Дар муқоиса бо солҳои пеш, имсол, дар замоне ки роҳҳо ба Русия баставу даромади оилаҳо кам шудааст, болоравии нархи маҳсулот сокинонро ба ташвиш овардааст. Коршиносон мегўянд, афзоиши нархҳо на танҳо дар моҳи Рамазон, балки дар остонаи дигар иду ҷашнҳо миёни соҳибкорон ба ҳукми “анъана” даромадааст. Вале соҳибкорон мегўянд, болоравии нархи маҳсулот дар ихтиёри онҳо нест. Масъулон бо ташкили ярмаркаҳо дар бозорҳо талош доранд аз болоравии босуръати нархҳо ҷилавигирӣ кунанд, аммо тавре дида мешавад, арзиши маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ҳамоно рӯ ба афзоиш аст.
Рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз шуд. Сокинон мегӯянд, дар ин моҳ, ки моҳи хайру эҳсон аст, нархҳо, баръакс, якбора боло рафтаанд. Ҳарчанд як рӯз пеш аз оғози Рамазон, Президенти кишварӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паёме аз тоҷирон хост, “молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд”.
Мақомот сабаби болоравии нархи маҳсулотро шарҳ намедиҳанд, валемавҷуди мушкилро тасдиқ мекунанд. Агентии омори кишвар дар гузориши охири худ гуфтааст, танҳо дар моҳи марти имсол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон қариб 2,4 дарсад афзудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар маҷмӯъ дар семоҳаи аввали соли 2021 сатҳи таваррум 3,3%-ро ташкил додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки семоҳаи аввали соли 2020 мизони таваррум 2,6%-ро ташкил дода буд.
Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ин давра ба миқдори 4,4% боло рафтааст. Аз маҳсулоти хӯрокворӣ давоми се моҳи имсол аз ҳама бештар нархи картошка 30,4%, сабзавот 23,4%, шакару равған ва чарбу 7,5% (ҳар кадоме), гӯшт 4,3%, мева 3,6%, шир ва маҳсулоти ширӣ 0,8% зиёд шудааст.
Муқоиса: аз ҳама бештар равғану гўшт қимат шудааст
Сокинон мегӯянд, дар пайи паҳншавии бемории COVID-19 ва баста шудани марзҳову коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон, як зарра боло рафтани арзиши маводи ғизоӣ барояшон мушкил пеш меорад.
Носир Абдуллоев, сокини шаҳри Душанбе мегўяд, рўз аз рўз вазъи нарху наво дар бозорҳои кишвар бадтар шуда истодааст.

– Омадам, барои хона маҳсулот харам, нархи маҳсулотро дида, ҳуш аз сарам парид. Як кило гўшт 65 сомонӣ шудааст. Равған аз гўшт ҳам қимматтар аст. Як равғани «Олейна»-и 5-литра, ки то чанд моҳ пеш 65-70 сомонӣ мехаридам, ҳоло 130 сомонӣ шудааст. Бо ҳамин нарх ҳам камчин аст. Ҳарчанд, ки мавсими памидору бодиринг фаро расидааст, вале то ба ҳол нархи помидор 20 сомонӣ аст-шиква намуд Н. Абдуллоев.
Тавре мушоҳида шуд, нархи бештари маҳсулоти хўрокворӣ дар муқоиса бо моҳи апрели соли 2020, имсол ба таври чашмрас гарон шудааст. Махсусан, нархи гўшт ва равғани растанӣ. Масалан, агар моҳи апрели соли 2020 нархи гўшт 50-55 сомонӣ буд, он имсол, ба 65-70 сомонӣ расидааст. Ҳамин тариқ, нархи равғани растанӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 ду баробар гарон шудааст. Агар аҳолӣ соле пеш як литр равғанро 12 сомонӣ мегирифтанд, имсол онро 24-26 сомонӣ мегиранд. Сабаби болоравии нархи равғанро ба воридоти он дар хориҷа рабт медиҳанд. Ҳарчанд худи Тоҷикистон онро истеҳсол мекунад, вале он талаботи аҳолиро пурра қонеъ намекунад.
Фурўшандагони гўшт ҳам мегўянд, болоравии нархи гўшт ба онҳо вобаста нест.
Қурбон Амиралиев, яке аз фурўшандагони гўшт дар бозори «Саховат» гуфт, нархи чорво дар бозор қиммат шудааст ва гароншави нархи гўшт кори дасти фурўшандаҳо нест.
– Гову гўсфанд дар бозор қиммат аст. Чорводорон мегўянд, маҳсулоте, ки ба чорво медиҳанд, қиммат шудааст. Мо гўштро аз соҳиби аслиаш 60 сомонӣ мехарем, болояш 1-2 сомонӣ, мемонему мефурўшем, – гуфт Қ. Амиралиев.
Сарфи назар аз моҳи Рамазон, ҳамасола моҳи апрел сабзавоту меваи мавсимӣ гарон мешаванд. Нархи имсолаи баъзе сабзавот дар муқоиса бо соли гузашта боло нарафтааст. Нархи картошка, ки моҳи апрели соли 2020 аз 5 то 10 сомонӣ расида буд, имсол 4,5-5 сомонӣ аст. Нархи пиёз андаке поин фуромадаст. Агар моҳи апрели соли 2020 он ба ҳисоби миёна 4 сомонӣ нарх дошт, имсол 2,5-3 сомонӣ шудааст. Вале нархи сабзӣ дар муқоиса бо моҳи апрели соли 2020, имсол гарон шудааст: соли 2020-ум 2 сомонӣ, ҳоло 3,5-4 сомонӣ.
Дар муқоиса бо соли гузашта болоравии нархи маҳсулоти полезӣ – помидору бодиринг ба назар мерасад. Имсол нархи помидор дар бозорҳо 20-25 сомонӣ расидааст. Он як сол пеш 15 сомонӣ нарх дошт. Бодиринг ҳам имсол гарон шудааст: соли 2020-ум 8-10 сомонӣ, имсол 15 сомонӣ.
Нархи тухм ва шир, ки аз оғози сол боло рафта буданд, алҳол дар сатҳи моҳи гузашта боқӣ мондаанд. Вале дар муқоиса бо як сол пеш гарон шудааст. Нархи як қуттии тухм дар Душанбе ба 35-40 сомонӣ баробар шудааст. Ҳарчанд онро як сол пеш 28-30 сомонӣ харидан мумкин буд. Шир ҳам қиммат шудааст, имрўз 1 литр ширро 5 сомонӣ мехаранд. Соле пеш онро бо 4,5 сомонӣ харидан мумкин буд.
Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло дар кишвар нархи орд ба таври назаррас қимат нашудааст. То ҳол мешавад, ки бо нархи 230-250 сомонӣ (4,8-5 сомонӣ барои 1 кило) як халта ордро харидорӣ намуд. Ин нарх ҳам моҳи марти соли гузашта, вақте воҳимаи коронавирус байни аҳоли паҳн шуда, мардум ба бозор рехтанд, баланд шуда буд.
Боз «дарди пешина»: болоравии қурби доллар
Тоҷирон сабаби болоравии нархҳоро ба поин омадани қурби сомонӣ дар баробари доллар ва бо нархи гарон қабул намудани маҳсулот аз деҳқон рабт медиҳанд. Омиле, ки ҳамасола дар авҷи болоравии нахҳо дар Тоҷикистон садо медиҳад.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод зимни суҳбат бо рўзномаи «Тоҷикистон» болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла равғани растаниро тасдиқ намуда, гуфтааст, ки «имрӯз нарх дар дигар давлатҳои воридкунанда низ баланд аст».
– Истеҳсоли равғани мо бештар аз пунбадона аст, ки нархи он низ 1 сомонӣ боло рафтааст. Қурби асъори миллӣ миёни як сол то 16 фисад боло рафт. Ин ҳама омилҳое ҳастанд, ки ба тамоми соҳаҳо таъсир мерасонанд, зеро дар хориҷа ҳама маҳсулот бо доллар харидориву дар дохил бо асъори миллӣ фурӯхта мешаванд,-гуфтааст А. Муминзод.
Раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода низ рӯзи 25-уми ноябри соли 2020 дар порлумон баъди эътирофи баланд шудани нархи маҳсулот ба сатҳи 5,6 дарсад, гуфт, ки ба болоравии нархҳо сабабҳои гуногун, «аз ҷумла, фишорҳои берунӣ дар пайи авҷ гирифтани бемории коронавирус, маҳдуд шудани ҳамлу нақл, кам гардидани баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ва ба таҳлука афтодани мардум таъсир расондааст».
Оё ташкили ярмаркаҳо масъаларо ҳал мекунад?
Масъулин мегӯянд, барои фаровон кардани маҳсулот ва поин овардани нархҳо талош доранд. Ташкили ярмаркаҳо аз чораҳои мақомот барои пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот гуфта мешавад. Инак, қариб даҳ сол мешавад, ки мақомот ба чунин иқдом даст мезананд, вале тавре мушоҳида шуд, ин чораҳо чандон ҷилави болоравии нархро нагирифтаанд.
Аз ҷумла, бо супориши шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди бозорҳои пойтахт-«Меҳргон», «Деҳқон» ва «Саховат» барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот ярмаркаҳо ташкил шудааст. Дар ярмаркаҳо асосан сабзавот, гўшт, орд, равған, шакар, макарон ва биринҷ фурўхта мешавад.
Дар ин намоишгоҳҳо, ба гуфтаи масъулин, нарх то 10-15 дар сад арзонтар аст. Вале харидорон мегўянд, сифати маҳулоти пешниҳодмешуда дар ярмаркаҳо паст аст. Сокинон мегӯянд, чунин гӯшаҳо на дар ҳама бозорҳо ва на дар ҳамаи минтақаҳо фаъол аст ва биноан ҳамаро фаро намегирад.
Дар ярмаркае, ки дар шаҳри Хуҷанд ташкил шуд, кишоварзони шаҳру ноҳияи вилоят беш аз 80 тон маҳсулоти гуногунро бо нархи аз 20 то 30 фоиз арзон аз нархи бозор ба фурўш баровардаанд.
Ҳарчанд мақомот мегӯянд, бо ташкили ярмаркаҳо намегузоранд нархҳо боло раванд, баъзе аз иқтисоддонҳо онро чораи муваққатӣ медонанд. Онҳо мегўянд, бояд нархи бозорҳо танзим ва ҳукумат онро зери назорат гирад. Ҳадди ақал маҳсулоти ниёзи аввал, ки шомили сабади истеъмолӣ аст, бояд назорат шавад.
Роҳи ҳал кадом аст?
Аммо дар умум иқтисодшиносон бар онанд, ки мақомот барои танзими нархи маҳсулот набояд аз таҷрибаи фишор ба тоҷирон истифода кунанд. Роҳе, ки дар солҳои гузашта баробари болоравии нарх аз он истифода мешуд. Дар гузашта мақомот барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нарх дар бозорҳо иддаеро боздошту ҷарима ва гуруҳеро ба инсоф даъват карда буданд.

Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров контроли нархи маҳсулотро зимни нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар тавсия намедиҳад, чунки ба андешаи ў, ҳамаи намуди назорати нарх дар бозори озод ҳолати баръакси онро пеш меорад. Вале агар дар бозор сўистифода бошад, контрол самаранок аст, мегўяд вай.
– Таҷрибаи чандинсолаи бозори Тоҷикистон ҳам нишон медиҳад, ки ҳама гуна назорати беасоси нархи мол ва мудохила намудани давлат ба нарх метавонад таъсири манфӣ расонад,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ў таъкид намуд, дар ин раванд аллакай нархи маҳсулотро муътадил нигоҳ дошта намешавад, чунки бояд барои ин пештар омодагӣ медидем. Ба хотири он ки таваррум зиёд мешавад, давлат бояд роҳҳои гуногуни ворид намудани маблағ ба иқтисодиётро ҷустуҷў намояд, то иқтисодиёт бо пул таъмин шавад.
Ба андешаи иқтисодшиноси дигари тоҷик Абдуманнон Шералиев, таътили саросарии андозӣ аз корҳое аст, ки мақомот метавонанд шиддати болоравии нархро пешгирӣ кунанд.

– Баъдан, ҳоло ки мавсими киштукор аст, мақомот бояд ба ҳар муҳоҷире, ки натавонистааст ба Русия равад, замини киштукор диҳанд ва дар коркарди он кӯмак кунанд, то тараф тавонад ҳади ақал хонаводаашро бо сабзавоту донагии зарурӣ таъмин кунад, – гуфт ў.
Собиқ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод, дар як ҳамоиш дар Душанбе танзими талабот ва “бойкот”- и маҳсулоти гароншударо аз чораҳои самарабахш хонда буд, ки ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон алайҳи болобарии сунъии нархҳо истифода намешавад.
– Як кас не, вақте дастаҷамъона мо “бойкот” мекунем, бозор танзим мешавад, – изҳор доштаааст У. Давлатзод.
Ба ҷойи хулоса
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки на танҳо дар моҳи Рамазон, балки дар остонаи дигар иду ҷашнҳо нархи маҳсулот дар бозорҳо баланд мешавад. Дар пеш иди Рамазон аст ва бо дарназардошти талаботи аҳолӣ интизор меравад, ки нархи маҳсулот боз ҳам гаронтар шавад. Аз ин рў, масъулинро мебояд, ки ба таъсиси ярмаркаҳо иктифо накарда, ҷиддан аз паи назорат ва поин намудани нарх шаванд. Ҳарчанд вақте дар Тоҷикистон нарх баланд мешавад, дигар поин намеояд (агар баъзе ҳолатҳои камчинро ба назар нагирем). Масъулин, ки барои поин кардани нарх «дасташон намерасад», ақаллан кўшиш намоянд, нархи маҳсулот баланд нашуда, дар ҳамон сатҳе, ки ҳаст, боқӣ монад.
Огоҳони ҳол мегўянд, собиқ шарҳдории пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири поин намудани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, махсусан, дар моҳи Рамазон ба баъзе бозорҳои кишвар аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағҳо ҷудо мекард. Сомонаи «Азия плюс» менависад, ки моҳи майи соли 2011 Убайдуллоев аз буҷети шаҳр барои поин намудани нархи гўшт дар Душанбе ба 20 соҳибкори пойтахт, ки ба фурўши гўшт машғул буданд, 50 ҳазор сомонии қарзи бефоиз дод. Иқдоме, ки шояд то андозае барои поин намудани нархи маҳсулот замина гузорад.
Ҳамчунин, вазъи пешомада шаҳодат медиҳад, ки бозори Тоҷикистон пойбанди молҳои воридотӣ аст ва то замоне, ки мо ба истеҳсолоти ватанӣ таваҷҷуҳ накунем ва деҳқон бо маҳсулоташ ба бозор роҳ наёбад, наметавон нархи маҳсулотро аз боло рафтан нигоҳ дошт.
Мазҳаб Ҷумъа