“Теппаи Қӯрғон” фурӯ рафта истодааст. Кӣ онро наҷот медиҳад?

Яке аз маъруфтарин иншооти таърихии маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо номи “Теппаи Қӯрғон”, ки бо осорхонаи таърихиаш “Бибихонум” миёни сокинони мамлакат ве берун аз он шуҳрат пайдо кардааст, фурӯ рафта истодааст. Аз сабаби садамавӣ гардидан имрӯзҳо дари осорхона барои меҳмонон баста шудааст.

Таърихи “Теппаи Қӯрғон”

Пайдоиши “Теппаи Қӯрғон”-ро ба асрҳои 1-2 нисбат медиҳанд. Он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои 19-20 қалъаи беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст. Соли 1999 дар арафаи ҷашни 1100-солагии асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар болои теппа осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум” таъсис ёфт, ки 24-уми сентябри ҳамон сол бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Осорхона дорои 2468 нигораи таърихӣ буда, аз 24 гӯша иборат аст. Бозёфтҳои таърихии он ба асрҳои 7-9 рост меоянд.

Масъулин ва сокинон чӣ мегӯянд?

Директори осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум” Сафарбек Одинаев зимни суҳбат зикр кард, ки аз вазъияти осорхона ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар мактуб ирсол шудааст. Девори рости осорхона фурӯ рафта, фарши он кафидааст. Аз ин рӯ фаъолияти он муваққатан манъ гардида, нигораҳои таърихӣ ба яке аз утоқҳои Кохи фарҳанг ва  маркази иттилоотии шаҳр кӯчонида шудаанд. Ба хотири таъмини бехатарии кормандону тамошобинон ва ҳифзи нигораҳои таърихӣ бо дастури раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода аз 5 ноябри соли ҷорӣ дари осорхона баста шуд.

“Теппаи Қӯрғон” фурӯ рафта истодааст. Кӣ онро наҷот медиҳад?
Дохили бинои осорхонаи “Бибихонум”

Ба иттилои сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар Комрон Гулов, бозсозии “Теппаи Қӯрғон” дар нақшаи иншооти сохташавандаи шаҳр барои соли 2022 аст. “Дар ин мавзеъ ба ғайр аз бозсозӣ кардани осорхона боз бунёди чанд иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст, ки хеле маблағи зиёдро металабад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар имконияти якбора сохтани онро надорад. То ҳол хароҷоти дақиқи бозсозии теппа муайян нашудааст. Марҳила ба марҳила иншооти мавриди назар дар ин мавзеъ бунёд хоҳанд шуд”, – гуфт ў.

Ба гуфти Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар, айни замон лоиҳаи нави ангоравии “Теппаи Қӯрғон” дар ду шакл омода карда шудааст. Мутахассисон болои онҳо кор карда истодаанд. Тибқи лоиҳа, барои бозсозӣ кардани он 50 миллион сомонӣ лозим аст. Дар ин мавзеъ бунёди як амфитеатр, як чойхонаи миллӣ, бозсозии осорхона ва кӯчонидани ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати интихоби яке аз ин ду лоиҳа, корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд.

Аммо сардори раёсати молияи шаҳри Бохтар Иззатуллозода Ҳабибулло бар ин назар аст, ки аз буҷети маҳаллӣ дар як ё ду сол ҷудо кардани 50 миллион сомонӣ ғайриимкон аст. Барои сохтмони иншоот дар вилояти Хатлон маблағро Ҳукумати кишвар аз рӯйи реҷа ҷудо мекунад. Сипас аз ҳамон ҳисоб ҳиссаи шаҳри Бохтар ҷудо карда мешавад. Камаш панҷ-шаш сол лозим аст, ки барои бозсозии теппа аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо карда шавад.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар бо шарти зикр накардани номаш гуфт, ки ҳамасола аз ҳисоби буҷети шаҳр ба буҷети вилоят 48 миллион сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ сурат мегирад. Агар ин маблағ ҳади ақал як сол гирифта нашавад, шояд аз ин ҳисоб ин иншооти таърихӣ бунёд карда шавад.

Вобаста ба ҳиссаҷудокунии шаҳр ба буҷети вилоят аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар ягон сурат ин пешниҳод, яъне як сол нагирифтани маблағи ҳиссаҷудокунӣ имкон надорад. Чунки аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии шаҳри Бохтар ташкилоту идораҳои вилоятӣ маоши моҳона мегиранд. Агар ин маблағ ба буҷети вилоят ворид нагардад, қарздории музди меҳнат пайдо мешавад. Масъулини Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳамчунин гуфтанд, ки бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба ҳамон пудратчие, ки дар вақташ теппаро сохта буд муроҷиат намоянд. Ҳар як иншооте, ки сохта мешавад, дар шартномаи он, кафолати сохтмон тақрибан 40-50 сол дода мешавад. Аз бунёди теппа ҳамагӣ 22 сол гузаштааст ва аз ин ҳисоб бояд мақомоти маҳаллӣ ба он ширкате, ки дар вақташ ин иншоотро сохта буд муроҷиат намоянд ва талаб кунанд, ки онро бозсозӣ кунад.    

Каримҷон Халилов, сокини куҳансоли шаҳри Бохтар, зимни суҳбат гуфт, ки “Теппаи Қӯрғон” рамзи маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад. Ҳар нафаре, ки ба шаҳри Бохтар меояд, ҳатман аз ин макон дидан мекунад. Аз ин лиҳоз бояд ин макони таърихӣ фавран навсозӣ карда шавад.

Шояд хориҷиён ёрӣ расонанд?

Чун аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ навсозӣ кардани ин мавзеи таърихӣ  имкон надорад ва ба хотири пешгирӣ аз сарборӣ ба буҷети кишвар масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар метавонанд, ки дар якҷоягӣ бо дигар масъулини вилоят ба сармоягузорони хориҷӣ лоиҳаи навсозии “Теппаи Қӯрғон”-ро пешниҳод намоянд. Шояд онҳо таваҷҷуҳ кунанд?

Агар роҳҳои дигар ҳам вуҷуд дошта бошанд, барои дарёфту пешбурди онҳо кордонии масъулин зарур мешавад. Умедворем, ки масъулин ин гӯшаи таърихии маркази вилоятро, ки макони сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравед, навсозӣ менамоянд.

Сулаймон СУЛТОНОВ

Оцените статью

“Теппаи Қӯрғон” фурӯ рафта истодааст. Кӣ онро наҷот медиҳад? Яке аз маъруфтарин иншооти таърихии маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо номи “Теппаи Қӯрғон”, ки бо осорхонаи таърихиаш “Бибихонум” миёни сокинони мамлакат ве берун аз он шуҳрат пайдо кардааст, фурӯ рафта истодааст. Аз сабаби садамавӣ гардидан имрӯзҳо дари осорхона барои меҳмонон баста шудааст. Таърихи “Теппаи Қӯрғон” Пайдоиши “Теппаи Қӯрғон”-ро ба асрҳои 1-2 нисбат медиҳанд. […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.