Тоҷикистони соҳибистиқлол 31-сола шуд. Дар ин сол чӣ буду чӣ гузашт

Рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон солгарди навбатии истиқлолиятро васеъ ҷашн мегиранд. Тайи соли охир кадом ҳодисаҳои муҳим рӯй доданд, дар ин матлаби «Nuqta.tj» бихонед.
Афви тиллоӣ

9-уми сентябри соли гузашта дар ҷумҳурӣ иди №1— 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон васеъ ҷашн гирифта шуд.

Ба ифтихори ин сана парлумон қонун “Дар бораи авф”-ро қабул кард, ки дар асоси он беш аз 10 ҳазор нафар аз муассисаҳои ислоҳотӣ озод шуд. Қонуни тасвибшуда қаблан аз сӯйи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд.

Авф 16 ҳазор нафарро фаро гирифт, 10,7 ҳазори онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳабс комилан раҳо шуд.

Дар асоси қонун 800 гумонбару айбдоршаванда, 350 судшаванда ва ҳудуди 3000 маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳотӣ, боз 1,9 ҳазор нафар аз колонияҳои сукунатӣ ва зиёда аз 4,6 ҳазор нафар аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод гардиданд.

Илова бар ин, муҳлати ҷазо барои 5,3 ҳазор нафар ихтисор карда шуд.

Толибон ваъдаи оромӣ медиҳанд, аммо ҳушёрӣ халал намерасонад

Муҳимтарин ва нигаронсозтарин ҳодисаи соли гузашта барои минтақа тасарруфи Афғонистон аз сӯйи “Толибон” буд.

Толибҳо бо ишғоли Кобул ва сарнагун кардани ҳукумати раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ бори дуюм дар таърихи худ дар ин кишвари ба Тоҷикистон ҳамсарҳад сари қудрат омаданд.

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тақрибан якуним ҳазор километр тӯл дорад. Баъди ба қудрат расидани толибон гурезагони сершумор сӯйи марзи Тоҷикистон шитофтанд ва ҳазорон сарбози тоҷик ба хатти пеши марз бо ҶИА интиқол дода шуд.

Кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин қудратҳои ҷаҳонӣ низ, ки воқеаҳои ин кишварро бо нигаронӣ пайгирӣ мекарданд, ба мулоқотҳои сиёсӣ шуруъ карданд. Моҳи сентябр Душанбе раҳбарони зиёдеро дар нишастҳои СҲШ ва СПАД барои баррасии вазъи Афғонистон гирд овард. Ба пойтахти Тоҷикистон раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисӣ ҳам омад – ин нахустин сафари хориҷии ӯ буд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба як сафари аврупоӣ рафта, аз Брюссел ва Париж дидан кард.

Баҳори соли ҷорӣ аз қаламрави Афғонистон ба ҳудудҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мушакҳо партоб шуданд. Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон он замон танҳо изҳор доштанд, ки “тирҳо тасодуфан аз минтақаи Хоҷа Ғори Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон гузаштаанд”. Дар ҳамин ҳол, дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта мешуд, ки нерӯҳои марзбонӣ ба ҳолати омодабоши комили ҷангӣ оварда шудаанд. Мақомоти Ӯзбекистон баъдан тасдиқ карданд, ки дар минтақаи марзии ин кишвар бо Афғонистон панҷ гулӯла афтод ва чаҳор хонаи шахсии маҳаллаи Маҷнунтоли шаҳри Тирмиз осеб дидаанд.

Дар пай дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон, як силсила машқҳои низомии СПАД баргузор шуд, ки ҳадафи онҳо тамрини гарондани таҳдидҳо дар оқибати воридшавии эҳтимолии ҷангиён аз тарафи Афғонистон буд.

5 август дар Тирмиз тамринҳои муштараки низомии Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор шуданд.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон тамринҳои аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА ташкилшуда оғоз ёфтанд.

Толибон ваъда додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунанд. Аммо ба ҳар ҳол, омода будан беҳтар аст…

Артиш. Пул деҳу як моҳ хизмат кун

Даҳсолаи сеюм аст, ки ҷомеа ва бисёр аз коршиносон аз зарурати ислоҳоти артиши Тоҷикистон мегӯянд. Пешниҳодҳо гуногунанд: аз ба роҳ мондани хизмати шартномавӣ то хизмати алтернативӣ. Чанде пеш қадами аввал дар ин самт гузошта шуд – рӯзи 29 январ Президенти Тоҷикистон қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро дар таҳрири нав имзо кард.

Бар асоси қонуни нав, ҳамаи мардони синни даъват ба артиш, аз ҷумла донишҷӯёне, ки қаблан аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, вазифадоранд ба Ватан адои хизмат кунанд. Онҳое, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳ таҳсил кардаанд, низ ба сафи артиш даъват мешаванд, аммо танҳо барои як сол.

Ва онҳое, ки намехоҳанд дар артиш хизмат кунанд, метавонанд бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ба давлат бо адои хизмати якмоҳа билети ҳарбӣ гирифта, ба қатори сарбозони эҳтиётӣ дохил шаванд.

Дар зимистони соли ҷорӣ 450 нафар аз даъватшавандагон, ки волидонашон барои хизмати пулакӣ (як моҳ ба ҷойи 2 сол) 25,2 ҳазор сомонӣ дарёфт кардаанд, дар марказҳои таълимии Вазорати дифои Тоҷикистон аз тамрини низомӣ гузаштанд.

Тачриба босамар дониста шуд, ба буҷети ҷумҳурӣ 11,3 миллион сомонӣ ворид гардид. Ягона маҳдудият барои “алтернативиҳо” манъи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст.

Ва инак чанд рӯз пеш Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси онҳое, ки хоҳиши баъди як моҳи хизмати ҳарбӣ гузаштан ба ҳайати захиравиро доранд, маълумоти нав пешкаш кард. Бино ба суханони ӯ, дар Тоҷикистон 1200 нафар ҷавони синни сарбозӣ ба ҳисоби махсус 32 миллиону 256 ҳазор сомонӣ интиқол додааст. Яъне, ҳар даъватшаванда ҳудуди 26 ҳазору 880 сомонӣ (420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда – 64 сомонӣ) пардохт кардааст.

Ҳамсояи “меҳмонбезор”

Муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ боқӣ мемонанд. Чунончи, рӯзи 12 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди навбатӣ миёни марзбонони ду кишвар рух дод, ки дар оқибати он марзбони мо ҷон бохт.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамватаноне, ки дар муассисаҳои Қирғизистон таҳсил ва кор мекарданд, бо дархости боисрори худдорӣ аз сафар ба ин кишвар муроҷиат карда буд. Вазорат изҳороташро бо он асоснок менамуд, ки дар кишвари ҳамсоя далелҳои табъизу хушунат нисбати шаҳрвандони мо ҷой доранд.

Ба андешаи таҳлилгарон, барои раҳоӣ аз ин хусумати мутақобила бояд раванди тӯлкашидаи аломатгузории марзҳои давлатӣ тезонда шавад, вагарна рӯйдодҳои хунин эҳтимоли такрор шудан доранд. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба сифати миёнарав ҳамроҳ кардани кишварҳои сеюм ба нафъи ин раванд мебуд.

Иқтисод рӯ ба рушд мениҳад

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод, пас аз “ақибгардӣ”-и давраи пандемия, иқтисоди Тоҷикистон аз нав босуръат рушд мекунад. Дар нимсолаи якуми соли 2022 афзоиши ММД аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (17,3%), маҳсулоти кишоварзӣ (7,2%), сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ (2,5%), боркашонӣ (18,7%), хизматрасониҳои пулакӣ (12,8%) мусофиркашонй (11,1%), гардиши савдои дохилӣ (8,6%) ва савдои берунӣ (14,6%) таъмин карда шуд.

Сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли 2022 4,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (3,9%) 0,2% зиёд аст.

Дар нимсолаи аввали соли 2022 бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъмини талаботи бозор ба маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, дар соҳа 137 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ барои 1296 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Тағйироти васеи кадрӣ

Моҳи феврал президенти кишвар як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Ҳангомадортарини онҳо истеъфои вазири маориф буд – ҳамон вазире, ки дар нишасти матбуотии худ даъват карда буд, аз “сарбозшикорҳо” дар донишгоҳҳо ва ба таври оммавӣ ба муҳоҷират рафтани омӯзгорон фоҷиа сохта нашавад. Баъд аз ин муовинони ӯ низ курсиҳоро холӣ карданд.

Тағйирот ба бахши варзиш низ дахолат кард: қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров аз мақоми муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маҳрум гашт. Аммо, бояд гуфт, ӯ ноиб-президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ба тағйироти калон мансабдорони аршади сохторҳои қудратии Тоҷикистон: милитсия, гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар дучор гаштанд. Дигаргуниҳои кадрӣ дар раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии шаҳрҳои Душанбе, Хатлон ва ВМКБ ба амал омаданд. Ба роҳбарии баъзе идораҳои ноҳиявии ҷумҳурӣ чеҳраҳои нав таъйин шуданд.

Дар моҳи август давраи дуюми бозсозиҳо гузашт. Ин бор тағйирот дар Бонки миллӣ, низоми судӣ ва нерӯҳои марзбонӣ рӯй дод.

Нархҳои гарон

Барои Тоҷикистон соли гузашта давраи идомаи болоравии нархи сӯзишворӣ ва як қатор маҳсулоти ғизоӣ буд.

Тамоюл на танҳо ба молҳои воридотӣ, ки оварданашон ба ҷумҳурӣ мушкилтар шудааст, балки ба маҳсулоти ниёзи аввали истеҳсоли Тоҷикистон низ дахл дошт. Масалан, нархи картошка 30 фоиз, меваҷот 1,8 фоиз, маҳсулоти полезӣ 25 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ 1,4 фоиз, шакар 1,3 фоиз, гӯшт 1,1 фоиз боло рафт.

Бахусус, сокинони кишвар ба болоравии нархи орд вокуниши дардомез доранд.

Ва ҳарчанд аз охирҳои моҳи август қимати орд ва бархе аз маҳсулоти дигар дар кишвар каме поин рафта, ҳоло барои як халта орди навъи якум аз 400-420 сомонӣ ба 360 сомонӣ расидааст, аммо нарх барои мардуми одии кишвар ҳамоно гарон боқӣ мемонад.

Нархи боркашонӣ хам зиёд шуд.

Чунин тағйирот ба ҷайби шаҳрвандон зарба мезанад, зеро музди кори миёна дар ҷумҳурӣ андак бештар аз 1,4 ҳазор сомонӣ (120 доллар) аст.

Ба Россия ва Ӯзбекистон — бо қатора

Рӯзи 15 августи соли ҷорӣ пас аз танаффуси беш аз дусола нахустин қатора аз Тоҷикистон ба Россия раҳсипор гашт.

Ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистону Россия дар ҳоле аз сар гирифта шуд, ки қимати чиптаҳои парвоз ба шаҳрҳои Россия боло рафтааст. Ба кор аз нав шуруъ кардани қатораҳо барои садҳою ҳазорон муҳоҷир хабари хуш аст, чун дар гузашта аз сабаби гаронии чиптаҳои ҳавопаймо аксари онҳо бо қатора ба Россия сафар мекарданд. Қатораи охирин аз Россия ба Тоҷикистон баҳори соли 2020 рафта буд. 16 март ҳаракати ин навъи нақлиёт ва нақлиёти автомобилӣ байни Федератсияи Россия ва Тоҷикистон бо далели пандемияи коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.

Қаблан, дар ҷараёни сафари Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар мавриди роҳандозии қатораи мусофирбари Тошканд-Душанбе аз 20 июни соли ҷорӣ тавофуқ ҳосил шуда буд.

Тавре Podrobno.uz рӯзи 6-уми сентябр хабар дод, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавриди арзон кардани нархи чиптаи қаторае, ки дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ҳаракат мекунад, ба мувофиқа расиданд. Нарх 20% арзон мешавад: платскарт — 340 670 сӯм (тахминан 312 сомонӣ), купе — 417 040 сӯм (тахминан 383 сомонӣ). То ин вақт нархи чипта аз 373 сомонӣ оғоз меёфт.

Nuqta.tj

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.