Ё чашмандозӣ ба вазъи кунунии театри точик
Вақте, ки сухан аз театр мекунанд, на ҳамеша тамошобинро ба назар мегиранд. Ҳол он ки ин падидаҳо ба ҳам тавъаманд. Театр бе тамошобин вуҷуд дошта наметавонад. Балки тамошобин меъёри пайдо ва таҳавулоти театр аст…
Ин аксиомма аст ва намехостам ин баҳси схоластикиро ба дарозо бикашам. Мақсади андешаҳои ман таваҷҷўҳ ба тамошобини кунунии ватанӣ аст.
Кист тамошобини имрўзаи театри тоҷик? Ва ҳам агар театру тамошобин ба ҳам тавъам бошанд, пас театри кунунии ватанӣ дар чӣ ҳол аст?
Агар аз дидгоҳи сотсиологӣ ба падидаи тамошобин назар афканем, он гоҳ маълум мегардад, ки ин чизи хеле мураккаби иҷтимоӣ будааст. Сотсиолог онро аз бисёр омилҳо ба қалам мекашад. Аммо ман сотсиолог нестам ва ба “тамошобин” назари мушаххас дорам. Шояд ин назар баҳснок ва субъективӣ тобад, вале онро лозим мешуморам, ки арз кунам.
Ба андешаи ман, ду шакли тамошбин вуҷуд дорад: тамошобини идеалӣ ва тамошобини омиёна.
Истилоҳи “идеалиро” одатан радифи як чизи пиндошта медонанд, чизе ки дар асл вуҷуд надорад, чизе ки бофтаи ақл аст, чизе ки мафҳумеро хаёлан ҷамъбаст мекунад, сифатҳои умумӣ меёбад.
Аммо дар контексти андешаҳои ман тамошобини идеалӣ падидаи хаёлӣ нест, дар асл вуҷуд дорад, ҳарчанд аз ҷиҳати шумора камёфт аст, ангуштшумор. Вай ҳамон вақт воқеан пайдо мешавад, ки агар дар театр асари хуби пурмаъно рўи саҳна меояд.
Тамошогари омиёна сершумор аст. Ба ў фарқ надорад, асари саҳнавӣ хуб аст ё бад. Дар ҳама ҳолат ҳозири театр аст.
Олами инсон ва ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ҳоло ин ҳар ду дар ҳолати робитаи ҳамарўза бо технологияҳои гуногуни иттилоотӣ ва барномаҳои рангоранги маърифатӣ мебошанд.
Барои шахсе, ки ихтиёран бо даъвати ниёзи ботинӣ боздид аз театр мекунад, як кайфияте эҳсос мекунад нотакрор. Барояш ин амал ид аст, базми рўҳу ҷон аст, базми озодӣ. Озодӣ аз ҳамагуна вобастагиҳои ҳамарўзаи рўзгор. Яъне озод будан аз масъулитҳои шавҳарӣ ё завҷавӣ, нақши падар, муаллим, коргари хуби коргоҳе, нақши пассажири нақлиётеро иҷро кардан.
Боздиди театр барои чунин шахс, муносибатҳои нав ва комилан инсониро аз нав тавалид мекунад.
Инсони ҷўянда, тамошобини идеалӣ дар театр ба олами бунёдии хеш бармегардад ва худро инсони асил дармеёбад, инсоне, ки андешаи худро дорад, тафаккури эҷодиаш фаъол мегардад. Ва ин асолати дарки худшиносӣ ҳангоми боздиди театр ба ў шодӣ мебахшад, хурсандии бозгашт ба асли худ, хушнудии хешро дарёфтан.
Ба ибораи дигар, тамошобини идеалӣ бо дидани намоиши хуби театрӣ, дорои диди некбинона ва навин аст. Вай аз дидани спектакли тозаи маънидор нерўи қавии зиндагиашро дубора пайдо мекунад…

Чунин буд, масалан, навъи тамошобини нодиру равшанфикре, ки омода буд барои дидани он намоишнҳои навин ва пур аз рамз, ки аз ҷониби зиндаёд Фаррух Қосимов таҳия мешуд. Чунин буду ҳаст тамошобини спектаклҳои ошўбовари ҳиссиву фикрии Барзу Абдураззоқов, ки ҳоло, мутаассифона, дар ғурбат аст. Тамошобини идеалӣ шефтаи намоишҳои эҷодкоронаи Нозим Меликов аст, ки нисбатан ҷавон асту хушбахтона, дар қаламрави Ватан умр ба сар мебарад. Ва ҳам саҳнагузориҳои Давлат Убайдуллоевро дўст дорад, агар дар вуҷуди ин режиссёр гоҳ-гоҳе як такони кашфиётие шарора занад (масалан, дар спектакли “Чархи гардон”-аш)…
Бовар кардан ба чунин воқеият сангин аст. Ин падида гўё ормони баҳамоии театр ва тамошобини асил аст. Тамошобини бомаърифату ҷаҳондор ҳатто ҳамрадифи муаллифи асари саҳнавӣ мешавад. Балки муаллифи асил маҳз барои чунин тамошогар асар эҷод мекунад. Ва минбаъд аксар вақт тамошочбини идеалӣ ба ҳайси гўё ҳаммуаллиф асари саҳнавиро дарк мекунад. Асари пурмаънӣ ва баистеъдод таҳияшуда ба таҷрибаи рўзгордидаи тамошобини ҷўянда такия мекунад. Ва аз зиндагии ў рамзу тамсил сохта, қисса мегўяд. Ба дарки чунин қисса олами эҳсосию интеллектуалии тамошобин, ки муаллифи пйеса аксаран асарашро гўё нотамом мегузрад, ҳусни анҷом мебахшад…
Вохўрии коргардони барҷастаи театри рус Георгий Александрович Товстоноговро бо тамошобинон, ки тавассути телевизиони Марказии Русия дида будам, ба ёд меорам. Товстоноговро дар ин вохўрӣ пурсиданд: “Шумо намоишҳои саҳнавии худро барои чӣ гуна тамошобин эҷод мекунед?”.
Вай фавран ва бе ягон дудилагӣ ҷавоб дод: “Барои тамошобине, ки ҳамрадифи ман аст. Аз он дар хавотир нестам, ки тамошобине, ки дар қатори охирин нишаста, якумин бор спектакли маро тамошо мекунад ва маънии онро намефаҳмад. Агар нафаҳмаду фаҳмидан мехоҳад, гаштаю баргашта ба дидани он меояд. То он даме, ки бифаҳмад. Аммо баъд аз фаҳмидан, вай маро барои он эҳтиром хоҳадкард, ки ман аз паи фаҳмиши омиёнаи ў нарафтам. Поён нафаромадам. Ӯ маро барои он эҳтиром хоҳад кард, ки ман кӯшиш кардам, ки ӯро ба сӯҳбати амиқ дар бораи маънои зиндагӣ, дар бораи шахсият будан ҳидоят намудам …”.
Мутаассифона, мо бояд аз осмон ба замин фароем. Тамошобини идеалие, ки сараш баҳс дорем, аксар вақт бо ноумедӣ дар хона менишинад. Ӯ аз танҳоӣ ранҷ мекашад, зеро ба дархости рӯҳи худ дар театр чизи мувофиқ намеёбад. Зеро он чизе, ки дар театри имрӯзи тоҷик (ё хонед театри тоҷикистонӣ) рух медиҳад, ѓолибан конюнктура, фурсатталабӣ аст, берангу беташаббус аст, ки баъзан бо дуруштӣ ва безавқӣ омехта мешавад …
Таетрҳои тоҷикистонӣ имрўз ҳолати косибонаро касб кардаанд, танҳо ба воситаи маблаѓёбӣ табдил ёфтааанд.
Мо ба театри бечеҳра, безавқ гирифтор шудаем. Дар театри ҷўянда ё театри муллифӣ нақши асосиро Шахсият мебозад. Ва пеш аз ҳама шахсияти таҳиягар. Театри муаллифӣ аз эстетика ва энергияи навоваронаи Муаллиф-режиссёр ғизо мегирад. Аммо чи тавре, ки қисмати театри Фаррух Қосимов нишон дод, ҳар як аз чунин театр оқибати ночорӣ пайдо мешавад: бо рафтани Муаллиф аз театр чизе боқӣ намемонад. Ҳеҷ нерўе ин норасоиро бидуни омадани шахсияти дигар барқарор карда наметавонад …
Ҳоло дар Тоҷикистон мардум умуман бо хоҳиши худ ба театр кам мераванд. Анъана шудааст, ки ба театр бо фармоиши ректори донишгоҳ, директори литсей, президенти Академияи миллии илмҳо ва ё ташкилоти дигар ташриф меоранд. Аз нигоҳи меъёрҳои демократия ин падида ѓалат аст. Ҳеҷ чиз набояд зери фишор анҷом ёбад.
Вале дар ин «маҷбуркунӣ» мо чораи некро дидем.
Чаро?
Барои он ки аҳли ҷамъият, падару модарон нисбат ба кори тарбия ва таълимоти хеш ва фарзандон беэътиноӣ зоҳир мекунанд.
Президенти мамлакат ва ҳаммаслаконаш сахт аз паи он кўшишанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фарҳанги пешқадами худӣ ва ҷаҳониро азхуд кунанд. Дар ин ташаббус ҳатто ҳолатҳои маҷбурӣ дида мешавад. Вале новобаста аз эътирози ҳомиёни шаклпарасти демократия, мо ин ташаббуси Президент ва дастаи ӯро рисолати неки тарбиявӣ медонем. Бе ин ташаббус баргардонидани шаҳрвандон ба арзишҳои аслии худӣ ва умумибашарӣ мушкил хоҳад буд…
Рушди босуръати технологияи навини аудиовизуалӣ (кино, телевизион, интернет) ба назар чунин вонамуд кард, ки гўё театрро ба канори беэътибори фарҳанги музофотӣ фиристод. Аммо ин танҳо дар назари аввал аст. Дар асл, рушди босуръати падидаҳои гуфташуда боиси он гардид, ки театр ба ҳунари ашрофона, элитарӣ табдил ёфт.
Элитарӣ шудани театр на ба маънои мансубияти он ба як табақаи иҷтимоӣ, балки ба маънои ба табақаи баланди ҳунари воло расидан аст.
Вале бо мурури замон мо дар кишвар ба вазъияте дучор шудаем, ки дар театрамон аз комёбиҳои элитарӣ дур шудем. Театри мо аз анъанаҳои эҷодиёти халқӣ ва театри мардумӣ, аз театри академӣ, аз дастовадҳои театри Ѓарбу Шарқ ѓизо намегирад. Ҳоло болоравӣ, пешрафт кам мушоҳида мешавад.
Ин таназзул сабабҳои субъективӣ ва объективӣ дорад. Сабабҳои объективӣ бисёранд. Афсус, ки Маҳмудҷон Воҳидов, Фаррух Қосимов, Ато Муҳаммадҷонов барин шахсиятҳои барҷастае, ки бо эҷодиёти навоварона, эҷоди аслии худ моро шод мегардонданд, имрўз бо мо нестанд.
Мо худамон ба буридани шохе, ки дар он нишаста будем, шурўъ кардем. Барзу Абдураззоқов ба ҳуҷуми бюрократҳои тарсончаки замонасоз тоб оварда натавониста, республикаро тарк кард. Дар коллективҳои театрӣ акнун ба ҷои мубоҳисаҳои эҷодӣ, кашмакшҳои ночизу хасакӣ торафт авҷ мегиранд. Мо шахсиятеро, ки эҷод мекунад, эҳтиром надорем.
Мо дар давоми тамоми давраи мавҷудияти худ амалан драматургияи устувори миллиро ба вуҷуд оварда натавонистем. Драматургҳои алоҳидаи ангуштшумор дорем, вале мактаби миллии драматургияи тоҷикро ба вуҷуд наовардем. Ҳама гуна мактаби миллӣ анъана дорад устувор ва бо мурури замон бо рафтани эҷодкоре таѓйир намеёбад, нест намешавад.
Мо ба вуҷуд омадани гурўҳи ташаббускорони ҷавононе, ки вазъияти рукудро пешгирӣ карданӣ мешаванд, беэътиноӣ мекунем, фаъолити онҳоро нодида мегирем.
Ҳамаи ин якҷоя боиси ба таназзул гирифтор шудни театр гардидааст. Аммо ин таназзул, ба назари мо, он қадар ҷиддиву фоҷиабор нест, ки баъзе мунаққидони театр онро ба қалам медиҳанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар як падидаи фарҳангӣ пастиву баландиҳо дорад, раванди болоравии босуръат ва давраи оромӣ, пастравӣ, давраи ҷамъшавии нерўи дубора рушд кунандаро дорад.
Мо бовар бар он дорем, ки театри тоҷик ба зудӣ мисли вулқон бедор мешавад ва нерӯе, ки дар тӯли ин муддат дар дарунаш меҷўшиду мешўрид, берун меояд.
Аз куҷост чунин боварӣ? Аввалан, аз таҳлили вазъи аҳли бедори театр, ки дар рафти сўҳбат онҳо аз тарзи ба саҳна гузоштани ин ё он асари нав норозигӣ изҳор мекунанд ва ҳатто таҳлили ҳаматарафаи вазъи кунунии театрро мекунанд. Ва гап дар он аст, ки агар худтанқидкунӣ вуҷуд дошта бошад, пас умед ҳаст. Проблема минбаъд ҳалшаванда хоҳад буд.
Сониян, аз ҳама муҳимаш ин, ки намояндагони ҷавони театри миллӣ кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки театри алтернативӣ ба вуҷуд биоваранд. Бигузор он ҳанўз нокомил аст. Аммо ҷустуҷӯ идома дорад. Ва он дар асарҳое, ки дар фестивалҳои дохилӣ ва байналмилалӣ намоиш дода мешавад, зоҳир мегардад. Масалан, шодам аз муваффақиятҳои театри Конибодоми ба номи Тўҳфа Фозилова, ки як қатор спектаклҳои сатҳи ҷаҳониро (ба мисли “Суди девонагон”, «Вахвахбону», «Каин», «Садои Қу») рўи саҳна овард. Ҳамкории ин театр бо таҳигари машҳури ҷаҳонӣ Овлёқулӣ Хоҷакулӣ пурмаҳсул баромад…
Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов низ бо спектакли «Шабе дур аз Ватан» (дар таҳияи Нозим Меликов) машҳури ҷаҳон гардид.
Ин ҳам як навъ эътироз алайҳи рукуди театри муосири тоҷик аст. Ҷавонон мухолифати худро ба ҳама чизи кӯҳнашуда, шахшуда, мурда… бо асарҳои навину зинда ироа мекунанд.
Ҳамин тавр, ки бошад, бедоришавии вулқон ҳанўз дар пеш аст…
Саъдулло Раҳимов,
фаҳангшинос