Тоҷикистон мисли бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон ба хотири риояи тавсияҳои СҶТ маҷбур ба бастани марзҳо шуд, ки ин ба нақшаҳои рушди сайёҳӣ дар кишвар зарба зад. Тибқи дурнамои «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030», шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бояд дар соли 2020 аз 1 миллион нафар мегузашт ва саҳми туризм дар ММД 5% ва дар содирот 8%-ро ташкил медод.
COVID-19 сайёҳиро 66% коҳиш дод
Пешбинӣ шуда буд, ки хадамоти сайёҳӣ дар ҳаҷми умумии 4,5 миллиард сомонӣ (зиёда аз 400 миллион доллар – эзоҳи муаллиф) пешниҳод шавад ва шуғлмандии аҳолии кишвар дар соҳаи сайёҳӣ 2%-ро ташкил диҳад.
Ҳатто коршиносон ҳам наметавонанд ба ҳаҷми зарари аз пандемияи COVID-19 ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон расида баҳои саҳеҳ диҳанд. Вале ба одамони одии дур аз мавзўи туризм ҳам равшан аст, ки зарар азим мебошад.
Бо вуҷуди ин, мувофиқи маълумоти расмӣ (мақолаи “Намоишгоҳи имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад”, ки дар АМИТ “Ховар” рўзи 2 декабри соли 2020 нашр шудааст),
тўли 11 моҳи соли равон беш аз 320 ҳазор сайёҳ тавонистааст ба Тоҷикистон сафар кунад. Аммо, бинобар пандемияи коронавируси COVID-19, ин рақам нисбат ба соли гузашта 66% камтар аст. Ёдовар мешавем, ки мувофиқи изҳороти масъулин, дар соли 2019 ба Тоҷикистон 1 миллиону 254 ҳазор сайёҳ ташриф оварда буд.
Ба хотири адолат эътироф бояд кард: бо дарназардошти воқеият ва саҳми ками бахши сайёҳӣ ба ММД-и кишвар ва ба қисми даромади буҷаи давлатӣ (аз 0,5 то 1%) вазъи таассуфангез дар бахши сайёҳии Тоҷикистон (сабаб басташавии сарҳадҳо дар ҷаҳон, коҳишёбии умумии интиқоли мусофирон ва анқариб тамоман гардиш накардани сайёҳони хориҷӣ буд) дар муқоиса, масалан, бо коҳишёбии муҳоҷирати меҳнатӣ ба иқтисоди кишвар таъсири манфии ба маротиб камтар доштааст. Аммо барои ҳамаи онҳое, ки дар саноати туризм фаъолият мекунанд, ин ҷиҳат чандон тасаллибахш набуд, зеро сайёҳӣ танҳо як тиҷорат не, балки манбаи ягонаи даромад ва таъмини сатҳи ақалли зист барои оилаҳои онҳо буд.

Ин вазъият, мутаассифона, дар бисёр кишварҳо рух дода, барои миллионҳо нафар дар тамоми ҷаҳон ба масъалаи ҳаёту мамот табдил ёфт. Ва дар бисёр кишварҳо наҷотбахши соҳа, ки имкон дод бахши сайёҳӣ барҷо монад, сайёҳии дохилӣ гардид.
Лозим ба қайд аст, ки дар кишварҳои рушдкардаи дунё маҳз сайёҳии дохилӣ қаторакаши рушди соҳа мебошад, зимнан миқдори сайёҳони дохилӣ бисёр вақт аз сайёҳони хориҷӣ бештар аст.
Аҳамияти сайёҳии дохилиро дар Тоҷикистон низ дарк мекунанд.
Барои мисол, бо ҳадафи рушди сайёҳии дохилӣ соли 2017 ҚҶТ «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул гардид (аз 18 июли с. 2017, №1450), ки онро Қарори Президенти ҶТ «Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019-2021» (аз 2 январи с.2019, №1170) тақвия бахшид.
Қонун «Дар бораи туризми дохилӣ» иҷрошаванда аст?
Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», ки моҳи августи соли 2020 аз сабаби қабули Қонун «Дар бораи туризм» (ҚҶТ аз 7 августи с. 2020, №1718) эътибори қонуниашро аз даст дод, чӣ хосагиҳои ҷолибе дошт?
Масалан, барои пешрафти сайёҳӣ ва барои шаҳрвандон ҷолибтар кардани он қонун созмон додани минтақаҳои рушди сайёҳиро пешбинӣ мекард. Нияти нек, ки натиҷааш аслан бояд рушди сайёҳии дохилӣ ва ҳам хориҷӣ шавад.
Аммо, мувофиқи моддаи 44-и қонуни қаблии ҶТ «Дар бораи туризми дохилӣ», барои соҳиб шудан ба мақоми «минтақаи рушди сайёҳӣ» маконе дар шаҳр ва ё ноҳия бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:
– на кам аз 200 иншооти сайёҳӣ дошта бошад;
– на кам аз 50 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дошта бошад;
-доир ба ташриф овардани на кам аз 5000 нафар ба ҷойҳои мазкур дар як сол бо мақсади саёҳат қайд дошта бошад.
Нозукиҳои ҚҶТ «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»
Як лаҳзаи ҷолиби дигар: бо ҳадафи сохтани шароитҳои мусоид, беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи ҳаёт ва ба сайёҳон дастрас кардани шароитҳои маишӣ, дар манотиқи кишвар ташкил намудани хизматрасониҳои хонагӣ (хонаистӣ) пешбинӣ мегардид. Ин таҷрибаи умумиҷаҳонӣ аст, ки қисман мушкили шуғлмандии аҳолии кишварро ҳам ҳал мекунад.
Вале, тибқи моддаи 33-и қонуни қаблии ҶТ «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», ташкилкунандаи хизматрасонӣ «дар манзилҳои (хонаҳои) истиқоматии хусусӣ ҳуҷраи алоҳида бо масоҳати зисти на кам аз 30 метри мураббаъ ҷудо (сохтмон) менамояд. Ҳуҷраи ҷудошуда бояд камаш аз се қисмат: ҷойи хоб, ҷойи хўрок, ташноб ва ҷойи дастурўйшўӣ иборат бошад». Илова бар ин, ба хонаист пешкаш намудани номгўи таомҳо (меню) зарур аст.
Шарти ҷудо кардан ё сохтани 30 м кв масоҳати зист дар хонаи хусусӣ ва, зиёда аз ин, дар квартира, якҷоя бо зарурати пешниҳоди номгўи таомҳо бо эҳтимоли зиёд ба умедҳои аҳолии начандон дорои навоҳии кишвар (махсусан, дар манотиқи дурдаст) оиди ба даст овардани даромад аз туризм хатти батлон кашид.

Дар ҚҶТ «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» «нофаҳмӣ»-ҳои хеле ғалатӣ ҳам ба назар мерасиданд. Масалан, дар моддаи 18 барои рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар ташаккул додани зерсохторе мисли «…ҷойҳо ва ҳудудҳои манъшуда барои сайру саёҳат» пешбинӣ мегардид. Таҳиягарони санади мазкури меъёрию ҳуқуқӣ чиро дар назар доштанд ва ин қабил объектҳо чӣ тавр ба рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар кўмак мекунанд, сирре паси ҳафт қуфл боқӣ мемонад. Зеро тааҷҷубангез ҳам бошад, воқеият ҳамин аст: бо вуҷуди зарурати сафарбар намудани талошҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, моҳи августи соли 2020 ҚҶТ «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз беэътибор шуд. Қонуни нав «Дар бораи туризм» (аз 7 августи с 2020, №1718) қабул гардид. Кадом андоза он ба рушди сайёҳӣ – ҳам дохилию ҳам беруна- таъсир хоҳад дошт, вақт нишон медиҳад.
Барнома, Нақша ва Стратегия – оё дар рушди сайёҳӣ синергия ба вуҷуд меояд?
Барои татбиқи амалии тадбирҳои равона ба рушди сайёҳӣ дар кишвар 1 марти соли 2018 «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» (аз 1 марти с. 2018, №80) ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» қабул гардид.
Аммо хеле ҷолиб аст, ки дар «Нақша»-и мазкур барои андешидани «…тадбирҳо барои рушди сайёҳии дохилӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби коршиносони дохилию хориҷӣ бо мақсади ташкили на камтар аз 10 хатсайри сайёҳӣ» ягон дирам маблағгузории буҷавӣ пешбинӣ нашудааст.
На кам аз ин лоиқи таваҷҷўҳ аст, ки баъди камтар аз ним сол, 1 августи с. 2018, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (аз 1 августи с. 2018, №372) низ қабул гардид, ки бояд Барнома ва Нақшаро тақвият бахшида, тамоюлҳои асосии рушд ва механизмҳои амалигардонии куллии маҷмўи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки соҳаи туризмро дар ҷумҳурии мо ба танзим медароранд, муайян намояд.
Гардишҳои ногаҳонӣ, тазод ва норавшаниҳо дар санадҳои марбут ба туризм
Молиягузории фаъолият оид ба таҳия ва пахшу нашри маводҳои таблиғотию иттилоотӣ оид ба зарфиятҳои туристии кишвар дар расонаҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ воқеан касро ба ҳайрат меорад.
Зиёдтар будани ҳаҷми маблағгузорӣ барои маъракаҳои байналмилалии таблиғотӣ-иттилоотӣ ва PR куллан мантиқӣ ба назар мерасид. Ба маротиб ва ҳатто бештар аз он. Аммо ҳам барои таблиғот дар ВАО-и дохили кишвар ва ҳам барои таблиғот дар ВАО-и ҷаҳонӣ, тибқи ««Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020», ҷудо кардани маблағҳои тақрибан баробар пешбинӣ шудааст.
Барои соли 2020 маблағҳо комилан баробар буданд – 50 ҳазор сомонӣ (камтар аз 5 ҳазор доллари ИМА) аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 20 ҳазор сомонӣ (камтар аз 2 ҳазор доллари ИМА) аз буҷаҳои маҳаллӣ дар ҳарду самт.
Ва агар бо 7 ҳазор доллар дар як сол таблиғ намудани туризмро дар ВАО-и миллӣ (бо истифода аз захираҳои маъмурӣ, шуурнокӣ ва ватандўстии роҳбарони ВАО-и Тоҷикистон) фарз кардан мумкин бошад, имкони таҳия ва пахши маводҳои таблиғотию иттилоотӣ доир ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар дар ВАО-и ҷаҳонӣ бо ин маблағ мисли як хобу хаёле садо медиҳад.
Маблағҳои буҷавии дар соли 2020 барои бандҳои зерини хароҷоти Нақша ҷудошуда низ шоёни диққатанд:
9 ҳазор сомонӣ (камтар аз 900 доллар) барои «Таъсиси бренди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари туризм…»;
8 ҳазор сомонӣ (камтар аз 800 доллар) барои «таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ аз ҷониби донишҷўён» бо мақсади беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ;
ва 18 ҳазор сомонӣ (камтар аз 1800 доллар) барои такмил ва нигаҳдории портали интернетӣ дар бораи захираҳои сайёҳии кишвар ва дигар маълумоти зарурӣ (www.visittajikistan.tj).
Як масъалаи ҷолиби дигар: мувофиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар Тоҷикистон Портали миллии сайёҳии www.traveltajikistan.tj ташкил карда шудааст, аммо сарчашма ва ҳаҷми маблағгузории ин манбаи электронӣ норавшан мемонад.
Эҳтимол, маҳз аз сабаби чунин тазодҳои маблағгузории буҷавӣ «айни замон дар ҷаҳони Ғарб дар бораи Тоҷикистон ҳамчун кишвари туристӣ маълумоти кофӣ вуҷуд надорад ва он маълумоте, ки одамон доранд, на ҳама вақт ба ҳақиқат мувофиқ аст» (Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, банди 25).
Афсўс, сатҳи огаҳии сайёҳони дохилӣ аз зебоиҳо ва хатсайрҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳам ниёз ба такмил дорад. Ин дар навбати худ садди роҳи рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар, махсусан дар манотиқи дурдасту душворраси ҷумҳурӣ мегардад.

Дар пеш соли нави 2021 аст. Агар экспертизаи ҷамъиятӣ, таҳлил ва мудирияти хавфҳо, ки ба омори муътамад ва дастраси умуми давлатӣ асос ёфтаанд, дар ҳамон ҳоле бимонад, ки ҳаст, гузоришҳои мутантан доир ба садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо сайёҳон боз мутантантар шаванд, чигили мушкилот боз печидатар мегардад.
Гуфтугў ва шарикии босамару баробарҳуқуқи давлату бахши хусусиро оҷилан ба роҳ мондан лозим аст:
Гиреҳи мушкилот бурида ё кушода мешавад, бояд давлат дар ҳамбастагӣ бо иштирокдорони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба қароре ояд.
Танҳо як чиз равшан аст: баҳои ягона ва саҳеҳтарини талошу амалҳои умумиро танҳо сайёҳ медиҳад, ки на танҳо бо дил, балки бо пулаш низ «раъй» медиҳад. Ва аз натиҷаҳои ин раъйдиҳӣ мо хеле зуд огаҳӣ меёбем – таъсирашро ба ҳаётамон эҳсос мекунем.
Михаил Петрушков,
Раиси Иттиҳоди миллии муҳаққиқони сиёсат ва идоракунии
давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон