Соли гузашта на танҳо дар ҷаҳон, балки дар Тоҷикистон низ пурҳодиса буд. Ҷо-ҷо ин ҳодисаҳо рӯйи ҳам меомаданд ё ба њаёти кишвари мо таъсир мекарданд, вале дар маҷмуъ мо ба ташвишу шодиҳои худ банд будем. Ва акнун, ки сол ба охир расиду мо бо умеди зиндагии беҳтар ва рӯзҳои зиёди пурнишот ба соли нав ворид мешавем, биёед бори дигар ба ақиб назар андозем…
Марзҳои ноором
Оғози соли гузашта, мутаассифона, онгунае набуд, ки мо интизор доштем. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз садои тиру туфанг баланд шуд.
Динамикаи даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон боиси хушбинӣ нест. Тайи 12 соли охир дар марзи ду кишвар беш аз 230 ҳодисаи истифодаи силоҳ ба қайд гирифта шудааст. Имсол ҳам чунин шуд. Дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 14 то 19 сентябр, тибқи иттилои расмӣ, 59 нафар тоҷикистонӣ кушта шуд. Дар авохири моҳи сентябр миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон протокол дар бораи баргардонидани нерӯҳои иловагӣ ва техникаи низомӣ ба макони истиқрори доимиашон ба имзо расид. Аммо бархе коршиносон мутмаинанд, ки даргириҳо такрор меёбанд ва миқёси онҳо васеътар хоҳад гашт.
Ҳамчунин, ҳангоми баррасии амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таҳдиди эҳтимолӣ аз Афғонистон як мавзуи муҳим боқӣ мемонад. Пас аз тарки кишвар кардани ИМА дар моҳи августи соли 2021 ва ба сари қудрат омадани Толибон, хатари ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ба қаламрави кишвари мо ҳанӯз ҳам аз эҳтимол берун нест.
Эрон боз дӯсти мост
Аз замони бошиддат бад шудани равобити Эрону Тоҷикистон тақрибан 10 сол сипарӣ гашт. Ва инак, дар охири моҳи май Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон сафар карда, бо як идда мансабдорони сатҳи олӣ, аз ҷумла бо раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ мулоқот кард.
Ин нахустин сафари Президенти Тоҷикистон ба Теҳрон аз соли 2013 далели он гардид, ки равобити кишварҳо ҳоло бо назардошти манофеи муштарак дар таъмини амният дар минтақа ба сатҳи нави сиёсӣ мебарояд.

Дар натиҷаи сафар дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, энергетика 16 санад ба имзо расид. Аз ҷумла, барномаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои солҳои 2023-2030 таҳия шуд.
Барои Душанбе ва Теҳрон ин як фурсати хубе баҳри ёдоварӣ аз наздикии фарҳангӣ, шабоҳати забонҳо ва эҳёи равобити қаблӣ ба нафъи ду миллат низ ҳаст.
Қатора ба Тошканд
Рӯзи 20 июн бори аввал дар 30 соли охир қатораи мусофирбар аз Душанбе ба сӯйи Тошканд роҳ пеш гирифт.
Он аз 10 вагон иборат буд: чорто вагони купе, чор платскартӣ, як вагони хоб ва вагон-ресторан.
Ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни ду кишвар дар аввалҳои солҳои 1990 аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буд.

Дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба Ӯзбекистон дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ тавофуқ дар бораи азсаргирии ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни Душанбе ва Тошканд ҳосил шуда буд.
Он замон раҳбарон маслиҳат карда буданд, ки долонҳои нави транзитиро ташаккул ва зерсохтори муосири логистикиро эҷод намуда, интиқолоти ҳавоӣ, тариқи роҳи оҳан ва автобусҳоро тавсеа мебахшанд.
Ҳамчунин дар моҳи август, пас аз танаффуси дусола, иртибототи қаторавӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, ки бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз сар гирифта шуд.
Қонун дар бораи баробарӣ
Моҳи июн вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи баробарӣ ва аз байн бурдани ҳама шаклҳои табъиз»-ро қабул карданд. Ба қонунгузории ҷумҳурӣ мафҳумҳое мисли табъизи мустақим ва ғайримустақим, таъқиби ҷинсӣ, сегрегатсия ва виктимизатсия ҷорӣ карда шуданд.
- “Ҳар як шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки худро мавриди табъиз қароргирифта меҳисобанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва (ё) қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳуқуқ доранд”,- шарҳ дод қонуни навро Вазорати адлияи Тоҷикистон.
Тибқи қонун, давлат ҳимоя аз поймолкунии ҳуқуқҳоро кафолат медиҳад ва барномаҳои аз байн бурдани ҳама шаклҳои табъизро амалӣ менамояд.
Акнун ҳар шахсе, ки бо сабаби мансубияти миллӣ, динӣ ё забонӣ, маъюбӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, вазъи иҷтимоӣ ва ғ. мавриди табъиз қарор мегирад, ҳақ дорад барои ҳифзи ҳуқуқаш ба суд муроҷиат кунад.
Тоҷикистониҳо шаҳрвандии Русияро интихоб мекунанд…
Солҳои охир шумораи рӯз то рӯз бештари тоҷикистониён кишварро тарк мекунанд. Сокинони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар моҳҳои январ-сентябр аз лиҳози теъдоди нафароне, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд, рекорд гузоштанд – 119,6 ҳазор шиносномаи ФР дар муқобили 103 ҳазор дар соли қаблӣ. Илова бар ин, дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 114 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати иқомат дар Русияро гирифтанд, беш аз 47 ҳазор нафари дигар иҷозати иқомати муваққатӣ доранд.
… русҳо ба Тоҷикистон меоянд
Моҳи сентябр Президенти Русия сафарбаркунии қисмиро эълон кард. Ин тасмими Путин боиси хуруҷи оммавии шаҳрвандон ба кишварҳои дигар шуд. Ҷавонони зиёди рус ба Тоҷикистон ҳам омаданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо бо тааҷҷуб қисса мекунанд, ки вақте ба Тоҷикистон расиданд, худро дар фазои комилан фарқкунанда аз он чӣ, ки қаблан тасаввур мекарданд, диданд.
Надежда, зани рус, дар як видео, ки дар саҳфаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ нашр кардааст, мегӯяд: “Мо Маскавро бо аввалин парвози дастрас рӯзи 21 сентябр тарк кардем. Ба ман писанд омад, ки шахри шумо хеле сабзу гулпӯш аст, боғҳои зиёд дорад. Шахр бо ободии худ дар ҳайрат мегузорад, инҷо зебо, гарм аст, одамони мехрубону ҳамеша ба ёрӣ тайёр дорад.
-Душанбе дар муқоиса бо дигар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати экологӣ тозатар аст. Кӯчахои барҳавои сабз, фаввораҳои сершумор, иқлими гарми форам дорад, – қайд кард Николай, ки аз Новосибирск омадааст. – Дар баробари ин дар муқоиса бо Русия нархҳо дар Тоҷикистон хеле дастрасанд.
Ва нафарони дигар зиндагии оромтарро дар шаҳрҳои Тоҷикистон қайд намудаанд.
– Дар Тоҷикистон худро нисбат ба Россия оромтар ҳис мекунам, – мегӯяд Владимир. -Душанбе бо фазояш ба ман даррав писанд омад, дар ин ҷо метавонӣ дар зери нурҳои офтоб, ки дар Санкт-Петербург хеле кам аст, истироҳат карда, сатҳи стрессро поин фарорӣ.
«Халиқ Бонк» хизматрасонӣ ба бонкҳои тоҷикиро боздошт
Аввали моҳи ноябр ҶСП «Халиқ Бонк Тоҷикистон», як бахши фаръии ҶСК «Бонки мардумии Қазоқистон», аз муваққатан боздоштани хидматрасонӣ ба бонкҳои ҶТ дар суратҳисобҳои муросилотӣ аз 1 декабр хабар дод.
Гуфта мешавад, ин тасмим аз ҷониби роҳбарияти ҶСК дар робита ба аудити дохилии фаъолияти Халиқ бонк дар ҳамкорӣ бо дигар бонкҳои Тоҷикистон дар шароити геополитикии кунунӣ (даргириҳои низомӣ дар Украина) ва фишори таҳримҳои Ғарб ба бахши бонкдории Русия гирифта шудааст.
Ҳамакнун шарикони бонк аз қабили “Алиф Бонк” ва “Душанбе Сити” наметавонанд аз хидмати суратҳисобҳои муросилотӣ истифода баранд. Яъне аз 1-уми декабр бонкҳои шарик наметавонанд тавассути ҶСП “Ҳалиқ Бонк Тоҷикистон” ба суратҳисобҳои дигар пул интиқол диҳанд.
Татбиқи ин хидматрасониҳо дар бонк то кай боздошта шудааст, хабар дода намешавад.
Аҳмад Масъуд дар Душанбе
Моҳи ноябр дар Душанбе 10-умин конфронси байналмилалии «Муколамаи Ҳирот доир ба амният» баргузор гардид.
Ҳадафи аслии он таҳлили вазъи кунунӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот дар Афғонистон буд.
Дар конфронс роҳбари ҷабҳаи миллии муқовимати Афғонистон Аҳмад Масъуд сухан кард.
Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази таҳқиқоти Афғонистон ва минтақа, зимни ифтитоҳи анҷуман гуфт, “чунин конфронсҳо метавонанд роҳро ба музокирот барои ҳалли мушкилоти кишвари ҳамсояи Тоҷикистон боз кунанд”.
Ҳамзамон, бисёр аз ширкаткунандагони конфронс зимни суханрониҳои худ қайд карданд, ки ташкили ҳукумати фарогир ягона роҳи ҳалли мушкилот аст.
Дастовардҳои варзишӣ дар мусобиқоти бонуфуз
Соли 2022 барои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ аз пирӯзиҳои калон ғанӣ буд.
Дар моҳи апрел дзюдочӣ Темур Раҳимов дар мусобиқаи Grand Slam дар Анталия медали биринҷӣ ба даст овард. Моҳи август ӯ дар чемпионати Осиё дар Қазоқистон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Кокоро Кагеураи ҷопонӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гашта буд.
Раҳимов дар баробари медали нуқра 490 имтиёз ба даст оварда, бо 3980 имтиёз дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) дар вазни +100 кг ба мақоми аввал баромад. Ӯ то ҳанӯз ҷойи аввал дар ҷаҳонро нигоҳ медорад.
Моҳи ноябр Темур Раҳимов дар Grand Slam-2022 дар шаҳри Боку медали тилло ба даст овард. Боз як медал – ин бор биринҷиро Темур дар мусобиқаи Grand Slam дар Абу-Даби ба гардан овехт.

Дар футбол ҳам муваффақиятҳо доштем. Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 14-уми июн бо тими миллии Қирғизистон бозиро мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар гурӯҳи F мақоми аввалро касб кард. Ба ин тартиб, тими миллӣ барои аввалин бор дар таърихи худ роҳхат ба финали Ҷоми Осиёро ба даст овард.
Дар моҳи ноябр боз як рӯйдоди таърихӣ барои футболи тоҷик ба вуқуъ пайваст – дастаи мо бори аввал дар Душанбе бо тими Русия вохӯрд. Футболбозони тоҷик бо дастгирии мухлисон, ки варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявиро пур карда буданд, футболи шоиста нишон доданд. Вохурӣ дуранг — 0:0 анҷом ёфт.
Моҳи сентябр варзишгари ММА Нурулло Алиев дар набард барои ҳуқуқи бастани шартнома бо UFC бар Ҷош Вики амрикоӣ дар раунди аввал бо нокаути техникӣ пирӯз шуд.
Пас аз як моҳи ин, дар моҳи октябр, Муин Ғафуров, паҳлавони дигари ММА, Диего Силваро (Бразилия) бо нокаут шикаст дод ва ҳуқуқи бо UFC бастани шартномаро ба даст овард.
Самандар Муродов, варзишгари 23-солаи ММА аз Тоҷикистон, дар охири раунди аввал дар мусобиқаи “Road to UFC” дар набард бо бразилиягии дигар – Ҷиан Сикейра пирӯз гашт, ки ин 9-умин ғалабаи пайдарҳами ӯ буд. Самандар сеюмин номзад аз Тоҷикистон ба лигаи UFC шуд.
Nuqta.tj