Таърихи ташаккули муносибатҳо, манфиатҳои байниҳамдигарӣ ва тафовути дидгоҳҳо. (Идома. Аввалаш дар ин ҷо)
Ҷанги Якуми ҷаҳонӣ ва нахустин зуҳури мушкилоти иқтисоди якқутбӣ
Якқутба будани иқтисод ва аз бозори як кишвар – Россия вобаста будани минтақаи бузурги Осиёи Миёна дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ боиси осебпазирии он гардид. Дар натиҷаи белаёқатии ҳайати фармондеҳии ҳукумати подшоҳӣ ва хиёнаткориҳои ҳукуматдорони намоён Россия талафоти зиёд дод. Дар натиҷа, ба иқтисоди Осиёи Миёна ҳам таъсири манфӣ расид: ҳамлу нақли молҳои саноатӣ бағоят коҳиш ёфт, аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом, пахта ва озуқаворӣ, баръакс, афзоиш ёфт. Бо сабаби паст фаромадани нархи пахта ҳоли пахтакорон хароб гардид. Андозҳо афзуданд. Аз Туркистон аспҳо, чорво, меваи хушк, моҳӣ, кунҷит ва ғайраро барои эҳтиёҷоти ҷанг мебурданд. Нархи молҳои саноатии Россия ва маводи ғизоӣ дар давоми як сол 2-3 баробар гаронтар шуд ва вазъи иҷтимоии мардум поён рафт. Мардум ба ҷойи пахта, гандум кишт намуданд.
- Бори аввал сокинони Осиёи Миёна ба Россия фиристода шуданд. 25-уми июни соли 1916 дар айни мавсими ҳосилғундорӣ фармони шоҳи Россия бо унвони муғлақ – “Дар бораи сафарбарии мардҳои аҳолии маҳаллии табааи империя ба кори сохтмони иншооти мудофиа ва дар маҳалли армияи амалкунанда ва ҳамчунин барои анҷоми ҳама гуна корҳои барои мудофиаи давлат зарур” баромад, ки тибқи он “тамоми мардҳои аз 19 то 44-солаи вилоятҳои Сирдарё, Фарғона, Самарқанд… ” ва дигар вилоятҳои губернияи Туркистон бояд ба қисми аврупоии Россия сафарбар мешуданд. Як худи уезди Хуҷанд бояд 9 ҳазор мардикор медод.
Яъне нахустин муҳоҷирати мардуми Осиёи Миёна ба Россия иҷборӣ буд. Мардум ба мардикорӣ рафтан намехост ва ба таври иҷборӣ сафарбар намудани онҳо боиси ошӯбҳои мардумӣ гардид. Ҳокимон ошӯби мардумро хостанд бо зарби тиру туфанг пахш кунанд. Дар натиҷаи ошӯби Хуҷанд ду нафар кушта ва як нафар ҷароҳат бардошт. Вале шӯриш дар дигар шаҳрҳо идома ёфт.

Баъди пахши шӯришҳо ҳукумати подшоҳӣ мардумро ҳароина маҷбуран ба мардикорӣ сафарбар кард. Аксари мардикорон фарзандони мардуми бенаво буданд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки касони ба мардикорӣ рафта дар сохтмони иншооти мудофиа, корхонаҳои саноатӣ, ҳатто дар заминҳои сарватмандони рус хизмати вазнинро анҷом медоданд. Вале на идораҳои ҳарбӣ, на соҳибони заводу фабрикаҳо, ки бояд мардикоронро қабул мекарданд, ба ин кор комилан омода набуданд. Ҳазорон ҳазор мардикорон дар бараку заминканҳои сард бе оташдон зиндагӣ мекарданд, аз сардиву беморӣ садҳо нафари онҳо ҳалок мешуданд.

- Худсарию бедодӣ ва беинсофии тартиби мардикоргирӣ, зиндагии мудҳишу вазнин ва тоқатгудози мардикорон дар ғарибӣ – дар Россия нафрату адовати аҳли заҳматро ба ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукуматдорони маҳаллии Россия бедор кард.
Беҳуда нест, ки теъдоди зиёди мардикорон дар Россия ба мавҷи ҳаракатҳои инқилобӣ ҳамроҳ ва ба ҳизби коммунист шомил шуданд. Ба муносибати бозгашти мардикорон 25 майи соли 1917 дар Хуҷанд митинги идона барпо шуда, иштирокчиёни он Шӯрои вакилони мардикорони коргарро интихоб карданд ва онҳо минбаъд дар ҷараёни инқилоб дар Тоҷикистон саҳми бузург гузоштанд.
Инқилоби Октябр, Ленин ва Осиёи Миёна
Агар Осиёи Миёна барои Россия як бори зиёдатӣ мешуд, имкон дошт, ки коммунистон пас аз Инқилоби Октябр аз баҳри он бароянд. Зеро ки дар натиҷаи бархӯрди нерӯҳои зиддикоммунистӣ худи Россия ба хуни мардуми бегуноҳ ғарқ гашта буд. Вале пешвои инқилоби рус В.И.Ленин лаҳзае шарқро бетаваҷҷуҳ намегузошт. Шахси аз таърих огоҳ медонад, ки он замон империяи Англия тавассути хоки Афғонистон ва ба воситаи Туркияи тавсеахоҳ амалан дар ҳудуди ин кишвар муҳорибаҳо ташкил мекард. Ҳатто Чин ба ҳудуди Помир сар даровардан хост. Чун сад сол қабл ин давлатҳо хостори он шуданд, ки ин Осиёи Миёна вассали онҳо гардад. Вале чунин нашуд. Ҳанӯз 2-юми ноябри с.1917 Ҳукумати Шӯравӣ муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барои худшиносии миллӣ муҳим – “Декларатсияи ҳуқуқҳои халқҳои Россия” ва 20-уми ноябри ҳамон сол “Муроҷиат ба ҳама мусулмонҳои меҳнаткаши Россия ва Шарқ”-ро қабул кард, ҳамзамон Комиссариати ҳарбӣ оид ба миллатҳоро (Наркомнац) таъсис дод.

Мардуми кишварҳои Осиёи Миёна – тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо, ки ба Россия даст дода, аҳди дӯстӣ баста буданд, пеши ҳама гуна тафриқаандозиро гирифта, кӯшишҳои империализми байналмилалиро барбод доданд. Маврид барои зикр аст, ки дар рӯзҳои нахустини пас аз ғалабаи инқилоб дар Петербург дар шаҳрҳои дар ихтиёри Россия буда, аз ҷумла, 1-уми ноябр Тошканд, 11-уми ноябр Хуҷанд ба дасти Шӯроҳои инқилобӣ гузашта, 15 ноябр Анҷумани 3-юми кишварии Шӯроҳо дар Тошканд ҳукумати шӯравиро дар Туркистон эълом ва Шӯрои комиссарони халқиро интихоб намуд. Алайҳи ин нерӯ амалдорони амириву хонӣ бо сарпарастии кишварҳои Антанта дар Фарғона ва Самарқанд анҷумани худро доир намуда, ҳукуматро ба дасти худ гирифтан хостанд. Ин кӯшиш дар Самарқанд барор накард, вале дар Фарғона охири ноябри с. 1917 Анҷумани мусулмонон барпо шуда, мухторияти Туркистонро аз Россия эълон намуд ва ҳукумати худро таъсис дод. Исфара ва Конибодом, ғайр аз конҳои нафту ангишт, ба “Автономияи Хӯқанд”-и навтаъсис дохил шуданд. Шӯрои конҳо ба онҳо муқобилият нишон дод. Ҳаракати аксулинқилобӣ авҷ гирифт.
- Ва дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос В.И.Ленин ба ин ҷо лашкари камшумори шӯравиро сафарбар кард. 21-22-юми феврали соли 1918 сарбозони сурх, ки аз шаҳрҳои гуногун омада буданд, ҳамроҳи заҳматкашони вилоятҳои атроф нерӯҳои мусаллаҳи “мухтори Хӯқанд”-ро торумор намуданд. Як қисми онҳо ҳаёти худро бо ин сарзамин пайваст.

Инқилоби рус аз феврали 1917 то сентябри 1920 то андозае ба аморати Бухоро истиқлолият дод. Фаъолияти амир дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ дигар маҳдуд намешуд, вале бо бисёр сабабҳо амир ин соҳибихтиёрии 6-моҳаро истифода бурда натавонист ва аҳволи кишвар бадтар шуд. То инқилоб Бухоро ба Ғарб 2-2,5 миллион пӯсти қароқӯлӣ, то 2 миллион пуд пахта интиқол медод, ки асосан тавассути Москва сурат мегирифт. Амир кӯшид, ки бо Туркистони бо оташи инқилоб фаро гирифта, Афғонистони ҳамзабону ҳамдин, Ҳинди Бритониёӣ ва Форси шиамазҳаб равобиташро таҳким диҳад. Вале воқеияти сиёсӣ дар ҷаҳон тағйир ёфта, ҳатто Афғонистону Эрон ба Россияи Шӯравӣ, ки чун ҳокимиятт омма шуҳрат пайдо карда, барномаҳои ҷадиди иҷтимоиро роҳандозӣ мекард, алоқамандие пайдо карда буданд.
- Амир Олимхон кӯшид, ки маблағҳои шахсии худро аз Бонки давлатии Россия ба Аврупо гузаронад. Тобистони соли 1917 тавассути миёнаравии намояндаи рус дар Бухоро Миллер ва саноатгар И.Стахеев ба бонкҳои Англия ва Фаронса 150 млн. ва дертар боз 32 млн. рубл интиқол дод, ки он замон маблағи хеле бузург ва моли сулолаи манғитҳо буд.
Аммо чи тавре ки муҳаққиқи англис Гленда Фрезер маълумот медиҳад, амир ин маблағро бозпас гирифта натавонист. Зеро ки ҳуҷҷатҳои маблағи авваларо ҳангоми фирор дар Бухоро монда буд, квитансияи транши дуюмро умуман надид. Бе пул даъвати ӯ ба муқовимат, албатта, таъсири кам дошт. Вақте амир Олимхон аввали соли 1920 барои кӯмак ба Афғонистон муроҷиат кард, модари шоҳи он Амонуллохон Улёҳазрат посухи рад дод, ки “агар Афғонистон комилан мустақил нашавад, писари азизи ман наметавонад бародари худро ҳимоят кунад. Бинобар ин эъломи ҷангро бо кофар ба дӯши худ намегирад”.
Амир рӯ ба Англия оварда, 21 октябри с.1920 аз ш.Душанбе ба шоҳ Георги V нома фиристода, хоҳиш кард, ки ба ҳисоби қарзи давлатӣ 100000 фунт стерлинг 20 ҳазор милтиқ, 30 тӯп бо тирҳояш, 10 аэроплан ва 2 ҳазор аскар фиристад. Британия аз дахолати бевосита ба корҳои Бухоро даст кашид. Зеро англисҳоро кайҳо аз Қафқозу Форс ронда буданд ва дар Бағдод базӯр истодагарӣ мекарданд, як ҷанги дигар дар Осиёи Миёна ба онҳо гарон меафтод. Ҳамроҳ шудан ба ин дасиса метавонист бо ишғоли Афғонистон аз ҷониби Россия анҷом ёбад. Инро Англия ҳаргиз намехост. Бинобар ин Англия усули бозии “беамалии устокорона” (masterly inactivity)-ро истифода бурд, ки аз давраи “Бозиҳои бузург”-и садаи XIX боқӣ монда буд.

Умеди амир Олимхон танҳо ба меҳмондӯстии бародари муслимаш шоҳи Афғонистон монда буд. Вале равобити давлати навбунёди коммунистии Россия дар байни кишварҳои ҳамсоя ба дараҷае баланд буд, ки шоҳ “бародар”-ро қабул карда, дар қалъаи Фату, 18 км дуртар аз Кобул ҷой дод, лек тамоми талаботи ҳукумати Россияро иҷро намуда, ҳама гуна фаъолияти ҳарбию сиёсии амирро маҳдуд намуд. Дар муҳоҷирати Кобул Олимхон бори дигар ба Англия муроҷиат намуд. Вале боз ба имдодаш касе нарасид. Ҳатто хоҳиши ӯ дар бораи паноҳгоҳи сиёсӣ додан дар ҳудуди Ҳинд қабул нагардид. Дар масъалаи амири Бухоро давлатҳои абарқудрат мухолифате надошта, баръакс, бо назардошти манфиати умумидавлатӣ Англия ба ҷанг хотима бахшид ва бо Россия дар бораи тиҷорат созишномаро ба тасвиб расонд. Бале, Англияи пуриқтидоре, ки бо сад баҳона амири Бухороро дастгирӣ ва ба ҷанги рус таҳрик медод, дар лаҳзаи тақдирсоз аз чунин “рафиқ” даст кашид ва бо Россия аҳди дӯстию ҳамкорӣ баст. Яъне салтанатҳои бузург барои манфиати худ кишварҳои вассали худро қурбон карданд. Вале тавре ки аз таърих маълум аст, халқҳои Осиёи Марказӣ ба Россияи шӯравӣ эътимоди бештар доштанд ва аз ин ҳамраъйӣ ҳаёти мардуми Моварои Омӯ куллан тағйир ёфт. Бо мақсади маърифатпарварӣ ба Осиёи Миёна аз шаҳрҳои марказии Россия даҳҳо ҳазор коргарони рус фиристода шуданд, ки онҳоро “25-ҳазораҳо” меномиданд. Ин ҳаракат то охири солҳои 80-ум амалан идома ёфт. Дар кишвари нав аз истибдоди амирӣ раста ҳоли онҳо чандон хуб набуд, вале халқи меҳмоннавози маҳаллӣ онҳоро ба оғӯши худ гирифт ва ҳамроҳ бо умеди нек – баҳри бунёди давлати иҷтимоӣ камар бастанд.
Талош барои пахтакорӣ
Агар ба чанд далели асосӣ назар кунем, маълум мешавад, ки ҳадафи ҳукумати шӯравӣ ҳамоно истифода аз захираҳои табиӣ ва пахтаи ин минтақа буд. Аз аввали с. 1918 конҳо ва заводҳои пахтатозакунӣ давлатӣ шуданд. 17-уми майи с. 1918 барои азхудкунии дашти Дилварзин бо имзои В.И.Ленин 50 млн. рубл ҷудо шуд, вале бо сабаби авҷи ҷангҳои шаҳрвандӣ ин амал мавқуф гузошта шуд. Солҳои 1921 амир аз Бухоро ронда шуда, кулли Осиёи Миёна ба дасти Шӯроҳо гузашт. 4 марти с.1921 дар Москва бо Ҷумҳурии Халқии Бухоро созишномаи иттифоқӣ бо Россия баста шуд. Тибқи он Россия ба ин кишвар коршиносон, омӯзгорон, маводи таълимӣ, таҷҳизоти типографӣ интиқол дод. 21 марти ҳамон сол созишномаи ҳарбӣ-сиёсӣ баста шуд. Тоҷикистон чун як ҷузъи Ҷумҳурии Бухоро ба ин созишномаҳо ворид шуд ва пас аз ба даст овардани мухторият аз c.1924 нуктаҳои он созишномаҳоро иҷро намуд. Лозим ба зикр аст, ки маҳз ба шарофати инқилоб халқи тоҷик бо гузашти 1025 сол баъд аз суқути давлати Сомониён соҳиби давлати худ шуд.


Муҳаққиқи тоҷик Баротов Маҳмадшариф дар яке аз тадқиқотҳои илмии худ менависад: “Дар нимаи дуюми солҳои 20-ум ва 30-юми асри XX иқдоми бузурги Ҳукумати Шӯравӣ дар бунёди асосҳои давлати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон обёрии водии Вахш маҳсуб мешуд. Ин иқдом аз он сарчашма мегирифт, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ муборизаи сиёсӣ барои истиқлолияти кишвар дар соҳаи пахтапарварӣ оғоз ёфта буд. Ин мушкилии хеле сангин буд ва ҳам сиёсатмадорон ва ҳам мутахассисонро ба ҳаяҷон меовард.
- Таърихи киштукори пахтаи мисрӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар қарни XIX, вақте ки бахше аз он ба империяи Россия шомил гардида буд, таҷриба мешуд. Нахустин таҷрибаҳо доир ба киштукори пахта дар қаламрави уезди Хуҷанд солҳои 80-уми асри XIX гузаронида шуданд. Вале сиёсати густурдаи пахтакорӣ дар аҳди Шӯравӣ замина гузошта шуд. Ҳанӯз дар саргаҳи бунёди сотсиализм, 2 ноябри соли 1920, В.И. Ленин фармон (декрет)-и “Чораҷӯйӣ доир ба барқарор намудани пахтапарварӣ дар Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Шӯравӣ ” – ро ба тасвиб расонид.
Баъдтар, соли 1925 дар наздикии ш.Тошканд, пажӯишгоҳи илмӣ-таҷрибавии “Стансияи марказии селексионию озмоишии тошкандии иниститути илмӣ-тадқиқотии иттифоқии ВАСХНИЛ–и Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ” таъсис дода шуд, ки кормандони он барои ҷамоварии навъҳои аввалияи тухмиҳои озмоишӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна экспедитсияҳо анҷом доданд.
- Нахустин нуқтаи зироатӣ дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон соли 1925 дар ш.Душанбе таъсис дода шуд. Соли 1926 бошад, дар водии Вахш корҳои фаврӣ барои барқарор намудани системаи обёрӣ, ки дар ҷараёни он намояндагони экспедитсияҳои илмӣ низ ширкат доштанд, гузаронида шуд.
Дар Тоҷикистон амалан саноат набуд, диққати асосии Маскав низ ба пахтакорӣ нигаронда шуд ва ҷумҳурии мо базаи асосии пахтаи маҳиннах гардид. Аз охири солҳои 20-ум сар карда, сохтмони шабакаи васеи канали обёрии Вахш бо азхудкунии 100 ҳазор га оғоз шуд ва минбаъд канали Ҳисор, шабакаҳои обёрӣ дар вилояти Суғд барои обшор кардани заминҳои зиёди обӣ шуд, ки дар аксари он пахта мекориданд. Ва истеҳсоли он аз 37,1 ҳазор тоннаи соли аввали панҷсолаи 1-ум соли 1937 ба 178,4 ҳазор т. ва соли 1980 ба 1 миллион тонна расонда шуд.
Тоҷикистон дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ҳамон ҳолате рух дод, ки дар айёми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ воқеъ шуд: қашшоқӣ, гуруснагӣ, пастравии истеҳсолот. Аксари мардони қобили меҳнат ба ҷабҳаи ҷанг рафтанд ва як қисми онҳо дар заводҳои ақибгоҳи Россия хизмат карданд. Аз Россия кашонда овардани ғалла хеле коҳиш ёфт. Бинобар ин зарурати бо ғаллаи худӣ таъмин кардани ҷумҳурӣ пеш омад ва бо ин ҳаҷми истеҳсоли пахта – моли асосии содиротӣ аз 181 ҳ. тоннаи соли 1941 дар соли 1944 ба 81,1 ҳ. т фаромад.
Дар заминаи ҳаракати мардумӣ аз ҳисоби шахсии шаҳрвандони Тоҷикистон 84 млн. рубл барои колоннаи танкӣ ва 35 млн. рубл барои дастаи самолётҳои ҳарбӣ интиқол гардид, ба ҷанговарон ҳазорҳо вагон озуқаворӣ, тамоку, консерва, ширинӣ, барои ёрӣ ба хоҷагиҳои минтақаи аз ҷанг зарадидаи Россия ва Украина аз Тоҷикистон даҳҳо ҳазор сар чорво фиристода шуд.

Илова бар ин, ҳазорҳо зану кӯдаки бе сарпаноҳ, як теъдод корхонаҳои Россия, инчунин киностудияи “Союздетфилм” бо садҳо коргарони худ ба Тоҷикистон кӯч бастанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон чандин госпитал ба истифода дода шуд, ки маҷруҳони ҷангро табобат мекарданд. Теъдоди зиёди пизишкони аълодараҷа ба ҳудуди Тоҷикистон омада, ҳаёти минбаъдаи худро бо ин сарзамин пайвастанд. Халқи тоҷик ҳамаи онҳоро бародарвор истиқбол гирифт.
Эътимоди мардуми тоҷик ба Россия ва халқи оддии он аз ҳамин мавқеъ сарчашма мегирад. Аз ин хотир мардуми тоҷик бо вуҷуди мушкилоти зиёд ва бархӯрдҳои дурушти ҳукумати Россия боз ҳам мехоҳанд ба ҳамин кишвар ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ сафар кунанд. Вале шигифтангез аст, ки пас аз ҳамаи ин «бародархониҳо» ба шарофати як қатор сиёсатмадорони аврупогаро Россия Осиёи Миёнаро бо ҳама мушкилоташ танҳо гузошт.
пахтакорон ё “пахта-ғуломон”
Сентябри с.1945 ШКХ ИҶШС ва КМ ВКП (б) “Дар бораи ривоҷ додани пахтакорӣ дар РСС Тоҷикистон” қарор қабул кард ва тибқи он, кишти пахтаро то 107 ҳазор га васеъ намуданд. Феврали с. 1949 Шӯрои Вазирони ИҶШС “Дар бораи чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи пахтакорӣ дар колхозу совхозҳо” қарор қабул кард. Мувофиқи он, хоҷагиҳо аз заминҳое, ки пахта корида шудааст, аз нақшаи супоридани маҳсулоти чорводорӣ озод шуданд, нархи хариди пахта ду баробар зиёд, аммо арзиши ғалла хеле поин оварда шуд. Ин тадбирҳо кишоварзонро танҳо барои истеҳсоли пахта ҳавасманд мегардонд. Ҳазорҳо гектар заминро аз дигар соҳаҳои кишоварзӣ ва ҳатто аз дасти сокинони деҳот гирифта, ба онҳо пахта кориданд.
- Дар замони пасазҷангӣ, махсусан аз нимаи дуюми солҳои 50-ум дар даврони роҳбарии Т.Ӯлҷабоев барои рушди саноати ҷумҳурӣ заминаи ҷиддӣ гузошта шуд. Бо истифода аз нерӯи илмию маънавии аҳолии ҷумҳурӣ нақшаҳои азими бунёди иншооти тавлидотии саноатӣ, аз ҷумла НБО Норак, корхонаи алюминийи Регар (Турсунзода), заводи электрохимиявии Ёвон – ба ном муҷтамеи саноатии ҷанубӣ тарҳрезӣ гардид. Қобили зикр аст, ки дар ин давра ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳри Тошканд ба унвони як маркази илмию саноатӣ барои кулли ҷамоҳири Осиёи Миёна хизмат мекард ва аз лутфу меҳрубонии роҳбари олии Иттиҳоди Шӯравӣ бештар бархурдор буд. Бинобар ин, бо маблағгузории Маскав на танҳо донишгоҳҳову марказҳои тадқиқотӣ, балки корхонаҳои бузурги саноатии минтақавӣ низ дар ҳудуди он бунёд мешуд.
Дар заминаи нақшаҳои азими умумииттифоқӣ Тоҷикистон низ имкон пайдо кард, ки риштаи саноатро тараққӣ диҳад. Вале ин пешравӣ ба нухбагони Маскав писанд наомад ва бо баҳонаи изофанависӣ дар пахтакорӣ аз роҳбари аввал Т.Ӯлҷабоев сар карда, теъдоде аз мутахассисони варзида ба маҳбас кашида шуданд. Дар натиҷа элитаи сиёсӣ ва иқтисоди ҷумҳурӣ шикаст хӯрд ва минбаъд тамоми таваҷҷуҳи роҳбарияти нав ба пахтакорӣ равона шуд. Илова бар ин, дар тамоми анҷуманҳои ҳизби ҳукмрони коммунист, ки нақшаҳои хоҷагӣ тарҳрезӣ мешуданд, ба рушди пахтакорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешуд.
Агар рушди дигар намудҳои кишоварзӣ 30-40% пешбинӣ шавад, дурнамои рушди пахтакорӣ то 65-70% муайян мешуд. Амалан аксари заминҳои зироатӣ ба пахтакорӣ ҷудо мешуданд. Ба хотири таблиғи пахтакорӣ пайваста нархи орду гандум ва маҳсулоти чорвою парранда ба таври сунъӣ коҳиш дода мешуданд. Дар натиҷа, соли 1955 ҳаҷми пахта ба 418 ҳ. т., соли 1970 ба 726,6 ҳ.т. ва с. 1980 ба 1 млн. тонна расонда шуд. Пайомади ин бархӯрд дар нимаи дуюми солҳои 80-ум дар кишварҳои Осиёи Миёна ба хубӣ эҳсос шуд. Таваҷҷуҳи аз эътидол зиёд ба пахтакорӣ норасоии маҳсулоти ғизоиро ба миён овард ва амнияти озқавориро зери хатар гузошт.

Маҳз ҳамин ҳолат – монокултураи пахта ва ба кишти пунба банд шудани аксари кулли заминҳои обӣ, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз байн рафтани низоми муносибатҳои истеҳсолию молӣ байни ҷамоҳири шӯравӣ боиси он гардид, ки пахтакорӣ дар муддати хеле кӯтоҳ касод шуд ва маҳз пахтакорон, ки аксари кулли мардуми деҳотро ташкил медоданд, бекор монданд. Агар мавҷи аввали муҳоҷирати тоҷикон ба воқеаҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳравандӣ дар аввали солҳои навадум дахл дошта бошад, мавҷи дуюми он пас аз соли 2007 сурат гирифта, маҳз ба собиқ монополияи пахтакорӣ ва касод шудани он дар давраи нави муносибатҳои иқтисодӣ, ёфт нашудани бозори мувофиқ ва мисли ин алоқамандӣ дошт.
Зоҳиран, Россия ва кишварҳои дигари истеъмолкунандаи пахта, ки аз ҳисоби Ӯзбекистону Туркманистон ниёзҳои худро мебароварданд, аз вазъи минбаъдаи Тоҷикистон он қадар парво надоштанд. Имкони фавран бартараф кардани ин зараре, ки тӯли даҳсолаҳо ба бахши кишоварзии кишвар расид, мушкил буд. Дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои бартараф кардани оқибатҳои ин сиёсати нодурусти аграрӣ тадбирҳои муҳимтарин андешида шуданд, ки зина ба зина татбиқ мешаванд.
Дар хусуси раванди умумии муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, сиёсати ҷаҳондорон дар кулли олам чунин танзим шудааст, ки дар манотиқи пешрафта сатҳи зиндагӣ боло ва ҷойи кор фаровон буда, дар манотиқи дигаре мисли Осиёи Миёна аҳолӣ зиёд ва нерӯи корӣ фаровон аст. Ин ҳолат шароитеро ба вуҷуд меорад, ки кишварҳои дорои нерӯи бузурги корӣ маҷбуранд, кишварҳои иқтисодиёташон пешрафтаро бо коргар таъмин кунанд.
Барои ҳаллу фасли ин масъала дар ҷумҳурӣ чанд омил ҳаст, ки алъон аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ шуда, вале фурсат мехоҳад. Сохтмони НБО-ҳои бузург ва ба истифода додани корхонаҳои тавлидотии саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва бахши хизматрасонӣ яке аз роҳҳои муассир дар ҳалли ин мушкилот аст.
Бахтиёр Ҳамдам,
Ҷумъа Қуддус