Анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон чиро маълум намуд?
Ин шояд як тасодуф буд, ки Анҷумани XVll- и Ҳизби демократи Тоҷикистон маҳз ба рӯзе иттифоқ афтод, ки ҳизби ҳокими халқӣ – демократӣ 28 солагии худро таҷлил мекард.
Барои маълумот: ҲХДТ маҳз 10 декабри соли 1994 таъсис ёфтааст ва дар ибтидо Ҳизби халқии Тоҷикистон ном дошту роҳбараш Абдулмаҷид Достиев буд. Баъдтар ба номи ҳизб вожаи “демократӣ” -ро ҳамроҳ карданду роҳбараш Эмомалӣ Раҳмон гашт. Ин иттифоқ дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон пеш омад.

Шоҳидон мегӯянд ҳамроҳ кардани вожаи “демократӣ” ба номи ин ҳизб аз ҷониби масъулон, хоса Сайфулло Сафаров дар он айём маънидор буд: то “демократия” дар муҳити онвақтаи Тоҷикистон маъмул шавад ва тарс аз он коҳиш ёбад. Воқеан, мо замоне ҳам доштем, ки ба одамон гуфтани калимаи “демократия” мушкил пеш меовард…
Аслан барои Саидҷаъфар Усмонзода – раиси феълии демократҳои тоҷик ҲХДТ “бегона” нест. Пеш аз оне, ки соли 2005 дар бораи ташкил намудани Ҳизби ҷавонони прогрессив гап кушояд (ки онро дарҳол қаноти ҳизби ҳоким номида буданд), аъзои ҲХДТ буд. Баъд, вақте раҳбари Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров барои 23 сол ба зиндон афтоду дар баробари ин ҳизб “ҷиноҳ” ба вуҷуд омад, Усмонзода ба он пайваст. То соли 2012 парокандагии ҳизбӣ вуҷуд дошту ниҳоят фаъолон аз ҳизби аслӣ ва “ҷиноҳ”-и бавуҷудомада ба хулосае омаданд, ки якҷоя шаванд. Усмонзода раис шуд.
- Инак 10 декабри соли 2022 дар “Кохи афсарон” Ҳизби демократ анҷумани XVll – уми худро баргузор мекарду аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон хабарҳои баргузории маъракаҳои хос ба 28 солагии таъсиси ҲХДТ паҳн мегашт.
Ҳизби ҳоким чанд рӯз пеш аз ин, маҷлиси Кумитаи иҷроияашро бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони баландпояи дигар анҷом дод. Мегӯянд масоили муҳиме гуфта шудаанд, ҳарчанд дар матолибу гузоришҳои нашру пахшшуда аз ҷараёни ин ҷаласа аз он ҳарфҳои муҳим чизе нест…
Аммо дар анҷумани ҲДТ ҳама чӣ ошкор буд. Як нуктаи муҳим: дар анҷумани демократҳо ғайр аз раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода, ки ба ҷои худ нафаре аз ҳамҳизбиёни депутаташро фиристодааст, боқӣ ҳамаи раисони аҳзоби сиёсии парламентӣ иштирок доштанд: Абдуҳалим Ғаффоров – раиси Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода – раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ.

Бо намояндагӣ аз ҳизби амалкунанда, аммо ягона ғайрипарламентии Тоҷикистон – Ҳизби сосиал –демократ ду нафар ширкат дошт: Шокирҷон Ҳакимов – муовини раис ва Амният Абдуназаров – узви Шӯрои сиёсӣ.
Шахсиятҳои шинохтаи муҳити иҷтимоии Тоҷикистон – собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи сардори давлат дар соли 1992 Акбаршо Искандаров, таҳлилгар Абдуллоҳи Раҳнамо, сардабирони нашрияҳои таъсиргузор ва дигарон ҳам дар ин анҷуман ширкат доштанд. Ҳузури меҳмонон аз доираҳои сиёсии Афғонистон – Латифи Пидром ва вазири собиқи оби ин кишвар ҳамроҳ бо намояндаҳои дипломатӣ аз сафоратҳои чанд кишвар, хоса Россия анҷумани онрӯзаро маънидор ошкор менамуд.
Барномаи анҷуман мисли ҳамаи анҷуманҳои навбатии аҳзоби сиёсии дигар буд: Гузориши раиси ҳизб дар панҷ соли ахир (2017-2022), ҳисоботи молиявӣ ва масъалаҳои ташкилӣ, ки дар маркази он интихоби раиси ҳизб меистод.
“Дар Тоҷикистон 5 сол пешро пешгӯӣ кардан имкон надорад, чӣ расад ба 20 сол!”
Дар навбати аввал Саидҷаъфар Усмонзода ба минбар баромад, то барои ҳамҳизбиёни худ ва меҳмонони ҳузурдошта гузориш бидиҳад. Чанд коғаз дар дасташ буд, аммо кӯшиш мекард бидуни коғаз сӯҳбат намояд. Ба таърихи баҳамоии ҳизб аз ҷиноҳҳои гуногун, ки имсол даҳ сол гузашт, зиёд ист накард. Воқеан, ба дасти вакилони анҷуман ва меҳмонон китобчаеро дода буданд, ки дар баробари Оинномаву Барнома ҳамчунин таърихи мухтасари ҳизбро дар худ ҷо медод. Ин таърихнома пас аз китоби бахшидашуда ба 10 солагии ҳизби 32 солаи демократ дувумин сарчашма аз ҷониби роҳбарияти дирӯзу имрӯз аст.

- Раиси ҳизб сабаби роҳ наёфтанашро ба сабқати интихоботи президентии соли 2020, ки боиси сару садои зиёд шуда буд, кӯтоҳ баён кард: бархе одамоне, ки ба ҷонибдории ӯ имзо карда буданд, баъдан аз имзои худ даст кашиданд, ки дар натиҷа имзои заруриро ҷамъ карда натавонистанд. Аммо шарҳ надод, ки чаро ин иттифоқ пеш омад. Касе ҳам дар ин бора суол накард.
Усмонзода, ки бо сабаби фаъолмандиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ, ҳамчунин суханрониҳои нисбатан баҷуръатонааш дар Маҷлиси намояндагон дар байни мардум ҳамчун “вакили халқӣ” шинохт дорад, он рӯз ба ҳамҳизбиёни худ “дарси сиёсӣ” ҳам дод: механизми кори парламент ва қабули қонунҳоро ёдовар шуд.
Ӯ баъд назари худро дар бораи майлонҳои фаъол дар ҷомеа гуфт, ки ба назари раҳбари демократҳо дар Тоҷикистон мардум аксаран ба ақидаҳои коммунистӣ, демократӣ ва исломӣ майл доранд. Аммо гуфт, махсусан ҷавонон маънои демократияро ҳамчун “беқонунӣ” мефаҳманд, ки хатост.
– Имрӯз дар Тоҷикистон ҳама чиз ҳаст: сохтор, амният, ҳукумат. Аммо баъзе супоришҳои Президент дар баъзе мақомоту маҳалҳо иҷро намешаванд, – хулосаи воқеиятҳои имрӯзро аз назари худ гуфт Усмонзода.
Баъд ӯ ба масъалаи муҳоҷирон дахл намуд. Гуфт, муҳоҷирони кории мо дар Россия фикр накунанд, ки кӯмаку дастгирии ҳукумат ба онҳо нарасидааст.
– Бубинед, онҳо дар Тоҷикистон андоз намесупоранд. Аммо дар Тоҷикистон молу мулк доранд ва ҳукумату мақомоташ ин молу мулки онҳоро ҳимоя мекунад. Ин ҳам лутфу марҳамати ҳукумат аст, – гуфт ӯ.
Бо ҳамин, роҳбари демократҳо норозигии худро аз фаъолияти Вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ баён дошт:
– Ба назари мо кори ин вазорат дар сатҳи лозима ба роҳ монда нашудааст. Ба наздикӣ як пешниҳод аз ҷониби вазорати мазкур омад- “Таъмини шуғли пурмаҳсули мардуми Тоҷикистон- стратегия то соли 2042”. Ҳол он ки, ман фикр намекунам дар Тоҷикистон барои 5 сол пешгӯӣ карда шавад, чун иқлими мо дигар аст, менталитети мардум дигар аст, роҳи баҳрӣ надорем, мушкилот ҳанӯз ҳам бо кишварҳои ҳамсоя пурра ҳалли худро наёфтаанд. Дар баъзе ноҳияҳо метавонад то 2-3 сол барф ё борон наборад. Пас, чи тавр метавон шуғли пурмаҳсулро ба роҳ монд? Аз ин рӯ, мо наметавонем стратегияро то соли 2042 ба назар гирем ва ё пешгӯӣ намоем.
“Нишондодҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо баҳои ҳақиқӣ намегиранд…”
Ниҳоди дигаре ҳам буд, ки мавриди интиқоди Усмонзода қарор гирифт:
– Ин Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аст. Ман тӯли 10 сол мешавад, ки дар парлумон фаъолият менамоям. То имрӯз ман як бор нашунидам, ки як коргари вазорати мазкур як нишондиҳандаи пешниҳодкардаи шаҳру ноҳияеро зери суол бурда бошад. Яъне, ҳар маълумоте аз шаҳру ноҳияҳо пешниҳод мешавад, масалан, ки имрӯз чи қадар рушд кардем, чӣ қадар корхонаҳои саноатӣ сохтем, чӣ қадар боғ шуд, чӣ миқдор пахта коридем ва дигару дигар. Ҳамин нишондодҳо пурра аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдо баҳои ҳақиқӣ намегиранд. Вақте маълумотҳои дурӯғ ворид мешавад, президенти кишвар ҳангоми гирифтани тасмим барои рушди ояндаи мамлакат ва ҳалли мушкилотҳо метавонад як супорише диҳад, ки қариб иҷронашавандааст. Масъалаи дигар. Вазорати мазкур нишон медиҳад, сатҳи рушди Тоҷикистон 7,8%. аст Ҳол он ки вилояти Хатлону ВМКБ дар дотатсия, ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе дар дотатсия. Чӣ хел рушд аст, вақте ки вилояту ноҳияҳо ба маблағгузорӣ мӯҳтоҷанд? Албатта ман гуфтанӣ нестам, ки вазорат умуман кор намекунад. Корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, вале баъзе корҳои хурде ҳаст, ки метавонад рафти кори давлатро дигар созад. Ғайр аз ин, мо дар ҳама интихоботҳо пешниҳод карда будем, ки бояд харитаи ҷойгиршавии корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ба дарназардошти шумораи одамон, роҳ, барқ ва инфрасохтор сохта шавад.
Раиси Ҳизби демократ гуфт, ки дар аксари мушкилиҳо “кабинаи сарвазир масъул аст, то ҳамаи инро назорат намояд”. Аз ҳамин хотир онҳо фаъолияти кабинаи сарвазирро дар сатҳи зарурӣ намебинанд.
Ӯ дар ин замина хулоса кард: Албатта, ҷомеа демократӣ аст, аммо то он дараҷае нест, ки вазорат чизе хоҳад ҳамонро анҷом диҳад! Он стратегияҳое, ки аз ҷониби ҳукумат ба вазорату идораҳо пешниҳод мешавад, аксарият онро дар чаҳорчӯба ва талаботи ҳукумат иҷро намекунанд.
Ҳукуматҳои маҳаллӣ низ мавриди “марҳамати” раҳбари демократҳои тоҷик қарор гирифтанд. Дар мисоли раиси собиқи шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амиров. Гуфт зане аз шаҳри Ваҳдат ба ӯ шикоят менависад барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ. Раиси шаҳр дар ибтидо ба мактуби вакили Маҷлиси намояндагон посух намедиҳад, ҳол он ки худаш аъзои Маҷлиси Миллӣ буд. Баъд ҷавоб дод, аммо вақте се бор ба ин зан қитъаи замин медиҳанд, он заминҳо аллакай ба номи дигарон ҳуҷҷат шуда буданд.
“Минбар дар дасти муллост. Пойгоҳи низомии Россия қудратамон!”
Вобаста ба таъсиру ҷойгоҳи гурӯҳҳои гуногун дар ҷомеаи имрӯз Усмонзода гуфт:
– Минбар ҳоло дар дасти муллост, на муаллим! Онҳо бошанд мафкураи ҷавононро аз масоили худшиносии миллӣ дур мебаранд. Мутаассифона, баъзе муллоҳое ҳастанд, ки дар шабакаи Ютуб бисёр фаъоланд. Вақте амри маъруф мекунанд, дар бораи як саҳҳоба ва ё ёрдамчии халифа 3 соат гап мезананд. Вале дар бораи Курӯши Кабиру Ибни Сино 2 ё 3 дақиқа. Он корҳое, ки барои миллати форсу тоҷик олимону бузургони мо кардаанд, як домуллои нимчасавод мегирад дар 3 дақиқа мафкураи ҷавонро паст мефурорад ва аз манфиату ҳуввиятҳои миллӣ дур месозанд. Сохторҳои дахлдор бояд инро назорат кунанд. Баъзеҳо аз ислом сиёсат месозанд.
Мавқеи Ҳизби демократ дар сиёсати хориҷӣ чунин будааст:
– Аз нигоҳи мо, ягона давлате, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва амният барои мо мувофиқ аст, ин Федератсияи Россия мебошад. Зеро дар ягон давлати дигар ин қадар муҳоҷирони меҳнатии мо нест. Пойгоҳи низомии 201-уми Россия қудрати мост! Азбаски Россия шарики стратегиамон аст, муносибатҳоро бояд боз ҳам қавитар созем ва онро дар ҳама ҳолат дастгирӣ намоем. Ногуфта намонад, ки мо бо ин давлат қариб 100 сол дар як давлат зиндагӣ кардем ва имрӯз ҳам дарбачаи илму маърифат ва фарҳанг, ки агар хоҳем ба интернет ворид шавем, ҳамон тиреза забони русӣ аст. Забони англисро медонам, лекин 1%-и мардум намедонад. Ман бовар дорам, ки дар Тоҷикистон шахсе нест, ки забони илмиаш забони англисӣ ва ё испанӣ бошад. Албатта муносибат бо тамоми давлатҳои абарқудрат, ки ҷумҳурии мо сиёсати эҳтиёткорона ва дӯстӣ дорад, бояд риоя шавад, муносибатҳои доду гирифт, сиёсӣ, иқтисодӣ дар як сатҳе, ки имкон дорад, бо шарикони стратегӣ риоя шавад.
Вобаста ба сарҳади Қирғизистон мо ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки 2 км байни сарҳадро моратория намоянд, ки касе истифода карда натавонад…
Дар бораи вазъияти Афғонистон гуфта шуд мавқеи демократҳо аз мавқеи ҳукумат ҳамеша фарқ мекунад. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон хоҳони ташкили як давлати фарогир, яъне бо иштироки толибон ва тамоми қавмияту миллатҳо дар Афғонистон аст. Мавқеи демократҳо бошад ин буда, ки “бо толибон ягон ҳукумат сохта намешавад, оянда надоранд, зеро толибон дар дасти худашон нестанд. Ягона роҳ кӯмаки ҳамаҷониба ба Ҷабҳаи муқовимат аст”.
Аммо Усмонзода гуфт, ки онҳо наметавонанд бо ин ва ҳамаи мавқеъҳои дигарашон ҳукуматро маҷбур намоянд. Зеро:
– Имрӯз ҳукумат дар дасти ҳизби ҳукмрон аст. Онҳо ҳақ доранд мутобиқи Оиннома, Барнома ва мушовироне, ки доранд, қарор қабул кунанд.
Дар охири анҷуман Ҳизби демократ сардабирони расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва журналистони таъсиргузорро, ки дар ин ҷамъомад ҳузур доштанд, ё не, барои ҳамкорӣ бо сипосномаи ҳизбашон қадрдонӣ намуд. Зимнан, дар охири анҷуман муроҷиатномае ҳам қабул гардида, дар он ба арзишҳои содиқ будану ҳамеша ба ҳамкорӣ омода будани худро изҳор намуданд. Онҳо ҳамчунин аз Воситаҳои ахбори омма ба сифати “ҳокимияти чорум” ном бурда, гуфтанд, ки набояд дар фаъолияти онҳо монеа эҷод шавад. Аммо дар тамоми раванди маърака Ҳизби демократ вобаста ба журналистону блогнависони маҳкумшудаи тоҷик, ки аксари журналистон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳукми онҳоро сангину беасос медонад, як ҷумла ҳам гуфта нашуд…
Анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон бо интихоботи раиси нав хотима ёфт. Дар баробари Сайҷаъфар Усмонзода номзадии Абдуҷаббор Юлдошзода раиси созмони ҳизб дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардид. Гуфта мешуд дар анҷуман 74 вакил ҳузур дорад ва 70 нафар ба тарафдории Усмонзода овоз доданд. Ҳамин тавр барои 5 соли пешорӯ Саидҷаъфар Усмонзода, ки 10 соли пеш ҳам раис буд, роҳбари демократҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Муҳим ин аст, ки дар мавқеъгириҳояш калавиш пайдо нашавад. Он чи ки то андозае эҳсос мешавад…
Раҷаб Мирзо