Бо вуҷуди тадбирҳои ҳукумат оид ба танзими оила, сатҳи таваллуд дар ҷумҳурӣ ҳанӯз баланд боқӣ мемонад. Имсол, мувофиқи пешбиниҳо, шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад. Дар ҳоле ки иқтисод заиф аст, ин омор метавонад барои ҷумҳурӣ ва сокинони он мушкилиҳои зиёд ба бор орад.
Пешсаф аз рўйи суръати афзоиш
Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият аз рӯйи суръати афзоиши аҳолӣ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар ҷойи аввал аст. Дар ҳоле ки дар аввали соли 1991 аҳолии ҷумҳурӣ 5,3 миллион буд, ҳоло нишондиҳандаи мазкур ба зиёда аз 9,5 миллион нафар расидааст. Афзоиш қариб 80%-ро ташкил медиҳад.
Ин омор дар Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки аҳолиаш наздики 65% афзудааст, каме поинтар мебошад. Аҳолии Қирғизистон 50%, Озарбойҷон 40% ва Қазоқистон 16% боло рафтааст.
Дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС шумораи сокинони доимӣ, баръакс, кам шуд. Ихтисоршавии камтарин дар Русия (-1,2%) ва бештарин дар Латвия (тақрибан -32%) мушоҳида мешавад.
Тибқи маълумоти СММ, дар Тоҷикистон рӯзе ба ҳисоби миёна 820 кӯдак таваллуд мешавад. Бо ин суръат дар нимаи дуюми соли равон шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад.
Аҳолии ҷумҳурии мо дар тамоми минтақаи пасошӯравӣ ҷавонтарин мебошад. Синну соли миёнаи тоҷикон соли 2020 22,7 солро ташкил медод.
Дар ҷамъбасти соли 2020 низ Тоҷикистон аз рӯйи суръати афзоиши аҳолӣ (2%) дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Аммо, бояд гуфт, солҳои охир дар Тоҷикистон, чун дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин рақам тадриҷан коҳиш меёбад. Масалан, ду сол пеш суръати афзоиши табиии аҳолӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5% буд.
Ба ақидаи коршиносон, ин маънои онро дорад, ки аҳолии ҷумҳуриҳое, ки тарзи зиндагии шарқиёна доштанд, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи мобайнии демографии гузариш аз навъи зиндагии анъанавӣ ба замонавӣ қарор доранд.
Бо вуҷуди ин, шумораи аҳолии Тоҷикистон босуръат афзоиш хоҳад ёфт ва то соли 2030 метавонад наздик ба 16 миллион нафар расад.
Ин рақамҳо аз чӣ гувоҳӣ медиҳанд ва ҷумҳурӣ чӣ гуна окибатҳоро интизор шуда метавонад?
Бекорӣ, муҳоҷират, камшавии мардон ва оилаҳои нопурра
Тибқи маълумоти демографии солҳои охир дар Тоҷикистон 48 дарсади аҳолиро мардон ва 52 дарсадро занон ташкил медиҳанд.
Коршиносони Созмони Байналмилалии Меҳнат мегӯянд, сабаб фавти бештар миёни мардон аст.

– Мардон ҳангоми фаъолият бештар ба хавфу хатарҳо дучор мешаванд. Занҳо асосан дар хона мемонанд ё дар соҳаҳои нисбатан бехатар кор мекунанд. Ва ин яке аз сабабҳои тадриҷан кам шудани мардон аст, – мегӯяд ҷомеашинос Абдулазиз Шукуров.
Коршинос ёдовар мешавад, ки ҳаводиси солҳои 90-ум ва мизони фавти зиёди муҳоҷирони кории тоҷик вазъро боз ҳам бадтар кардааст.
— Ҳар сол аз Русия ба ҷумҳурӣ тақрибан ҳазор «Бори 200» меоранд. Бисёр аз ҳамватанони мо дар мулки бегона ба хок супурда шудаанд. Фавтидагон на пиронсолон, балки аксаран ҷавонон ҳастанд. Пеши роҳи ин раванди ташвишоварро чӣ гуна бояд гирифт? Сабабро бояд ҷуст. Ва онро ҳама медонанд. Дар кишвар шумораи зиёди аҳолии қобили меҳнат ҳаст, вале на ҳама бо кори муносиб таъминанд. Иқтисодиёт аз афзоиши аҳолӣ ақиб мемонад. Барои мутахассисони ҷавон ҷойи кор намерасад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, шумораи бекорон бештар аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар асл ин рақам хеле зиёдтар аст. Ва аз ин рӯ, барои таъмини оилаи худ мардон маҷбур мешаванд, ки ба муҳоҷирати корӣ раванд ва зиёд дар шароити вазнину хатарнок кор кунанд, – мегӯяд Шукуров.
Бисёр мардони тоҷик дар кишвари муҳоҷират мемонанд. Аз соли 1996 миёни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад. Бар асоси ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд шаҳрванди Русия ҳам бошанд ва баръакс. Тайи солҳои охир ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири раҳоёбӣ аз пардохти патентпулӣ ва озори пулис шаҳрванди Русия шудаанд.
Бар асоси омори Вазорати умури дохилии Русия, танҳо аз соли 2016 то соли 2020 196 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтааст. Ин дар як сол қариб 40 ҳазор касро ташкил медиҳад. Аксари онҳо солҳо боз ба Ватан барнамегарданд.
Ба эътиқоди коршиносон, ҷомеаи Тоҷикистон бо мушкиле рӯ ба рӯ шудааст, ки дар шароити кунунии иқтисодӣ ҳал кардани он чандон осон нест, аммо дар ҳар сурат ҳукуматро зарур аст, ки тадбирҳои изтирорӣ биандешад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон метарсанд, ки агар дар ояндаи наздик муҳоҷирати оммавии мардон ҷилавгирӣ нашавад, ба зудӣ дар минтақаҳо коргар намемонад. Нарасидани қувваи кории мардона на танҳо дар хоҷагии қишлоқ ва дар истеҳсолот ҳис мешавад. Аллакай масъалаи демографӣ ҳам тезутунд шудааст.
-Дар ин шароит занону кӯдакон сахт азоб мекашанд. Бале, аксар вақт мардони муҳоҷир ба хона пул мефиристанд. Аммо магар хушбахтӣ танҳо дар пул аст? Тасаввур кунед ҳолати занеро, ки солҳо шавҳарашро надидааст, фарзандон бе тарбияи падар калон мешаванд. Ин як мушкилии дигар аст. Оилаҳо, анъанаҳо, арзишҳои ахлоқӣ шикаста мешаванд. Ва мо аллакай оқибати ин ҳамаро мушоҳида карда истодаем, – мегӯяд ҷомеашинос Марҳабо Раззоқова.
Синфҳо пур, замин кам мешавад…
Дар робита ба зиёд шудани таваллуд дар соҳаи маориф мушкилот зиёд шудааст. Аз сабаби нарасидани боғчаҳои кӯдакон танҳо 15 фоизи бачагон ба муассисаҳои томактабӣ мераванд.
Чун ҳар сол шумораи кӯдаконе, ки ба синфи якум қабул мешаванд, 15 000 зиёд мешавад (маълумоти Вазорати маориф ва илм), давлат барои сохтани мактабҳои нав фурсат намеёбад. Онҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва маблағҳои буҷетӣ сохта мешаванд, аммо суръати сохтмон аз суръати таваллуд ақиб мемонад. Қариб ҳар мактаб ба васеъкунӣ ниёз дорад. Меъёри 25 нафар талаба дар як синф, ки дар Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муқаррар шудааст, қариб риоя намешавад. Зиёд бачаҳо дар сари мизҳои мактабӣ сенафарӣ ва баъзан чорнафарӣ мешинанд. Дар ин вазъият дуруст дарс додан қариб имконнопазир аст.
Тоҷикистон кишвари кӯҳистонист, ки танҳо 7%-и қаламрави он заминҳои барои кишоварзӣ мувофиқанд. Мушкили нарасидани замин равшан аст. Агар 30 сол пеш ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ 0,12 гектар замини корам рост ояд, имрӯз ин адад то 0,05 гектар кам шуд.
Сабаби асосӣ барои аҳолии афзоянда ҷудо кардани замин аст. Ва ин дар навбати худ ба амнияти озуқавории ҷумҳурӣ таҳдид мекунад.
Оё танҳо демография гунаҳгор аст?
Бори аввал нест, ки мақомоти ҷумҳурӣ барои ҳалли масъалаҳои назорати таваллуд тадбир меандешанд.
Тирамоҳи соли 2018 Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки ин мушкилро ҳал кунад, зеро афзоиши пуршиддати демографиро иллати аслии фақр ва муҳоҷирати аҳолӣ медонад.
Бар асоси гузориши Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP), 17% шаҳрвандони Тоҷикистон бо камтар аз 1 доллари ИМА дар як рӯз зиндагӣ мебаранд ва тақрибан нисфи он – бо 1,33 доллар. Тибқи методологияи Бонки ҷаҳонӣ, камбизоат одамоне мебошанд, ки рӯзашонро бо камтар аз 1,9 доллар харҷ мегузаронанд.
Дар охири ҳамон сол ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии солимии репродуктивиро барои солҳои 2019-2022 тасдиқ кард. Ин санад таблиғии танзими оила, беҳбуди саломатии занон, тарбияи ахлоқи ҷинсӣ ва андешидани тадбирҳо барои пешгирии ҳомилагии номатлубро дар бар мегирифт. Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки беморхонаву дармонгоҳҳоро бо воситаҳои пешгирии ҳомилагӣ таъмин намуда, таъминот ва тақсими воситаҳои пешгирии ҳомилагиро ба роҳ монад, огоҳии аҳолӣ аз солимии репродуктивиро баланд бардорад.
Дар барнома қайд мегардад, ки тадбирҳо оид ба танзими оила, ки аз тарафи ҳукумат андешида шудаанд, натиҷаҳои мусбат додаанд. Ҳамасола то 100 000 ҳомилагии номатлуб пешгирӣ карда мешавад.
Ҳоло вазъи Тоҷикистон назар ба замони Шӯравӣ хеле беҳтар аст. Дар замони ИҶШС мизони таваллуд дар ҷумҳурӣ тайи даҳсолаҳо баланд мемонд: ба ҳар зан 6-7 кӯдак рост меомад. Аммо дар солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-ум вазъ тағйир ёфт. Ба ин душвориҳои иқтисодӣ, инчунин ҷанги шаҳрвандӣ ва барномаҳои махсуси байналмилалӣ таъсир расонданд.
Тибқи натоиҷи як назарсанҷии ҷомеашиносии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 80 дарсади пурсидашудагон мехоҳанд аз 2 то 4 фарзанд дошта бошанд ва ҳамин миқдор фарзанд доштанро ба фарзандони худ маслиҳат медиҳанд. Тақрибан 65% 2-4 фарзанд доранд.
Бо вуҷуди ин, мизони таваллуд дар Тоҷикистон ба далели он ки бахши аъзами занон дар ин кишвар ҷавон ҳастанд, дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ баландтарин боқӣ мемонад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳукумат, вазорату идораҳо дар фаъолияти худ ҳатман ба талаботи қонунҳои демографӣ такя кунанд. Бе ин гуна муносибат номутаносибӣ ба амал меояд, ки дар натиҷа ҳам тараққиёти демографӣ, ҳам иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ боздошта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди бархе аз коршиносон, мизони афзоиши шумори аҳолӣ худ ба худ далеле нест, ки ин омилро иллати аслии ҳама мушкилоти ҷомеа эътиироф намоем.
Абдулазиз Шукуров таъкид мекунад:
-Точикистон кишвари аграрист. Дар деҳот зиндагӣ кардани аксарияти аҳолӣ низ ба афзоиши босуръати шумораи аҳолии Тоҷикистон пас аз истиқлолият мусоидат кардааст. Оилаҳои деҳот барои кори саҳро ба коргар эҳтиёҷ доранд, бинобар ин дар оила доштани 4—5 фарзанд зарурат аст. Мушкилоти муайяни иқтисодие, ки ба бекорӣ, нарасидани мактабҳо, ғизо ва молҳои саноатӣ боис гардидаанд, на танҳо ба демография алоқаманданд. Онҳоро якҷоя бо дигар масъалаҳо баррасӣ кардан лозим аст. Барои ҳалли онҳо саноат, хоҷагии қишлоқро бо истифода аз технологияҳои нав рушд бояд дод. Инчунин сифати таълимро баланд бардоштан, заминро дар байни тамоми истифодабарандагони он одилона тақсим кардан лозим аст. Дар ин сурат афзоиши аҳолии кишвар ин қадар изтиробангез нахоҳад буд. Ва бо мурури баланд шудани сатҳи некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ проблемаҳои имрӯзаи демографӣ аз байн мераванд.
Дилшод Шараф