қарзӣ гардид, ки фаъолияташон ба талабот ва меъёрҳои танзимгар мувофиқ набуд ва метавонист ба буҳрони иҷтимоӣ боис гардад.
Моҳи майи соли 2021 бо Қарори БМТ ду бонк (АИБ ва ТСБ) барҳам дода шуданд, ки сабаби коҳиши ҳаҷми «Активҳо», «Пассивҳо» ва «Сармоя» гардид. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки дар бозори хизматрасонии молиявӣ ташкилотҳои қарзӣ боқӣ мондаанд, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои БМТ фаъолият мекунанд».
Вазъи ташкилотҳои хурди молиявии Тоҷикистон
Дар пасманзари поинравии нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳо ташкилотҳои молиявии хурд болоравии устувор ва пайвастаро дар нишондиҳандаҳое, аз қабили «Активҳо», «Капитал», «Пассивҳо+ Сармоя», «Амонатҳо» нишон медиҳанд.
Дар пасманзари афзоиши аксари нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд, рукуди фондҳои асосӣ ва коҳиши назарраси сармоягузорӣ мушоҳида мешавад.
Аммо як қатор коршиносони бахши бонкӣ ҷой надоштани афзоиши воситаҳои асосиро мусбат арзёбӣ мекунанд.
“Ин нишондиҳандаи мусбат аст, – мегӯяд коршиноси мо Л.Д.Салимова. – Бонкҳо сармоягузорӣ ба хиштҳоро қатъ намуда, стратегияҳои рушди худро ба рақамисозӣ, сармоягузорӣ ба технология ва каналҳои фосилавии дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ гузарониданд, ки боиси афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ мегардад. арзиши хизматрасониҳои молиявиро коҳиш медиҳад ва дастрасии молиявиро афзоиш медиҳад”.
Саноатисозии кишвар ва вазъи ташкилотҳои молиявӣ
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълом гаштанд. Тибқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи то соли 2026 бояд 870 корхонаи нави саноатӣ ва 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард доллар расонда шавад ва содирот ду баробар афзоиш ёбад.
Баррасии мухтасари вазъи ниҳодҳои молиявии Тоҷикистон аз мавҷудияти мушкилоте шаҳодат медиҳад, ки эҳтимоли ба вуҷуд овардани хавфҳоро ба нақшаҳои саноатисозии кишвар доранд.
Муваффақияти татбиқи нақшаҳои мазкур бевосита ба вазъи низоми бонкӣ, ки тиҷоратро бо маблағҳои зарурӣ таъмин мекунад, вобаста аст.
Онҳо инчунин ба рушди тиҷорати хурд, миёна ва калон, шиддат гирифтани фаъолияти соҳибкорӣ таҳдид мекунанд.
Охир, пул «хуни иқтисодиёт» аст; вақте он аз гардиш мемонад, бадан хушк мешавад.