Ба фарқ аз ҳамсояҳои худ Тоҷикистон барои харидани ваксинаи зидди бемории COVID-19 чандон шитоб надорад ва ният дорад тобистони соли ҷорӣ ба ваксиназании аҳолӣ ба зидди ин беморӣ шурўъ намояд. Мутахасисони соҳаи тиб дар мавриди зарурати эмгузаронӣ мегўянд, фоизи муайяни одамон то ҳол бемориро аз сар нагузарондаанд ва дар марзи хатар ҳастанд.
Astra – ройгон, Спутник – пулакӣ?
12 феврали соли 2021, зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки 20 фоиз ё ҳудуди 1 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ваксинаи “AstraZeneca/Oxford”, ки дар доираи барномаи «СOVAX»-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ройгон ба Тоҷикистон интиқол меёбад, ваксиназанӣ мешавад.
Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, аввалин бастаҳои ваксинаи “AstraZeneca/Oxford” охири моҳи феврал ва аввали моҳи марти имсол вориди Тоҷикистон мешаванд.

Қаблан СҶТ хабар дод, ки ба Тоҷикистон ҳамчун узви барномаи COVAX дар навбати аввал беш аз 730 ҳазор ваксина фиристода мешавад.
Ба иттилои вазири тоҷик, дар марҳилаи аввал, тавре чанде пеш роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ дархост намуда буд, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, шахсони гирифтори маризиҳои музмин ва ашхоси аз 50-сола боло бо ваксина таъмин мешаванд.
Дар идома Ҷ. Абдуллозода гуфт, 5 млн 840 ҳазор ё 80 фисади дигари сокинони Тоҷикистон ҳам ваксина мегиранд ва онро худи давлат дастрас мекунад.
– Дар маҷмӯъ, 6 миллиону 714 ҳазор тоҷикистонӣ бояд алайҳи маризии коронавирус ваксина гирад, – қайд кард вазири тандурустӣ.
Ба ҷуз аз ваксинаи “AstraZeneca/Oxford”, ба гуфтаи вазири тандурустӣ, ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти ваксинаи «Спутник V» бо Россия гуфтугӯ дорад ва натиҷаи ниҳоии он то ҳол маълум нест.

– Барои рӯшан шудани ин масъала интизор меравад, намояндагони Тоҷикистон ба Россия сафар мекунанд ва танҳо пас аз мулоқоти рӯ ба рӯ, натиҷаи ниҳоии он маълум мешавад, – гуфт Ҷ. Абдуллозода.
Дар бораи самаранокии ваксинаҳои AstraZeneca/Oxford, Абдуллозода сухан ронда, қайд намуд, ки самаранокии он 65% -ро ташкил медиҳад.
– Чунин фикр кардан хатост, ки Тоҷикистон майдони озмоиши ваксинаҳо мешавад. Ин нодуруст аст. Ҳамаи ваксинаҳое, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод кардааст, аз ҷумла AstraZeneca/Oxford, то ин вақт се марҳилаи озмоишҳои клиникиро гузаштаанд, аз ин рӯ онҳо аллакай дар рӯйхати ваксинаҳои истифодашуда мебошанд”,- қайд намуд, ў.
Ёдовар мешавем, ки COVAX як ташаббус барои харидории мутамарказ ва тақсимоти ваксинаҳои зидди COVID-19 мебошад. Барномаи мазкур зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ амал карда, 92 кишварро фаро мегирад. Ин кишварҳо умед доранд, ки бо ёрии созмон аҳолии худро бо ваксина таъмин хоҳанд кард.
Бояд шитобид!.. Ё не?
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле мунтазири ваксина аз COVAX ва интизори гуфтушунид бо Россия ҳастанд, ки баъзе аз кишварҳои ҳамсоя барои харидани ваксина ба шаҳрвандонашон фармоиш дода, баъзеи дигар аллакай ба ваксиназанӣ оғоз намудаанд. Аз ҷумла, Ўзбекистон барои ҳар шаҳрвандаш як воя (доза) ваксинаи зидди COVID-19 дархост кардааст. То моҳи июни соли 2021 Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки 60%-и аҳолиро бо ваксиназанӣ фаро гирад. Шурўъ аз 1 феврали соли равон Қазоқистон ба ваксиназании аҳолии худ оғоз кард.
Ҳамчунин, дар бисёре аз кишварҳои Аврупо ва Осиё эмкунии сартосарӣ оғоз шудааст. Баъзе пизишкони тоҷик мегӯянд, замони он расидааст, ки дар Тоҷикистон низ барои қишри осебпазир ваксинаи зидди коронавирус дастрас карда шавад. Вале коршиносони соҳаи тиб мегўянд, дар кишвар аллакай масунияти оммавӣ пайдо шудааст ва ҳоҷат ба шитобкорӣ нест.
Пизишки тоҷик Муқаддас Умарова, ки дар оғози пандемия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба бемасъулиятӣ айбдор карда буд, гуфт, дар сурати ваксина накардани қишри осебпазир оқибатҳои пандемия вазнин хоҳад буд.
– Бояд аввал пизишкон, омӯзгорон ва онҳое, ки аз рӯи тахассус бо одамони зиёд муошират мекунанд, ваксина гиранд. Агар ваксина накунанд, пандемия дер мегузарад ва дурудароз давом карданаш мумкин аст, то замоне ки иммунитети оммавӣ пайдо нашавад. Баъдан, намудҳои нави вирус баромадааст ва хоҳ-нохоҳ то мо мерасад, – таъкид намудааст ӯ.
Вале эпидемиолог, профессор Саидбек Сатторов мегўяд, дар кишвар аллакай дар сатҳе масунияти оммавӣ пайдо шудааст ва далели асосии он тўли зиёда аз як моҳба қайд нагирифтани беморӣ аст.
– Пайдоиши масунияти оммавӣ ба он вобастагӣ дорад, ки фоизи зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар тамоми ҷаҳон ҷавонон ин бемориро дар шакли пинҳонӣ мегузаронанд. Азбаски қишри асосии моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аҳолӣ пинҳонӣ ин бемориро аз сар гузаронид ва аллакай, масунияти оммавӣ пайдо кардааст, – гуфт профессор.
Ба андешаи эпидемиологи тоҷик, ҳарчанд имрўз зарурати ваксиназании аҳолӣ дар кишвар ба миён омадааст, вале шитобкорӣ набояд кард. Ба гуфтаи ў, дар навбати аввал бояд пиронсолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ваксина гиранд. Чунки ба гуфтаи ў, агар муҳоҷирон айни ҳол ваксина нагирданд, дар оянда наметавонанд аз кишвар берун раванд.

Пизишки тоҷики муқими Россия Абдулло Давлатов ҳам мегўяд, аллакаймасунияти оммавӣ дар Тоҷикистон пайдо шудааст, вале новобаста аз ин, бояд эмкунӣ ба роҳ монда шавад, чунки вирус нав аст ва ҳеҷ кас намедонад подтанҳо (антителаҳо) дар муқобили ин вирус то кадом муддат мемонанд ва то куҷо муваффақ ҳастанд.
– Ҳеҷ кас дар ҷаҳон намедонад, ки масунияти оммавӣ то кай давом мекунад ва баъди гум шудани подтанҳо зарурати эмкунӣ пайдо мешавад ё не, аз ин хотир шояд эмкунӣ аз ин вирус ба монанди вируси грипп доимӣ шавад, – қайд намуд А. Давлатов.
Роҳҳои дастрас кардани ваксина
Мақомот дар Тоҷикистон ба суоли он, ки оё барои харидани ваксина аз буҷа маблағ ҷудо шудааст ё не, посух намедиҳанд. Бархе коршиносон мегўянд, арзиши ваксина хеле гарон аст ва Тоҷикистон, эҳтимол, аз ин сабаб наметавонад феълан онро дарёфт кунад.
Бино ба ҳисоби Эътилофи ҷаҳонии эмкунӣ (GAVI), арзиши як вояи (доза) ваксина ба ҳисоби миёна аз 10 то 20 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба ҳар шахс бояд ду дозаи ваксина гузаронда шавад. Дар баъзе аз кишварҳо эмкунии сокинон зидди коронавирус ройгон хоҳад буд. Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки ваксина дар доираи барномаи COVAX ройгон ба аҳолӣ пешниҳод мешавад. Вале дар мавриди ваксинае, ки худи давлат дастрас мекунад, шарҳи муфассал надод.
Дар охири моҳи декабри соли гузашта вазири тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои харидани ваксина ба Тоҷикистон 3 миллион доллар ҷудо кард ва қарор аст, 5 миллион доллари дигар ҳам кумак кунад.
16 феврали соли равон БҶ хабар дод, ки барои ваксиназании гурӯҳҳои афзалиятдори аҳолӣ дар Тоҷикистон 8,63 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, саволи асосӣ ин аст, ки оё Тоҷикистон имкони хариди ваксинаро аз ҳисоби худ дорад ва он ба аҳолӣ ройгон пешниҳод мешавад ё пулакӣ.
Абдулло Давлатов мегўяд, дар бораи «имконоти моливу иқтисодии Тоҷикистон иттилоъ надорад», вале гуфт, Тоҷикистон метавонад, бо истифода аз дигарбарномаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, барномаҳои мухталифи шарикони маблағгузор, аз қабили ташкилотҳои минтақавиву ҷаҳонӣ барои аҳолии боқимонда ваксина дастрас намояд.
Ў гуфт, COVAX як барномаи хурди СҶТ аст, дигар барномаҳо ҳам ҳастанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба кишварҳои вазъи иқтисодиашон мушкил кӯмак мерасонанд.
– Агарчи арзиши воксин 10-15 долларии ИМА эълон шудааст, новобаста аз характери тиҷорӣ доштанаш, барои ҳар давлату ҳар шарики харидор хоса мешавад. Имконоти харидории миқдори қонеъкунандаи воксини муқобили коронавируси навъи SARS-Co-2 ҳастанд ва агар ба хубӣ истифода шаванд, албатта, Тоҷикистон метавонад муваффақ шавад, – гуфт А. Давлатов.

Мавсуф илова кард, ки эмкунӣ аз сироятҳои вирусӣ дар шароити эпидемия ва пандемия дар тамоми дунё ройгон аст ва ў бовар дорад, ки дар Тоҷикистон низ он ройгон хоҳад буд.
Ба андешаи раиси шўрои мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода, тартиби эмкунӣ, аз ҷумла ройгон ва ё пулакӣ будани онро ситоди мубориза бо коронавирус зери назари сарвазири кишвар бояд муайян кунад.
Дер намешавад?
Баъзе аз мутахассисони соҳаи тиб мақомоти тоҷикро ба кашолкорӣ дар ваксина кардани мардум айбдор мекунанд, аммо масъулини Вазорати тандурустӣ инро рад менамоянд.
Ба андешаи Абдухалил Холиқзода, то аз байн рафтани масунияти ҳосилшуда ваксиназанӣ сурат гирад, дер намешавад. Мавсуф гуфт, масунияти оммавӣ аз ҷамъи масуниятҳои фардӣ иборат аст, яъне агар 60-70 дарсади шаҳрвандон эм шаванд ё пас аз беморӣ ба сироят муқовимат пайдо кунанд, масунияти оммавӣ ҳосил мегардад ва паҳншавии вирус дар ҷомеа пешгирӣ мешавад.
– Зарурати гузаронидани ваксина ҳаст, зеро пеш аз ҳама дарсади муайяни одамон то ҳол бемориро аз сар нагузарондаанд ва дар марзи хатар ҳастанд, ғайр аз ин маълум нест, ки масунияти ҳосилшуда чӣ қадар давом меёбад, – хулоса кард А. Холиқзода.
Мазҳаб ҶУМЪА