Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон вохўриашро бо Муғулистон дар даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо пирўзӣ анҷом дод. Инак, моро бозиҳои муҳимтарин барои роҳхат ба ин мусобиқа дар пеш аст. Имкони ба ҳадафи мазкур расидан барои дастаи мо то куҷо воқеӣ аст? Чӣ аз мо вобаста асту чӣ аз мунтахабҳои дигар?
Муғулистонро шикаст додем. Давом медиҳем…
Моҳҳои ноябр-декабри соли 2022 дар Қатар қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол баргузор мегардад. Аз 210 дастаи мунтахаб ба анҷумани ҷаҳонӣ танҳо 32-тои беҳтарин роҳ хоҳанд ёфт. Қисми асосии бозиҳои интихобӣ аллакай паси сар шудааст. Тоҷикистон талошро барои ба даст овардани роҳхат ба чемпионати ҷаҳон идома медиҳад.
25 март тими яккачини миллии мо дар доираи даври ҳафтуми ЧҶ-2022 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе меҳмонони муғулро қабул намуд. Бори охирин Тоҷикистон назди мухлисони худ якуним сол пеш, 15 октябри соли 2019 ҳангоми вохўрӣ бо Ҷопон ҳунарнамоӣ карда буд. Аммо баъд COVID омада, ба кулли футболи ҷаҳонӣ зарба зад. Бозиҳои мунтахабҳои миллӣ чандин карат мавқуф гузошта шуданд. Аз ҷумла, бозӣ бо Муғулистон бояд як сол пеш доир мегардид, аммо чанд дафъа ба санаҳои дигар гузаронда шуд. Ва инак, бозии нахустини расмӣ дар соли нав дар доираи марҳилаи интихобӣ баргузор гардид. Ба фарқ аз бозиҳои бисёр дастаҳои миллии дигар, дар Тоҷикистон ба ҳузури бинандагон дар варзишгоҳ иҷозат дода шуд. Бозиро бевосита 10 ҳазор мухлис тамошо карданд.
Футболбозони Тоҷикистон ҳисобро дар дақиқаи 4-ум боз карданд – тўбро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов вориди дарвоза кард. Дар қисми дуюми бозӣ Алишер Ҷалилов ва Шаҳром Самиев низ худро дар рўйхати голзанон номнавис карданд.
Ин ғалаба ба мунтахаби Тоҷикистон имкон дод, ки ба ҷойи дуюм дар ҷадвали мусобиқа барояд ва дар сафи довталабони рўйхат ба ЧҶ-2022 бимонад.
Тоҷикистон дар гурўҳи «F»: гаҳ болою гаҳ поин
Роҳи Тоҷикистон дар ин мусобиқа шебу фарозҳо дорад, гаҳ пирўзиҳои муҳим рух медиҳанду гаҳи дигар бохтҳои ногаҳонӣ.
Бозии нахустинро дар ин мусобиқа дастаи Тоҷикистон 5 сентябри соли 2019 муқобили Қирғизистон гузаронд. Он замон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе футболбозони мо бо ҳисоби 1:0 дастболо шуда буданд. Голи ягонаро дар охири қисми якуми бозӣ Алишер Ҷалилов зад.
10 сентябр дар Улан-Батор варзишгарони тоҷик бо ҳамин ҳисоб дастаи Муғулистонро низ мағлуб карданд. Дарвозаи соҳибони майдон то дақиқаи 81, замони қулфи онро шикастани Даврон Эргашев барои футболбозони мо дастнорас монда буд.

Моҳи октябри ҳамон сол Тоҷикистон бозиашро ба довталаби асосии пешсафӣ дар гурўҳ – яккачини Ҷопон бо ҳисоби 0:3 бохт.
Аз бозии дигар, ки 14 ноябр бо Мянма буд, ҳаводорони футболи тоҷик танҳо ғалабаро интизор буданд. Аммо ин бозӣ баногоҳ бо ҳисоби 3:4 на бар нафъи мо анҷом ёфт.
Бозии дигар низ хеле душвор гузашт. 19 ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек аз рақиби асосии мунтахабамон – Қирғизистон тавонистем танҳо як имтиёз гирем. Ба тўби Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 17-ум қирғизистониҳо бо зарбаи нишонраси Тамирлан Қозубоев дар охири қисми дуюм посух доданд – 1:1.
Аз сабаби пандемия дар соли 2020 бозиҳои тимҳои миллӣ баргузор нашуданд. Ва инак, мавсими навро Тоҷикистон аз пирўзӣ, аз шикасти Муғулистон оғоз намуд.
Ҷопон – пешсаф. Дуюм кӣ мешавад?
Тоҷикистон дар мусобиқаи дуюми интихобӣ шомили гурўҳи «F» мебошад, ки пешсафи он Ҷопон аст. Футболбозони «Кишвари тулўи офтоб» дар 5 бозӣ ягон имтиёзро аз даст надода, бо 15 имтиёз дар садри ҷадвал қарор доранд. Мавқеи дуюмро Тоҷикистон ишғол мекунад, ки пас аз 6 бозӣ 10 хол дорад. Қирғизистон се хол ақиб аст, аммо як бозӣ кам кардааст. Дар ҷойҳои охири гурўҳ Мянма (6 хол) ва Муғулистон (3 хол) мавқеъ гирифтаанд.

Баъд чӣ?
Дар ин марҳилаи мусобиқа дар Осиё 40 даста иштирок мекунанд, ки ба 8 гурўҳ тақсим шудаанд.
Ғолибони гурўҳҳо ва чор дастаи беҳтарине, ки дар гурўҳҳояшон ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, ба даври сеюми интихобии ЧҶ-2022, ҳамзамон ба мусобиқаи квалификатсионии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд.
Сипас 12 мунтахаби мазкур муборизаро барои 5 роҳхат ба чемпионати ҷаҳон идома медиҳанд. Онҳо ба ду гурўҳ тақсим мешаванд, ҳар кадом дар гурўҳи худ бо дастаҳои дигар бозӣ хоҳад кард. Аз ҳар гурўҳ ду даста, ки ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд, ба Қатар роҳ меёбанд. Танҳо як ҷой боқӣ мемонад. Барои ба даст овардани он тимҳои миллие, ки ҷойҳои сеюмро ишғол намудаанд, байни ҳам бозӣ мекунанд ва ғолиби он, дар навбати худ, бо рақибаш аз қораи дигар зўрозмоӣ хоҳад кард. Барои тиме, ки дастболо мешавад, роҳ ба ЧҶ кушода мегардад.
Дар гурўҳи мо ба гумон аст, ки Ҷопон ба касе лоақал як холеро бахшад, аз ин рў соҳиби ҷойи аввал аз ҳоло маълум аст. Муборизаи ҷиддӣ танҳо барои ҷойи дуввум ҷараён мегирад, ки метавонад имкон барои гузариш ба даври дигари интихобӣ диҳад.
Ҷиддӣ қазоват кунем, ҳарифи асосӣ барои кишвари мо дар ин роҳ Қирғизистон аст, ки бо он мо «тавозуни мусбат» дорем – як бозӣ бо қирғизҳоро бо пирўзӣ анҷом додаему бозии дигарро бо мусовӣ.
Аммо ин тафовут дар сурати бо холҳои баробар ба охир расондани мусобиқа ҳалкунанда нахоҳад буд.
Чаро? Мефаҳмонем.
Се ҳолати комёбиовар
Ҳамаи бозиҳои охирини мусобиқаи интихобӣ моҳи июн дар як ҷо – дар Ҷопон мегузаранд. Дар ду даври боқимонда зердастони Усмон Тошев бо Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) бозӣ хоҳанд кард. Қирғизистон ин моҳ се бозӣ дорад – бо Муғулистон, Мянма ва Ҷопон.
Тибқи пешгўии коршиносон, Тоҷикистон дар бозиҳои боқимонда метавонад 3 хол, Қирғизистон 6 хол ба даст оранд. Ва он гоҳ ҳар даста 13-холӣ хоҳанд дошт (4 ғалаба, 1 мусовӣ, 3 бохт). Пас ҷойи дуюм ба кӣ дода мешавад?
Дар ин сурат қоидаҳои зерин ҳукми қонун пайдо мекунанд:
1. Фарқи голҳои задаю аз дарвозаи худ сардода;
2. Шумораи умумии голҳои зада;
3. Шумораи холҳо дар бозиҳои байни якдигар;
4. Фарқи голҳои задаю сардода дар бозиҳои байни якдигар;
5. Шумораи умумии голҳои зада дар бозиҳои байни якдигар.
Албатта, ин гуна қоидаҳои интихоб хеле баҳсбарангез ба назар мерасанд, вале алъон чунин аст.
Дар ҳолати баробар будани холҳо фарқи голҳои Қирғизистон ба ҳоли имрўз беҳтар аст: 10-5 (+5). Натиҷаи Тоҷикистон: 9-8 (+1).
Ба ин тариқ, барои ишғол намудани ҷойи дуюм дар гурўҳ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бояд дар бозиҳои боқимонда бо Ҷопон шикаст нахўрад ё лоақал бо фарқи камтари голҳо мағлуб шавад, сипас бар Мянма бо фарқи ҳаддалимкон зиёд дастболо гардад, то ки аз рўи ин нишондод Қирғизистонро паси сар гузорад.

Дар ин ҳолат Тоҷикистон дар гурўҳ мавқеи дуюмро ишғол карда, ба таври автоматикӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбад. Ҳамчунин даста ба феҳристи довталабони роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2022 меафтад. Инҷо дигар ҳамааш аз натиҷаҳои бозии 7 мунтахаби дигар дар гурўҳҳо вобаста мешавад, ки ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд. Агар Тоҷикистон миёни 4 дастаи беҳтарин мавқеъ гирад, роҳ сўйи марҳилаи навбатии интихобӣ кушода мешавад.
Боз як ҳолати дигар ҳам имкон дорад: агар Қирғизистон дар бозиҳояш бо Мянма ва Муғулистон хол аз даст диҳад, дигар ба мо зарурати ҳисоб кардани голҳои задаю аз дарвоза сардода намемонад.
Аммо тавре таҷриба нишон медиҳад, варианти беҳтарин ҳадяҳои дигаронро интизор нашуда, амал кардан аст.
Мунтахаби Тоҷикистон ба ҳоли имрўз шанс дорад, аз ин бармеояд, ки мубориза бурдану умеди пирўзӣ доштан лозим аст. Умед ба омади бахт ҳам. Дар варзиш бе ин намешавад.
Фаррух Бозоров