Тоҷикистон ба зарбаҳо тоб меорад

Оқибатҳои соли пандемиявӣ дар Тоҷикистон

Расо як сол пеш ҳукумати Тоҷикистон ба марзи кишвар роҳ ёфтани коронавируси навро эътироф намуд. Бисёр кишварҳои ҷаҳон маҷбур шуданд сарҳадҳои худро банданд, ки ба иқтисодҳои онҳо таъсири манфӣ расонд. Чораҳои маҳдудсоз боиси коҳиш ёфтани фаъолияти иқтисодӣ ва болоравии бемисли сатҳи бекорӣ гардид. Бисёр соҳаҳои ҳаётан муҳим – сайёҳӣ, интиқолоти ҳавоӣ, меҳмонхонадорӣ- муфлис шуданд ё зарари ҷиддӣ диданд…

Covid-19 ба иқтисоди ҷумҳурии мо низ таъсирҳо дошт. Онҳо чӣ гуна буданд, дар шарҳи шореҳи Nuqta.tj бихонед.

Хам шудем, аммо нашикастем

Пайомадҳои манфии коронавирусро иқтисоди Тоҷикистон хеле барвақттар аз эълом гаштани ҳолатҳои аввалини сироятёбӣ дар дохили кишвар эҳсос намуд. Ҳанўз то охири январи соли гузашта Чин, ки дар даҳсолаҳои охир шарики асосии тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон гаштааст, ягона гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чин- Қулмаро баст. Сабабаш пешгирӣ аз паҳншавии вирус гуфта шуд, зеро сарчашмаи сироят дар қаламрави ин кишвар воқеъ буд. Дар натиҷа ба воридоткунандагони тоҷик молҳои чиниро тавассути кишварҳои сеюм овардан лозим омад, ки албатта, ба арзиши ниҳоии онҳо таъсир дошт.

Робитаҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар низ ҳамон замон қатъ шуданд. Ин дар баробари ҷанбаҳои дигар ба бозгашти саривақтии қариб 2 ҳазор коргари чинӣ ба ҷойҳои корашон дар Тоҷикистон пас аз таътили солинавӣ (тибқи солшумории шарқӣ) монеъ шуд.

Сар аз нимаи дуюми моҳи март ворид шудани шаҳрвандони хориҷиро ба ҳудудҳои худ кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия низ, манъ намуданд, ки сабабгори ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан натавонистани бисёр шаҳрвандони ҶТ гардид.

Дар маҷмўъ, чораҳои маҳдудсоз ба афтидани сатҳи фаъолии иқтисодӣ, афзоиши беназири бекорӣ ва коҳишёбии якбораи маҷрои интиқолҳои пулӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ва шумораи ҷаҳонгардон шуд. Иштирокдорони бозори сайёҳӣ (фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавоӣ, меҳмонхонаҳо ва ғ.) кори худро қатъ намуданд,  даромадҳои воқеии корхонаҳо ва аҳолӣ кам мешуданд, ки дар навбати худ ба поинравии талабот ба молҳову хизматрасониҳои ниёзи умум боис мегардид.

Иқтисоди кишварро ба андозаи муайян кори босуботи соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин ёрии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои алоҳида дар доираи чораҳои зиддибуҳроние, ки ҳукумат пиёда кард, дастгирӣ намуд.

Дар натиҷа, пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ пас аз сустшавии суръаташ дар ҷамъбасти нимсолаи аввал ба охири сол то ба ҳадди 4,5% барқарор гардид. То он замон рушди солонаи миёнаи воқеии ММД-и кишвар дар даҳсолаи охир дар сатҳи 7% арзёбӣ мешуд.

Тибқи омори расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рушди воқеии иқтисоди кишвар ба 7,5% расид. Чунин болоравии назаррас бештар аз ҳисоби соҳаи саноат таъмин гашт, ки ҳиссаи он дар сохтори ММД қариб 23%-ро ташкил дод.

Ҳиссаи наҷотдиҳандагони иқтисоди Тоҷикистон – деҳқонон алъон ҳатто ба 6% намерасад, аммо ин ҷойи тааҷҷуб надорад: бештари даромадҳо аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нимаи дуюми сол ба даст меоянд.

Афтидани ҳаҷми интиқолҳои пулӣ

Қатъ шудани мусофирбарии байналмилалӣ аз сабаби пандемия аслан ба муҳоҷирати меҳнатӣ хатти батлон кашид.

Мувофиқи маълумоти идораи муҳоҷиратии кишвар, то басташавии марзҳо дар нимаи дуюми марти соли гузашта танҳо чоряки муҳоҷирони эҳтимолӣ – 130 ҳазор нафар – тавонистанд ба макони кори худ сафар кунанд. Барои қиёс, дар ҳамин давраи баҳори соли 2019 кишварро зиёда аз 530 ҳазор муҳоҷири мавсимӣ тарк карда буд.

Ғайр аз ин, бисёр муҳоҷирони дигари тоҷик, ки тўли сол берун аз кишвар меҳнат мекунанд, дар фосилаҳои муайян ба сабаби аз ҷониби корфармоёни хориҷӣ қатъ шудани кор бекор мемонданд.

Тоҷикистон ба зарбаҳо тоб меорад
Акс аз ВВС

Ҳукуматдорони Русия – кишвари кори аксари муҳоҷирони тоҷик, хабар медоданд, ки дар нимаи аввали соли гузашта тақрибан 40% муҳоҷирон аз кор маҳрум шудаанд.

Тирамоҳи моли гузашта сафири Тоҷикистон дар Москва Имомуддин Сатторов дар мусоҳиба бо ВАО-и Русия гуфт, ки аксари шаҳрвандони тоҷик бо мурури барқарор шудани соҳаҳои сохтмон ва хизматрасониҳо ба ҷойҳои кории худ баргаштаанд. Ў қайд намуд, ки дар ҳудуди Русия 700 ҳазор муҳоҷири тоҷик қарор дорад.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқолоти пулӣ аз ФР ба ҶТ дар давоми соли 2020 32,4% коҳиш ёфт: то $1 млрд 741 млн аз $2 млрд 576 млн дар соли 2019.

Таносуби ин интиқолҳо ба ММД 22%-ро ташкил дод, ки баъди солҳои 2000-ум нишондиҳандаи пасттарин маҳсуб меёбад. То ин вақт ҳаҷми интиқолоти пулӣ аз Русия дар марзи аз сеяк то нисфи ММД-и кишвар буд: аз 33% поин танҳо дар замони буҳрони соли 2015-2016 афтида буд (мутаносибан, 28,3% ва 27,6%,)

Бонки миллии Тоҷикистон пешкаш кардани маълумоти умумӣ оид ба воридшавии пулҳои интиқолиро рад мекунад.

Пулҳои муҳоҷирон, тавре болотар аллакай гуфта шуд, ба ташаккулёбии қисми ҳангуфти иқтисоди кишвар мусоидат мекунад, аммо ҳукуматдорон ин далелро рад менамоянд, дар ҳоле баръалост, ки пулҳои интиқолии мазкур минбаъд ба сохтори ММД ворид мешаванд: асосан бо роҳи истеъмолот, инчунин тариқи бахши сохтмон ва ғайра. Зиёда аз ин, бо асъори хориҷие, ки муҳоҷирон равон мекунанд, норасоии тавозуни савдои беруна (аз содирот зиёдтар будани воридот) пўшонда мешавад.

Парвози нархҳо

Боз як зарбаи сахт дар соли пандемиявӣ, дар навбати аввал барои қишрҳои камбизоати аҳолии Тоҷикистон, афзоиши дар даҳсолаи охир рекордии арзиши молу хизматрасониҳо шуд. Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ, бино ба омори расмӣ, ба 9,4% расид, дар ҳоле нишондиҳандаи мақсадноки Бонки миллӣ дар сатҳи 6% (±2) муқаррар гашта буд.

Аз он бештар нархи маҳсулоти озуқаворӣ боло рафт (13%), арзиши молҳои ғайриғизоӣ 5,8%, хизматрасониҳо 4% зиёд шуд.

Асосан маҳсулоти ниёзи аввал қимат шуд: равған (42%), шакар (41%), картошка (20%), тухм (19%), маҳсулоти нонӣ (14%), гўшт (6%) ва ғ.

Ҳукуматдорон болоравии нархҳои молу хизматрасониҳоро бо омилҳои беруна тавҷеҳ медоданд. Қайд мегардид, масалан, ки нархи шакар ва равғани растанӣ аз сабаби шароити номусоиди иқлимӣ дар Русия ва Украина афзудааст

Тоҷикистон ба зарбаҳо тоб меорад
Ҳангоми пандемия воҳима ба амал омад, ки боиси болоравии нархҳо гардид.

Инчунин таъкид мешуд, ки болоравии нархи молҳои муҳимтарини ғизоӣ дар соли гузашта на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари коршарики асосии ҷумҳурӣ: Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон низ мушоҳида мегардид.

Дар ин байн, суръати баланд шудани нарху тарофаҳо дар ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ боз афзуд: таваррум дар ин давра ба 3,3% расид, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли 2020 он баробар ба 2,6% буд. Дар баробари молу маҳсулоти ғизоии ниёзи аввал имсол нархи бензин, гази моеъ, сўзишвории дизелӣ афзуд.

Афтидани сомонӣ

Ба болорави нархҳо дар соли гузашта ба андозаи муайян тағйири дукаратаи қурби расмии асъори миллӣ аз ҷониби Бонки миллӣ сабаб гардид: моҳи март ба 5% ва моҳи ноябр ба 9,4%.

Сабаби ин тасҳеҳҳоро дар БМТ рафъи фарқи миёни қурби расмӣ ва ғайрибонкӣ («бозори сиёҳ») гуфтанд.

Дар натиҷа, қурби асъори тоҷикӣ дар муқобили доллари ИМА соли 2020 16% поин рафт: аз 9,69 сомонӣ то 11,3 сомонӣ барои 1 доллар. Аз ин зиёд пули тоҷикӣ дар даҳсолаи охир танҳо соли 2015 қурб бохта буд – 34%.

Вобастагии мустақим миёни қурби асъор ва афзоиши нархҳои дохилӣ дар он ифода меёбад, ки Тоҷикистон аслан қариб тамоми маҳсулоти тайёр ба ғайр аз молҳои кишоварзиро аз хориҷа ворид мекунад. Маҳсулоти лозима аз хориҷа бар ивази асъори хориҷӣ харида мешавад ва савдои дохилӣ сирф бо пули миллӣ сурат мегирад.

Тоҷикистон ба зарбаҳо тоб меорад
Акс аз  Vecherka.tj

Беш аз ин, боло рафтани нархи баъзе аз маҳсулоти хориҷӣ сабабгори болоравии нархҳои маҳсулоти ватанӣ мешавад. Барои мисол, нархи баланди сўзишвории автомобилӣ, ки маҳсулоти воридотӣ аст, боис ба афзоиши арзиши молу маҳсулоти дигар мегардад, зеро нархи интиқол аз як нуқтаи кишвар ба нуқтаи дигар ба арзиши аслии мол зам мешавад.

Содироти тиллоӣ

Барои дастгирии савдои беруна дар шароити ихтисорёбии порсолаи маҷроҳои пулӣ аз хориҷа ва камбуди асъор ба Тоҷикистон лозим омад, ки захираҳои металлҳои қиматбаҳоро ба маблағи наздик ба $690 млн фурўшад.

Нархҳои ҷаҳонии тилло дар соли 2020 шадидан боло рафтанд ва ба

7 августи соли 2020 ба нуқтаи барои дусолаи охир авҷи худ расиданд – $2.067,15 барои як унсия. Бино ба маълумоти оморӣ, соли гузашта дахлу харҷи савдои берунаи ҷумҳурӣ ҷамъ 4,6 миллиардро ташкил дод, ки 0,8% аз соли 2019 зиёд аст.

Тафовут миёни содирот ва воридот соли гузашта то ҳадди 2,2 карат фуромад, дар ҳоле соли 2019 ба 3 карат мерасид. Зимнан нисфи содиротро металлҳои қиматбаҳо ташкил медоданд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ содирот дар Тоҷикистон бори нахуст дар солҳои истиқлолият аз воридот зиёд буд: содирот -$950 млн, воридот -$845 млн.

Ҳиссаи филизҳои гаронарзиш дар сабади содиротии кишвар дар се моҳи соли ҷорӣ ба 75% расид ва шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Швейтсария шуд.

Русия бори нахуст аз оғози солҳои 2000-ум мавқеи аввалро дар савдои берунаи Тоҷикистон аз даст дод (солҳои 90-ум бештари савдои берунаи Тоҷикистон ба Ўзбекистон рост меомад).

Мувофиқи иттилои Шўрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council), ҳаҷми захираҳои тиллои Тоҷикистон аз 22,3 тоннаи охири соли 2019 то ба 7,9 тоннаи оғози соли ҷорӣ ихтисор шуд.

Дар остонаи дефолти қарзием?

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар соли 2020 $300 млн афзуд ва ба оғози соли ҷорӣ ба $3,2 млрд расид, ки ин 40,5% аз ММД мебошад.

Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ, бо назардошти қарзи дохилӣ дар ҳачми $500 млн, ба 1 январи с. 2021 ба $3,7 млрд – 46,8% ММД расид.

Ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба кишварҳое, ки сатҳи рушдашон  ҳамқиёси Тоҷикистон аст, тавсия медиҳанд, ки аз ҷалбнамоии минбаъдаи қарзи давлатӣ пас аз расидан аз, ба ном, «хатти сурх»-и баробар ба 50% аз ММД даст кашанд.

Иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ бар онанд, ки гирифтани ҳар қарзи нави ғайриимтиёзнок қарзи умумиро боз бештар ноустувор месозад, зеро Тоҷикистон дар муқобили хавфи баланди рўбарўшавӣ ба дефолти қарзӣ қарор дорад.

Вале ҳукумати ҷумҳурӣ нақша дорад, ки то охири сол ба маблағи боз тақрибан 500 млн доллар қарз ҷалб намояд.

Дастгирии буҷет аз ҷониби донорҳо

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта лозим омад, ки андозаҳои буҷетро аз сабаби хеле коҳиш ёфтани ҳаҷми маблағҳои андозӣ бознигарӣ кунад. Қисми даромадиро 2,5 млрд сомонӣ, хароҷотиро 400 млн сомонӣ коҳиш доданд, аз ҷумла барои корҳои таъмирӣ, хариди таҷҳизоту техникаи нав, инчунин дигар хароҷоти дуюмдараҷа. Дар зимн хароҷоти соҳаи тандурустӣ 1,6 млрд сомонӣ – то ҳадди  3,6 млрд сомонӣ коҳиш ёфт.

Дар натиҷа норасоии буҷетро ба ҷойи 0,4% ММД-и солона (350 млн сомонӣ) дар ҳаҷми 5,8% (4,5 млрд сомонӣ) муқаррар намуданд.

Тоҷикистон ба зарбаҳо тоб меорад
Акс аз tj.usembassy.gov

Барои пўшондани норасоии калони ба вуҷудомада ба ҳукумат лозим омад, ки бо дархости дастгирӣ ба буҷет ба донорҳои байналмилалӣ муроҷиат намояд. Ин ва дигар чораҳо ёрӣ расонданд, ки бахши даромадҳои буҷет, ки дар ҳаҷми 24,3 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, иҷро шавад.

Сайёҳони хориҷӣ кам мешаванд

Пандемия ба бахши ҷаҳонгардӣ низ зарбаи ҷиддӣ зад: соли 2020 ба ҷумҳурӣ зиёда аз 350 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омада буд, ки 72% аз нишондоди соли 2019 кам аст.

«Агар то пандемия ҳиссаи туризм дар ММД-и кишвар дар сатҳи 2,5% (тақрибан $250 млн) буд, соли 2020 даромадҳо аз он то $72 млн коҳиш ёфтанд. Ин ҳамагӣ 1% аз маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад”,

– қайд намуд сардори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷўразода дар рафти нишасти матбуотӣ дар моҳи феврали имсол.

Маҷрои сайёҳони хориҷӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 80% коҳиш ёфтаанд: ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ тақрибан 58 ҳазор сайёҳ ташриф овард.

Бино ба ахбори идораи омор, дар Тоҷикистон ба оғози соли 2021 224 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекард, ки ин 63 адад аз рақами оғози соли 2020 зиёд аст.

Моро чӣ дар пеш аст?

Мувофиқи тахминҳо, ҳукумат соли 2021 рушди воқеии иқтисоди кишварро дар сатҳи 7,6% интизор аст. ММД-и кишвар дар ҳаҷми 92,7 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ба беҳшавии вазъи иқтисодии ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, дар навбати аввал кишварҳои шарики  Тоҷикистон – Русия Чин, Қазоқистон ва Ўзбекистон умед мебанданд.

Сатҳи нисбатан баланди рушдро ба иқтисоди ҷумҳурӣ мутахассисони Бонки аврупоии рушд низ ваъда медиҳанд – дар сатҳи 6,1%.

«Нармтар шудани маҳдудиятҳо дар ҷаҳон ва кишварҳои минтақа бо мурури пешрафт дар мубориза бо пандемия омили калидии ҷоннокшавии фаъолияти иқтисодӣ мегардад»,- ҳадс мезананд намояндагони БАР.

Ояндабинии таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ хоксоронатар ба назар мерасад: онҳо пешрафти воқеиро барои иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 3,5% пешгўӣ мекунанд. Рушди муътадили иқтисоди кишварро онҳо дар соли ҷорӣ онҳо ба шарти дастрас будани ваксина аз COVID-19 қобили воқеӣ шудан медонанд. «Эҳёи рушд дар кишварҳои ҳамсоя, хоса дар Чин ва Русия, тиҷорати фаъолона, маҷроҳои интиқолоти пулӣ ва сармоягузориҳои хориҷиро дастгирӣ мекунад», – хулоса мекунанд иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ.

Дилшод Шарифов

Оцените статью

Тоҷикистон ба зарбаҳо тоб меорад Оқибатҳои соли пандемиявӣ дар Тоҷикистон Расо як сол пеш ҳукумати Тоҷикистон ба марзи кишвар роҳ ёфтани коронавируси навро эътироф намуд. Бисёр кишварҳои ҷаҳон маҷбур шуданд сарҳадҳои худро банданд, ки ба иқтисодҳои онҳо таъсири манфӣ расонд. Чораҳои маҳдудсоз боиси коҳиш ёфтани фаъолияти иқтисодӣ ва болоравии бемисли сатҳи бекорӣ гардид. Бисёр соҳаҳои ҳаётан муҳим – сайёҳӣ, интиқолоти […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.