ПАНҶ ХАТАРИ ЗАМОНИ МУОСИР

Тамаддуни модерн: мо ҷавониро бидуни қаҳрамонӣ,

пириро бидуни хирад ва зиндагиро бидуни азамату бузургӣ офаридем…

Нассим Николас Талеб

“Демократияи либералӣ пирӯз шуд…”

Ба назар чунин мерасад, ки оғози қарни 21 иттиҳоди Аврупо ва Атлантик аз болои “лагери сотсиалистӣ” ғалабаи мутлақро а ба даст овард. ИМА баъд аз анҷоми “ҷанги сард” ҷойгоҳи худро ба унвони ягона давлати абарқудрат ҳифз кард. Ҳатто сиёсатшиноси маъруфи амрикоӣ Фукуяма, дар китоби худ “Поёни таърих” таъйид кард, ки демократияи либералӣ пирӯз шуд ва дар тамоми ҷаҳон паҳн шудани арзишҳои либералӣ, дигар танҳо фурсат мехоҳад. Кишварҳои аврупо низ, бо асъори ягона ва арзишҳои муштарак як иттиҳоди бузурги сиёсиву иқтисодиро созмон доданд ва мисли шарики стратегиашон ИМА аз як тараф нақши “жандарми ҷаҳонӣ” ва аз тарафи дигар “ҳомии ҳуқуқи башар”-ро мебозанд.   

            Ҷаҳони муосир дар муқоиса бо гузаштаи начандон дур хеле тағйир ёфтааст.  Имрӯз дар ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо амри душвор аст сиёсатмадоронеро мисли Никсон, Рейган,  Аденаур, Де Гол ва Теччер, ки халалдоршавии низоми ҷаҳонро бо роҳи гуфтушунид пешгирӣ мекарданд, пайдо намуд.  Ҷойи онҳоро сиёсатбозоне, ба истилоҳи маъруф политиканҳо (шахсони ғаммоз, бидуни принсип, дар сиёсат худхоҳ ва дасисабоз ) ишғол намудаанд, ки тамоми ҷаҳонро ба моҷаро кашидаанд. Ин тоифа дар муносибатҳои байналмилалӣ хушунату ҷангро фарози гуфтушунид ва муносибатҳои дипломатӣ мегузоранд, ки паёмади хубе надорад.

Баъд аз Ҷанги дувуми ҷаҳон ба хотири пешгирии хунрезиҳои шадид дар кураи замин абарқудратҳо Созмони Миллали Муттаҳидро замина гузоштанд. Ба хотири фароҳам овардани фазои ором ва бидуни ҷангу хушунат дар кураи замин ва шароити мусоид барои рушди кишварҳо силсилаи санадҳои хеле муҳим ба тасвиб расиданд:  Қарордоди Потсдам (1945), Муоҳидоти сулҳи Париж (1947),  Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ (1965), Муоҳида оид ба паҳн накардани аслиҳаи ҳастаӣ (1968), Конвенсияи Вена дар мавриди ҳуқуқи муоҳидот (1969) ва мисли ин даҳҳо санадҳои дигар.  

Имрӯз аз он арзишҳои асили демократӣ, ки боди нарми озодиро дар ҷаҳон паҳн мекард асаре намондааст. Демократияи муосир бо авторитаризми худхоҳона, трайболизми бузургманишӣ,  либерализме, ки арзишҳои таърихӣ, миллӣ, динӣ ва суннатҳои санияи мардумро инкор мекунад ва ЛГБТ (Lesbian, Gay, Bisexual,Transgender- ба хотири нафратовар будани шарҳи ин рамз, аз тафсири он худорӣ мекунам), ки қонунҳои илоҳӣ ва табиатро инкор мекунад, олуда шудааст.

Як қатор давлатҳои пешқадами Ғарб бо дастгирии пуштибонҳои пурзӯр, мехоҳанд ин арзишҳоро сари кишварҳои дигар, ки ба расму оин, фарҳанг,  дин ва таърихи худ арҷ мегузоранд,  таҳмил кунанд. Кишварҳои дигари ҷаҳон, ки аз лиҳози нуфус, захираҳои табиӣ ва масоҳат бузургтаранд, ин арзишҳои сунъӣ ва ғайрисуннатиро қабул надоранд.

Баъзан сари баҳс дустони ғарбгаро иддао мекунанд, ки сифати зиндагии мардуми амрико ва ё аврупо ба дараҷҷа аз Русияву Эрону мисли ин беҳтар аст. Бале, беҳтар аст, вале агар мо дуруст таваҷҷуҳ кунем, шахсиятҳое мисли Ден Сяо Пин –Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ли Куан Ю-Сарвазири Сингапур, Моҳатҳир Муҳаммад-сарвазири Малазия, Хосе Мухика-Президенти Уругвай низ будаанд, ки кишварҳояшонро дар муддати хеле кӯтоҳ аз муфлисшавӣ наҷот дода, дар радифи кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ хеле пешрафта ва сатҳи зиндагии мардумаш хеле баланд қарор доданд. Тафовути ин кишварҳо аз мамолики ғарб дар ин аст, ки онҳо бидуни дастгирии Хазинаи байналмиллали асъор ё бонкҳои аврупоӣ ба ин сатҳ расиданд ва фарҳангу суннатҳои санияи худро ҳифз намуда, аз паҳншавии арзишҳое мисли либерализм ва ҳамҷинсгароӣ ҷилавгирӣ карданд. Онҳо собит намуданд, ки барои фароҳам овардани зиндагии арзишманд ва шоистаи мардум мисли кишварҳои ғарб аз фарҳанг, таърих, расму оини миллӣ даст кашидан шарт нест, балки баръакс имкон дорад, ки ҷаҳони сармояро дар хизмати ин арзишҳо гузорӣ. 

 Хатари аввал: радикализм ва экстремизм

Вожаи “экстремизм” ва “радикализм” аз забони лотинӣ то ба мо расида маънои “экстремизм” “ифротӣ” ва “радикализм” “реша” аст. Чунин афрод ба муҳит ва ҷомеа бо хасму нафрат мутамоиз мешаванд. Ҳамаро дар атрофаш ба “худӣ” ва “бегона” тақсим мекунад. Касе, ки назару андешаи ӯро пазируфт “худӣ” аст ва касе, ки қабқл накард “бегона”. Ин тоифа бо “бегонагон” оштинопазиранд ва маҳв кардани орҳоро фарз медонанд. Ба ягон моҷаро кашидан ва ба ҷангу куштор таҳрик додани онҳо кори мушкиле нест.  

Радикализми динию мазҳабӣ, бахусус исломӣ имрӯз ба яке аз василаҳои барҳам задани низоми суннатии кишварҳои шарқ табдил ёфтааст. Агар дақиқан таваҷҷӯҳ намоед, кишварҳои ғарб ба ба созмонҳои ҷамъиятии мамолики рӯ ба тараққӣ, ки дар бахши таблиғи демократия, озодии баён, мушкилоти гендерӣ ва мисли ин фаъолият мебаранд, гарантҳои ночиз ихтисос медиҳанд.

Чаро? Ба назар чунин мерасад, ки ҷаҳони ғарб “демократия” ро ҳаққи вижаи нажодҳои баргузидаи аврупоӣ мешуморад ва ҳаргиз бунёди ҷомеаи демократӣ дар кишварҳое, ки мардумаш аз ин доира берунанд, барои онҳо муҳим набудааст. Агар мо ба таърихи на чандон дури кишварҳое мисли Миср, Сурия, Либия Афғонистон ва даҳҳои дигар таваҷҷӯҳ намоем ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки рушди ин кишварҳои демократӣ солҳои 60-70-и асри гузашта аз қораи амрико ва аврупо тақрибан тафовуте надошт. Онҳо нав ҳалқаҳои занҷири ҷаҳолати низоми феодалии диниро гусаста, рӯ ба илму маърифат ва озодӣ оварда буданд. Вале бубинед. чи гуна ба иттиҳоми ғайридемократӣ эълон кардани ин низомҳо, ҷаҳони ғарб онҳоро аз байн бурд ва боз нерӯҳои исломи радикалиро, ки дар сатҳи тафаккури қуруни вусто қарор дошт,  дар шакли ҷоҳилтар сари қудрат овард.   

Кишварҳои ғарб барои пиёда кардани аҳдофи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегии худ дар кишварҳои дувумдараҷа ҳаргиз ба нерӯҳои нарм ва тамоюли демократӣ дошта такя намекунанд, балки ба гуруҳҳои радикалии динӣ такя мекунанд, ки хеле мутаассибанд ва ба ҷуз ҷаҳонбинии маҳдуди худ ҳеҷ назару андешаи дигарро қабул надоранд. Онҳо ҳатто ҳамқавмони худро, ки бо назари эшон мувофиқ нестанд, ба ҷурми “муртад” ва “ёғӣ” ба қатл ҳукм мекунанд. Таассуб эшонро ба ҷое кашидааст, ки ҳатто аз номи Худо ҳукм мекунанд, амалҳои ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи худро як амали хайр дар роҳи Оллоҳ меҳисобанд.

Хатари дувум, миллатгароӣ (нацизм)

Замоне, ки аз тамоюли нанговари миллатгароӣ ҳарф мезанем, дар зеҳни мо бештар бедодиҳои Ҳитлер ва олмони фашистӣ бедор мешавад. Вале нишонаҳои миллатгароӣ ҳанӯз дар замони мустаъмароти атиқа ба назар мерасид. Миллатҳое, ки худро нухба ва баргузида меҳисобиданд, миллатҳои нисбатан нодор ва аз лиҳози рушд оқибмондаро, ваҳши меҳисобиданд ва онҳоро бидуни ҳеҷ сабаб, торумор мекарданд.

Суоли матраҳ ин аст, ки идеологияи фашистии Ҳитлер зодаи андешаи ӯст ё аз манобеи дигаре обишхур дорад?

Агар сандаҳои таърихиро варақ гардонем, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз садсолаҳо қабл аз зуҳури Ҳитлер, истеъморгарони инглис дар Амрикои Шимолӣ ва Австралия ба бедодгариҳое даст мезаданд, ки аз фашизми олмонӣ ҳеҷ тафовуте надошт. Милатгароёни инглис дар ин кишварҳо на танҳо ҷиноёти ҳарбиро муртакиб мешуданд, балки ба зуҳуроти наслкушӣ низ замина гузоштанд. Ҳадаф аз ин ваҳшоният чӣ буд? Танҳо фатҳи заминҳои бузурги “тавсеанаёфта” (коркарднашуда), ки ба хотири соҳиб шудан ба он аз тамоми имконот, ҳатто комилан нобуд кардани мардуми “фурумоя”-и маҳаллӣ кор мегирифтанд.  

Боиси таассуф аст, ки имрӯз низ тамоми фитнаҳои замони муосир ба хотири соҳиб шудан ба сармоя, замин, дороиҳои табиӣ ва мисли ин сурат мегирад ва то ҳанӯз назарияи нажодпарастиву миллатгароӣ ба ҳайси яке аз аслиҳаҳои пуриқтидори кишварҳои абарқудрат дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо, истифода мешавад.

Ҳитлер танҳо идеологияи фашизмро такмил дод. Тасаввури ӯ ин буд, ки афроде, ки хуни нордӣ (Nordic race —як нажоди баргузида, бахше аз нажоди бузурги аврупоӣ (навъи инсоншиносӣ). Ин истилоҳ тавассути идеологҳои нажодпарастӣ ба вижа дар “назарияи нордик” истифода мешавад.) дар рагҳояшон ҷараён дорад, дар тафовут бо миллатҳои дигар баргузида, бунёдкор ва созандаанд. Дигар миллатҳо, ки хуни нордики онҳо камтар аст бояд ба ҳайси ғулом истифода шаванд. Фаразан Ҳитлер сари ин ақида буд, ки бояд замини лаҳистониҳо, русҳо, укроиниҳо ва белорусҳо пурра тасарруф ва генофонди миллии онҳо то андозаи муайяне торумор карда шавад, ки дигар ба ҳайси як давлат ва миллати соҳибихтиёр сар баланд карда натавонанд. Теъдоди ками ин миллатҳо, ки қобили кори ҷисмонианд, бояд дар хизмати нажодҳои олӣ қарор дода шаванд. Дар ин радиф Ҳитлер хуни яҳудиро ба шумули бадтарин ва пасттарин хунҳо нисбат медод ва ба пурра маҳв кардани ин миллат амр дод, ки ҳаракат ба унвони Ҳолокост маъруф аст. Теъдоди умумии яҳудиёни маҳвшуда дар Ҳолокост беш аз шаш миллион ва дар ин моҷаро соли 1945 дар кишварҳои аврупо аз 3 яҳудӣ ду нафараш қир карда шуд.  

Идеологияи миллатгароӣ (натсизм) низ мисли иделогияи радикализми динӣ бо дигарандешӣ оштинопазир аст. Абзори асосии ин идеология низ таассуб, ҷаҳолат, куштор ва даҳшатпароканист. Аз ин лиҳоз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, ки идеоогияи миллатгароӣ ва нажодпарастӣ дар кишварашон расман манъ шудааст, ба хотири роҳандози нақшаҳои истеъмории худ дар кишварҳои мавриди ҳадафашон аз ин ҳаракатҳои мутаассиб моҳирона истифода мебаранд.  Мисоли истифодаи гуруҳҳои радикалии динию мазҳабӣ ва алайҳи дигарандешон таҳрик додани онҳоро дар асри XXI, мо дар Афғонистон, Сурия, Ироқ, Миср, Либия шоҳид шудем. Фаразан дар Ироқу Сурия ДОИШ, дар Миср Ихвон –ал-муслимин ва  дар Афғонистон – “Толибон” як неруи омехтаи радикали-нажодпарастиро дар заминаи таълимоти исломи ифротӣ ва пуштунволӣ сари қудрат оварданд.  

Ҳамингуна барои аз нав эҳё ва таҳрик додани миллатгароӣ ва нажодпарастӣ дар кишварҳои назди Балтик, қисмати аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои Қафқоз замина гузошта шуд.

Имрӯз низ барои ноором сохтани вазъи кишварҳои аврупо, қафқорз ва Осиёи Марказӣ тарҳи иғвоангезе бо номи “Тӯрони бузург” роҳандози шудааст, ки қабилаҳои туркнажодро зери як парчам муттаҳид намуда, алайҳи дигар миллатҳо, ба хусус форсҳо таҳрик медиҳад. Харитаи “Тӯрони бузург” таҳдид ба якпорчагии қаламрави кишварҳои бузурге мисли Русия, Эрон, Чин… аст, ки фитнаи бузургенро дар асри XXI бармеангезад.

Бахтиёр Ҳамдамов, шореҳ сиёсӣ

давом дорад      

Оцените статью

ПАНҶ ХАТАРИ ЗАМОНИ МУОСИР Тамаддуни модерн: мо ҷавониро бидуни қаҳрамонӣ, пириро бидуни хирад ва зиндагиро бидуни азамату бузургӣ офаридем… Нассим Николас Талеб “Демократияи либералӣ пирӯз шуд…” Ба назар чунин мерасад, ки оғози қарни 21 иттиҳоди Аврупо ва Атлантик аз болои “лагери сотсиалистӣ” ғалабаи мутлақро а ба даст овард. ИМА баъд аз анҷоми “ҷанги сард” ҷойгоҳи худро ба унвони ягона […]
3.2 1 5 5
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.