Дар саросари ҷаҳон ҷанг рафта истодааст. Агар баҳори соли 2020 сирояти коронавируси COVID-19 душмани асосии ҳама шуда бошад, пас дар баҳори соли 2021 кишварҳо бо ҳам меҷанганд ва дар ин ҷангҳо ваксинаҳо силоҳи асосӣ мебошанд. Чун дар ҳама гуна ҷангҳо, ҷонибҳо омодаанд, бе ягон раҳму шафқат сарбозони худро – сокинонашонро, ки мехоҳанд ваксина гиранд, қурбон кунанд.
Дар аввали моҳи май, дар Конгресси умумиҷаҳонии ваксина, доруи ширкати амрикоии Moderna беҳтарин ваксина дар мубориза бо коронавирус эътироф карда шуд. Ба рӯйхат инчунин ваксинаи истеҳсоли Русия Sputnik V, AstraZeneca (Бритониё), Bharat Biotech (Ҳиндустон), Janssen (ИМА), Medicago (Канада), Novavax (ИМА), Pfizer / BioNtech (ИМА, Олмон) ва ваксина барои ҳайвонот Zoetis (ИМА) дохил карда шудаанд.
Чаро маҳз “Moderna” беҳтарин ваксина эътироф шуд? Ҳеҷ кас воқеан шарҳ надод, ки чӣ гуна ва кадом меъёрҳо барои баҳодиҳии ваксинаҳо истифода шудаанд. Аммо бояд тахмин кард, ки принсипи “аз мо беҳтарин аст” дар ин ҷо кор кардааст: дар байни баромадкунандагон ва мутахассисоне, ки ваксинаҳоро арзёбӣ карданд, аксаран амрикоиҳо буданд. Ва худи Конгресси Ҷаҳонӣ ҳам он қадар “ҷаҳонӣ” набуд: он ҳамоиши фақат амрикоиҳо бо иштироки чанд тан меҳмон аз баъзе кишварҳои дигар буд.
Беҳтарин эътироф намудани ваксинаи худӣ, бешубҳа, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ фоидаовар аст, аммо ҳангоми бастани шартномаҳои воридотӣ, кам касон ба хулосаи ин “конгресси ҷаҳонӣ” эътибор медиҳанд. Ин ҷо нақши асосиро таҳқиқоти дигар, ки самаранокӣ ва бехатариро тасдиқ мекунанд, инчунин дархостҳо барои ваксина аз ҷониби худи сокинони кишварҳо нақши хеле калон доранд.
Ҳамзамон, Кохи Сафед тасмим гирифт, ки пешниҳоди як қатор давлатҳоро дар бораи даст кашидан аз патенткунонии ваксинаҳо дастгирӣ кунад. Ба гуфтаи раҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Гребесесус, “ин намунаи тавоноии роҳбарияти ИМА дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии тандурустӣ мебошад”. Аммо, ширкатҳои дорусозии Иёлоти Муттаҳида аз ин тасмим норозӣ шуданд ва гуфтанд, ки ин мубориза бар зидди пандемияи коронавирусро суръат нахоҳад дод, балки танҳо дар бозори ашёи хом рақобатро ба вуҷуд меорад. Ғайр аз ин, рад кардани патент метавонад боиси эҷоди як қатор ваксинаҳои ғайристандартӣ гардад, ки назорат ба истеҳсоли онҳо мушкил хоҳад буд ва вазъи маризиро бадтар мекунад. Аз ин рӯ, маълум нест, ки оё Ҷо Байден ва намояндаи тиҷорати ИМА Кэтрин Тай дар ҳақиқат ин тасмимро барои кӯмак ба кишварҳои даромадашон камтар барои дастрасӣ ба технологияи ваксина ва ҳарчӣ зудтар эмгузаронии аҳолии онҳо гирифтаанд. Баръакс, чунин ба назар мерасад, ин як қадаме ҳаст, барои намоишкорона нишон додани “Амрико баргашт”, яъне тасмимҳои президенти нав аз Трамп фарқ мекунад.
Бо вуҷуди ин, барои хавотир шудан барвақт аст. Масалан, Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала розӣ нест. Ин нуктаро президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел дар як нишасти матбуотӣ дар Порто изҳор дошт: барои бекор кардани патентҳои ваксина, ҳамаи 170 кишвари узви СТҶ бояд ризоият бидиҳанд.
Ҳоло ки табибони амрикоӣ доруи Модернаро ситоиш мекунанд, ҷанги ваксина дар ҷабҳаи бадномкунии ваксинаҳои дигар шиддат мегирад. Ҳама дар бораи қабристонҳои бемороне, ки аз таъсири “ваксинаи беҳтарин”-и фавтидаанд, медонанд, ҳарчанд расонаҳои ғарбӣ бе ягон сабаби маълум дар ин бора сӯҳбат карданро дӯст намедоранд. Онҳо бо ҷидду ҷаҳд бештар аз ҷузъиёти даст кашидани Бразилия ва Словакия аз ваксинаи русиягии Sputnik V хурсандӣ мекунанд. Моҳи апрели соли ҷорӣ Агентии миллии санитарии Бразилия (Анвиса) воридоти Sputnik V -ро манъ карда, сабаби онро “хавфҳои хос” ва “камбудиҳои ҷиддӣ” номид, ҳарчанд ин кишвар қаблан барои интиқоли 10 миллион дозаи ваксина қарордод имзо карда буд.
“Ширкатҳои бузурги дорусозӣ – рақибони ваксинаи Русия – аз муваффақияти он метарсанд, нуқтаҳои заифро дар он ёфта наметавонанд ва бояд хабарҳои қалбакиро паҳн кунанд, ки ифшои онҳо осон аст”, – навиштанд дар сафҳаи худ дар Твиттер истеҳсолгарони Sputnik V. Инчунин гузориш дода шуд, ки мақомоти ИМА дар соли 2020 кӯшиш карданд, Бразилияро аз тасмими хариди Sputnik V боздоранд ва ҳушдор доданд, ки ин таъсири Русияро дар Амрикои Лотинӣ афзоиш медиҳад ва дар навбати худ ба амнияти миллии Амрико зарар мерасонад. Президенти Бразилия Ҷаир Болсонаро дар рафтору гуфтор ҳамчун дугоники Трамп машҳур аст. Вай то чанде пеш ба мавҷудияти коронавирус бовар намекард, беморонро таҳқир менамуд, чораҳои карантинро қабул надошт ва худаш бо он сироят ёфта рӯзноманигорони аз ӯ мусоҳиба гирифтаро низ сироят кунонид. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, як кишваре, ки чунин шахсият ҳукмронӣ мекунад, ба хотири муносибатҳои хуб бо Иёлоти Муттаҳида аз ин дору даст мекашад. Ба ҳисоби миёна 60 000 бразилиягӣ, ки ҳамарӯза ба беморӣ гирифтор мешаванд, бояд аз маҳорати сиёсии роҳбарияти кишварашон “миннатдор” шаванд.
Дар Словакия, ваксинае, ки дар Русия истеҳсол шудааст, ба гуфтаи мақомоти кишвар, шубҳаҳоро аз он сабаб ба вуҷуд овард, ки гӯё истеҳсолкунанда 80% ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накардааст. Дар айни замон, маълум шуд, ки Sputnik V дар Словакия дар лабораторияе санҷида шудааст, ки ба системаи лабораторияҳои расмии Иттиҳоди Аврупо оид ба назорати маводи доруворӣ дохил намешавад. Ҷониби Русия баргардонидани 200 ҳазор дозаро, ки аллакай ба ин кишвар интиқол шуда буд, талаб кард. Вале сарвазири Словакия Игор Матович наҷоти ҷони сокинони кишварашро муҳим дониста, баргардонидани ваксинаҳоро рад намуд. Ҳамзамон, дар пасманзари муноқишаи дохилӣ бар зидди ваксинаи сохти Русия, шаш вазири ҳукумат, аз ҷумла худи Матович низ маҷбур шуданд, ки аз мақомҳояшон истеъфо диҳанд.
Умуман, қариб дар ҳама кишварҳои Аврупо дар пасманзари тасмими харидории ваксинаи Sputnik V муноқиша сар мезанад. Ва хоҳиши як сиёсатмадор барои харидан ё нахаридани маводи доруворӣ аз Русия яке аз нуқтаҳои муҳими барномаи интихоботӣ мегардад, тавре ки масалан, дар Олмон чунин аст.
Сарфи назар аз он, ки як қатор кишварҳои Аврупо аллакай ба хариди ваксини Русия шурӯъ кардаанд, Комиссияи Аврупо аз ба роҳ мондани хариди мутамаркази он саркашӣ мекунад ва чанд моҳ инҷониб ваксинаи русиягиро мавриди санҷиш қарор дода, лаҳзаи қабули қарори ниҳоиро ба таъхир меандозад. Ҳар қадаре ки ин тартиб тӯл кашад, ҳамон қадар сокинон ваксинаҳои AstraZeneca мегиранд. Зеро истеҳсол, интиқол ва нигоҳдории AstraZeneca (4-5 доллар барои як доза) нисбат ба масалан, Moderna (32-37 доллар) ё Pfizer / BioNtech (19,5 доллар) арзонтар аст.
Вале арзонӣ на ҳамеша сифатро ҳамроҳӣ мекунад. Ин махсусан дар мисоли AstraZeneca аён аст. Агентии доруҳои аврупоӣ (EMA) дар аввали моҳи апрел эътироф кард, ки ҳолатҳои лахташавии хун дар рагҳои мағзи сари одамон ба қабули ваксинаи AstraZeneca алоқаманд аст. Бо вуҷуди ин, EMA даст кашидан аз ин доруро зарур намешуморад ва бо назардошти он, ки “манфиатҳои маҷмӯии ваксина дар пешгирии COVID-19 аз хавфи ҳодисаҳои номусоид зиёдтаранд” ҳарчӣ бештар сокинонро бо он эмбандӣ мекунанд- сарфи назар аз он, ки оқибатҳои нохуши пас аз эмгузаронии AstraZeneca дар Канада, Фаронса, Испания, Юнон ва Австралия марги бештар ба қайд гирифта шудааст. Чунин вазъ дар атрофи ваксинаи амрикоии Janssen низ ба вуҷуд омадааст. Хушбахтона, дар ҳоли ҳозир, ҳолатҳои фавт пас аз эмкунӣ бо ин ваксина ба қайд гирифта нашудаанд, аммо гузоришҳо дар бораи пайдо шудани лахтбандии хун зиёданд.
Ваксинаҳои AstraZeneca ва Janssen ваксинаҳои векторӣ мебошанд, ба монанди Sputnik V. Ва тарс аз ваксинаи русиягӣ комилан фаҳмо аст- вақте доруҳои истеҳсолкунандагони дигар, ки тибқи ҳамин принсип сохта шудаанд, барои фоизи муайяни одамони эмшуда марговар мебошад. Дар ин ҷо хоҳиши Иёлоти Муттаҳида барои пешбурди маҳсулоти худ дар бозори ҷаҳонӣ ва роҳ надодан ба маҳсулоти русиягӣ аллакай фаҳмост. Аммо иҷрои ин хоҳиш рӯз аз рўз душвортар мешавад. Дания аввалин кишваре буд, ки аз истифодаи ваксинаҳои AstraZeneca ва Janssen барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ даст кашид. Баъди вай кишварҳои дигар низ ба бехатарии ваксина шубҳа карданд ва ба гузаронидани санҷишҳои иловагӣ шурӯъ намуданд. Ҳамин тариқ, бинобар шубҳаҳо ба доруҳои AstraZeneca ва Janssen, таваҷҷӯҳ ба Sputnik V дар Аврупо афзоиш меёбад. Чунин сурат гирифтани кор барои кишварҳое, ки таъминкунандагони ваксинаҳои гаронарзиш мебошанд, комилан судовар нест. Аз ин рӯ, онҳо на танҳо маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд, балки фаъолона исрор меварзанд, ки онро беҳтарин эътироф кунанд, ҷоизаҳоро тартиб диҳанд ва ба ҷаҳониён таҳмил намоянд.
Дигарон шояд гӯянд, ки пандемия вақти мусоид барои ба ивази ҷони шаҳрвандони худ нишон додани мавқеъ ё “зўрии худ” нест. Аммо ин дар Ғарб кай ва киро тавонистааст, ки боздорад?
Фаррух Бозоров