Вазъ дар Афғонистон рӯз то рӯз бад мешавад. Ин кишвар вақтҳои охир идоранашаванда шудааст ва барои давлатҳои минтақа хатари рӯзафзун ба миён меорад. Дар хусуси ин ва дигар масъалаҳое, ки кишварҳои ҳамсояи минтақаро ба ташвиш овардаанд, бо рӯзноманигор, нозири сиёсӣ Бахтиёр Ҳамдамов суҳбат доштем.
– Бахтиёр Ортиқович, он ки “Толибон” мухолифони худро комилан несту нобуд сохта, дар Афғонистон ҳокимиятро ба дасти худ гирифтаанд ва режими худро барпо кардаанд, як далели воқеист. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол умедвор аст, ки Толибон то ҳол метавонанд маҷбур шаванд, ки ҳукумати фарогир эҷод кунанд. Ба назари шумо, оё Толибон қодиранд аз баъзе принсипҳои худ даст кашанд, то ҳукуматашон эътироф шавад?
– Дар ҳоле ки қудратҳои бузург тайи чанд моҳи охир бо Аморати Исломӣ барои ташкили ҳукумати фарогир музокира доранд, бо фармони Вазорати амри маъруф ва наҳйи мункар беш аз 16 000 толиб ба тамоми масҷидҳои Афғонистон фиристода шуданд, то ки таълимоти девбандиро таблиғ кунад. Он нисбат ба исломи анъанавӣ, ки аксари афғонҳо пайрави он буданд, ифротитар аст. Толибон ректорони тамоми донишгоҳҳои Афғонистон, олимону мудиронро бо тарафдорони худ иваз карданд, ки на танҳо дараҷаи илмӣ ва маълумоти олӣ надоранд, балки ҳатто мактаби миёнаро хатм накардаанд. Онҳо як ҳадаф доранд: Афѓонистонро ба “Толибистон” табдил диҳанд ва бо дастури хољагони худ замина омода созанд, то ин кишвар комилан ифротӣ шавад. Бисёр афғонҳо инро дарк мекунанд ва ба хотири ояндаи фарзандон ва кишварашон аз ҳар фурсату имкон барои муқобилият ба ин истифода мекунанд.

Чанд рӯз пеш аз яке аз ҷӯйборҳои маркази шаҳр ҷисми беҷони ректори Донишгоҳи хусусии Ғазнӣ, дастнишондаи “Толибон” Меҳроҷиддин Мувакко пайдо шуд. Ӯро афроди ношинос рабуда буданд ва ду моҳ аз ӯ хабаре набуд. Ба эҳтимоли зиёд, ин як эътирози мардуми одии афғон алайҳи толибисозии соҳаи маориф буд.
Ва ин ки музокира дар мавриди таъсиси ҳукумати фарогир дар дохили Аморати Исломӣ идома дорад, чизе беш аз бозӣ нест. Кишварҳои манфиатдоре, ки тарҳи Толибонро таҳия кардаанд, намехоҳанд, ки сулҳ дар Афғонистон ҳукмфармо бошад ва кишвари як замон дар аҳди Амонуллохон, Нурмуҳаммади Таракӣ ва дигарон обод шуҳрати пешинаи худро дубора ба даст орад. Онҳо ба эҳтимоли зиёд иҷоза нахоҳанд дод, ки дар Афғонистон як давлати муътадил амал кунад. Ин кишвар бояд як макони тамрини террористон боқӣ монад, зеро мавқеи ҷуғрофиёиаш имкон медиҳад, ки қудратҳои минтақавии “саркаш” Русия, Чин ва Эронро ҳамеша зери фишор нигоҳ дорад. Барои амалӣ кардани ин ҳадаф онҳо “Толибон”-ро сари қудрат оварданд.
Вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ чашм аз мазоҳ шудани яке аз принсипҳои бунёдии ҷомеаи муосир – демократия аз ҷониби “Толибон” чашм пӯшида, аз онҳо содалавҳона талаб мекунад, ки ҳадди ақал ҳукумати фарогир бунёд кунанд, барои ояндаи ҷаҳон даҳшатнок менамояд…
– Фикр мекунед, ки “Толибон” тавони ташкили ҳукумати фарогирро надоранд?
– Адибу сиёсатшиноси афѓон Воҳид Мужда дар китоби худ “Афғонистон ва панҷ соли султаи Толибон” (آفغانستان و پنج سال سلطه طالبان/ وحید مژدهريا/ تهران/1372 ) мисоли ҷолиберо меорад, ки ба консервативизми толибон ва он, ки тағйир додани онҳо аз имкон берун аст, ишора дорад: «Боре Мавлавӣ Мутаваккил бо мухолифони режими толибон мувофиқа карда буд, ки онҳо низ ба ҳайати ҳукумати “Толибон” дохил шаванд. Аз рӯйи ин масъала ҳанӯз қарори ниҳоӣ қабул нашуда буд ва масъала дар марҳилаи баррасӣ қарор дошт. Аммо вақте ин маълумот ба расонаҳо роҳ ёфт, аввалин шуда фармондеҳони саҳроии Толибон эътироз карданд ва ба қабули Мулло Умар рафтанд. Онҳо гуфтанд, ки мухолифони Аморати Исломӣ ёғӣ (саркашида аз дину имон) ҳастанд ва аз ин рӯ, ҷанг алайҳи онҳо тибқи қонуни шариат муқаддас аст. Ин ки мо онҳоро ба ҳукумати амир даъват карда истодаем, ин маънои онро дорад, ки онҳо ёғӣ набудаанд. Пас чӣ гуна ҷангеро, ки мо бар зидди онҳо мебурдем, аз нигоҳи шариат сафед кардан мумкин мешавад? Оё пас аз ин муҷоҳидини моро, ки онҳо куштаанд, шаҳид номидан мумкин аст? Мулло Умар дар муқобили далелҳои онҳо чизе гуфтан надошт ва ин пешниҳод дар рӯйи коғаз монд.». (Саҳ. 99)
Толибон то ҳол тағйир наёфтаанд ва гумон аст, ки зери фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷаҳонбинии худро, ки бар пояи исломи радикалӣ аст, дигар кунанд. Онҳо аз хурдӣ дар мадрасаҳо, таҳти назорати хадамоти махфии Ғарб, Арабистони Саудӣ ва Покистон ҳамин тавр тарбия ёфтаанд. Онхо барои хамин принсипу расмҳо мубориза мебурданд.
– Оё дар Афғонистон неруҳое вуҷуд доранд, ки аз берун дастгирӣ дошта бошанд ва зидди “Толибон” эътилоф ташкил карда, вазъи Афғонистонро тағйир диҳанд?
– Дар шароити кунунӣ маълум мешавад, ки сенариянависону коргардонҳои асосии ин фоҷиа на ба кувваҳои муқобилат таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд ва на ба гурӯҳҳои дигар имкон намедиҳанд ғолиб шаванд.
Андак пеш чанд тан аз сенаторҳои амрикоӣ аз раисиҷумҳур Ҷо Байден дархост кардаанд, ки хурӯҷи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии афғонро ба кишварҳои хориҷӣ тезонад. Бисьёр давлатҳои Ғарб изҳор менамоянд, ки тайёранд онҳоро қабул кунанд. Аз нигоҳи аввал ин иқдом инсондӯстона ба назар мерасад, аммо агар ба ин масъала амиқтар фурӯ равем, ҳар касе, ки ба геополитикаи минтақавӣ таваҷҷуҳ дорад, дарк хоҳад кард, ки кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд гурӯҳи каму беш муқовиматкунандаи аҳолиро аз кишвар берун бароранд ва ба ин роҳ табъи эътирозро дар Афғонистон аз байн баранд. То имрӯз беш аз як миллион афғон, ки аз сари қудрат расидани “Толибон” норозӣ буданд, ин кишварро тарк кардаанд. Агар ин тамоюл бо ҳамин суръат идома ёбад, эътирозҳо дар Афғонистон ба зудӣ аз байн хоҳанд рафт. Ва боқимондаи аксар, яъне мардуми бесавод, барои “Толибон” мушкили қобили таваҷҷуҳе нахоҳад сохт.
– Оё ба ваъдаҳои толибон, ки ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон таҳдид намекунанд, бовар доред?
– Толибон ба ҳама мегӯянд ва кафолат медиҳанд, ки на худи “Толибон” ва на ҳеҷ як аз гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунанд. Онҳо гӯё ба ин мақсадҳо истифода бурдани территорияи аморатро иҷозат намедиҳанд. Аммо ҳамзамон маълум шуд, ки чанде пеш Абдуллоҳ, писари Усома бин Лодан ба Афғонистон омада, бо “Толибон” мулоқот ва дар бораи нақшаҳои муштараки минбаъда суҳбат кардааст. Ва интиқоли неруҳои яккачини Толибон, аз қабили “Лашкари мансурӣ”, ки бо навтарин силоҳҳо муҷаҳҳазанд, ба вилоятҳои шимолии Афғонистон, наздиктар ба марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ваъдаҳои онҳоро зери шубҳа мегузорад…
-Ҳоло роҳбари “Толибон” кист? Баъзеҳо мегӯянд, ки намояндагони қабилаи дуронӣ, ки таърихан дар Афғонистон ҳукмронӣ мекарданд, ҳамаро идора мекунанд, дигарон мегӯянд, ки гилзайҳо қудратро ба даст гирифтанд?
– Ба андешаи ман, на яке ва на дигаре… Афғонистонро ҳокими мурда ё аслан вуҷуднадошта идора мекунад. Толибон аз нишасту конфронсҳои амиралмуъмининашон Ҳайбатулло Охундзода дар Кобул ва дигар вилоятҳои Афғонистон гузориш медиҳанд. Аммо дар баробари ин ба ҷаҳониён беш аз як акс ё далели видеоӣ пешниҳод намекунанд. “Амиралмуъминин” то ҳол дар ягон конфронси байналмилалӣ ва ё гуфтушуниде оид ба Афғонистон ширкат накардааст, ҳеҷ як ҳайати воломақоми давлатҳои хориҷиро қабул накардааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро “Толибон” ба ҷойи Охундзодаи фавтида раҳбари нав интихоб намекунанд? Ба гумон аст, ки хадамоти иктишофии Ғарб ва Покистон ба онҳо имкони ин корро диҳанд. Онҳо аллакай як бор кӯшиш кардаанд, ки нақшаҳои худро дар Афғонистон тавассути раҳбарони зиндае чун Усома бин Лодан ва Мулло Умар амалӣ кунанд. Аммо ин дастнишондаҳо оқибат қувва гирифта ва таъми ҳукмрониро чашида, аз фармони хоҷагони худ саркашӣ карданд. “Хизматгор”-и касе будан барои онҳо пас аз ин қобили қабул набуд…
Вале аз номи як нафаре, ки дар асл вуҷуд надорад, ҳукмронӣ кардан ва амалӣ намудани нақшаҳои глобалии худ, ки ба нархи ҳазорон ҷони инсонӣ ба даст меоянд, барояшон хеле осон ва бехавфтар аст.
– Оё дар Афғонистон муқовимати воқеӣ ба “Толибон” вуҷуд дорад? Оё чунин гурӯҳҳо роҳбарии умумӣ ва ҳамоҳангӣ доранд?
– Муқовимат алайҳи Толибонро метавон ба чанд гурӯҳ ҷудо кард:
Якум, раҳпаймоиҳои осоиштаи эътирозӣ дар худи Афғонистон, ки сабаби онҳо қабул надоштани назари Толибон, нақзи ҳуқуқи башар не, балки норозигии иҷтимоӣ аст. Асоси ин эътирозҳоро занони фаъол ташкил медиҳанд, чун дарк кардаанд, ки баъди ба қудрат расидани Толибон тамоми ҳуқуқҳои худ, аз ҷумла ҳуқуқи таҳсил, кор ва ғайраро аз даст додаанд. Бо вуҷуди он ки ҷангиёни Толибон онҳоро таҳқиру латукӯб мекунанд, ин гуна тазоҳурот дар шаҳру вилоятҳои калони Афғонистон қатъ намешавад ва ба нуфузу обрӯйи Толибон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ зарба мезанад. Аммо интизор набояд буд, ки ин эътирозҳо ба инқилоб табдил меёбанд. Толибон азм доранд, ки ҳама гуна мухолифатро аз оғоз решакан кунанд.

Гурӯҳи дигари эътирозӣ афғонҳои муқими хориҷи кишвар мебошанд. Онҳо чанд замон пас дар назди биноҳои созмонҳои байналмилалӣ ё ҳукуматҳои ғарбӣ гирдиҳамоӣ, пикетҳо, флешмобҳо, гуруснанишиниҳо ташкил мекунанд. Ҳадафи аслии ин гурӯҳ ҷилавгирӣ аз эътирофи расмии Аморати Исломии Афғонистон аз ҷониби давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва қудрати Толибон мебошад, ки бо зӯроварӣ ва террор ба сари қудрат омадаанд.
Ва қувваи сеюм дастаҳои мусаллаҳ, ки ҳамлаҳои партизанӣ анҷом медиҳанд ва собиқ низомиёне ҳастанд, ки ба амали пинҳонӣ гузаштаанд.
Ягона нерӯе, ки алайҳи “Толибон” муқовимати низомии муташаккилона нишон дод, ҷангиёни нерӯҳои муқовимат дар вилояти Панҷшер таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи номвар Аҳмадшоҳи Масъуд буданд. Аммо, мутаассифона, дар дигар вилоятҳо ӯ натавонист ба зудӣ муқовимати мусаллаҳонаро бар муқобили толибон ташкил кунад, зеро ин вилоятҳо комилан таҳти назорати толибон ё муттаҳидони онҳо, аз қабили ДИИШ ё Ансоруллоҳ буданд. Мутаассифона, нерӯҳои муқовимат муддати дароз ба ҳуҷуми толибон, ки бо аслиҳаи навтарини партофтаи ИМА хеле хуб мусаллаҳ буданд ва боз ба онҳо дахолати бевоситаи артиши мунтазами Покистон, аз чумла авиатсияаш ёрӣ расонд, муқобилият кунанд. Сарбозони Аҳмад Масъуд маҷбур шуданд, ки ба дараҳо ақибнишинӣ кунанд ва аз он ҷо ҷанги партизанӣ баранд.

Ин тактика имкон медиҳад, ки ба нерӯи зиндаи толибон як қадар зарар расонда шавад, аммо, мутаассифона, вазъиятро ба нафъи муқовимат комилан тағйир дода наметавонад. Ҳоло қӯшунҳои муқобилат асосан дар кӯҳсори музофотҳои Панҷшер, Бағлон ва Кописо амалиёти партизанӣ анҷом медиҳанд. Дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ мардум тадриҷан ба худ омада, алайҳи Толибон қиём мекунанд.
Гоҳ-гоҳ фармондеҳони қаблан маълум ё номаълум аз таъсиси воҳидҳои нави низомӣ алайҳи толибон хабар медиҳанд. Бархе аз онҳо ба Аҳмади Масъуд изҳори ҳамроҳӣ мекунанд, дигарон худро як ташкилаи алоҳида эълон менамоянд.
Чунин изҳорот аз намояндагони ҳазораҳо, паштуҳо, ӯзбекон садо дод…
Навтарини онҳо изҳороти Мумтоз, бародарзодаи яке аз раҳбарони маъруфи Афғонистон Устод Сайёф буд. Вай аз таъсиси як гурӯҳи зидди Толибон дар кӯҳистони Пағмон хабар дод ва гуфт, ки дар рӯзҳои наздик таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд амал хоҳад кард. Ҳамин гуна изҳоротро намояндаи ӯзбекҳо Қайсарӣ, ки дар Эрон мебошад, низ паҳн кард. Вай ваъда дод, ки то фарорасии баҳор ҷангиёни худро омода мекунад ва бо гарм шудани ҳаво вориди Афғонистон мешавад, то ба толибон муқовимат намояд. Аммо дар бораи он ки дастаи вай таҳти фармондеҳии кӣ амал мекунад ё як гурӯҳи нави алоҳида хоҳад шуд, чизе гуфта нашудааст.
Толибон ин иддаоҳоро ҷиддӣ қабул намекунанд ва онҳоро бо мазоҳ “ҷанговарони маҷозӣ” ё “сарбозон аз шабакаҳои иҷтимоӣ” меноманд.
Нерӯҳои муқовимат бидуни маркази ягонаи ҳамоҳангсозӣ ва кумаки берунӣ дар ин ҷанг ба гумон аст, ки муваффақ шаванд.
-Аммо кумаки фармондеҳони номии афғон, чун Дустум, Ато Муҳаммади Нур, Муҳаққикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё онҳо ба Нерӯҳои муқовимат дар муқобила бар зидди “Толибон” кӯмак мекунанд?
– Замоне дар Афғонистон ба ин роҳбарон ва фармондеҳон эҳтироми баланд доштанд. Ҳангоми ҳамлаи нахустини толибон бист сол пеш, вақте Аҳмадшоҳ Масъуд бо як гурӯҳи маҳдуд ба танҳоӣ алайҳи толибони хуб мусаллаҳ, ки дар урдугоҳҳои низомии Покистон ва Араб таълим гирифтаанд, меҷангид, ин фармондеҳон ё аз кишвар фирор карда, дар хориҷа истироҳат доштанд ва ё дар паси вай пинҳон мешуданд.
“Зуҳур”-и дуюми ин “генералҳои парадӣ” ба туфайли қудрати аслиҳаи Амрико ва гурӯҳи низомии НАТО дар Афғонистон буд. Онҳо гӯё ҳукуматро ба дасти худ гирифтанд, дар ҳоле дар асл онро дигарон идора мекарданд. «Қумондон-соҳиб»-они дирӯза баландтарин унвону рутбаҳоро аз худ карданд: сарвар, маршал-соҳиб, императори Балх, устод… Баъзе аз онҳо ҳатто қаламравҳои муайянеро ба васфи худ номгузорӣ карданд, мисли «Дӯстумистон», артиши худро доштанд, ки барои таъмини он ба дӯши мардуми худ боҷу андозҳои ғайриқонуниро бор мекарданд.
Ҳамлаи дуюми толибон дар тӯли ҳамагӣ якчанд рӯз собит сохт, ки на ин генералҳо ва на лашкари онҳо арзиши як пули пучакро надоранд. Онҳо саросема қаср, молу мулк ва занҳои худро партофта, боз гурехта, дар виллаҳои хориҷии худ пинҳон шуданд.
То ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва халқи худ, ки хиёнаташ кардаанд, комилан расво нашаванд, “Шӯрои Ҷабҳаи Муқовимати Афғонистон”-ро таъсис доданд (ҷолиб он аст, ки барои гумроҳ кардани ҳама бешармона номи «ҷабҳаи муқовимат»-ро, ки Аҳмад Масъуд сохтааст, бо илова намудани танҳо калимаи «шӯро» аз худ кардаанд).
Онҳо гоҳ-гоҳ ба толибон таҳдид мекунанд ва мегӯянд, ки агар ҳукумати фарогир насозанд, маҷбур мешаванд, ки алайҳи толибон муборизаи мусаллаҳона баранд. Раҳбарияти “Толибон”, албатта, хуб дарк мекунад, ки ин “ҷанговарон” на артиш доранду на нуфузе, ки ҳастии онҳоро тира кунанд. Ба эҳтимол, коргардонҳои фоҷиаи Афғонистон ба онҳо нақши «шерҳои коғазӣ»-ро додаанд, то ки гоҳ-гоҳ аз дур ғуррас зананд.
Рӯзҳои охир генералҳои баландпояи разведкаи хориҷӣ ва контрразведкаи Покистон ISI бо раҳбарони “Шӯрои Ҷабҳаи Муқовимат” Абдулрашид Дустум, Ато Муҳаммади Нур ва Муҳаққиқ бештар мулоқот мекунанд. Эҳтимол назди онҳо вазифаи нав гузошта шудааст – саҳм гузоштан ба суқуту харобшавии минбаъдаи Афғонистон …
Мусоҳибакунанда: Набӣ ЮСУПОВ