Тоҷикистон дар арафаи авфи васеъмиқёси сармояҳо ва моликияти эъломиянашуда, аз ҷумла, даромадҳои ғайриқонунӣ истодааст. Аммо на ҳама дороиҳоро қонунӣ кардан мумкин мешавад. Маълумоти муфассалро дар ин хусус аз матлаби Nukta.tj дарёфт намоед.
Авф бо умеди сармоягузориҳо
Ибтикори қонунигардонии дороиҳои эъломиянашуда (пул ва амвол)-ро Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар рафти муроҷиати худ ба парлумон моҳи январи соли ҷорӣ гузошт. Ў қайд намуда буд, ки авф бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳои шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Дертар, дар оғози феврал, президент фармонеро ба имзо расонид, ки дар асоси он гурўҳи байнисоҳавии ҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун ташкил гардид. Гурўҳ дар давоми чор моҳ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон»-ро коркард намуд, ки дар охири моҳи гузашта аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар қабул гардид.
Барои он ки санади мазкур эътибори қонунӣ пайдо кунад, бояд онро аъзои палатаи болоии парлумон тасдиқ намоянд ва президент имзо кунад, баъдан он дар нашрияи расмии ҳукумат – рўзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расад.
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҳоким Ҳолиқзода дар рафти баррасии лоиҳаи қонун дар палатаи поёнии парлумон қайд намуд, ки лоиҳа бо назардошти таҷрибаи қонунигардонии воситаҳои молиявии солҳои 2003 ва 2010, инчунин қонунигардонии амволи соли 2007 таҳия гардид.
Таҳиягарони лоиҳа, бино ба суханони ў, ҳамчунин аз таҷрибаи комгоронаи кишварҳои дигар оид ба қонунигардонии дороиҳо истифода карданд.
Холиқзода таъкид намуд, ки Қонун ба бунёди шароити мусоид барои ҷалби инвеститсияҳои шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофияти дороиҳо, коҳиш додани сатҳи «иқтисоди соягӣ» дар кишвар равона гардидааст.
Қонун чӣ мегўяд?
Лоихаи қонун, ки вакилон қабул намуданд, аз пешгуфтор ва 13 модда иборат буда, қонунигардонии дороиҳои шаҳрвандонро, ки қаблан эъломия нашуда буданд, аз ҷумла, даромадҳои бо роҳҳои ғайриқонунӣ бадастомадаро пешбинӣ мекунад. Инҳо маблағҳо (аз ҷумла, пулҳои воқеъ дар хориҷа) ва амволи муайяне мебошанд, ки дар эъломияҳои расмӣ зикр намешаванд ва аз гардиши қонунии иқтисодӣ берун бароварда шудаанд.
Қонунигардонӣ ба таври автоматикӣ моликони чунин дороиҳоро аз ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноӣ озод мекунад. Аммо танҳо ҷинояту қонуншиканиҳои молиявӣ, ки ба гирифтан ва азхудкардани амвол ва пули қонунигардонишуда вобастаанд, авф мешаванд.

Дар маҷмуъ, мавриди қонунигардонӣ дороӣ ва маблағҳои шаҳрвандони кишвар дар шакли асъори миллӣ ва хориҷӣ, нақд ва ғайринақд, ки дар бахши «соягӣ»-и иқтисод дар берун ё дохили кишвар мечархиданд, қарор мегиранд. Дар моддаи 9-уми қонун гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки маблағу моликиятҳои ғайриқонуниашонро қонунӣ мекунанд, аз таъқиби ҷиноӣ ва маъмурӣ озод карда мешаванд.
Авф тибқи Кодекси ҷиноӣ
Мавриди қонунигардонӣ маблағу амволе қарор мегиранд, ки дар беш аз бист (ҳамагӣ 21) моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ оварда шудаанд. Моддаҳои мазкур ин навъ ҷиноятҳои молиявӣ-иқтисодиро фаро мегиранд:
– соҳибкории ғайриқонунӣ;
– истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда;
– қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд;
– фаъолияти бонкии ғайриқонунӣ;
– амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ;
– муфлисии бадқасдона;
– муфлисии сохта;
– кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат;
– бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ, ё тендер, ё музоядаҳо (ауксион);
-бастани аҳди ғайриқонунӣ бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид;
– вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани фулузот ва сангҳои қиматбаҳо;
– муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ;
– аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ;
– қочоқ;
– саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ;
– саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ;
– саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо;
– фиреби истеъмолкунандагон;
– сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо;
– иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ;
– сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ

Авфи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
Дороиҳои эъломиянашударо қонунан аз рўйи 40 моддаи Кодекси ҶТ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ авф кардан мумкин аст.
Аз ҷумла, ҳуқуқвайронкуниҳои зерин мавриди авф қарор мегиранд:
– риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба қаъри замин;
– риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои дорои таҷҳизоти технологию саноатӣ;
– риоя накардани қоидаҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;
– пешкаши маълумоти бардурўғ оид ба иншооти меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
– риоя накардани нақшаи асосии тасдиқшуда, лоиҳаи банақшагирии ҷузъӣ, сохтмони иловагӣ, ансамблҳои меъморӣ, маҷмааҳо, биноҳо ва иншоот;
– риоя накардани қоидаҳои давра ба давра қабул намудани объектҳои сохташуда;
– риоя накардани қоидаҳои мувофиқа кардани асноди меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
– амалӣ намудани сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, маъмурию маишӣ, саноатию истеҳсолӣ бе тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот ё хулосаи дахлдори техникӣ;
– худсарона сохтани объектҳои таъйиноти мухталиф, аз ҷумла бунёди хонаи истиқоматии шахсӣ;
-риоя накардани қоидаҳои қабулу баистифодадиҳии объектҳо, сохтмонҳои баитмомрасида, таҷдид, дигар кардани хусусияти бино ва таъмири асосӣ;
-аз тарафи фармоишгар ба истифода додани объекти сохтмони нав, таҷдид ва куллан таъмиргардида, ки комиссияи қабули давлатӣ онро қабул накардааст;
– бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва литсензия амалӣ кардани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва литсензияро талаб мекунанд;
-риоя накардани талаботи литсензионӣ ё шартҳои амалисозии навъи муайяни фаъолият;
-риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
– пешниҳод накардани маълумот дар бораи тавозуни (баланси) пардохт;
– ба қайд нагузоштани суратҳисобҳо ва амонатҳои берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашаванда;
– муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ;
– аз мавқеи ҳукмфармо ё монополии худ дар бозор суиистифода намудани субъектҳои хоҷагидор, инчунин гурўҳи шахсон;
– рақобати бевиҷдонона;
– пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ;
– иҷро накардани қарор (амрнома)-и мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ;
– риоя накардани нарху тарифҳои муқаррарнамудаи мақомоти танзимкунандаи фаъолияти монополияҳои табиӣ ва ба он пешниҳод накардани дархостнома;
– монеъ шудан ба гузарондани назорати гумрукӣ ва саркашӣ аз додани пардохтҳои гумрукӣ;
– ҳамлу нақли ғайриқонунии молҳо ё воситаҳои нақлиёт ба воситаи марзи гумрукии ҶТ;
– пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт;
– риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияи гумрукӣ;
– ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод накардани ҳисобот ва риоя накардани тартиби пешбурди қайҳо;
– риоя накардани талаботи низоми гумрукии содирот;
– берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаровардан ё ба ин қаламрав барнагардондани мол ё воситаи нақлиёт;
– хариди молу воситаҳои нақлиёте, ки ба қаламрави гумрукии ҶТ бо риоя накардани қоидаҳои гумрукӣ ворид карда шудаанд;
– саркашӣ аз пардохти андозҳо;
– риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботҳои андоз;
– риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
– кам нишон додани маблағи андоз;
– вайрон кардани қоидаҳои марбут ба пардохти андоз ба арзиши иловагӣ ва аксиз;
– таъмин накардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;
– соҳибкории ғайриқонунӣ;
– татбиқ, истеҳсол, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, ки сертификатсияи ҳатмӣ надоранд;
– анҷом додани савдо (хизматрасонӣ) пас аз қатъи фаъолият;
– фурўши ғайриқонунии молҳо ва ашёи дигар.
Дороиҳоро дар куҷо ва чӣ тавр ба расмият медароранд?
Моликияти ғайриқонунии шаҳрвандонро (ба ғайр аз амволи ғайриманқул) бо роҳи пешниҳоди ихтиёрии эъломия ба комиссияҳои қонунигардонӣ дар ҷойи иқомат ба расмият даровардан мумкин мешавад.
Ташкил додани чунин комиссияҳо дар назди мақомоти маҳаллии ҳукумати давлатӣ дар хамаи шаҳру навоҳии кишвар дар нақша аст.
Барои қонунигардонии амволи ғайриманқули хусусӣ, ки худсарона, бо вайрон кардани меъёрҳои қонун сохта шудааст ва ҳуҷҷатҳои лозима надорад, бо ариза ба комиссияҳои ташкилшаванда муроҷиат намудан ва гирифтани шаходатномаи қонунигардонӣ талаб мегардад.
Маблағҳои пулиро тариқи муроҷиат ба бонкҳои ҷумҳурӣ ва гирифтани шаҳодатномаи дахлдор ба расмият даровардан мумкин мешавад.
Маблағҳои ҳам дар берун ва ҳам дар хориҷи кишвар воқеъро ба ҳар асъор, дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ қонунӣ гардондан мумкин аст.
Ба шаҳрвандоне, ки қарор додаанд, пул ва моликияти худро қонунӣ гардонанд, имтиёзҳои андозӣ муҳайё мешаванд, онҳо аз таъқиби ҷиноӣ ё маъмурӣ озод мегарданд, инчунин кафолати давлатӣ мегиранд.
Муҳлати қонунигардонии дороиҳои шаҳрвандон 12 моҳ аз рўзи эътибор пайдо кардани Қонун муқаррар шудааст.
Ҳукумат аз авф чиро чашмдор аст?
Аз татбиқи қонун таҳиягарон чунин натиҷаҳоро чашмдоранд:
-ворид шудани инвеститсияҳои иловагӣ ба низоми молиявӣ-бонкӣ ва дар оқибат афзудани сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ;
– таъсиси ширкатҳои нав, болоравии ҳаҷми сармоягузориҳои ширкатҳои мавҷуда ва таъсиси ҷойҳои кори нав;
-воридшавии маблағҳои иловагӣ аз андоз ба буҷа аз ҳисоби қонунигардонии дороиҳое, ки айни замон дар иқтисоди «соягӣ» мебошанд;
– васеъ шудани нашр ва гардиши коғазҳои қиматнок;
– вусъат ёфтани сохтмони амволи ғайриманқул.
Таҷрибаи солҳои пешин
Тоҷикистон дар қонунигардонии дороиҳои шаҳрвандон собиқаи муайян дорад. Ин гуна маъракаҳо дар кишвар се карат: дар солҳои 2003, 2008-2009 ва 2010 баргузор шудаанд. Вале қонунигардонии ҳамзамони пулу амвол дар кишвар бори нахуст рўй медиҳад.
Иқдоми нахустин аз 1 апрел то 1 июни соли 2003 барои «ҷалби воситаҳои иловагии молиявӣ ба иқтисод» татбиқ шуда буд. Он замон танҳо воситаҳои пулӣ авф шуданд.
Дар натиҷа, мувофиқи маълумоти расмӣ, $190 млн ба расмият дароварда шуд, ки ба 18 ҳазор шаҳрванди кишвар тааллуқ дошт. Ҳукуматдорон он вақт эълом доштанд, ки маъракаи доиршуда имконоти бонкҳоро барои рушди иқтисоди кишвар хеле васеътар кард.
Моҳҳои июн-декабри соли 2008 иқдоми дигари шабеҳи ин татбиқ шуд, ки сирф ба қонунигардонии моликият марбут буд. Бино ба маълумоти БМТ, он замон беш аз 87 ҳазор воҳиди амвол авф шуд, ки арзиши умумии онҳо беш аз 19 млрд сомониро ташкил дод ($5 млрд мувофиқи қурби онвақта) .
Авфи охирин соли 2010 гузаронда шуд. Он дафъа танҳо маблағҳое қонунӣ гардонда мешуданд, ки ҳукуматдорон умед доштанд барои хариди саҳмияҳои ҶСШК «НБО Роғун» сафарбар намоянд. Мутаассифона, эълон нашуд, ки бо ёрии иқдоми мазкур чӣ қадар маблағ қонунӣ гардонда шуд. Эҳтимол, аз он сабаб, ки ҳаҷми маблағҳои авфшуда кирои гуфтан набуд.
Дилшод Шарофов