Ё дар бораи аҳамияти пешкаши саривақтии маълумот оид ба низои Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷаҳониён
Муноқишаи 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бори навбатӣ муҳим будани пешкаши саривақтӣ ва муташаккилонаи маълумот ва изҳороти расмиро ба созмонҳои байналмилалӣ ва ВАО исбот намуд.
Дузд аз ҳама баланд фарёд мезанад, ки “дуздро доред!”
Баъд аз ҳодисаҳои хунин дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон оромии нисбӣ ҳукмфармо гашт, аммо ҷумҳурии ҳамсоя иғвоҳояшро идома медод. Бо ин ҳол, аз рӯзҳои аввали муноқиша ҷониби Қирғизистон бо мақсади ҳамчун «таҷовузгар» тасвир кардани ҳамсояи худ, аз дурӯғу сохтакориҳои рӯйирост худдорӣ накарда, маъракаи иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистонро давом дода, бо ин амал шиддати вазъро дар минтақаи марзӣ зиёд менамуд.
Президенти Қирғизистон рӯзи 17 сентябр дар паёми худ ба миллат нисбати Тоҷикистон вожаи “душман”-ро ба кор бурд. Ҳангоми суханронӣ дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) низ чанд ҳамлаи лафзӣ ба кишвари мо кард.
Мисле ки замони даргириҳои қаблӣ буд, ин бор низ расонаҳои маҳаллии Қирғизистон ва садҳо “фаъол”-и шабакаҳои иҷтимоӣ зуд ба низоъ ҳамроҳ шуда, Тоҷикистонро якҷониба дар сар задани муноқишаи мусаллаҳона дар манотиқи марзӣ гунаҳкор эълон карданд.
Тавре таҷриба нишон медиҳад, аксари расонаҳои хориҷӣ, ки моҷароҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунанд, худро бо ҷустуҷӯйи ҳақиқат заҳмат надода, танҳо хабарҳои расонаҳои маҳаллиро бознашр менамоянд. Ва инҷо ҷониби Қирғизистон бурд мекунад, зеро аз ин кишвар аз дақиқаҳои аввали ҳар муноқишаи марзӣ дарҳол иттилоот дар бораи “ҳамлаи тоҷикон ба деҳаҳои осоиштаи қирғизҳо” ба тамоми ҷаҳон бо чанд забон паҳн мешавад. Таассуфовар аст, вале ин гуна таҷрибаи дурӯғпароканӣ ба онҳо муваффақияти муайян меорад.
Шаҳноз Комилзода: «Расонаҳои байналмилалӣ! Метавонед омада, ба вазъ аз мавқеи мо нигаред»
Бо далели маҳдуд будани маълумот, рӯзноманигорони тоҷик ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми инъикоси муноқиша асосан аз ахбори пешкашкардаи сокинони манотиқи наздимарзӣ истифода намуда, амали низомиёни қирғизро, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон гардиданд, шадидан маҳкум карданд. Аммо асосан бо баҳсу мунозира бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Қирғизистон маҳдуд шуда, аз нигоҳи пешниҳоди иттилоот ба расонаҳои хориҷӣ онҳо, мутаассифона, ақиб мемонданд.
Танҳо теъдоди маҳдуди рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик кӯшиш доштаанд ин халои иттилоотиро пур кунанд, ки аз миёни онҳо Шаҳноз Комилзода лоиқи қайди алоҳида аст.
Дарҳол пас аз оғози муноқиша ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, ӯ ҷавшан ба тан, кулоҳ ба сару микрофон дар даст ба нақл кардани ҳақиқат ба ҷаҳониён, равшанӣ андохтан ба воқеаҳо шуруъ намуд ва бо ин ба мардуми ҷабҳа ва аҳолии осоишта мадад кард.
Вай аз рӯзноманигорон ва фаъолони тоҷик дархост мекард, ки маълумоти гирифтаашонро бо забонҳои хориҷӣ нашру пахш кунанд, аз СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ даъват намуд, ки маълумоти расонаҳои қирғиз, аз ҷумла изҳороти раҳбарияти ин кишвар аз минбари Ассамблеяи Генералии СММ-ро аз далелсанҷӣ – “факт-чекинг” гузаронанд. Даъвати ӯ аз ҷумла чунин гуфтаҳоро дар бар мегирифт: «Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки баҳсҳои байналмилалии худро бо ёрии воситаҳои осоишта ҳал намоем».
Шаҳноз бо истинод далелҳои раднашаванда доир ба он овардааст, ки дар тӯли солҳои 1990-2022 бо ташаббуси Қирғизистон дар марз бо ҳамсоягонаш чӣ миқдор муноқишаҳо рух додаанд.
«Дар навбати худ, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои марз вориди низоъ нашудааст ва даъвои замини давлати дигар ҳам накардааст, – менависад ӯ. – Ман аз созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки тафтишоти мустақилонаи худро анҷом диҳанд».
Вай инчунин ба расонаҳои байналмилалӣ бо хоҳиши зерин муроҷиат кард: «Муҳтарам намояндагони Reuters, BBC, Anadolu Ajansı, Interfax ва дигар расонаҳои байналмилалӣ! Ман ба касбияти шумо бовар дорам ва медонам, ки шумо муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро якҷониба инъикос нахоҳед кард. Шумо ҳамчунин метавонед омада вазъиятро аз тарафи мо бубинед. Сарҳадҳои мо барои шумо бозанд. Ман бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон суҳбат доштам ва ба назар мерасад, ки ҳеҷ хабарнигори хориҷие дар масъалаи омода кардани гузориш аз ҷониби Тоҷикистон бо онҳо тамос нагирифтааст. Ман шахсан омодаи кумакам, зеро аллакай дар ҳама минтақаҳои даргириҳо будаам».
Дер ҳам бошад…
Ҷониби Тоҷикистон, бо таъхир ҳам бошад, доир ба вазъ дар марз якчанд изҳорот паҳн кард. Рӯзи 19 сентябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои намояндагони сафоратхонаҳо, созмонҳои хориҷӣ, намояндагиҳо ва васоити ахбори оммаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда брифинг баргузор намуд.
Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни он иброз дошт, ки тайи 12 соли охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 230 ҳодисаи истифодаи силоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба суханони ӯ, ҷониби Тоҷикистон дар солҳои аввал аз ҳар гуна иқдоми ҷавобӣ худдорӣ мекард, ҳарчанд аз ҷумлаи шаҳрвандони одӣ ва низомиён талафот медид. «Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ чандин бор маъракаи халъи силоҳи сокинони наздимарзиро анҷом дод, дар ҳоле ҳамсояҳои мо сиёсати тамоман дигарро пеш гирифтаанд», – таъкид кард муовини вазир.
Тавре Содиқ Имомӣ гуфт, музокирот дар мавриди заминҳои баҳсбарангез аз замони ба даст омадани истиқлолият оғоз ёфта, сараввал нисбатан комгорона буд.
Содиқ Имомӣ дар идома арз намуд, ки ҳоло топографҳои мо кор мебаранд, аммо дар самтҳои асосӣ пешравӣ дида намешавад. Ҳамчунин илова кард, ки Тоҷикистон вазъи кунуниро дарк мекунад ва тасмим гирифтааст, ки хеле чандир ва созанда кор барад, то ба ин масъалаи хеле мушкил ниҳоят хотима бахшад ва он ҳамзистии осоиштаи минбаъдаи моро бо мардуми қирғиз ба ҳеҷ ваҷҳ тира накунад, аммо, мутаассифона, мо ба ситези ҷониби Қирғизистон дучор мешавем. Гузашта аз ин, Қирғизистон дар ҷараёни музокирот ба усулҳое, аз қабили рад кардани ҳуҷҷатҳои пештар имзошуда ва ё иҷрои танҳо як қисми ҳуҷҷатҳое, ки танҳо барои ҷониби Қирғизистон манфиатоваранд, бо комилан нодида гирифтани дархостҳои Тоҷикистон роҳ медиҳад. Содиқ Имомӣ гуфт, ҳамаи ин боиси чунин вазъият дар марз мегардад ва изҳори таассуф кард, ки дар солҳои охир ин кор хусусияти системавӣ гирифтааст.
Пас аз изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон ва даҳҳо аксу навор аз маҳалли ҳодиса созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои чандин кишвар изҳори нигаронӣ ва таассуф аз рӯйдодҳои мазкур карданд.
Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз талафоти ҷонӣ сахт андӯҳгин буда, ба қурбониён ва наздикони онҳо изҳори ҳамдардӣ мекунад. Дар ин хусус зимни изҳороте гуфта мешавад, ки дар сомонаи расмии СММ ҷой дода шудааст.
«Котиби генералӣ аз раҳбарони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад, ки барои барқарор кардани оташбаси дарозмуддат вориди музокирот шаванд, – гуфта мешавад дар санад.- Ҳар ду тараф бояд аз манфиатҳои механизми мавҷуда барои паст кардани шиддати вазъ ба пуррагӣ истифода баранд».
Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Туркия дар робита ба ҳодисаҳои охир дар марз изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои англисӣ, русӣ ва туркӣ тарҷума ва ба расонаҳои хабарии кишвари мизбон ирсол гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Дар натиҷа, 21 сентябр нашрияҳои “Gazete Berlin”, “Gazete Hollywood”, “Gazete Katar”, “Gazete Viyana”, “Rusya Gazetesi” ва “Turk News” дар саҳифаҳои худ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба амалҳои гурӯҳҳои ғаразманди Қирғизистон бо забонҳои туркӣ, русӣ, англисӣ ва зиёда аз 14 забони дигар ба табъ расонданд.
Кишварҳои БРИКС низ аз шиддат ва идома ёфтани низоъҳо дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷонибдории худро аз ҳалли низоъҳо бо роҳҳои дипломатӣ баён доштанд.
“Онҳо ҷонибдории худро аз талошҳои дастаҷамъонаи равона ба ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ тасдиқ карданд ва нақши Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун масъули аввалиндараҷаи ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ эътироф карданд”, – омадааст дар санад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Арабистони Саудӣ ҳамлаи низомиёни қирғиз ба як масҷид дар шимоли Тоҷикистонро маҳкум карда ва онро ваҳшоният ва ноодамӣ номидаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин: “Пас, таҷовузгар кист?”
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, зимни суханронии худ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 77-уми Асамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва таҷовузи низомии Қирғизистон изҳори назар кард.
Изҳороти ӯ посух ба суханронии президенти Қирғизистон дар Асамблеяи Генералии СММ буд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мутмаин сохт, ки ҳама гуна амалиёти ҷангӣ дар марзи ду кишвар қатъ шудааст, ҷонибҳо барои ҳалли мушкилот музокира доранд ва дар минтақаи наздимарзӣ бозрасии муштарак ташкил шудааст. Тавре Сироҷиддини Муҳриддин қайд кард, раҳбарияти кишвари ҳамсоя зимни суханронии худ аз ҳалокати шаҳрвандони кишвар ва хисороти молӣ гуфта, тасаввуроти дурӯғе офарид, ки гуё фоҷиа дар марз фақат ба онҳо асар доштааст. Аммо дар ин муноқиша, қайд намуд вазир, Тоҷикистон низ зарар дидааст.
“Дар натиҷаи таҷовузи низомии Қирғизистон беш аз 40 ғайринизомӣ кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Ба ғайр аз иншооти марзӣ, мактабҳо, шифохонаҳо, ибодатгоҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ, зербунёдҳову роҳҳо тахриб шуданд. Пас, таҷовузгар кист?” – суол гузошт ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, Қирғизистон аз солҳои 1950 ба ин сӯ худсарона беш аз ду ҳазор километри мураббаъро, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, тасарруф кардааст. Дар тӯли таърихи бистсолаи музокирот бо Қирғизистон даҳҳо санад имзо шудааст. Дар ҳоли ҳозир ба ду кишвар муяссар шудааст, ки тарҳи таъйини беш аз шашсад километр марзи муштаракро, ки тақрибан 61% аз дарозии умумии онро ташкил медиҳад, мувофиқа ва таҳия кунанд.
«Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи байналмилалии делимитатсияи марзҳо борҳо ба ҳамсоягони худ пешниҳод кардааст, ки натиҷаи ин кори чандинсоларо рӯйи коғаз бо имзои созишнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марз сабт кунанд. Аммо ҳамсояҳои мо ин пешниҳодро қатъиян рад мекунанд», – изҳори таассуф кард вазир. Вай гуфт: «Боиси таассуф аст, ки Қирғизистон аз созишҳои бадастомада дур меравад ва бо вонамуд кардани берун бурдани нерӯҳо ва техникаи вазнини низомӣ аз назди марз, онҳоро дар маҳаллаҳои аҳолнишин пинҳон мекунад. Аз ин рӯ, масъулияти ҳар даври баъдии таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон комилан ба дӯши Қирғизистон хоҳад буд. Масъалаҳои марз бо изҳороти популистӣ ва эҷоди вазъи бӯҳронӣ ҳал намешаванд. Ба мо кори ҳаррӯза, мулоҳизакорона, муштарак дар асоси иродаи сиёсии ҷонибҳо лозим аст. Мо омодаем, ки гуфтушунидро идома диҳем ва итминон дорем, ки халқҳои тоҷику қирғиз ҳақ доранд дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳамроҳ зиндагӣ ва бунёд кунанд. Тоҷикистон, ки даҳшатҳои даргириҳои дохилиро паси сар кардааст, қадри сулҳро медонад ва тамоми талошҳоро барои таъмини амнияту субот дар минтақаи мо равона хоҳад кард».
ҶТ ва ҶҚ посгоҳҳои марзиеро, ки бештари вақт низоъ онҷо рух медод, мебанданд
25 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳи “Қизил Бел” гуфтушунид оид ба вазъи марзӣ баргузор шуд. Дар натиҷа, санади навбатӣ – дар бораи қатъи муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид, хабар медиҳад хабаргузории “Азия-Плюс”. Ин санадро раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар – Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев имзо карданд. “Онҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ гашта, дар марзи ду кишвар сулҳ ва якдигарфаҳмӣ барқарор мешавад”, – омадааст дар иттилоияи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
“Имрӯз мо санадеро имзо кардем, ки онро демилитаризатсионӣ номидан мумкин аст. Тадбирҳо дида шуданд, дар ҳуҷҷатҳо инъикос ёфтанд, акнун онҳоро фақат риоя кардан лозим аст. Мо низ музокирот анҷом додем ва ба мувофиқа расидем, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар ба ҳеҷ ваҷҳ набояд низоъҳо рух диҳанд”, – гуфт Саймуъмин Ятимов пас аз имзои протокол ба рӯзноманигорон.
Вай ҳамчунин аз расонаҳо, блогерҳо ва сиёсатмадорон даъват кард, ки “дар инъикоси рӯйдодҳои марзӣ ҳангоми истифодаи вожаву истилоҳот эҳтиёткор бошанд.”
«Агар мо санадҳои имзошударо қатъан риоя кунем, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сулҳ фаро мерасад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки бо ҳуҷҷатҳои ба имзорасида ошно шавед, онҳо махфӣ нестанд, ҳангоми шарҳу эзоҳ додан ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такя кунед», – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Ташиев гуфт, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳар тараф 3 посгоҳ ва 1 дидбонгоҳи марзӣ баста шаванд, хабар медиҳад АКИpress. Ба гуфтаи ӯ, тибқи протокол, бо манзури ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар оянда тасмим гирифта шудааст, ки посгоҳҳои сарҳадие, ки “пайваста боиси низоъ” мешаванд, аз истифода бароварда шаванд.
«Аввалан, инҳо дидбонгоҳи “Бедак” аз ҷониби Тоҷикистон ва “Тамдиқ” аз ҷониби Қирғизистон мебошанд. Дар он ҷо на низомиён ва на шаҳрвандони одӣ хоҳанд буд. Сониян, посгоҳҳои «Булак-Бошӣ» аз ҷониби Қирғизистон ва «Кех» аз ҷониби Тоҷикистон. Инчунин, аз ҷониби Тоҷикистон «Қарақчиқум» ва «Шаршара», аз ҷониби Қирғизистон «Катта-Туз» ва «Дача». Ба ин тариқ, аз ҷониби Қирғизистону Тоҷикистон 4-посгоҳӣ бартараф хоҳад шуд, ки ин имкон фароҳам меорад, манобеи низоъҳои қаблӣ аз байн бурда шаванд”, – гуфт Ташиев.
Ба гуфтаи ӯ, банди дувуми протокол ба суръатбахшӣ ба кори комиссияҳои ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марзҳо дахл дорад.
Оё сулҳи деринтизор ниҳоят дар сарҳади ду давлат фаро мерасад? Хеле мехостем ба ин умед дошта бошем, зеро инкишофи минбаъдаи робитаҳои неки ҳамсоягӣ, иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин вобаста хоҳад буд.
Асад Беҳрӯз