Тоҷикистон ва бўҳрони озуқаворӣ: омодаем ё на?

Бино ба иттилои СММ, ҳар сол дунё аз 24 миллиард тонна хоки ҳосилхез маҳрум мешавад. Коршиносон бар онанд, ки дар ояндаи наздик бисёр кишварҳоро гуруснагӣ ва камбудии шадиди маҳсулоти хўрока, болоравии нархҳои онҳо интизор аст. Ва он давлатҳое, ки соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди рушдкарда доранд, на танҳо ин мушкилро муваффақона ҳал мекунанд, балки аз ҳисоби содироти маҳсулоти хеш бо нархҳои баланд даромадҳои калон хоҳанд дошт. Оё Тоҷикистон ба ин омода аст?

Нархҳо аллакай боло рафтанд

Ҳатто бе пандемияи вируси марговариCovid-19 ҳам олам ба бўҳрони аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон калонтарини гуманитарӣ дучор мешуд. Ва акнун дар оқибати «тўфони идеалӣ» бисёр кишварҳо метавонанд ба норасоии ҷиддии маҳсулоти ғизоӣ ва ҷаҳиши нархҳо рў ба рў шаванд.

Аз ин пайомад роҳбарони ҷаҳонро дар оғози сол мудири иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ Дэвид Бизли огоҳ карда буд.

Мувофиқи ахбори тозаи СММ, дар дунё қариб 1 млрд нафар – ҳар одами ҳаштуми сайёра – пайваста аз истеъмоли нокифояи озуқаворӣ ранҷ мекашанд. Ва аз сабаби бўҳроне, ки коронавирус ба миён овард, теъдоди ин гурўҳ танҳо дар соли 2020 боз 130 млн афзоиш меёбад. Имкони аз таҳдиди мазкур дар канор монданро танҳо кишварҳое соҳибанд, ки кишоварзӣ ва саноати коркарди хуб тараққикарда доранд ва сокинонашон аз маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъминанд, ақида доранд коршиносон.

Дар Тоҷикистон аз ин нигоҳ вазъ чӣ гуна аст?

Пешгўиҳо таскинбахш нестанд. Танҳо дар даҳ моҳи охир нархҳои маҳсулоти озуқа дар ҷумҳурӣ тақрибан 10% гарон шуда, аз лиҳози афзоиши нархҳо аз молҳои ғайриғизоӣ зиёда аз ду маротиба пеш гузаштаанд – 9,6% дар муқобили 4,4%. Беш аз ҳама дар кишвар маҳсулоти хўрокае аз қабили равған (21,6%), шакар (37,8%), маҳсулоти нонӣ (12,2%), картошка (11,2%), гўшт (5,7%) қимат шуданд (маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ).

Гектарҳои даркорӣ ва хоки фаромўшшуда

Дар таъмини эхтиёҷоти аҳолӣ аз маҳсулоти асосии ғизоӣ, инчунин дар устувории нархҳо мавҷудияти майдонҳои кишт ва истифодаи ратсионалии онҳо нақши муҳим дорад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон,

аз 14 миллион гектар масоҳати кишвар тақрибан 3,6 миллион дар хоҷагии деҳот истифода мешавад, ҳудудҳои дигар аз мавзеъҳои душворгузар – кўҳистон, пиряхҳо ва даштҳои беоб иборатанд. Аз заминҳои дастрас 2,7 миллион гектар ҳамчун чарогоҳ ва 0,65 миллион гектар барои кишт истифода мешаванд.

Вале ба як қатор сабабҳо ҳар сол масоҳати киштзорҳо сари аҳолӣ ихтисор меёбад. Масалан, соли 1997 ба сари ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ 0,12 га киштзор рост меомад, аммо ба оғози соли 2018 ин адад танҳо 0,07 гектарро ташкил дод. Ин нишондод дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин аст. Ҳамзамон дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ тайи солҳои охир 3 карат афзудааст.

Тоҷикистон ва бўҳрони озуқаворӣ: омодаем ё на?

Коҳишёбии заминҳои обӣ ба сари ҳар нафари аҳолӣ ба сабабҳои гуногун ба вуқўъ мепайвандад. Яке аз онҳо – афзоиши табиии аҳолии ҷумҳурӣ ва дар пайомад банд кардани заминҳо барои сохтмонҳои саноатӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Мувофиқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ, ҳарсола барои ин ҳадафҳо тахминан 200-300 га заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ бароварда мешаванд.

Сабабҳои дигари бохти заминҳои ҳосилхез чунин буданд: хароб шудани зерсохторҳои обёрӣ ва заҳбурҳо, аз кор мондани каналҳои магистралӣ, ки боис ба қатъи обёрӣ гардид, вайрон шудани пойгоҳҳои обкашӣ, мудирияти хоҷагидории ғайриқаноатбахш, эрозияҳо, шўршавӣ ва ботлоқшавии хокҳо, обхезиҳо ва ғайра.

Бино ба маълумоти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, бо гузариши хоҷагии деҳот ба муносибатҳои бозаргонӣ ҳаҷми корҳои агрохимиявӣ ва дигар фаъолиятҳои равона ба барқарорсозии ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ беш аз 10 карат коҳиш ёфт.

Илова бар ин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ-иқтисодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон мунтазам баланд кардани тарофаҳои истифодаи обҳои обёриро талаб мекунанд. Ҳатто имрўз ҳам идораи маҳаллии Бонки ҷаҳонӣ, инчунин идораи Бонки осиёии рушд болобарии минбаъдаи тарофаҳои обро талаб доранд. Афзоиши пайвастаи тарофаҳои об ва нерўи барқ метавонад боис ба он гардад, ки дар ояндаи наздик парвариши зироатҳои кишоварзӣ тавассути обёрии каскадӣ аз лиҳози иқтисодӣ зараровар мешавад. Ин оқибатҳои вазнини иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демографиро дар пай дошта метавонад.

Роҳи халосӣ ку?

Дар Тоҷикистон хавфи эҳтимолии бўҳрони озуқавориро эътироф мекунанд ва барои пешгирӣ чораҳо мебинанд. Мувофиқи ахбори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон, соли 2019 ҷумҳурӣ ба гардиш тахминан 1,5 ҳазор га заминҳои партофташударо бозгардонд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли 2020 аз зиёд шудани истеҳсоли хушкмеваҳо, маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ, намаки ошӣ, биринҷ, орди гандум, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоту меваҳои консервшуда хабар дод. Дар ин давра 33 корхонаи нави тавлиди маҳсулоти озуқа таъсис ёфт ва шумораи умумии онҳо ба 504 расид.

Сарфи назар аз ин, масъалаҳое боқӣ мемонанд, ки бидуни ҳалли онҳо Тоҷикистон наметавонад умед ба таъмини амнияти ғизоии худ дошта бошад. Барои мисол, қаблан мудири Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон иқтидори азхудкунии беш аз 800 ҳазор га замин ва истифодаи онро барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дорад. Аммо, бино ба қавли ў, танҳо барои барқарорсозии тамоми низоми ирригатсионии Тоҷикистон на кам аз $750 млн лозим аст. Лек, ба ақидаи коршиносон, ин маблағ барои ҳалли мушкилоти ҷамъшуда баръало камӣ мекунад.

Бе сармоягузорӣ намешавад

Ҳукумати кишвар васеъ кардани масоҳатҳои киштро аз ҳисоби ҳам аз худ кардани заминҳои нав ва ҳам барқарор намудани киштзорҳои кўҳна, ки имрўз берун аз гардиш мондаанд, дар нақша дорад.

Дар охири соли 2018 «Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» омода ва сипас тасдиқ гардид. Барои иҷрои он тасмим шуд 72,5 млн. сомонӣ ($8 млн) ҷудо карда шавад. Дар Тоҷикистон ба ҳоли имрўз 6 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба обёрӣ ва ирригатсия ба маблағи умумии 165,4 млн. доллар амалӣ карда мешавад.

Яке аз лоиҳаҳои азим шодоб кардани заминҳои минтақаи Данғара бо буҷаи $30 млн. 540 ҳазор аст, сармоягузорони он Бонки Исломии Рушд (87,62%) ва Ҳукумати Тоҷикистон (12,37%) мебошанд. Татбиқи лоиҳа барои ташкил кардани 8 ҳазор ҷойи кории нав имкон фароҳам меорад.

Лоиҳаи дигар бо арзиши $57,9 млн ба таъмин намудани аҳолӣ бо кор баҳри устувории соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обӣ равона аст. Лоиҳаро Барномаи глобалии кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ (60,78%) ва грантҳои Иттиҳодияи байналмилалии рушд (39,21%) маблағгузорӣ мекунанд. Он барқарорсозии иншоотҳои ирригатсионӣ ва расондани ёрии техникӣ дар ислоҳоти қонунгузорӣ ва ниҳодии соҳаро дар назар дорад.

Бо ёрии шарикони байналмилалӣ лоиҳаҳое аз қабили таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ дар муқобили тағйироти иқлим ($13,59 млн), корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ  ($ 6,3 млн), идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Панҷ ($31,61 млн) амалӣ карда мешаванд.

«Ҳамаи ин, бешубҳа, ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад ҳолати захираҳои заминро беҳбудӣ бахшад, ки ин дар натиҷа ба таъмини амнияти ғизоии кишвар мебарад»,- ақида доранд дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ.

Хавфҳо боқӣ мемонанд

Бо вуҷуди тадбирҳое, ки андешида мешаванд, соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аслан ҳеҷ зарфияти устуворӣ дар муқобили вазъиятҳои эҳтимолии фавқулода, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ҳамлаи ҳашароти заррарасон ё шароитҳои дигари монанд надорад. Деҳқонон аз ҳосил то ҳосил зиндагӣ мекунанд. Дар баробари ин дар кишвар ниҳодҳои суғуртаи ҳосил вуҷуд надоранд ва вобастагии хеле баланд аз шароитҳои табиӣ-иқлимӣ мушоҳида мегардад.

Ҳамчунин мушкилоти норасоии шадиди молия, нигаҳдории ҳосил (махсусан, маҳсулоти зуд вайроншаванда) ва камбуди сартосарии иқтидорҳо барои коркард ҳалношуда боқӣ мемонанд.

Омилҳои номбаршуда ба андозаи назаррас хавфҳои истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии деҳотро баланд мекунанд.

Ҳалли амнияти озуқаворӣ бархўрди ҷиддӣ ва ҳалли комплексии масъалаҳои ҷамъшударо талаб мекунад. Ба хотири амалӣ кардани ҳадафи гузошташуда оид ба таъминоти 60-70-дарсада бо маҳсулоти ватанӣ то соли 2030, ба ақидаи коршиносон, Тоҷикистонро муҳим аст, ки сармояи табиии киштзорҳо ва чарогоҳҳоро ҳифз кунад ва таъсири падидаҳои хавфноки табиӣ ва тағйири иқлимро ба соҳаи кишоварзӣ маҳдуд созад. 

Ғайр аз ин, танҳо ба шарти ҷалби минбаъдаи инвеститсияҳо, истифодаи дурусту оқилонаи онҳо, омодакунии мутахассисони касбӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи тавлидгарони маҳсулоти хўрокворӣ Тоҷикистон ба ҳалли бехатарии ғизоӣ қодир хоҳад шуд.

Фаррух Бозоров

Оцените статью

Тоҷикистон ва бўҳрони озуқаворӣ: омодаем ё на? Бино ба иттилои СММ, ҳар сол дунё аз 24 миллиард тонна хоки ҳосилхез маҳрум мешавад. Коршиносон бар онанд, ки дар ояндаи наздик бисёр кишварҳоро гуруснагӣ ва камбудии шадиди маҳсулоти хўрока, болоравии нархҳои онҳо интизор аст. Ва он давлатҳое, ки соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди рушдкарда доранд, на танҳо ин мушкилро муваффақона ҳал мекунанд, балки аз […]
2.5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.