Фарҳанг на танҳо ҳастии миллатҳо, балки дар пайванди гуфтугӯи тамаддунҳои башарӣ аз зумраи пулҳои устуворест. Ҳамин аст, ки дар радифи таҳкими дигар аркони давлатдорӣ масоили ҳифзу гиромидошт, рӯнамоӣ ва шуҳратбахшии таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати давлатии Роҳбарияти олии кишварамон қарор гирифтааст.
Аз ин ҷост, ки дар остонаи ташрифи навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса бо ҷалби шарикону ҳамтоён дар кишвари иқомат иқдомоти судманде дар самти мазкур амалӣ карда шуд.
Роҳандозии нахустин Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар қораи Аврупо таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и Ҷумҳурии Фаронса аст, ки 13 октябри соли равон бо инобати арзишмандӣ ва муҳиммияти масъала аз ҷониби президентони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон ба фаъолияташ ифтитоҳ бахшида шуд, то 10 январи соли 2022 чун муждаи хуш ва армуғони хосаи роҳбарияти давлати тоҷикон ба элитаи сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса оид ба шинохти таърихии миллати тоҷик хизмат хоҳад намуд.

Тавре Ҷаноби Олӣ зикр намуданд, дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархурди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, омӯзиши амиқи таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ яке аз роҳҳои тарбияи таҳаммулпазирӣ мебошад.
Зимни шиносоӣ бо нигораҳои нодири Намоишгоҳ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки агар дар гузашта аврупоиён ҳини боздиди Осорхонаи Британия дар Лондон бо азназаргузаронии бозёфтҳои Хазинаи Амударё – ёдгории беқаринаи сараҷдоди тоҷикон, тоҷи сари шоҳкориҳои санъати нафисаи Бохтари қадим, дурдонаи беназири осори тамаддуну давлатдории ниёгони мо нисбати таърихи миллати тоҷик маълумоти андак пайдо мекарданд, феълан мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни ташриф ба ин Намоишгоҳ имкон ёфтанд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.
Зеро барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар Осорхонаи “Гиме” 211 адад нигораҳои аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфта аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми дӯсти Фаронса пешкаш мешавад.
Тамошобинон имкон доранд, ки ба воситаи нигораҳои Намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод – “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.
Қобили таъкид аст, ки ин бузургтарин намоиши таърихии ба ҷаҳони Ғарб пешкашнамудаи Тоҷикистон дар қитъаи Аврупо мебошад, ки тариқи воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии фаронсавӣ таблиғи васеъ ёфта, навори видеоии он дар коллексияҳои Осиёи Марказии Осорхонаи “Гиме” ворид ва дар постери рекламавии Намоишгоҳ дар истгоҳҳои метрои шаҳри Париж фаровон истифода гардид.
Агар тибқи омори расмӣ аз Намоишгоҳи мазкур дар як моҳ 12-13 ҳазор тамошобин дидан карда бошанд, тавассути ҷойгиронии он дар таблоҳои таблиғотии истгоҳҳои метроӣ ҳамарӯза барои аз 4 то 7 миллион сокинону меҳмонони истифодабарандаи метрои Париж он муаррифӣ шуд, ки хело ҳадафманд маҳсуб меёбад.
Гиме – Осорхонаи миллии санъати осиёии шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби саноатчии сарватманд Эмил Гиме таъсис ёфта, фаъолияташ бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион оғоз ва баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар партави иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи Рӯзи фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Фаронса, ки 14 октябри соли равон доир гардид ва зимни он ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобила баҳои баланд дода шуд, фазои фарҳангии Парижро як идда чорабиниҳои марбута низ рангин намуданд.

Чунончӣ, 27 ноябри соли 2021 дар Осорхонаи “Гиме”-и шаҳри Париж дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ, Рӯзи бахшида ба Тоҷикистон доир гардид, ки дар он намояндагони осорхонаи мазкур, олимону таърихшиносон, ҳунармандону тадқиқотчиён, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, инчунин аҳли илму фарҳанги тоҷики муқими шаҳри Париж ва масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса иштирок доштанд.
Намоиши филми коргардони маъруфи тоҷики муқими Фаронса Ҷамшед Усмонов таҳти унвони «L’ange de l’épaule droite» (Фариштаи китфи рост), ки мавзӯи таҳкими муносибатҳои оилавӣ дар Тоҷикистонро васф мекунад, низ дар ин чорабинӣ барпо гардид, ки онро аҳли ҳузур хуб пазируфтанд.
Ба ин минвол, дар ҳамин макон, дар чунин сатҳ ва ҳайати дӯстдорони таъриху фарҳанги тоҷик 11 декабри соли 2021 Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Дар рафти ҷамъомади мазкур маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтавои олимон-бостоншиносон ва муаррихони фаронсавӣ ва хориҷӣ (Анри Пол-Франкфор, Фредерик Брюне, Франсис Ришар ва дигарон) роҷеъ ба таърихи ҳамкории бостоншиносӣ миёни Тоҷикистону Фаронса, хосатан натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ ва мавзеъҳои таърихии давлати тоҷикон аз давраҳои аттиқа то асрҳои миёна, аз ҷумла, шаҳраки қадимаи Саразм баррасию муҳокима гардиданд.
13 декабри соли 2021 бошад дар Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои шарқии Фаронса (Inalco) дар Париж Рӯзи муаррифии Тоҷикистон барпо гашт, ки дар он оммаи васеи фаронсавиёну аврупоиҳо – аҳли зиё, илму адабу фарҳанг, матбуот ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Фаронса, инчунин масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни он баромадҳои мухталифи мавзӯӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, хонум Катрин Пужол – собиқ директори Институти фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ (ИФЕАК), айни ҳол ходими калони илмии Институти “Inalco” оид ба масъалаҳои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ доир ба таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар нуктаҳои асосии ҳаёти кишвар дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ муфассал маълумот дода, ҳамчунин бобати таассуроти шиносоӣ ва таҷрибаи ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон ва мардуми он бардоштҳояшро иброз дошт.
Ҳамзамон, шоистаи таҳсин аст, ки 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, «Фалак» низ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд, ки ин дастоварди бузурги мардуми Точикистон мебошад.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса, Италия, Намояндагии доимии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО