Тирпаронии нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Реги шифобахш – ҳадафи даъвоҳои нави ҳудудии Қирғизистон

Акси асосӣ аз Игор Коваленко (EPA/ТАСС)

24 июл, тақрибан соати 10.30 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар мавзеи Қуммазори ҷамоати Чоркўҳи ноҳияи Исфара садои тирпаронӣ аз автоматҳо баланд шуд. Инҷо низоъ миёни шаҳрвандони ду кишвар рух дод, ки ба он низомиён низ кашида шуданд. Дар рафти тирпарониҳои дутарафа, мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, се низомӣ– ду марзбони қирғиз ва як марзбони тоҷик ҷароҳат бардоштанд.

Субҳи барвақти 24 июл сокинони маҳаллаҳои Қуммазор ва Какир тасмим гирифтанд қуми шифобахшро аз алафҳои бегона, хорҳо, растаниҳои ёбоӣ тоза карда, ба қабули кулли хоҳишмандони табобатгирӣ омода намоянд. Ин амалро онҳо ҳар сол анҷом медиҳанд. Аммо ин бор марзбонони қирғиз ба корҳои рўбучин халал расонданӣ шуданд. Ба зудӣ ба онҳо якчанд сокини айили қирғизиии Коктош ҳамроҳ шуданд. Дар байни шаҳрвандони ғайринизомӣ ҷанҷол сар зад. Садои тирпаронии марзбонони қирғизро, ки кўшиш доштанд иштирокчиёни кашмакашро ҷудо карда, коргарони тоҷикистониро ронанд, марзбонони тоҷик шунида, давон ба макони рўйдод омаданд.  Яке аз шоҳидони воқеа тариқи телефон хабар дод, ки марзбонони қирғиз бо мақсади ба ҷойи ҳодиса роҳ надодани марзбонони тоҷик сўйи онҳо оташ кушоданд. Дар натиҷа яке аз марзбонони тоҷик захм бардошт. Марзбонони тоҷик ҷавобан оташ кушоданд. Манбаъҳои расмии ду ҷониб аз вуҷуди маҷруҳон хабар намедиҳанд.

«Мумкин захмбардоштаҳо бошанд – як марзбон аз тарафи мо, ду марзбон аз тарафи қирғизҳо»,- гуфт шоҳиди ҳодиса.

Ҷонибҳо ба ҳосил кардани мувофиқа доир ба қатъи тирпарронӣ ноил гардиданд. Расонаҳои қирғизӣ Қуммазорро ҳудуди мансуб ба ноҳияи Бодканд меноманд.

Тирпаронии нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сокинон ҳангоми тозакунии Қуммазор. Акс аз Радиои Озодӣ

 «Ин дурўғи маҳз, дидаю дониста ба гумроҳӣ андохтани ҳатто аҳолии худ аст,- гуфт собиқ роҳбари совхози тоҷикии «Иттифоқ» Ҳабибулло Давлатов.- Аз ду доманаи дорои қуми шифобахш асрҳо боз гузаштагони мо истифода мекунанд. То худи соли 2016 дар ин масъала мушкиле набуд. Ба назари ман, инҷо даъвоҳои нави ҳудудӣ дида мешаванд».

Дар изҳороти худ оид ба рўйдоди 24 июл КДАМ Тоҷикистон ҳатто координатҳои топографии маконро мувофиқи харитаҳои соли 1989 овардааст – 390 57I 00II, 700 33I 00II.

Таърихи ин мавзеъ ва таърихи истифодабарӣ аз ду доманаи регдор, дар навбати худ, ҳеҷ имконе барои тарафи қирғиз ҳангоми баррасии мақоми ин ҳудуд боқӣ намегузорад.

Мавзеи регпўши Қуммазор дар маҳалли ба ҳам пайвастани майдонҳои кишоварзии кооперативи истеҳсолии «Чоркўҳ»-и ноҳияи Исфара ва гўшаи шарқии айили Коктоши ноҳияи Бодканд воқеъ аст. Он як навъ дармонгоҳи табииест, ки аз замонҳои қадим тоҷикон инҷо дар айёми тобистон зери нурҳои офтоб ба дардҳои худ шифо меҷустанд.

Мавсими табобатӣ маъмулан аз июн оғоз ёфта, наздики се моҳ давом мекунад. Мардум одатан инҷо аз ревматизм табобат мегиранд. Доманаи шарқӣ барои мардон ҷудо карда шудааст. Аммо аз тарафи дигари теппа, рў ба ҷониби ғуруби офтоб низ рег ҳаст.  Онҷо занон худро бо ҳадафҳои табобатӣ зери рег мекарданд. Аз заминҳои наздики нимаи занона ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо истифода менамуданд. Писарони Абдураҳим Маҷитов, қирғизи маҳаллӣ, ки дар канори деҳаи Чоркўҳ зиндагӣ мекард, ба ин ҷо соли 1985 кўчиданд. Онҳо на танҳо дар мактабҳои тоҷикӣ таълим гирифта буданд, балки боз падарашон аз совхози Иттифоқ маош ҳам мегирифт. Аз ин рў, вақте онҳо инҷо манзил обод мекарданд, суоле ба миён намеомад – онҳо сокинони Тоҷикистон буданд. Ҳатто мазори дар наздикӣ воқеи қирғизӣ низ наметавонад далели ба Қирғизистон тааллуқ доштани ин қаламрав бошад, зеро тамоми айили Коктош то соли 1974 дар тобеияти маъмурии Тоҷикистон қарор дошт.

Намедонам, ки ин дармонгоҳи табиӣ чанд замон боз вуҷуд дорад, ба тахминам, мардум асрҳо инҷониб зери нурҳои офтоб инҷо дармон меҷустанд. Аз он, ки ин анъана қадимӣ аст, далеле гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин макон қабрҳои хеле қадима вуҷуд доранд.

Дар оромгоҳи мазкур кайҳо боз касеро гўр намекунанд. Мегўянд, бори охирин инҷо солҳои 30-юми асри гузашта одамро ба хок супорида буданд. Аз ин бармеояд, ки дар атроф мардум зиндагӣ мекардаанд. Номҳои боғу баъзе қитъаҳо низ гувоҳи инанд – Дашти Бомулло, Кўҳи Ислом, Боғи Ҷалил ва ғ. Ва худи топоними Қуммазор низ тоҷикӣ аст. Дар замони коллективизатсия, зоҳиран, аз дасти заминдорон, яъне бою кулакҳо, заминҳояшонро гирифта ба колхоз додаанд. Мазор боқӣ монд, аммо одамон мавзеъро тарк карданд. 

Мазор як навъ макони муқаддас шуд, ки ба он дар давраи тобистон зиёд одамон аз Фарғона, Конибодом, Хуҷанд, Исфара меомаданд. Баъди табобатгирӣ дар «ҳаммоми офтобӣ» онҳо овозаи таъсири муъҷизаосои реги инҷоро ба тамоми води Фарғона мебурданд. Эҳтимол, маҳз аз ҳамин сабаб макон муқаддас маҳсуб меёфт.

Имрўз ҳам дар мавсими тобистон одамон ба ин ҷо барои табобат меоянд, аммо шумораашон мисли замонҳои пешин зиёд нест. Азбаски марзи Тоҷикистону Қирғизистон ноором аст, мардуми раҳдурӣ аз сафар ба ин макон худдорӣ мекунанд, бештар маҳаллиҳо табобат мегиранд.

Қуммазор дар оқибати азхудшавии даштҳои атроф тадриҷан танг мешавад. Бошандагони деҳаи Коктоши қирғизӣ қариб то ба «нимаи занона» «хазида» омадаанд. Муддати тўлонӣ тоҷикони маҳаллӣ, ки ихтиёри доманаҳои региро ба даст доштанд, ба гунае пеши роҳи ҳамсояҳоро мегирифтанд. Аммо бо пайдо шудани низомиёни қирғиз дар симои марзбонон хавфи воқеии тағйир ёфтани мақоми ин ҳудуд ба миён омадааст.

Моҳи августи соли 2019 ба ин ҷо бори аввал анбўҳи «беморон» аз Бодканд бо тасмими табобатгирӣ рехт. Ҷолиб аст, ки миёни аҳолии қирғиз анъанаи табобати тарбод (ревматизм) бо рег қаблан вуҷуд надошт. Ҳатто қирғизҳои маҳаллӣ низ хеле кам ба ин ҷо дар ҷустуҷўи шифо меомаданд. Вале ногоҳ даҳҳо мошин аз худи Бодканд ҳаррўза меомадагӣ шуданд! Зиёда аз 30-40 нафар ҳар рўз! Ҳатто омадани хабарнигоронашонро ташкил намуданд, гузоришҳо омода карданд. Маълум буд, ки кор муташаккилона, бо ҳадафҳои муайян ба роҳ монда шудааст.

Тирпаронии нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сокинон Қуммазорро тоза мекунанд. Акс аз Радиои Озодӣ

Сокинон Қуммазорро тоза мекунанд. Акс аз Радиои Озодӣ

Он замон ман ба ҳамкасбони қирғиз гуфтам: «Пагоҳ ин хок боз замини Қирғизистон эълон нашавад?».

Аз ранги кор, тахминам нишонрас буд, зеро яқинан яке аз ҳамкасбонро ба хиҷолат овард. Имрўз маро фолбину ғайбдон эълон кардан мумкин аст: он чӣ, ки гуфта шуд, рўй медиҳад. Мутаассифона, сабаби ин беамалӣ, бемасъулиятӣ, бехирадӣ ва кўтоҳандешии мост. Кайҳо боз ин дармонгоҳи табииро минтақаи мамнуъгоҳӣ эълон кардан лозим буд. Акнун ба ин порчаи замин ҳамсоягон чашм ало мекунанд.

Дар оғози баҳори соли ҷорӣ қад-қади регҳои шифобахш дарахтшинонӣ сар шуд. Об, дарахтҳо, соя барои қум марговаранд. Мақсад танҳо ин аст, ки қаламрави Қирғизистонро як-ду гектар васеъ намоянд – фикр мекунам, сабаби ҳақиқии амалҳои пешгирифта ҳамин аст. Боғшинонӣ, аз як сў, кори хайр аст, лекин на замоне, ки ин усули азхудкунии ҳудудҳое мешавад, ки таърихан ба тоҷикон тааллуқ доранд. Ин як ваҳшоният аст – амали мазкурро дигар хел номидан имкон надорад, зеро он ҳастии реги нодирро, ки метавонист ба табобати мардуми зиёди ҳам тоҷику ҳам қирғиз мусоидат намояд, зери хатар мегузорад.

Акнун боз моҷарои нав. Ба соҳибони рег дар кори омодакунии он ба мавсими табобатӣ монеа месозанд. Ин изҳороти ошкореро мемонад, ки замин замини онҳост.

Азбаски сухан дар бораи ҳифзи офаридаҳои нодири табиат меравад, зикри як амали дигари ҳамсояҳо низ инҷо бамаврид аст – онҳо ёдгории қадимтарини фарҳангӣ – катибаҳои рўйи санг бо хатти куфиро дар доманакўҳҳои тангии Ворух (дар байни Хоҷаи Аъло ва Оқсой) нобуд карданд. Кадом ваҳшиёни харобкор бо болғаҳо катибаро танҳо ба он хотир нест намуданд, ки он метавонист далели мансубияти таърихии ин ҳудуд ба тоҷикон бошад.

Боз як ёдгории хеле қадимаи фарҳангӣ, ки онро дар китоби худ «Тоҷикон» олими бузурги тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров зикр мекунад, Хоҷа Ғор аст, ки барои ҳамеша дар қаламрави Қирғизистон монд. Кай ва чӣ тавр, аз кадом сабаб ва бо дасти кӣ заминҳои воҳаи кўҳии Кибкон ба ҳамсоягон супорида шуданд, мо муайян карда наметавонем, зеро на ҳуҷҷат дорему на шоҳид. Ин ҳол дар тамоми доманакўҳҳои қаторкўҳҳои Туркистон қад-қади деҳаҳои Сурх, Чоркўҳ, Ворух ҷой дорад. Дар дарозои роҳи Хуҷанд-Конибодом низ. Даҳҳо ҳазор гектар заминҳои иҷора ба тоҷикон пас дода нашуда, ғасб гардиданд.

Акнун, тавре аз рафтори марзбонони қирғиз дар теппаи регӣ хулоса баровардан мумкин аст, ғасби заминҳои тоҷик аз сўйи қирғизҳои ҳамсоя идома дорад.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои раднопазир, қаламрави Қирғизистон сар аз соли 1936, вақте ҳудудҳои тамоми ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ муқаррар шуданд (зеро маҳз ҳамон сол дар таърихи Шўравӣ соли ғалабаи ниҳоии сотсиализм эълом гашта буд ва Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Қирғизистон эълон гардид), муайян шуд. Ҳудуди Қирғизистон он сол 3 ҳазору 822 км мураббаъ васеъ карда шуд (ниг. «Исторические материалы». Нашрияи КМ ҲКИШ, соли 1928). Агар қаламрави Қирғизистон дар лаҳзаи таъсис 196,129 ҳазор км мураббаъро ташкил дода бошад, дар оғози соли 1972 он ба 198,5 ҳазор км мураббаъ расид (https://ru.wikipedia.org). Дар лаҳзаи пошхўрии давлати шўравӣ сарчашмаҳо маҳз ҳамин рақамро сабт намуданд. Аммо бо гузашти қариб се даҳсола бо сабабҳои номаълум мақомоти омори Қирғизистон адади навро пешкаш намуд -199,985 ҳазор км мураббаъ.

Зиёд мақомдорони қирғиз ҳини суханронии ҳисоботӣ дар парлумон аз «трансформатсияи заминҳо дар минтақаи наздимарзӣ» мегўянд. Ҳамон заминҳоро, ки аз ҳамсояҳо ғасб шудаанд, дар назар надошта бошанд?

Неъматулло Мирсаидов, шореҳ

Оцените статью

Тирпаронии нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Реги шифобахш – ҳадафи даъвоҳои нави ҳудудии Қирғизистон Акси асосӣ аз Игор Коваленко (EPA/ТАСС) 24 июл, тақрибан соати 10.30 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар мавзеи Қуммазори ҷамоати Чоркўҳи ноҳияи Исфара садои тирпаронӣ аз автоматҳо баланд шуд. Инҷо низоъ миёни шаҳрвандони ду кишвар рух дод, ки ба он низомиён низ кашида шуданд. Дар рафти тирпарониҳои дутарафа, […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.