Суръати афзоиши аҳолии Тоҷикистон баландтар аз суръати ташкилшавии ҷойҳои нави корӣ аст

Моҳи майи соли 2021 гурўҳи таҳқиқотии Бонки Ҷаҳонӣ таҳлили комплексии «Сояи дарози иқтисоди ғайрирасмӣ: мушкилот ва стратегияҳо»-ро ба табъ расонд. Муаллифон қайд менамуданд, «дар кишварҳои рушдкунанда ва кишварҳое, ки бозорҳояшон дар ҳоли ташаккулёбӣ ҳастанд, дарсади меҳнаткашон ва ширкатҳое баланд аст, ки берун аз назорати давлат фаъолият мекунанд» ва ҳамзамон ақида арз мекарданд – агар ҳукуматҳо тадбирҳои зарурӣ наандешанд, мушкилоти бахши ғайрирасмӣ суръати барқароршавии баъдипандемиявии иқтисодро хеле пасттар мекунад.

Иқтисоди ғайрирасмӣ ҳамеша буд

Мисли ҳар ҷумҳурии собиқи Шўравӣ, хусусияти асосии иқтисод ва шуғлмандии ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Шўравии Тоҷикистон кори каммаҳсули дастӣ, аксаран дар соҳаи кишоварзӣ ва косибӣ, бе истифода аз технологияҳо ва техникаи пешрафта буд. Истеҳсоли маводи ғизоӣ, либоса, ашёи рўзгор ва хизматрасониҳои пулакиро ширкатдорони бозор бидуни иштироки давлат, бе пардохти андоз ва саҳмҳои нафақавӣ анҷом медоданд. Ҳиссаи аҳолии ҷумҳурӣ, ки ба иқтисоди ғайрирасмӣ ҷалб буд, солҳои 50-уми асри гузашта,  тибқи тахминҳои коршиносон, аз 60 то 70%-ро ташкил медод ва дар нимаи дуюми солҳои 80-ум аз ҳисоби ислоҳот дар бозори меҳнат муяссар гардид, ки ин рақамҳо тақрибан ду карат коҳиш дода шаванд.

Аммо пас аз пошхўрии Шўравӣ ва дар оқибати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97, вақте низоми идоракунии корхонаҳо, низоми молия ва бонкӣ қариб ба пуррагӣ шикаста буд, ҳиссаи мазкур, ки ҳеҷ қоидаҳои иқтисоди ғайрирасмӣ онро танзим намекард, аз сатҳи солҳои 50-ум гузашта, дар манотиқи деҳот ва навоҳии кўҳӣ ба 100% мерасид.

 Сарфи назар аз ҷанбаҳои манфие, ки шуғлмандии ғайрирасмиро ҳамроҳӣ мекунанд, дар солҳои душвортарини 90-ум иқтисоди ғайрирасмӣ ва мубодилаи бартерии амвол дар амал усули ягонаи рўзбарии қисми калони аҳолии Тоҷикистон гардид ва пеши роҳи таркиши иҷтимоиро гирифт. Ва танҳо дар охири солҳои 90-ум, бо мурури барқароршавии сохтори идоракунии давлатӣ ва дар рафти ислоҳоти иқтисодии саршуда хиссаи иқтисоди ғайрирасмӣ (ё тавре онро номидан расм гардид, иқтисоди соягӣ) рў ба камшавӣ ниҳод.

Имрўзи шуғлмандии ғайрирасмӣ

Ҳар тасмими комгоронаи идоравии марбут ба бозори меҳнат дар асоси рақамҳо ва таҳлилҳои вазъи макроиқтисодии мавҷуд гирифта мешавад. Умуман, оё рақамҳои ахбори оморӣ ва таҳқиқотӣ дар бораи иқтисоди ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон вуҷуд доранд ё на? Бале, чунин рақамҳо ҳастанд ва ҳамчунин таҳқиқоти расмии Созмони байналмилали меҳнат (СБМ) доир ба ин мавзўъ вуҷуд дорад.

Омўзиши бозори меҳнат дар солҳои охир, аз ҷумла таҳқиқоте, ки бо маблағҳои грантӣ анҷом дода шудаанд, ба олимони Тоҷикистон имкон доданд рақамҳои ба андозаи кофӣ дақиқро оид ба шуғлмандии ғайрирасмӣ ба даст  оранд. Дар шарҳи худ ба ин матлаб корманди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи ҶТ Акбар Субҳонов таъкид намуд, ки ҳиссаи баланди аҳолии деҳот (75%), шумораи зиёди миёнаи хонаводаҳо (ба ҳисоби миёна 6 нафар) ва махсусан афзоиши миёнасолии аҳолӣ (2,2%) ба ташаккулёбӣ ва тавсеаи бозори ғайрирасмии меҳнат таъсири бештарин мегузоранд.

-Дар 10 соли охир бо суръатҳои зиркшудаи болоравии аҳолӣ ба бозори меҳнат солона тақрибан 200 000 коргари нав ворид мешавад. Агар ба ҳалли мушкили шуғлмандии ғайрирасмии аҳолӣ машғул набошем, он таъсири манфии худро ба нишондиҳандаҳои сатҳи аҳолӣ идома хоҳад дод,- мегўяд коршинос.- Масалан, меъёрҳои истеъмоли физиологии ғизо, ки Маркази ҷумҳуриявии Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, истеъмоли 41 килограмм гўшт ва маҳсулоти гўштиро барои ҳар одам дар як сол пешбинӣ мекунанд, аммо омори расмӣ танҳо 14 килограммро нишон медиҳад. Аҳолии ҷумҳурӣ ғолибан ҷавон аст ва тавре дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 қайд гардидааст, то соли мазкур аҳолӣ боз 2 миллион афзоиш меёбад ва ба 11,5 миллион мерасад. Инро мехоҳем ё на, миқдори кори ғайрирасмӣ дар сатҳи баланд боқӣ мемонад ва барои коҳиш додани он лозим меояд механизми босамаре коркард ёбад.

Мардикори ин замон кист?

Ҳиссаи мардон дар бахши ғайрирасмии Тоҷикистон (33,2%) хеле бисёртар аз занон (21,7%) мебошад ва тўли соли гузашта он боз тақрибан 3-5% афзудааст, ки ба ин маҳдуд шудани имконияти сафар ба муҳоҷират дар шароити пандемия сабаб гардидааст. Қисми бештари мардони бахши ғайрирасмӣ дар корҳои мавсимӣ, якдафъаина, инчунин муваққатӣ фаъолият мекард, ки маъмулан мустақилона пайдо менамуданд. Зимнан, занҳои бахши ғайрирасмӣ бештар дар ҷойҳои кории доимӣ банд буданд, ки ин ба онҳо имкон медод, музди кори камтар, аммо мунтазамтар аз мардон дошта бошанд. Дар бахши ҷавонон (18-25-солаҳо) онҳое, ки шуғли ғайрирасмӣ доштанд, тахминан сеяки ҳиссаи иқтисоди ғайрирасмиро ташкил медиҳанд ва танҳо як қисми хурди ҷавонон ба ҷустуҷўи кори мустақилона қодир аст. Ҳиссаи калонтарини коргарони ғайрирасмӣ ба бахши тиҷорати оилавӣ тааллуқ дорад, ки аз зироаткорӣ, чорводорӣ, абрешимпарварӣ ва дигар навъҳои фаъолияти беиҷозатнома алоқаманд аст. Дар зимн шумораи миёнаи аъзои ин гуна оилаҳо аз 4-5 нафар зиёд нест.

Суръати афзоиши аҳолии Тоҷикистон баландтар аз суръати ташкилшавии ҷойҳои нави корӣ аст
Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода дар “мардикорбозор”-и Бохтар. Акс аз Сайраҳмон Назриев

Аҷиб аст, ки музди миёнаи соатбайъи меҳнаткашони ғайрирасмӣ зиёдтар аз онҳое аст, ки расман тибқи қонунгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд ва андоз месупоранд. Дар баробари ин маоши миёнаи моҳонаи мардикорон пасттар аст, ки аз талаботи кам ба кори онҳо дар бозор шаҳодат медиҳад.

Қисми асосии коргарони ғайрирасмӣ (то 75% ва зиёдтар) таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна дорад. Теъдоди дорандагони таҳсилоти махсус наздики 15% аст, мутахассисони дорандаи таҳсилоти олӣ аз 10% беш нестанд.

Мушкили асосии кормандони ғайрирасмӣ, ки кори доимӣ надоранд, ҷустуҷў ва интизории фармоишҳо аст, ки то нисф ва аз ин зиёди рўзро фаро гирифта метавонанд. Маъмулан, корҳои манфиатовартарро одамон метавонанд дар мардикорбозорҳо ба даст оранд, аммо аз сабаби рақобати баланд, хоса дар шароити пандемия, пайдо кардани кор хеле душвортар шудааст.

Аз торикӣ ба равшанӣ

Тайи солҳои охир онҳое, ки шуғлмандии ғайрирасмиро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекарданд, нишонаҳои тамоюли мароқоварро мушоҳида намуданд, ки ҳеҷ гоҳ то ин замон дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ қайд нашуда буд.

Дар миёнаҳои солҳои 90-ум аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ халосӣ ҷуста, чандсад ҳазор тоҷикистонӣ роҳ сўи Русия пеш гирифт. Ба таассуфи онҳо, бахши савдои бозор ва ғизои ҷамъиятӣ, ки хуб ошнояшон буд, банд буд ва дар шаҳрҳои калонтарини Русия зери назорати асосан озариҳо қарор дошт. Ба зодагони Қафқоз рақобат кардан ба тоҷикистониҳо муяссар нагашт ва барои дарёфти рўзӣ қисми бештарро лозим омад ба соҳаи сохтмони Русия таваҷҷуҳ кунанд, ки ба норасоии мутахассисони бинокорӣ мувоҷеҳ буд.

Ҳиссаи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба воя расида буданд, тахассуси бинокорӣ надоштанд, вале бо гузашти вақт аз миёни онҳо мутахассисоне рўиданд, ки аз диди дараҷаи ихтисосмандӣ аз русиягиҳо кам набуданд. Даромадҳои коргарони тоҷик, ки дар шаҳрҳо маскун мешуданд, боло мерафтанд ва даҳҳо ҳазор коргарони мавсимӣ ба ватан бо таҷрибаи хуби корҳои сохтмонӣ бармегаштанд. Аслан раванди мустаҳкамкунии мавқеъ дар соҳаи сохтмон дар таҷрибаи тоҷикон такрори вазъе буд, ки дар Олмони баъдиҷангӣ мушоҳида мегашт.

Солҳои 50-ум дар рафти амалигардонии Нақшаи Маршалл барои барқароркунии иқтисоди харобгардидаи Олмон ба шаҳрҳои кишвар маҷрои муҳоҷирони меҳнатии турк рехт. Корфармоёни ҶФГ бозори сохтмонро бо камоли майл ба меҳмонон медоданд, диаспораи туркӣ васеъ мешуд ва ба ҳоли имрўз аз 17% аҳолии Олмон гузашт. Раванди азхудкунии соҳаи сохтмон боис гардид, ки дар солҳои 70-уми асри гузашта дар кишварҳои Аврупо таъсиси ширкатҳои бинокории туркӣ оғоз ёфт ва аз лиҳози фармоишу паймонҳо айни замон туркҳо бомуваффақият бо амрикоиҳову чиниҳо рақобат карда, ҳиссаи ҷиддии бозори сохтмони Русияро ишғол намудаанд.

Айни ҳамин раванди ишғоли бахшҳои ҷудогонаи бозори сохтмони русӣ аз тарафи зодагони Тоҷикистон алъон мушоҳида мешавад. Аз таъсиси бригадаҳо ва ширкатҳои хурд оид ба тахриби хонаҳои куҳна ва садамавӣ оғоз карда, роҳбарони фирмаҳои тоҷикӣ тадриҷан ба таъсиси ширкатҳои сохтмонӣ гузаштанд. Лекин азбаски ба сохтмон дар чорчўбаи иқтисоди ғайрирасмӣ машғул шудан имкон надорад, ба ширкатҳои тоҷикӣ лозим омад аз соя берун шаванд. Ба онҳо муяссар гардид, ки дар Тоҷикистон бахши рушдкардаи тиҷорати бинокориро ба роҳ монанд, ки фаъолияти муваффақонаи расмӣ дорад.

Ҳиссаи иқтисоди соягиро чӣ тавр кам бояд кард?

Иқтисодшиноси мустақил Собир Қурбонов мегўяд, шуғлмандии ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ падидаи васеъ паҳнгашта боқӣ мемонад ва рақамҳоро аз таҳлили ниҳоии СБМ меорад. Зимни таҳлили мазкур гуфта мешавад, ки шуғлмандии ғайрирасмӣ асосан дар бахши сохтмон (76,2%), саноати коркард (41,9%), нақлиёт (51,1%), кори меҳмонхона ва ошхонаҳо (39,1%), соҳаи хизматрасонӣ (37,9%) ба назар мерасад. Ҳиссаи мардон дар ин бахш (33,2%) нисбат ба занҳо (21,7%) зиёдтар аст. Ҳамчун як иқдоми мусбат дар идора кардани бозори меҳнат коршинос «Барномаи коҳишдиҳии сатҳи шуғлмандии ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023»-ро номбар мекунад, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 августи соли 2019 тасдиқ шудааст.

Дар чорчўбаи Барномаи мазкур бо талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва ҳукумати иҷроияи маҳалҳо кўшишҳои асосӣ ба таъсис додани ҷойҳои корӣ равона мебошанд. Тайи соли гузаштаи 2020, сарфи назар аз вазъи душвори эпидемиологӣ, дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 24 ҳазор ҷои кории нав ва 33 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ таъсис ёфт. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ дар давоми 3 сол таъсис додани зиёда аз ним миллион ҷои корро, аз ҷумла соли 2020 169 ҳазор, соли 2021 171 ҳазор ва соли 2022 172 ҳазорро ба нақша гирифтааст.

Бо вуҷуди ин, қиёси рақамҳои интизоришавандаи барпо кардани ҷойҳои нави корӣ бо рақамҳои воқеии афзоиши аҳолӣ (200 ҳазор нафар дар як сол), ки онҳоро пўшондан, хўрондан, хонондан ва бо кор таъмин намудан лозим аст, нишон медиҳад, ки суръати таъсиси ҷойҳои корӣ аз суръати афзоиши аҳолӣ пасттар аст, ки ҷиддан нигаронсоз мебошад. Муддате чунин ақибмониро, мисли солҳои мураккаби 90-ум, танҳо ба шарте метавон ҷуброн кард, агар давлат ба аҳолӣ халал нарасонад, ки худаш масъалаи пайдо намудани даромадро ҳал намояд.

Анвар Зоҳидов

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.