Тоҷикистон кишвар бо аҳолии ҷавонтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳамасола ҳудуди 130 ҳазор ҷавон ба бозори меҳнат ворид мегарданд, вале зиёд касон ба имконоти маҳдуди иқтисодӣ бармехӯранд, садҳо ҳазор аз онҳо маҷбур мешаванд ба муҳоҷирати корӣ бираванд. Ба шарофати рушди технологияҳои рақамӣ, тиҷорати электронӣ ҷумҳурӣ метавонист на танҳо мушкилоти шуғлмандиро ҳал кунад, балки даромади калон низ ба даст орад.
Барои ин чй лозим аст?
Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газе надорад, ки имрӯз ба онҳо талабот ва аз онҳо даромад зиёд аст. Пошхӯрии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ, ки баъд аз он ба амал омад, имкон надод, ки ҷумҳурӣ саноати тавоноро дубора барпо намояд.
Бо вуҷуди ин, кишвар дорои арзише чун сармояи инсонӣ мебошад – зиёда аз 70% аҳолии онро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, бекорӣ ба як дарди сари доимии мақомот табдил шудааст. Қариб ҳар даҳумин шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ, асосан дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дорад. Зиёда аз чоряки хонаводаҳо хабар медиҳанд, ки ҳадди ақал як узви оила берун аз кишвар кор мекунад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон бо ҳамаҷониба ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) ба иқтисоди кишвар аз марҳалаи кунунии ақибмонӣ метавонист “ҷаҳида” ба роҳи рушди босуръат гузарад. Дар сурати муваффақ шудан стратегияи таъсиси ширкатҳои IT-и ояндадор, динамикӣ ва даромаднок, ки ҷавононро дар саросари кишвар бо кор таъмин мекунанд, ба рушди назарраси иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намуда, ба буҷети давлат даромади иловагӣ меорад.
Масъала дар нарх ва суръат аст
Барои он ки тиҷорати электронӣ суръат ва миқёс пайдо кунад ва ба шумораи ҳарчӣ бештари истеъмолгарон ва истеҳсолкунандагон манфиатҳои воқеӣ пешкаш кунад, алоқаи рақамӣ бояд универсалӣ, дастрас ва боэътимод бошад.

Дар ин бора Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли рӯзи 16 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ибрози ақида кард.
– Шабакаи васеъмаҷрои мобилӣ дар Тоҷикистон хеле гарон ва суст аст. Мувофиқи маълумоти Иттиҳоди байналмилалии алоқаи электронӣ, арзиши обунаи васеъмаҷрои мобилӣ (бо ҳадди ақал 1,5 ГБ ҳаҷми иттилоот) ба ҳисоби миёна 7,5% аз ММД-и моҳонаи миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва 15,3%-и ММД-и моҳонаи миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ барои хонаводаҳои камбизоатро ташкил медиҳад ва ин рақам зиёдтарин дар минтақа аст. Вай қайд кард, ки суръати зеркашии васеъмаҷро барои корбарони мобилӣ хеле суст буда, ба ҳисоби миёна 6,4 мегабит дар як сонияро дар моҳи январи соли 2022 ташкил дод ва Тоҷикистон дар натиҷаи ин дар санҷиши охирини суръати ҷаҳонии “Ookla” дар байни 140 кишвар дар ҷойи 135-ум қарор гирифт.
- Озан Севимли гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси барномаи густурдаи трансформатсияи рақамӣ дар музокира аст, ки ба натиҷаҳои зерин тамаркуз мекунад:
- – хатсайрҳои транзитии алоқаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон бояд диверсификатсия карда шаванд, то устуворӣ ва тавонмандии бештари рақамӣ ба даст ояд;
- – шабакаҳои миллии телекоммуникатсионӣ бояд васеъ ва зич карда шаванд, то ки васлнашудаҳоро фаро гиранд ва сарбории барзиёди шабакаҳо пешгирӣ шавад;
- – муҳити институтсионалӣ ва сиёсӣ барои ҷалби сармояҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ мусоидтар (яъне шаффоф ва пешгӯишаванда) мегардад;
- – баланд бардоштани амнияти рақамӣ ва иқтидори муҳофизати додаҳои кишвар дар шароити афзоиши шумораи ҳамлаҳои рақамӣ дар саросари ҷаҳон. Ин канорагириро аз нуқтаҳои ягонаи вуруд, ки тавассути онҳо трафик мегузарад, фаро хоҳад гирифт, ки метавонад дар сурати ҳамлаи рақамӣ ба тамоми зерсохтори рақамии кишвар таъсир расонад.
Намояндаи доимӣ ҳамчунин қайд кард, ки Бонки Ҷаҳонӣ омода аст, ки ин тадбирҳоро, аз ҷумла тавассути сармоягузорӣ ба тавсеаи зерсохтори рақамӣ дастгирӣ намояд. Ҳамзамон Севимли пешниҳод мекунад, ки сиёсат ва пойгоҳи меъёрию ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ такмил дода шавад, зеро, ба ақидаи ӯ, ин ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири назарраси мусбати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва молиявӣ хоҳад дошт.
Ояндаи рақамӣ ба ҷойи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ
Намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки мушкилоти хадамоти интернетиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар ҳал кардан лозим аст.

Баҳори соли гузашта сафири собиқи Бонки Ҷаҳонӣ Ян-Питер Олтерс ёдовар шуда буд, ки бартарияти ширкати давлатӣ дар бозор рушди бозорро коҳиш дода, қимати хизматрасониро боло бурд, ки ин боиси бад шудани дастрасӣ ба интернет ва кам шудани шумораи муштариён гардид.
Вай ҳамчунин ба маҳдуд будани дастрасии корхонаҳо ба хизматрасониҳои рақамӣ ишора намуда, изҳор дошт, ки вазъи кунунии дастрасӣ ба интернет дар кишвар ба рушди иқтисод, аз ҷумла, ба такмили бахшҳои саноатии кишвар монеа эҷод мекунад.
Тоҷикистон аллакай бартариҳои бахши мутараққии ТИК-ро дидааст. Солҳои 2000-2015 ин бахш яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи кишвар буд ва ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайримустақим ба афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Коршиносон мегӯянд, ба шарофати расмиёти шаффофи иҷозатномадиҳӣ ва пардохтҳои ками иҷозатномавӣ, Тоҷикистон хеле муассир як заифии нисбии иқтисодиёти худ – сатҳи пасти воридшавии интернетро ба қобилияти ҷалби операторони бонуфузи байналмилалӣ табдил дод.
— Мо бояд дарк кунем: соҳаҳое хастанд, ки мо дар онҳо ақиб мондаем ва дигар онҳоро пеш бурдан душвор аст. Аммо мо метавонем “аз болои ин мушкилиҳо ҷаҳида”, ба рушди соҳаҳое машғул шавем, ки имрӯз зарур ва рӯзмарраанд ва мо ба рушд додани онҳо омода ва дар ин арса рақобатпазир ҳастем, – мегӯяд Зариф Муродбеков, коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ. – Масалан, агар шумо ҳоло ба рӯйхати Forbes назар андозед, аз 10 шахси сарватмандтарини ҷаҳон шаш нафарашон дар соҳаи IT сарват ба даст овардаанд, дар ҳоле ҳамагӣ чанд сол пеш ҳама миллиардерҳо асосан ба истеҳсолоти саноатӣ алоқаманд буданд. Интернет имкониятҳои ҳамаро баробар мекунад. Дар ин соҳа муҳим нест, ки шумо сармояи бузург доред, аз кадом кишваред – ба шумо танҳо ақли солим, таҳсилот ва интернети баландсуръат лозим аст.
Қонун ва стратегияи рушд лозим аст
Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин замина ба лоиҳаи минтақавии «CASA-и рақамӣ» пайвастааст. Ҳадафи лоиҳа тавсеаи дастрасӣ ба интернети дастрастар, ҷалби сармоягузории хусусӣ дар бахши ТИК ва баланд бардоштани қобилияти ҳукумат дар расонидани хизматҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ мебошад.
Лоиҳа тадбирҳои дахлдор ва сармоягузорӣ ба зерсохтор дар Осиёи Марказӣ ва баъзе минтақаҳои Осиёи Ҷанубиро дастгирӣ мекунад, ки тавассути онҳо инфрасохтори ҳамгирошудаи рақамии минтақавӣ таҳия ва муҳити мусоид барои рушди ТИК нигоҳ дошта мешавад.
Чанде пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбутаи ҳукумат дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар тарҳи қонун дар бораи тиҷорати электрониро таҳия кунанд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он таҳия карда шавад.
Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмӯи тадбирҳоро оид ба баланд бардоштани малакаҳои рақамӣ ва молиявии аҳолӣ ва соҳибкорон, рушди зерсохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, беҳтар намудани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электрониро дар бар гирад.
Илова бар ин, сохторҳои дахлдор уҳдадор шуданд, ки барномаҳои таълимиро ҳарчӣ зудтар такмил дода, барои омӯзиши васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шароити мусоид фароҳам оранд.
Барои табдили пурраи рақамии иқтисоди Тоҷикистон бо таъсиси ширкатҳои нави технологӣ ва ҳукумати электронӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва роҳҳалҳо барои шаҳрҳои “оқил” таваҷҷуҳ ва зарфиятҳои зиёд вуҷуд доранд. Аммо барои ин кор яке аз авлавиятҳои сиёсат бояд аз байн бурдани маҳдудиятҳои мавҷуда ба хотири фароҳам овардани фазои мусоиди тиҷорат бошад.
Бо дастгирии лозима, табодулоти рақамии Тоҷикистон метавонад ба кишвар кӯмак кунад, ки аз вазъияти кунунӣ қавитар, рақобатпазиртар ва барои дастгирии талошҳо оид ба ҳалли мушкилоти рушд ва фароҳам овардани имкониятҳои нав омодатар барояд. Барои ҷавонони Тоҷикистон як чиз рӯшан аст – ояндаи рақамӣ алтернативаи воқеитарин ба бекорӣ ё муҳоҷират аст.
Зимнан, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри оқил» (Smart City) моҳи феврали соли ҷорӣ эълон карда буд, ки бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ дар шаҳри Душанбе як IT-парк бунёд мекунад.
Дар маълумоти паҳншуда КВД-и мазкур хабар медиҳад, ки IT-парки аввалин дар кишвар синтези ҳамгироии илм, маориф ва технологияҳои олӣ хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, дар хусуси замони амалӣ шудани ин нақша хабар дода нашудааст.
Идеяи таъсиси технопарк соли гузашта, замоне эълон шуда буд, ки муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Фарҳод Билолзода изҳор дошт, ки дар ин идора аллакай таҷрибаи Гурҷистон, Беларус ва Украина дар заминаи таъсиси паркҳои технологӣ омӯхта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ҷомеаи коршиносон ба як қатор мушкилоте ишора мекунад, ки то имрӯз ҳалли худро наёфтаанд. Масъалаи асосӣ интернети пастсифат ва ноустувор мебошад, ки ин соҳаро хеле осебпазир мегардонад.
– Маълум аст, ки соҳаи IT аз содирот дар дигар соҳаҳо фарқ мекунад – арзиши изофӣ дар ин ҷо ба 100% наздик аст, – мегӯяд Зариф Муродбеков. — Дар зимн барои IT ворид кардани ашёи хом ва масолеҳ аз хориҷа аслан қариб лозим ҳам нест. Ва як мутахассиси технологияи иттилоотӣ бо маоши миёнаи 2000 доллар, ки барои содирот кор мекунад, метавонад дар як сол тақрибан 25 000 доллар даромади содиротӣ орад. Агар теъдоди ин гуна коркунон аз 40 ҳазор зиёд шавад, даромади онҳо 1 миллиардро ташкил хоҳад дод.
Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, Тоҷикистон бояд барои ҷалби мутахассисони соҳаи IT корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Аммо бе ислоҳоти қонунгузорӣ, тағйир додани зерсохтор ва шароити ҷалби мутахассисони хориҷӣ ҳалли ин масъала осон нест.
Албатта, бе паҳн кардани интернети баландсуръат табодулоти рақамӣ дар Тоҷикистон ғайриимкон аст ва хадамоти ҳукумати электронӣ ва замимаҳои молиявии мобилӣ наметавонанд рушд кунанд.
Бе ислоҳоти ҷиддӣ нархи интернет дар кишвар ҳатто бо дастрасии маҳдуд ва суръати паст яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон боқӣ хоҳанд монд.
Дилшод Шараф
ДАР ИН БАЙН
Ширкатҳои IT дар Ӯзбекистон
Дар кишвари ҳамсоя ба рушди технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳ ҷиддист. Масалан, дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ӯзбекистон нақша дорад, ки содироти маҳсулот ва хизматрасониҳои нармафзориро то 1 миллиард доллар афзоиш диҳад. Ба ин рақам қисман ба шарофати низоми махсуси андозбандӣ расидан дар нақша аст.
Мақомоти Ӯзбекистон омодагии худро барои кумаки амалӣ ба ҳамаи сармоягузорон ва ширкатҳои IT-и хориҷӣ, ки мехоҳанд дар ин кишвар кор кунанд, иброз доштанд.

Ширкатҳои IT-и хориҷӣ дар сурати бақайдгирӣ дар IT -парки Тошканд метавонанд барои васеъ намудани тиҷорати хеш дар шакли офис ва таҷҳизот, озодӣ аз пардохти ҳаққи иҷора ба муддати на кам аз 6 моҳ, инчунин озодӣ аз пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва харҷи алоқаи интернетӣ аз Ӯзбекистон маблағгузорӣ ба даст оранд, хабар медиҳад “Фергана”.
Ба наздикӣ тартиби додани “раводиди IT” (IT Visa) тасдиқ ёфт, ки як тартиби содакардашудаи гирифтани иҷозатномаи иқомат дар якҷоягӣ бо дастрасӣ ба хидматҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои гирифтани раводиди IT, шумораи камтарини ҳуҷҷатҳо лозим аст ва худи раванд танҳо се рӯзро мегирад.
– Имрӯзҳо ба ҷалби ҷавонон ба соҳаи IT таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Масалан, агар дар солҳои 2000-ум дар Ӯзбекистон чандсад нафар мутахассиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият мекарданд, имрӯз ин рақам ба 50 ҳазор расидааст. То соли 2030 мақсади миқёсан бузург – ба як миллион нафар расонидани теъдоди онҳо назди мо гузошта шудааст, – гуфт вазири ТИК Ӯзбекистон Шерзод Шерматов ба расонаҳои миллӣ.
Дар ҷамъбасти соли 2021 ҳаҷми содироти соҳаи IT дар Ӯзбекистон ба 46 миллион доллар расид, ки ин нисбат ба соли 2020 (16 миллион доллар) қариб се баробар зиёд аст. Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ ин рақам 100 миллион доллар ва то охири соли 2028 бошад 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бозорҳои асосии содироти технологияҳои иттилоотӣ ИМА (83,3%), Британияи Кабир (5,2%), Россия (3,2%), Ҷумҳурии Корея (2,1%) ва АМА (1,1%) мебошанд.