Вақте ки 25 сол пеш ҷунбиши ҷавони «Толибон» бори аввал ба Кобул даромад, ишғоли пойтахт бо бераҳмии бесобиқа дар хотирҳо монд: ҷазои сахт додан ба аъзои ҳукумат ва ҳамаи онҳое, ки ба толибҳо маъқул набуданд.
Борис Соколов хотиррасон мекунад, ки «вуруди якум» -и толибҳо чӣ хел буд ва бо чӣ анҷомид.
27-уми сентябри соли 1996 «Толибон» бори аввал ба Кобул даромад. Баъди чоряк аср ишғоли кунунии пойтахти Афғонистон мисли ҳамон воқеаҳо ба назар мерасад, ҳарчанд ҳодисаҳои соли 1996 хусусиятҳои хоси худро доштанд. Ҳамон вақт баъди ишғоли Кобул толибҳо дарҳол раисҷумҳури собиқи шўравигаро Муҳаммад Наҷибуллоро, ки ҳамроҳи бародараш Шопур Аҳмадзай дар бинои намояндагии СММ паноҳ бурда буд, куштанд. Бо вуҷуди мақоми дипломатӣ доштани намояндагӣ толибҳо ба бино даромаданд ва ҳар дуи онҳоро дастгир карданд, шиканҷа доданд, ахта карданд ва парронданд (тибқи фарзияи дигар то мурдан латукўб кардаанд).
Ҷасадро, ки ба даҳонаш пулҳои коғазӣ андохта шуда буд, барои тамошои мадум дар дор овезон карданд. Кадрҳои ҷазои бераҳмонаи роҳбари собиқи Афғонистон дар тамоми ҷаҳон паҳн шуданд. Ин қатлро бисёр кишварҳо, аз ҷумла мамолики исломӣ, маҳкум намуданд. Дар паҳнои пасошўравӣ ин вокуниши махсусро ба вуҷуд овард, зеро дар он ҷой ҳузури ҳарбии Иттиҳоди Шўравиро дар Афғонистон фаромўш накарда буданд.
Дар Қазоқистон сармуҳарири рўзномаии вилоятии Павлодар «Правда Прииртышья» Юрий Поминов марги Наҷибуллоро соли 1996 дар рўзномаи шахсиаш чунини шарҳ додааст: «Аз Афғонистон, ки дар он ҷанг ҳанўз идома дорад ва акнун ҷанги дохилӣ, хабарҳои даҳшатовар мерасанд… Толибҳои исёнгар, ки зидди қувваҳои ҳукуматӣ меҷанганд, Кобулро ишғол намуданд ва раисҷумҳури собиқ, дастнишондаи Иттиҳоди Шўравӣ Наҷибуллоро ба дор овехтанд. Наҷибулло дар намояндагии СММ қарор дошт. Ин як навъ ҳабси хонагӣ ва кафолати аз қатлу ҷазо эмин мондани ў буд. Лекин обрўи СММ ҳам ёрӣ надод. Якҷоя бо Наҷибулло бародарӣ ўро ҳам куштанд ва баъд ҷасади раисҷумҳури собиқро дар қафои автомобил баста, дар кўчаҳои шаҳр чарх занонданд!
Аҷоиб, Наҷибулло дар дақиқаҳои охирини ҳаёти худ дар бораи чӣ фикр карда бошад? Оё Маскавро, ки вайро раисҷумҳур таъин карда буд, лаънат хонда бошад? Ё аз Худо кўмак хоста бошад? Онҳое, ки ба раисҷумҳур шудани ў муносибат доштанд, дар телевизор ҷасади ифлос ва безебшудаи ўро дида, дар бораи вай чӣ фикр карда бошанд? Мегўянд, ки вай кўдакони бисёр дорад ва акнун тақдири онҳо чӣ мешуда бошад?
Толибҳо бошанд ба ҷойи ҳукумати пештара аз панҷ мулло шўрои олии муваққатӣ ташкил намуданд ва Афғонистонро «Давлати исломӣ» эълон карданд».
3-юми октябр бошад Поминов навиштааст: «Ҷасади раисҷумҳур Наҷибулло ва бародари ў, ки толибҳо кушта буданд, барои ба хок супоридан ба қабилаи паштунҳо, ки замоне бобои Наҷибулло пешвояшон буд, супорида шуд. Ҳамсари раисҷумҳур, ки риштаи ҳаёташ ин қадар бешарафона ва фоиҷинок канда шуд, дар маросими дафн иштирок карда натавонист (вай дар Деҳлӣ иқомат дорад)».
Ҳамон вақт толибҳо рақибони худро ошкоро ҷазо медоданд ва инро пинҳон намекарданд.

Чӣ хеле ки муҳаққиқони русиягӣ Вячеслав Белокренитсикий ва Руслан Сикоев навиштаанд, «27-уми сентябри соли 1996 толибҳо вориди Кобул шуда, ба қатлу ғорат ва қасосгирӣ машғул шуданд».
Ҳамон вақт дар Кобул бисёр афғонистониҳо бовар доштанд, ки толибҳо ба кишвар сулҳ меоранд, ба хунрезӣ ва ҳукмронии роҳбарони дастаҳои мусаллаҳ дар маҳалҳо хотима мебахшанд. Вале умедҳои онҳо барбод рафтанд. Ҷанг тамом нашуд ва «Толибон» қонунҳои сахти шариатро ҷорӣ кард, ки сокинони Кобул ба онҳо одат накарда буданд. 70 000 зану духтар аз мактабҳо ронда шуданд ва даҳҳо ҳазор зан аз ҷойҳои корияшон маҳрум гаштанд. Бисёр амалдорони ҳукумати пештара, ки гурехта натавониста буданд, кушта шуданд. Дар байни онҳо аҳли оилаи раисҷумҳури оянда, пешвои бонуфузи пуштунҳо Ҳомид Карзай ҳам буданд. Худи Карзай маҷбур буд, ки гурезад. Вай баъди чанд сол ҳамроҳи қувваҳои ҳарбии байналмилалӣ омаду роҳбари ҳукумати муваққатӣ ва баъд раисҷумҳур шуд.
29-уми сентябри соли 1996 толибҳо ба хизматчиёни давлатӣ ва низомиҳои артиши ҳукуматӣ барои дароз кардани ришҳояшон 6 ҳафта мўҳлат дод, дар акси ҳол ба онҳо ронда шудан аз кор ва ҷазо бо калтак таҳдид мекард. Ва дар 25-умин солгарди ишғоли якуми пойтахт маълум шуд, «Толибон» боз барои мардҳо бе риш гаштан ва рафтан ба ҷойҳои фароғатиро манъ кардааст. Инро роҳбари раёсати иттилоъ ва фарҳанги вилояти Ҳилманд Ҳофиз Рашиди Ҳилмандӣ тасдиқ намуд. Бигзор алҳол дар ин бора фармони расмӣ набошад, вале ҷойи шубҳа нест, ки акнун байни амалдорони афғонӣ дигар одами бериш намешавад.
Каме пештар аз ишғоли Кобул, моҳи августи соли 1996, лидери «Ал-Қойида» Усома бен Лодан ҳамчун меҳмон ба Афғонистон ташриф овард, ки ин кишварро ба яке аз марказҳои терроризми байналмилалӣ мубаддал кард ва баъди 5 сол ин дахолати ҳарбии ИМА ва муттаҳидини онро баъди амалҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 таҳрик дод.
Соли 1996 ишғоли Кобул аз тарафи толибҳо барои ҳеҷ кас ғайриинтизорӣ набуд. Ҷунбиши «Толибон» соли 1994 дар Афғонистони Ҷанубӣ байни пуштунҳо бо дастгирии фаъолонаи артиш ва хадамоти махсуси Покистон ташкил шудааст. Аксарияти толибҳо мадрасаро дар Покистон хатм намудаанд. Мувофиқи як ривоят ҷунбиши «Толибон» баъди ин ҳодиса таваллуд шудааст: сокинони маҳаллӣ аз рўҳонии обрўманди маҳаллӣ мулло Муҳаммадумар Охунзода, қўмондони собиқи дастаи ҷиҳод зидди лашкари шўравӣ, хоҳиш кардаанд, ки дар ёфтани дастаи роҳзанҳо кўмак расонад. Гўё аъзои ин даста ба номуси чанд духтар таҷовуз кардаанд. Умар талабаҳои худро сафарбар намудааст ва онҳо ҷинояткоронро ёфтаанд ва ба қатл расондаанд. Баъд дастаи Умар писарбачеро, ки афсарони қувваҳои ҳукуматӣ ба номусаш таҷовуз кардан мехостаанд, наҷот додааст. Ва дар атрофи ана ҳамин дастаи Умар ҷунбиши «Толибон» ба вуҷуд омадааст. Вай зуд аз дастгирии аҳолии паштуни ҷануб ва шарқи Афғонистон бархурдор шуд, зеро толибҳо анархияи дастаҳои мусаллаҳи сершумор ва ба ҳеҷ кас итоатнакунандаро барҳам доданд.
Асоси қувваҳои мусаллаҳи толибҳоро дастаҳои муҷоҳидҳои пуштун, ки пештар зидди истилои ишўравӣ мубориза мебурданд, ташкил доданд. Ба толибҳо он чиз маъқул набуд, ки дар ҳукумати муваққатии Бурҳониддин Раббонӣ – тоҷик ва лидери ҳизби «Ҷамъияти исломии Афғонистон» нақши аз ҳад калонро торҷикҳо ва намояндагони халқҳои дигари шимол мебозиданд. Амалан ҳукумат дар Кобул ба номаш амал мекард, зеро задухўрдҳои мусаллаҳона байни дастаҳои тоҷикони «Шери Панҷшер» Аҳмадшоҳи Масъуд, дастаҳои ўзбекҳои Абдулрашид Дўстум ва дастаҳои пуштунҳои Гулбиддини Ҳикматёр идома доштанд (ҳарчанд ҳамаи ин қувваҳо расман ҳукуматро дастгирӣ мекарданд).
Дар Афғонистон пуштунҳо, мувофиқи арзёбиҳои гуногун аз 40 то 50 фоизи аҳодиро ташкил медиҳанд, лекин фоизи қавмҳои гуногуни маскуни Афғонистон ва умуман шумораи умумии аҳолии он дақиқ маълум нест (соли 2021 мувофиқи арзёбиҳои гуногун аҳолии кишвар аз 37,7 то 40 миллионро ташкил медиҳад).
Толибҳо аввал Ҳикматёрро охирҳои соли 1994 ва аввалҳои соли 1995 торумор карданд, вале ҳамон вақт ишғол намудани Кобул, ки онро двизияи Аҳмадшоҳи Масъуд муҳофизат мекард, муяссар нашуд. Ба Масъуд ҳамчунин муяссар шуд, ки двизияи ўзбекҳои Абдуррашид Дўстумро шикаст диҳад. Вале ин ғалабаи зараровар буд, зеро он қувваҳои муқовиматро суст мекард. Моҳи октябри соли 1995 толибҳо боз Кобулро муҳосира карданд ва мунтазам аз тўпҳо тирборон мекарданд, ки ин боиси ҳалокати ҳазорҳо сокини осоишта мешуд. Зимистони соли 1996 СММ барои расондани озуқа ба пойтахти Афғонистон ҳарими ҳавоии фавқулодда ташкил кард.
Рақибони толибҳо кўшиш менамуданд, ки бо онҳо ягон хел созиш кунанд. Аз ҷумла Абдулрашид Дустум вақти сафараш ба Лондон дар мусоҳиба бо хабарнигори Би-би-си гуфт: «Толибҳо ҳам халқи Афғонистон ва бародарони пуштуни моянд… Мо толибҳоро аз халқамон ҷудо намекунем, онҳо як қисми шаҳрвандони моянд». Вале ҷустуҷўйи созиш натиҷае надод, балки қувваи муқовимат ба толибҳоро рўҳан заиф кард.
Моҳи июн Масъуд, Дўстум ва Ҳикматёр кўшиши муттаҳид шудан карданд, то ба толибҳо якҷоя муқовимат кунанд ва ба ин иттиҳод ҳазораҳои шиаро ҷалб намуда, Эътилофи шимолро созмон доданд. Вале дер шуда буд. Аксарияти размандагони паштуни дастаҳои Ҳикматёр бе ҷанг ба тарафи толибҳо гузаштанд ва ё ба хонаҳояшон рафтанд. Вале ҳамон вақт ҳам муқовимат ба толибҳо қатъ нашуд. Охирҳои моҳи август ҷунбиши «Толибон» ҳуҷумро дар самти шарқ аз Кобул оғоз намуд. 11-уми сентябр толибҳо Ҷалолободро ба муқовимати сахт дучор нашуда, ишғол карданд. 25-уми сентябр шаҳри аз ҷиҳати стратеги муҳими Саробӣ дар 60 километрии шарқи Кобул таслим шуд. Масъуд аз тарси он, ки толибҳо ба наздикӣ Бағромро ишғол мекунанд ва роҳи рафтан аз Кобул ба шимолро мебанданд ва баъди хиёнати дастаҳои Ҳикматёр ва набудани қувваи кофӣ барои муҳофизати пойтахт бе ҷанг супоридани Кобулро афзалтар донист. Шоми 26-уми сентябр дастаҳои вай шаҳрро тарк намуданд.
Субҳи 27-уми сентябр толибҳо ба Кобул ворид шуданд ва ба ҷазо додани рақибонашон пардохтанд. Вале ҳамон вақт, бар хилофи соли 2021, ба сарфармондеҳи Эътилофи шимол Аҳмадшоҳи Масъуд ва Абдулрашид Дўстум муяссар шуд, ки шимоли Афғонистонро дар дасти худ нигоҳ доранд ва ҷанги шаҳрвандӣ то ҳуҷуми Амрико ба Афғонистон идома дошт. Ҳамон вақт рақибони толибҳо аз дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ бархурдор буданд. Пеш аз дохил шудани лашкари амрикоӣ толибҳо тавониста буданд, ки дар ин ҷанг пурра ғалаба ба даст оранд. Онҳо бо кўмаки террористи худкуш Аҳмадшоҳи Масъудро куштанд ва қариб ҳамаи вилоятҳои шимолиро ишғол карданд. Вале соли 1996 ҷанги дохилӣ дар Афғонистон дар айни ҷўшу хурўш буд ва мумкин ҳамин ҳолат сабаби бераҳмии сахти толибҳо вақти муҳосира ва ишғол кардани Кобул буд.
Бояд гуфт, ки рақибони толибҳо ҳам бераҳмии аз ҳад зиёд нишон медоданд. Масалан, моҳҳои май – июни соли 1997, вақте ки дастаҳои Дўстум толибҳоро аз Мазори Шариф ронданд, ўзбекҳо аз якчанд сад то 3000 толибро куштанд.
Соли 2021 бошад вазъият тамоман дигар аст. Ишғоли Кобул маънои ба охир расидани ҷанги дохилиро дошт ва рақибони толибҳоро ҳеҷ кас дастгирӣ кардан намехост ва худи толибҳо барои эътироф шудани ҳукуматашон аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ мекўшанд. Сабаби мўътадилии нисбии онҳо ва набудани қатлҳо дар назди омма вақти ишғоли Кобул ҳам ҳамин аст, вагарна, бераҳмияшон аз 25 сол қабл дида, бештар мешуд…
Nuqta.Tj