Суғуртаи ҳатмии нақлиёт ва чанд мушкили он

Суғуртаи ҳатмии нақлиёт ва чанд мушкили он

Тамошои филми хориҷие маро ба навиштани маводи мазкур оид ба мушкилоти суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон водор кард. Дар филм ронандае аз беэҳтиётӣ ба мошини дигар бархӯрд ва ба он зиёни калон расонид.

Гунаҳкори садама ба ҷабрдида бо илтимос муроҷиат карда гуфт:

-Ман омодаам, зарари расонидаро пурра ҷуброн ва мошини туро таъмир кунам. Фақат ба ҷое даъво накун.

Ҷабрдида гуфт:

-Суғурта дорӣ?

-Бале.

-Пас таъмири мошин мушкили ману ту нест, мушкили ширкати суғуртакунанда аст.

Бо шунидани суҳбати ин ду нафар ба худ суол додам:

Дар мо ҳам ронандаҳо мошини худро суғурта мекунанд-ку? Пас чаро таъмири мошин мушкили гунаҳкори садама аст, на мушкили суғурта?  

Ҳар сол даҳҳо мошин ба дарёву садҳо мошини дигар ба садама дучор шуда, корношоям мешаванд, вале то имрӯз нашунидаем, ки ширкатҳои суғуртакунанда таъмири ин ё он нақлиётро ба дӯш гирифта бошанд ва ё зарари мошини ба садама дучоршударо, ки ба таври маҷбурӣ суғурта кардаанд ва маблағ барои суғурта гирифтаанд, ҳаматарафа ҷуброн карда бошанд. Агарчи ронандагон мошини худро суғурта мекунанд, вале вақте мошин ба садама дучор мешавад, ин маънои онро дорад, ки “каппа” – и соҳиби мошин ва ё гунаҳкори садама сӯхт, зеро таъмири мошин мушкили гунаҳкори садама хоҳад буд. Чаро ронандагон муроҷиат ба ширкатҳои суғуртавиро амали беҳуда медонанд? Чаро аксар бар ин андешаанд, ки суғуртаи ҳатмӣ ҳаст, вале пардохти ҳатмӣ вуҷуд надорад?

Қонун чӣ мегӯяд?

Барои дарёфти ҷавоб ба саволҳои гузошта, нахуст ба қонун рӯй овардем. Маълум шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт», ки соли 2020 қабул шуда, аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор гирифт, суғуртаи ҳатмии нақлиётро ба танзим дароварда, меъёри суғурта, миқдори ҳадди ниҳоии маблағи ҷуброни зарар, ҳуқуқҳои шахсони суғурташаванда ва масъулиятҳои ширкатҳои суғуртакунандаро муайян мекунад. То қабули қонуни мазкур низ суғуртаи ҳатмии автомобил дар Тоҷикистон вуҷуд дошт ва соли 1996 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт» қабул шуда буд. Соли 2020 бо қабули Қонуни нав, қарори мазкур бекор шуд.

Суғуртаи ҳатмии нақлиёт ва чанд мушкили он

Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт» тавсифи муфассали ҳодисаҳои суғурта, дар бораи тарифҳо ва маблағи ҷубронпулӣ маълумот мавҷуд набуд. Барои муайян кардани тарифҳо ва андозаи ҷубронпулӣ ҳукумат ҳар сол замимаи алоҳидаи фармон қабул мекард. Илова бар ин, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои суғурташаванда ва суғуртакунанда шарҳ дода нашуда буд. Камбудии асосии қарори мазкур он буд, ки агарчи суғуртаи ҳатмӣ вуҷуд дошт, вале пардохти ҳатмӣ вуҷуд надошт, дар ҳоле қонуни нав дар баробари ҳатмӣ будани суғурта, пардохтро низ ҳатмӣ кард.

Вале Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ширкатҳои суғуртакунандаро вазифадор мекунад, ки дар сурати ба молу мулк ва саломатии каси дигар зарар расонидан, маблағи суғуртаро пурра пардохт намояд. Тибқи қонуни мазкур, пардохти товони зарар танҳо дар сурате амалӣ мешавад, ки агар ронанда гунаҳкори садама шуда бошад. Дар садамае, ки дар он ду тараф иштирок мекунанд, ҷуброн ба зарардида дода мешавад, на ба гунаҳкори садама.

Навъҳои суғуртаи наќлиёт (бима)

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду навъи суғуртаи нақлиёти автомобилӣ вуҷуд дорад:

1.Суғуртаи ихтиёрии автомобил ёКАСКО.

 2. Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ё ОСАГО.

КАСКО (ихтисораи русӣ аз “комплексное автомобильное страхование кроме ответственности”) – ин навъи суғурта «Суғуртаи ҳамаҷонибаи нақлиёт ба истиснои масъулият» ном дорад ва онро суғуртаи ихтиёрии автомобил низ меноманд. Ин намуди суғуртаи автомобил бо хоҳиши соҳиби воситаҳои нақлиёт дода мешавад. Дар сурати рӯй додани ҳодисаи суғуртавӣ ширкати суғуртакунанда таъмири мошини муштарии худро пурра ба зиммаи худ мегирад.

Тавакалҳои суғуртавӣ дар доираи КАСКО инҳо ба ҳисоб мераванд:

садамаҳои нақлиётӣ, ба нақлиёт бархӯрдани ашёи бегона (сангҳо, шохаҳои дарахтон, пораҳои чизе ва ғ.); сӯхтор ва таркиши мошин; офатҳои табиӣ; амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм, ки ба вайрон кардани воситаи нақлиёт нигаронида шудаанд; бархӯрд бо ҳайвонот.

Суғуртаи ҳатмии нақлиёт ва чанд мушкили он
Акс: Раёсати ВКД ш.Душанбе

Навъи дуюми суғурта “Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ё ОСАГО аст. Бимаи мазкур барои ҳар як ронанда ҳатмӣ мебошад ва бидуни он рондани мошин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонун манъ аст.

Тибқи муқарароти Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт», суғуртаи OSAGO хароҷоти зарардидаро барои таъмири воситаҳои нақлиёт ва табобат, агар ӯ ҷароҳат дар вақти садама гирифта бошад, мепӯшонад. Масалан, агар ҳодисае рух диҳад ва ҳангоми муоина маълум шавад, ки ронанда гунаҳкор аст, пас суғуртаи ОСАГО барои зарардида кор мекунад, на барои оне, ки боиси садама шуд. Дар ин ҳолат ширкати суғурта маблағи таъмири мошини зарардидаро пардохт мекунад. Агар дар рафти садама одамон маҷруҳ шаванд, пас ОСАГО-и гунаҳкори садама табобати онҳоро фаро мегирад. Агар дар ин садама бимашуда маҷруҳ шуда бошад ё мошини ӯ осеб дида бошад, пас ОСАГО барои ӯ кор намекунад. Ба таври дигар, принсипи ОСАГО ин аст, ки ин суғурта танҳо онҳоеро фаро мегирад, ки аз амалҳои гунаҳкори садама зарар дидаанд. Агар экспертиза нишон диҳад, ки ронанда гунаҳкори фалокат нест, пас барои ӯ аз суғуртаи гунаҳкори фалокат маблағ ҷудо мекунанд. Набудани бимаи ҳатмӣ дар Тоҷикистон ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 1 шохиси ҳисобӣ пешбинӣ мекунад , ки 64 сомонӣ аст (тибқи муқарароти ҳисоби нишондиҳандаҳо барои соли 2022).

Ширкатҳое, ки суғуртаи ҳатмии нақлиётро монополия кардаанд

То соли 2021, яъне то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт», ширкати суғуртаи давлатии «Тоҷиксуғурта» дар соҳаи суғуртаи ҳатмии автомобилҳо монополисти ягона буд. Баъди қабули қонуни нав ду ширкати дигар – ширкати давлатии ҶДММ «Спитамен суғурта» (алъон «Спитамен Иншуренс») ва ҶСП «Суғуртаи аввали миллӣ» аз Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи ба таври ҳатмӣ суғурта кардани нақлиётро ба даст оварданд ва алъон ин ду ширкат мошинҳоро бо суғуртаи ҳатмӣ фаро мегиранд.  

Тибқи маълумоте, ки аз сомонаи info@spitameninsurance.com ба даст овардем, ҶДММС (СООО) “Спитамен Суғурта” соли 2009 таъсис ёфта, баъд аз 3 соли таъсис мавқеи пешсафиро аз рӯйи ҳаҷми фонди оинномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касб кардааст. Соли 2020 фонди ташкилоти мазкур бештар аз 90.2 млн сомониро ташкил дода, бузургтарин дар Ҷумҳурии Точикистон ба ҳисоб меравад. Ширкати мазкур соли 2020 иҷозатномаро барои суғуртаи ҳатмии нақлиёт (ОСАГО) ба даст оварда, аз 8-и апрели соли 2022  ЉДММ «Спитамен Суғурта» ба ЉДММ «Спитамен Иншуренс» табдили ном кард.

Агарчи дар амал то ба имрӯз мо оид ба он, ки ширкати мазкур зарари ба ин ё он нақлиёт расидашударо ҷуброн кардааст ё не, ҳеҷ маълумотеро дарёфт накардем, вале тибқи тарғиботе, ки аз сомонаи info@spitameninsurance.com бармеояд, ширкати мазкур вазифадор шудааст, тамоми хароҷоти таъмири мошинҳоро вобаста ба тарифи суғуртаи интихобшуда пӯшонад.

ҶСП Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини Миллӣ» соли 2016 таъсис ёфта, дуввумин ширкате мебошад, ки ҳуқуқи суғуртаи ҳатмии нақлиётро дорад. Ширкат дар асоси литсензияи № НС-07-57 фаъолияташро аз рӯйи бист намуди суғурта амалӣ намуда, ба хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тахассус дорад ва мошинро аз рӯйи намудҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ суғурта мекунад. Ширкати мазкур дар Фейсбук саҳифаи зерини худро дорад: https://www.facebook.com/sughurtaiavvalinimilli/. Дар саҳифаи мазкур роҷеъ ба пардохтҳои зиёде маълумот дода шудааст. Аз ҷумла, тибқи маълумоти саҳифаи мазкур, аз якум бо 20-уми моҳи декабр ба 12 нафар ҷубронпулӣ пардохт карда шудааст, ки маблағи умумии он 36 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст.

Бима чӣ қадар аст?

Пеш аз омода намудани мавод, мо бо ронандагони зиёде ҳамсуҳбат шудем ва оид ба суғурта ва шартҳои он пурсон шудем. Аксар ронандагон ба суоли мо оид ба нархи суғурта ва он, ки дар ҳолати рух додани садама бояд кӣ муроҷиат кунанд, посух гуфта натавонистанд. Маълум шуд, ки вақти гирифтани коғази суғурта касе ба онҳо шартҳои суғуртаро намефаҳмонад. Маблағи саҳми Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт (ОСАГО) то соли 2020 147 сомонӣ ва ҳадди ниҳоии ҷуброни хисорот ҳудуди 9 ҳазор сомонӣ буд. Аз соли 2020 суғуртаи ҳатмӣ дар асоси нишондодҳо барои ҳисоб муайян карда карда шуда, маблағи саҳм ду нишондиҳандаи ҳисобӣ, яъне 124 сомонӣ ва ҳадди ниҳоии ҷуброни суғурта 818 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё 52 352 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Тибқи қонуни нав, ОСАГО ҳам барои  ҷуброни харҷи таъмир ва барқарор кардани нақлиёти зарардида ва ҳам зарари ба саломатӣ расида, маблағ пешниҳод мекунад. Ҳар як шахсе, ки ба фалокат дучор шуда, ҷароҳат бардоштааст (ронанда, мусофирон ё пиёдагардҳо) метавонанд аз маблағи суғуртаи ҳатмӣ бархурдор шаванд. Дар сурати расонидани зарар ба саломатии ҷабрдида дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ки боиси марг шудааст, пардохти суғурта 545 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё 35425 сомонӣ мебошад.

Ҳангоми гирифтани маъюбӣ дар натиҷаи садама пардохтҳои яквақтаи суғуртавӣ ин зайл мебошанд:

– маъюбии гурӯҳи I – 380 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 24 320 сомонӣ;

– маъюбии гурӯҳи II – 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 19 200 сомонӣ

– маъюбии гурӯҳи III – 220 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 14800 сомонӣ

Саволҳои беҷавоб

Чӣ бояд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” пурра амал кунад ва ширкатҳои суғуртакунанда масъулияти худро дар назди суғурташавандагон иҷро кунанд? Чӣ бояд кард, ки ҳуқуқҳои суғуртакунандагон ҳимоя шаванд ва бимаҳои онҳо воқеан амал кунанд?

Чаро ронандагон ҳангоми рух додани садама барои рӯёнидани зарар ба ширкатҳои суғуртавӣ муроҷиат намекунанд? Бо чунин саволҳо мо ба якчанд нафар муроҷиат кардем.

Аксар ҳамсуҳбатони мо бар он андешаанд, ки суғуртаи ҳатмии нақлиёт барҳам дода шуда, танҳо суғуртаи ихтиёрӣ ҷорӣ карда шавад. Зеро яке аз шартҳои асосии суғурта он аст, ки зиёни расида бояд ҳаматарафа ҷуброн шавад, аммо ин шарт аз тарафи ширкатҳои суғуртавӣ ба таври бояду шояд иҷро намешавад ва ё бо маҳдудиятҳо ва даводавиҳои зиёд иҷро мешавад. Пешниҳодкунандагони барҳам додани суғуртаи ҳатмӣ бар он андешаанд, ки агар суғурта ихтиёрӣ бошад, ширкатҳои суғуртавӣ маҷбур мешаванд, барои ба даст овардани боварии мизоҷон хеле саъю кӯшиш кунанд ва масъулияти гирифтаи худро дар назди суғуртакунандагон иҷро намоянд.

Рӯзноманигор Аҳмадзода Комилшоҳ ба он андеша аст, ки “Бима (суғурта) қатъиян бояд озод бошад. Ҳатмӣ кардани он беэҳтиромӣ ба озодиҳои инсон ва фишору ҷабр ба зиндагии инсон аст”.

 Гурӯҳи дигар бар он андешаанд, ки бигзор суғуртаи ҳатмӣ амал кунад, вале ширкатҳои суғуртакунанда ҳатман масъулияти дар доираи қонун ба зимма гирифтаи худро ҳаматарафа иҷро намоянд. Бархе пешниҳод доранд, ки қонун нисбати ширкатҳои суғуртакунанда сахттар карда шуда, масъулияти онҳо бештар карда шавад.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” танҳо вақте самара медиҳад, ки барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо ширкатҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба ҷойи хулоса

Аз суҳбат бо ронандагону баъзе коршиносон ба хулосае омадем, ки барои татбиқи Қонуни суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд якчанд шартҳо иҷро шаванд.

1.Ширкатҳои суғуртакунанда бояд марказҳои таъмири нақлиёт таъсис диҳанд ва нақлиёти ба садама гирифторшударо бевосита дар чунин марказҳо ба таъмир фаро гиранд.

2. Ҳангоми рух додани ҳодисаҳо кормандони БДА, ки садамаи мазкурро ба қайд мегиранд, бояд ба ширкатҳои суғуртакунанда занг зананд ва нақлиётро худи масъулини ширкати суғуртакунанда аз ҷойи садама ба таъмиргоҳ интиқол диҳанд.

3. Талабот нисбат ба ширкатҳои суғуртакунанда дар қонун сахттар карда шуда, аз эшон масъулияти бештар талаб карда шавад.

4. Тартиби ягонае ҷорӣ қарда шавад, ки ба ҷуз ширкати суғуртакунанда ҳеҷ як мақомот ва ё шахсони дигар ҳуқуқи аз ҷойи ҳодиса бурдани нақлиёти ба садама дучоршударо надошта бошад. Агар чунин тартиб ҷорӣ карда шавад, ширкати суғуртакунанда муваззаф мешавад, ки таъмири нақлиёт ва ҷуброни онро пурра ба зимаи худ гирад.

Холиқи Муҳаммадназар,

Nuqta.info

Оцените статью

Суғуртаи ҳатмии нақлиёт ва чанд мушкили он Тамошои филми хориҷие маро ба навиштани маводи мазкур оид ба мушкилоти суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон водор кард. Дар филм ронандае аз беэҳтиётӣ ба мошини дигар бархӯрд ва ба он зиёни калон расонид. Гунаҳкори садама ба ҷабрдида бо илтимос муроҷиат карда гуфт: -Ман омодаам, зарари расонидаро пурра ҷуброн ва мошини туро таъмир кунам. Фақат […]
5 1 5 5
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.