ТИБ БИЗНЕС?

Иқтисодии сиёсии капитализм яку ним аср бо пайдо шудани «Капитал»-и Карл Маркс ба дунё омадааст. Баъд иқтисоди сиёсии марксистӣ – ленинӣ то охирҳои асри XX инкишоф ёфт, вале дар он сафедиҳо боқӣ мондаанд. Иқтисодиёт ҳамчун маҷмўи саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, савдо, бахши бонкдорӣ ва як қатор соҳаҳои дигар баррасӣ мешуд, лекин зимни ин соҳаи иҷтимоӣ, махсусан тандурустӣ, аз мадди назар дур монда буд. Ин норасоии иқтисодисиёсишиносони ҳирфавиро ду корманди соҳаи тибби фаронсавӣ – Жак Лаказ ва Луи де Брувэр ислоҳ кардан хостанд. 

Онҳо боваринок нишон доданд, ки капитализм бо давиданҳо  аз қафои даромад тибби анъанавиро нест кард, тибби имрўза дар симои одам на мақсад, балки воситаи даромадро мебинад. Тибби имрўза ҳавасманди сиҳату саломат будани инсон нест. Шумораи беморон чӣ қадар бисёр бошад, даромади онҳое, ки хизмати тиббӣ мерасонанд ва дору истеҳсол мекунанд, ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Имрўз муассисаҳои табобатӣ (клиникаҳо, бемористонҳо, ташхигоҳҳо ва ғайраҳо) ва ширкатҳои дорусозӣ бо ташкили маҷмааи ягонаи тиббӣ-дорусозӣ  кўшишҳояшонро барои гирифтани даромад муттаҳид мекунанд. Боз як ҷузъи ин маҷмаа ширкатҳои суғурта мебошанд.

Соли 1999 дар Фаронса китоби Луи Брувэр «Мафияи дорусозӣ ва агрохўрокворӣ. Паёмадҳои фаъолияти он: бадномкунии тиббӣ анънавӣ ва норасоиҳои ҷиддии ҳолати саломатии аҳолии Ғарб» чоп шуд. Соли 2004 ин китоб дар Киев бо забони русӣ низ аз чоп баромад. 

Л. Брувэр дар китоби худ ба олими тибби фаронсавии дигар Жак Лаказ истинод меорад. Охирҳои соли 2021 Лаказ 80-сола мешавад, вале вай фаъолона бо ваксинаи зидли COVID-19 мубориза мебарад. Вай боваринок тибби муосири Ғарбро ҳамчун як қисми системаи сармоядорӣ пешниҳод мекунад ва хусусияти зиддибашарии онро нишон медиҳад. Асари Жак Лаказро дар нашрияи Médecines nouvelles‎ (№ 71, octobre 1993), ки дар он идеяҳои аҷоиб ҳаст ва онҳоро дар ягон китоби дарсии иқтисоди сиёсӣ вонамехўред, махсус қайд кардан мехоҳам.

Капитализм, ки Маркс онро ҳамчун воситаи истеҳсолот муайян кардааст, ба ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ якбора ворид намегарад. Вай аввал, одатан, дар саноат пайдо мешавад. Ва баъд кишоварзӣ, савдо, соҳаҳои дигарро фаро мегирад. Ва ниҳоят то ба тиб ҳам мерасад. Ба фикри Жак Лаказ тиб дар Фаронса танҳо охирҳои асри XX ба худ хусусияти воситаи истеҳсолоти капиталистиро гирифтааст. То ин вақт бошад тиб монанди як истеҳсолоти майдамолӣ будааст: «То вақтҳои наздики байни ду ҷанги охирин тиб ва дорусозӣ танҳо бо усули косибӣ идома доштанд, яъне чӣ хеле ки асрҳои зиёд буданд… Бо омадани асри XX беморӣ ҳам мисли бозор шуд». Нишонаҳои табдил ёфтани тиб ба истеҳсолоти калони капиталистӣ дар давраи байни ду ҷанги охирин пайдо шуданд, вақте ки маъракаи мубориза зидди шарри асри XX, монанди саратон, оғоз гардид: «Баъди Ҷанги ҷаҳонии якум ҷанг зидди саратон сар шуд. Мақсади асосии ин «Юриши салиббардорон»-и нав эҳёи сохтори анъанавии  беморхонаҳо буд. Модели марказҳои зиддисаратонӣ, ки ҳанўз пеш аз Ҷанги ҷаҳонии дуюм сохта шуда буд (муттаҳид намудани воситаҳои молиявӣ, хулосакунии дастовардҳои илмӣ) ба ташкили марказҳои минтақавии бемористонҳо асос гардид, ки нахустини онҳо ба солҳои панҷоҳум тааллуқ дорад». 

Ҳамин тавр, монанди он, ки ҳанўз асри XIX дар саноат корхонаҳои калон ва фавқулкалон сохта мешуданд, дар соҳаи тандурустӣ ҳам чунин муассисаҳои азимҷусса пайдо шуданд. «Ин аввалин ва калонтарин қисми таркибии воситаи капиталистии истеҳсолот дар бахши табобат буд: ташкили сохторҳое ба монанди фабрикаҳо оғоз шуданд – ҷамъ кардани беморон дар як ҷой. Тадриҷан гузаштан аз сарпаноҳҳо, ки ниёзмандонро қабул мекарданд, ба бемористонҳои муосир амалӣ карда мешуданд, ки дар онҳо беморони ба объекти таҷрибаи тиббӣ табдилёфта гирд меомаданд, амалӣ карда мешуданд.

Мувозӣ бо ин дигаргуниҳои инқилобӣ дар дорусозӣ ба вуҷуд меомаданд.  То Ҷанги ҷаҳонии якум дар Фаронса, чун дар кишварҳои дигар, доруҳо асосан аз гиёҳҳо ва равғани ҳайвонот тайёр карда мешуданд, яъне табиӣ буданд. Инқилобро дар дорусозӣ аз ҳама пеш олмониҳо оғоз намуданд ( пеш аз ҳама корпоратсияи Farbenindustrie AG, ки имрўз вай Bayer ном дорад), ки онҳо ашёи хоми табии дорусозиро ба кимиёи дастисохт иваз карданд: «Дар давраи байни ду ҷанг омили дуюми ҳалкунанда пайдо мешавад: кимиё ва кимиёи махсуси олмонӣ. Охиринаш дар Фаронса вақти истило истифода шудааст. Ана аз ҳамон вақт ҳамааш оғоз гардид».

То ин вақт дорусозиро санъат, истеҳсолоти дастӣ номидан мумкин буд. Доруҳои сохташуда маҳсулоти якҷояи табиб, ки ретсепти онро менавишт ва дорусоз буд, ки доруро бо риояи ҷиддии ин ретсепт тайёр мекард: «То ин вақт сохтани ин ё он дору кори табиби амалкунанда буд: вай таркиби доруи ояндаро дар ҳузури бемори худ ва дар ҷараёни сўҳбат бо вай муайян мекард ва вобаста ба дараҷаи донишаш ретсепт менавишт. Дорусоз бо истифода аз ин ретсепт дору тайёр мекард». 

Аллакай солҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм ва махсусан баъди он дорусозӣ аз санъат ва истеҳсолоти майдамолӣ ба индустрияи азим бо тамоюли кимиёӣ табдил ёфт: «Тадриҷан табиби амалкунанда фардияти худро аз даст медиҳад. Дорусозӣ ба авлавияти индустрияи калон табдил меёбад».

Рушди минбаъдаи дорусозӣ пурра ба қонунҳои  воситаҳои истеҳсолоти капиталистӣ тобеъ мешавад: «Озмоишгоҳҳои саноатӣ қонуни фоидаи калонро риоя намуда, ба сохтани ҳамаи доруҳо пардохтанд. Ин қонун дар ду шакли асосӣ зуҳур мекунад: агар нархи дору пасттар, вале таъсирбахштар бошад, исеҳсоли онро қатъ мекарданд ва дере нагузашта дар бозор доруи нави нархаш баландтар пайдо мешуд.

Зиёда аз ин дорусозии саноатӣ ба гирифтани пули одамон бо фиреб оғоз намуд, боз онҳоро маъюб мекард ва ҳатто мекушт. Чӣ хеле ки Жак Лаказ навиштааст, вақти коркарди доруҳои нав «танҳо натиҷаи фаврӣ ба ҳисоб гирифта мешуд ва ба оқибатҳои фалокаовар аз таъсири манфии доруҳои ба бозор баровардашуда эътибор намедоданд»…

Ширкатҳои дорусозӣ ба озмоишгоҳҳои калоне тадил меёбанд, ки дар одамҳо таҷриба мегузаронанд: «Озмоишгоҳҳои калон хўҷаинҳои вазъият мешаванд: онҳо ҳам судяву ҳам гунаҳкоркунанда, онҳо дар одамон таҷриба мегузаронданд ва қонунҳои мавҷударо моҳирона фиреб дода, дар оянда ҳам мегузаронанд». Зиёда аз ин ширкатҳои калони дорусозӣ бешармона доруҳои санҷиданашуда ва баъзан хеле хатарнокро ба бозор мебароранд. Баробари ин онҳо созандагони мустақили доруҳоро ҳамчун рақибони эҳтимолӣ нест мекунанд. Принтсипи онҳо: «Роҳ надодан ба ягон кашфиёт берун аз сикли асосии истеҳсолот. Рўзаш сиёҳ мешавад муҳаққиқеро, ки берун аз ҳамин сикли истеҳсолот кашфиёте кардааст, сарфи назар аз он, ки чӣ унвон дораду дар гузашта чӣ хизматҳое кардааст. Ва агар ҳамин хел шавад, чунин муҳаққиқро таъқиб аз тарафи механизми даҳшатноки илмии маъмурӣ ва ҳуқуқӣ интизор аст. 

Масалан, соли 1988 табиби амалкунанда аз Нитса, доктор Филип Ля Горт барои мустақилона фикр карданаш 45 рўз дар зиндон нишаст. Ба ин боз илова мекунем амалҳои роҳбарияти олиро дар замони истило, ки ба пажўҳишҳои кимиёӣ озодӣ дод, ҳар гуна фитотерапияро манъ кард (ба мисли усулҳои дигари табобати терапевтӣ, аз ҷумла элетротерапия), хадамоти назорат, саги посбони тартиботи навро ташкил намуд, ки дар ин соҳа то ҳол вуҷуд дорад». 

Аллакай солҳои 60-уми асри XX тиб ба маънои васеаш (муассисаҳои табобатӣ бо иловаи саноати дорусозӣ, ки аз тарафи ширкатҳои суғурта дастгирӣ мешуданд) ба яке аз соҳаҳои сердаромадтарин табдил ёфт (ҳам дар Фаронса вам ҳам дар кишварҳои дигари Ғарб): «Марказҳои калони госпиталӣ беморон, мутахассисон ва воситаҳрии калони молиявиро дар як ҷой ҷамъ намуда, барои рушди технологияҳои пешрафтаи тиббӣ дар бахшҳои рентгеноскопия, ҷарроҳӣ шароит фароҳам оварданд ва ҳамин тавр барои сармоягузорон марказҳои нави даромаднок кушоданд».

Албатта, тиб ҳамчун бизнес аз амалдорони давлатӣ, ки ба ин бизнес фурўхта шудаанд ва барояш шароитҳои хеле мусоид фароҳам овардаанд, сахт миннатдор аст. Жак Лаказ диққатро ба он ҷалб менамояд, ки тадриҷан нақши давлат ҳамчун танзимгари соҳаи тандурустӣ суст мешавад. Ҳар гуна эътилофҳо ва иттиҳодҳое пайдо шудаанд, ки вазифаи «худтанзимкунӣ»-и соҳаҳои тиб ва тандурустиро ба ихтиёри худ гирифтаанд. Аввалҳои солҳои 80-ум «пайдо шудани созмонҳои калоне ба мисли «Дирексияи мониторинги оби ошомидании Лион» мушоҳида мешавад, ки худашон бемористонҳои хусусиро мехаранд, онҳоро бо техникаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мекунанд ва бо хадамотҳои дахлдори давлатӣ бомуваффақият рақобат мекунанд. Дар минтақаҳои алоҳида (масалан, шаҳри Марсел) сектори давлатӣ қудрати худро аз даст медиҳад…» 

Соҳаи дорусозии кўҳна, ки бо истеҳсоли «донагӣ»-и маҳсулот машғул мешуд, тамоман несту нобуд карда мешавад. Соли 1989 дар Фаронса қонуне қабул шуд, ки он ба худи табибон аз рўйи ретсепт тайёр намудани доруро манъ мекунад. Вақтҳои охир момодояҳо тамоман ғайб заданд ва ҷойи онҳоро акушеркаҳо, зоишгоҳҳо ва бемористонҳо гирифтанд. Мақоми табибони табобаткунанда – терапевтҳо ҳам тағир ёфт. Онҳо «торафт бештар нақши диспетчерҳоро мебозанд ва омадани беморони навро назорат мекунанд». Бемореро, ки ба доираи назари табиб меафтад «чор тараф медавонанд». «Мутахассисон дар марказҳои калони тиббӣ ҷамъ шудаанд ва беморонро ба назди ҳамкасбони дигари худ мефиристанд».

Дар ин мақола ва мақолаҳои дигараш Жак Лаказ ба идеяи эмкунии сартосарӣ бо назари танқид менигарад. Жак Лаказ далелҳоии худро зидди эмкунии сартосарӣ на танҳо ҳамчун мутахассиси ҳирфавии соҳаи тиб, балки боз ҳамчун донандаи хуби иқтисоди сиёсии тибби капиталистӣ ҳам овардааст: чунин эмкунӣ бизнеси тиббӣ – дорусозиро бениҳоят сарватманд мекунад.

Аз замони чоп шудани ақидаҳои Лаказ дар мазўи иқтисоди сиёсии капитализм ва истифодаи он дар соҳаи тандурустӣ ва тиб сӣ сол гузаштааст. Дар ин муддат даррандагӣ ва бераҳмии бизнеси тиббӣ – дорусозӣ нисбати ҳаёт ва саломатии одам боз ҳам намоёнтар шудааст.

Nuqta.Tj

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.