Шиори корфармои тоҷик: “Маъқул набошад, аз кор рав!”

Аксари сокинони аз кор рондашудаи Тоҷикистон аз он шикоят мекунанд, ки онҳоро ба ин корфармоён маҷбур намудаанд.

Чаро чунин мешавад ва худро аз худсарии роҳбар чӣ тавр ҳимоя кардан мумкин аст?

Зиёд мешавад, корманде, ки ба сардораш аз маош ё шароити кор шикоят мекунад, чунин ҷавобро мешунавад: «Ҳеҷ кас шуморо дар ин ҷо наќапидааст, маъқулатон набошад, аризаатонро нависед!». Аксаран корманд ҷойи рафтан надорад ва маҷбур мешавад ба ин ҳолат тоқат кунад, ҳар нозу нузи сардорро бардошта шинад. Ҳар касе тасмим мегирад, ки муборизаро барои ҳуқуқҳои худ идома диҳад, одатан дар ҷойи кор муддати тӯлонӣ намемонад …

Баҳсҳои чинӣ

Дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ ҳудуди 40 коргари корхонаи муштараки тоҷику чинии “Покрӯд” дар шаҳри Ваҳдат ба нишони эътироз аз барканории, ба назари онҳо,  ғайриқонунии коргари маҳаллӣ Наврӯз Сафаров коршиканӣ карданд. Ҳамкорони барканоршуда гуфтаанд, ки ин ҳодиса бо айби як шаҳрванди Чин рух додааст, аммо раҳбарияти чинии корхонаи муштарак аз ҳамватани худ дифоъ карда, як коргари маҳаллиро аз кор рондааст.

Корпартой як хафта давом кард, касе аз коргарон ба кор набаромад. Рӯзи 2 сентябр сарони корхона бо коргарон вохӯрда, онҳоро мутмаин сохтанд, ки дар давоми 24 соат Наврӯз Сафаровро дар кори пештарааш барқарор мекунанд.

Иқдомҳои эътирозӣ дар корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин қаблан низ ҷой доштанд.

Масалан, моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамон корхонаи «Покрӯд» баъди эътирози коргарони маҳаллӣ ба далели нақзи ҳуқуқашон 1500 сомонӣ ҷарима баста шуд. Тавре маълум гардид, корфармоёни чинӣ, бар хилофи тавсияҳои ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ, барои кормандоне, ки бо тартиби “вахта” фаъоият доштанд, дар корхона карантини семоҳа ҷорӣ кардаанд ва дар ин муддат ба онҳо иҷоза намедоданд, ки ҳудуди корхонаро тарк кунанд. Ба онҳое, ки норозӣ буданд, ҷавоб доданд: «Агар маъқулат набошад, ба ту ҷавоб! Хоҳишмандони кор бисёранд!”

Пас аз арзу шикояти коргарон Хадамоти давлатии назорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар корхона санҷиш гузаронд. Дар натича маълум шуд, ки амали ширкат хилофи моддаи 245-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он давомнокии як баст набояд аз 15 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Масъулини Хадамоти давлатӣ ҳамчунин муайян кардаанд, ки корфармоён барои кор дар шароити карантин ва дар басти шабона музди иловагӣ намедиҳанд.

Моҳи июн ҳудуди 200 коргари маҳаллӣ дар ширкати истихроҷи тиллои Чин ТВЕА ба нишони эътироз аз сифати пасти ғизо дар ошхонаи ин ширкат коршиканӣ карданд.

Моҳи майи соли гузашта ниҳодҳои интизомии ин кишвар исёни коргарони чинии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин” дар рустои Зарнисор, воқеъ дар шимоли кишварро фурӯ нишонда буданд. Сабаби норозигӣ, мувофиқи як фарзия, таъхири маош будааст. Тибқи фарзияи дигар, муҳоҷирони чинӣ талаб кардаанд, ки онҳоро ба ватанашон баргардонанд – бинобар баста шудани сарҳадҳо ва маҳдудиятҳо бар асари эпидемияи коронавирус онҳо натавонистанд ба Чин раванд.

Қаблан коргарони ширкати чинии “Чиангду”, ки дар маркази шаҳри Душанбе бинои нави ҳукуматро месозад, низ аз шароити сангини кор ва нақзи ҳуқуқи онҳо аз сӯи корфармо шикоят карда буданд.

Ба «Дунёи ҳуқуқ» – барои ҳақиқат

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои барканории кормандон бо далели ихтилоф бо роҳбарият нав нест.

-Мутаассифона, таҳқиру дашноми коркунон аз тарафи сардорашон як чизи муқаррарӣ шудааст, — мегӯяд директори ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Гулчеҳра Холматова. – Дар баробари ин, кормандони таҳқиршаванда, аз тарси он ки дар ниҳоят аз кор маҳрум мешаванд, авлотар медонанд, ки ба мақомоти давлатӣ шикоят накунанд.

Ба гуфтаи вай, танҳо дар 9 моҳи охир ТҶ “Дунёи ҳуқуқ” дар 11 парвандаи баррасии шикояти шаҳрвандон ба мақомоти судӣ  ширкат кардааст, ки 5-тои онҳо дар мавриди ғайриқонунӣ аз кор озод кардан будааст.

– Яке аз чунин ҳодисаҳо бо сокини шаҳри Ваҳдат Ҷамшед Сатторов рух додааст, – мегӯянд ҳуқуқшиносони иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷаҳони ҳуқуқ». — Ӯ бист сол боз дар мактаби рақами 1-и шаҳр дар синфи асбобҳои зарбӣ дарси мусиқӣ медиҳад. Вақте ки Сатторов аз муомилаи дағалона нисбати ӯ ва дигар коркунон аз тарафи роҳбарияти мактаб ва Хонаи маданият, кам кардани музди кор норозигй баён кард, ӯро чап гирифтанд. Дар натиҷа муаллим барои майдаавбошӣ ба ҷавобгарӣ  кашида шуда, 15 рӯз ҳабс ва ғайриқонунӣ аз кор озод карда шуд.

Ҳамчунин, шаҳрвандони ҷумҳурӣ Суҳроб Ҳаитов (нисбати ширкати «Индиго Тоҷикистон»), Улмас Боронов («Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»), Шаҳбоз Саидов (Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов), Оимнисо Саидшоева (сирки Душанбе) ва дигарон бо аризаҳои монанд ба “Дунёи ҳуқуқ” муроҷиат кардаанд. Баъзе парвандаҳоро мусбат ҳал кардан муяссар гардид, парвандаҳои дигар ҳанӯз дар судҳои марҳилаҳои гуногун баррасӣ мешаванд.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, чунин фишори равонӣ аз ҷониби роҳбарият нисбат ба кормандон дар аксари муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои ҷумҳурӣ як амри муқаррарӣ шудааст.

Ба гуфтаи коршинос, имрӯз дар Тоҷикистон кор пайдо кардан хеле мушкил аст, қурбониёни таҳқири раҳбарият аз маҳрум шудан аз кор метарсанд, аз ин рӯ хеле кам ба додгоҳ муроҷиат мекунанд.

-Дар бештари ин навъ ҳолатҳо роҳбарон беҷазо мемонанд. Ба ҷавобгарӣ кашидани сардори бедодгар хеле душвор аст. Ҳатто баъди он, ки ба корманд барқарор намудани адолат даст медиҳад, мудир сӯистеъмол аз мақоми худро давом медиҳад, аз ҷумла, барои корманд чунон як муҳити маънавию равониро ба вуҷуд меорад, ки кор кардан тоқатфарсо мешавад,- таъкид мекунад Ҳакимов.

Шиори корфармои тоҷик: "Маъқул набошад, аз кор рав!"
Акс аз ozodi.org

Далел нест – гуноҳ нест?

Бино ба суханони Собир Муродҷонов, ҳуқуқшиноси дигари тоҷик, дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд ва корфармо ба таври возеҳ муайян шудааст, ки тибқи он роҳбарони муассисаҳо муваззафанд аз ҳуқуқи зердастонашон ҳимоят кунанд ва аз нақзи қонун алайҳи онҳо, сарфи назар аз асосу баҳонаҳое, ки пеш оварда мешаванд, ҷилавгирӣ кунанд.

Муродчонов ёдовар мешавад, ки мувофиқи моддаи 18 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд:

–ҳуқуқ дорад аз корфармо иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатиро талаб намояд;

– ҳуқуқ ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дорад ;

— ҳуқуқ ба пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнат мувофиқи шартҳои шартномаҳои меҳнатӣ ва коллективӣ;

– ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ, аз ҷумла ҳуқуқи таъсиси иттифоқи касаба ё дигар иттиҳодияҳо, инчунин узвият дар онҳо, намояндагй ва ҳифзи ҳуқуқҳои мехнатии худро дорад;

– ба ҷуброни зарар ба саломатӣ ва молу мулки ӯ вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ҳуқуқ дорад;

– ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро бо ҳар роҳе, ки хилофи қонун нест, ҳуқуқ дорад ҳимоя кунад;

-ҳуқуқ ба музди баробар барои кори баробар дорад;

–ҳуқуқ дорад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба тафтиши шароити бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор, инчунин барои иштирок дар тафтиш ва баррасии масъалаҳои марбут ба беҳтарнамоии шароити меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат муроҷиат намояд;

– аз амал (беамалӣ)-и корфармо дар мавриди муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқ дорад шикоят намояд;

– дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.

Коршинос бар ин назар аст, ки агар яке аз ин ҳуқуқҳои корманд аз ҷониби корфармо иҷро нагардад, ӯ ҳақ дорад бо аризаи расмӣ ба идораҳои болоӣ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад.

— Вале душвории дида баромадани ин гуна шикоятҳо дар он аст, ки айби роҳбарро исбот кардан осон нест. Масалан, бисёриҳо медонанд, ки обуна ба рӯзномаҳо ихтиёрист, – хотиррасон мекунад Муродҷонов. – Аммо пӯшида нест, ки дар аксари муассисаҳои давлатӣ, дар марказҳои бузурги тиҷоратӣ ин амал ба таври ҳатмӣ сурат мегирад. Ин ба шанбегиҳои доимӣ, дигар чорабиниҳои оммавӣ дар рӯзҳои истироҳат, пулҷамъкуниҳои гуногун низ дахл дорад. Ҳамкорони аризадиҳанда аз тарси рондашавӣ аз кор бар зидди мудир шоҳидӣ намекунанд. Инчунин, барои мудир  тартиб додани маълумотномаву асноди гувоҳдиҳанда аз нақзи қонуни меҳнат аз тарафи коргари «саркаш» бо дарҷи санаҳои гузашта душвор нест. Вале, албатта, бо худсарӣ муросо кардан мумкин нест. Барои дар ниҳоят аз байн бурдани ин падида талоши зиёд, иродаи устувори мақомот ва ҷомеа лозим аст.

Ин матлаб дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Дастгирии ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳуқуқи коргарон дар бахши расмӣ ва ғайрирасмӣ” бо кӯмаки Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Назари муаллифи ин матолиб бо дидгоҳ ё ақидаи Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон метавонад мувофиқ набошад.

Оцените статью

Шиори корфармои тоҷик: “Маъқул набошад, аз кор рав!” Аксари сокинони аз кор рондашудаи Тоҷикистон аз он шикоят мекунанд, ки онҳоро ба ин корфармоён маҷбур намудаанд. Чаро чунин мешавад ва худро аз худсарии роҳбар чӣ тавр ҳимоя кардан мумкин аст? Зиёд мешавад, корманде, ки ба сардораш аз маош ё шароити кор шикоят мекунад, чунин ҷавобро мешунавад: «Ҳеҷ кас шуморо дар ин ҷо наќапидааст, маъқулатон […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.