Пандемия, ки дар кишварҳои гуногуни олам дар авҷ аст, сабаби на танҳо қурбониҳои сершумор гардид, балки боз бо худ мушкилоти иқтисодӣ овард, ки бо оқибатҳои он боз муддати тӯлонӣ ба ҳамаи давлатҳои олам мубориза бурдан лозим меояд.
Пас, кадом тамоюлҳо дар савдои берунаи кишварҳои ИИАО, ки комёбию нокомиҳои онҳоро аксарияти кишварҳои фазои пасошӯравӣ бодиққат пайгирӣ мекунанд, мушоҳида мешуданд? Оё масъала содаву равшан аст ё хусусияту хавфҳои худро дорад?
Nuqta.tj равандҳоеро, ки дар фаъолияти тиҷоратии берунаи ИИАО ҷараён мегиранд, дар мисоли савдои берунаи кишварҳои ИИАО ва Чин таҳлил намуд.
Ба ақидаи коршиносони СММ, «соли 2020 иқтисоди ҷаҳон 4,3% поин рафт, ки зиёда аз дуюним карат бештар аз замони буҳрони молиявии соли 2009 аст». 12,7 триллион доллар, ки барои чораҳои фаврӣ оид ба ҷонноксозии иқтисоди ҷаҳон харҷ шуданд, тавонистанд Депрессияи бузурги навро пешгирӣ кунанд. Аммо барқароршавии муътадил дар ҳаҷми 4,7%, ки аз он интизор меравад, ба ақидаи таҳлилгарон, ба гумон аст бохтҳои соли гузаштаро ҷуброн намояд.
Карантинҳое, ки ҳукуматҳои бисёр кишварҳои олам ҷорӣ намуданд, коҳишёбии бошиддати ҳаҷми интиқоли борҳо, заифшавии фаъолиятҳои молиявӣ ва корӣ ба коҳиш ёфтани ҳаҷми савдои беруна боис гардиданд. Ин, дар навбати худ, мушкилоти иқтисодиро, махсусан дар кишварҳои рӯ ба рушди ҷаҳон боз амиқтар кард.
Тавре аз таҳқиқоти Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ аз 17 августи соли 2021 бармеояд (http://www.eurasiancommission.org/ru/act/integr_i_makroec/dep_stat/tradestat/analytics/Documents/2021/Analytics_E_202012_180.pdf), савдои берунаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё бо кишварҳои берун аз ИИАО барои январ-декабри соли 2020 624,6 млрд доллари ИМА гардиш дошт, аз ҷумла содироти молҳо –364,8 млрд доллар, воридот – 259,8 млрд доллар. Зимнан, дар қиёс бо соли 2019 ҳаҷми гардиши молиявии савдои беруна 15,1% ё 111,2 млрд доллар кам шуд. Профитсити савдои беруна 105 млрд долларро дар муқобили 185,8млрд доллари моҳҳои январ–декабри соли 2019 ташкил намуд.
Аз назари аввал, сабаби ин ҳол рӯйи об аст –2020-ум соли пандемия буд, ки бо афтиши назарраси суръати рушди ММД-и аксари кишварҳои ҷаҳон, коҳиш ёфтани гардиши савдои беруна дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, хеле кам гаштани ҳаҷми ҳамлу нақли борҳову мусофирон ва дигар омилҳои манфӣ дар хотирҳо мемонад.
Аммо ҳангоми баррасии муфассалтар як қатор тамоюлҳо ошкор мегарданд, ки наметавонанд нигарон насозанд. Чунончи, содирот аз кишварҳои ИИАО дар соли 2020-и пандемиявӣ 20,8% ихтисор ёфт (96 млрд доллар), дар ҳоле воридот ба кишварҳои ИИАО танҳо 5,5% (15,2 млрд доллар) кам шуд. Поинравии профитсити савдои беруна қариб 44% (105 млрд доллар муқобили 185,8 млрд доллари соли 2019) мушоҳида шуд, ки ин нишондиҳандаи аз ҳама паст сар аз соли 2014 аст.

Афтиши нишондиҳандаҳои савдои берунаи кишварҳои ИИАО дар муқоиса бо соли 2014 низ наметавонад нигарон насозад. Сарфи назар аз рушди муттасили ИИАО ва талошҳо, дар 7 соли охир ба нишондиҳандаҳои савдои берунаи соли 2014 расидан муяссар нагардид.

Ҳаҷми гардиши молҳои ИИАО бо кишварҳои берун аз ИИАО (млрд доллари ИМА)
Содироти кишварҳои ИИАО бо кишварҳои берун аз ИИАО (млрд доллари ИМА)
Воридоти кишварҳои ИИАО бо кишварҳои берун аз ИИАО (млрд доллари ИМА)
Лозим ба зикр аст, ки шарики асосии тиҷоратии кишварҳои ИИАО (мисли соли 2019) Чин буд, ки дар соли 2020 ба он 16,4% тамоми содироти кишварҳои ИИАО (14,4% – с. 2019) ва 25,5% воридот (24,4% – с.2019) рост омад. Ба ҳисоби доллари ИМА воридоти амвол аз ин кишвар ба мамолики ИИАО аз содирот дар самти баръакс 6,63 млрд зиёд буд.
Таъкид бояд намуд, ки қатъи назар аз мушкилоти вобаста ба пандемия дар иқтисоди ҷаҳон, Чин, ба фарқ аз давлатҳои дигар, тавонист содироти молҳои худро ба кишварҳои ИИАО 1% афзун кунад.
Кишварҳои ИИАО ба Чин соли 2020 чиро содирот мекарданд?
Тибқи маълумоти расмӣ, дар дувоздаҳгонаи аввали молҳои содиротӣ ҳиссаи асосӣ ба ашё рост меояд, асосан ба нафт ва конденсати газ. Ҳиссаи молҳо бо арзиши иловагии баланд – «Муҳаррикҳои турбореактивӣ ва турбочархӣ, турбинаҳои газӣ ва ғайра”, танҳо 2,77% аз ҳаҷми умумии содироти кишварҳои ИИАО дар Чин аст, ки аз хавфи табдилёбии ИИАО ба замимаи ашёии Чин ҳушдор медиҳад.

Кишварҳои ИИАО аз Чин соли 2020 чӣ ворид намуданд?
Воридоти молҳо аз Чин дар соли 2020 ба кишварҳои ИИАО 66,33 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар зимн, сеяки тамоми воридот ба 12 моли воридотии қатори аввали рост омад, ки миёни онҳо дар байни молҳои технологии баланд, аз қабили «Дастгоҳҳо ва қисмҳои онҳо», «Мошинҳои ҳисоббарорӣ барои коркарди автоматикии иттилоот», «Телевизорҳо, мониторҳо ва проекторҳо» ва ғайра, боз молҳои парадоксалие мисли «Бозичаҳо ва муаммоҳо» буданд. Инҳоро ИИАО соли 2020 ба маблағи наздик ба 1 млрд доллари ИМА ворид намудааст.

На кам аз ин ғайримунтазира буд, ки барои воридоти дувоздаҳ номгӯи мансуб ба «молҳои истеъмоли васеъ» аз Чин кишварҳои ИИАО қариб 4 млрд доллар сарф кардаанд, ки ба маблағи барои воридоти «Мошинҳои ҳисоббарорӣ барои коркарди автоматикии иттилоот» соли 2020 сарфшуда ҳамқиёс аст.

Савдои берунаи кишварҳои ИИАО бо Чин дар соли 2021
Дар сомонаи Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар дастрасии озод маълумот доир ба нишондиҳандаҳои савдои берунаи кишварҳои ИИАО дар моҳҳои январ-июни соли 2021 нашр гардидааст, аз ин рӯ хулосаҳо ва ҳам иттилооти пешкашшаванда хусусияти тахминӣ ва пешгӯиро доранд.
(http://www.eurasiancommission.org/ru/act/integr_i_makroec/dep_stat/tradestat/tables/extra/Pages/2021/06.aspx).
Содироти молҳо аз кишварҳои ИИАО ба Чин дар нимсолаи якуми соли 2021 35,77 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод, что қариб 2 млрд доллар камтар аз воридоти молҳо аз Чин ба кишварҳои ИИАО дар ҳамон давра мебошад.

Воридоти амволи чинӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба кишварҳои ИИАО 37,76 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Мисли соли 2020, 12 моли воридотии аввал ҳаҷман қариб сеяки кулли воридотро фаро гирифт. Тамоюл дар мавриди молҳое аз қабили «Бозичаҳо ва муаммоҳо», ки кишварҳои ИИАО ворид намудаанд, боқӣ монд: ин бор ба маблағи қариб ним миллиард доллар. Рушди воридоти молҳое, ки дар истеҳсоли онҳо кишварҳои ИИАО дар гурӯҳи пешсафҳо буданд, изтиробовар аст. Чунончи, дар нимсолаи аввали соли 2021 кишварҳои ИИАО аз Чин «Трансформаторҳои барқӣ»-ро ба маблағи қариб 0,4 миллиард доллар ворид намудаанд. Воридоти «Арматура барои лӯлаҳои интиқолӣ» низ наздик ба ин маблағ буд.

Лозим ба қайд аст, ки барои воридоти дувоздаҳ номгӯи молҳо аз Чин, ки ба молҳои истеъмоли васеъ тааллуқ доранд, кишварҳои ИИАО дар ним соли аввали соли 2021 аллакай 2,36 млрд доллар ё қариб 6,75% аз ҳаҷми умумии воридот хароҷот доштанд (дар давоми соли 2020 – 3,97 млрд доллари ИМА), ки боз ҳам бо воридоти «Мошинҳои ҳисоббарорӣ барои коркарди автоматикии иттилоот» дар нимсолаи якуми соли 2021 қиёсшаванда аст.

Албатта, то натиҷагирии савдои берунаи кишварҳои ИИАО дар соли 2021 ҳоло вақт ҳаст. Бо вуҷуди ин, воқеиятҳову тамоюлҳои мавҷуда дар самти воридоту содирот дар савдо бо шарики асосии ИИАО Чин ба ҳеҷ ваҷҳ боиси хушбинӣ ва тантана нестанд.
Сарфи назар аз суҳбатҳои сершумор доири бо молҳои худӣ гирифтани ҷойи воридот ва рушди кооператсияи байникишварӣ дар чорчӯбаи ИИАО, дигаргуниҳои бунёдӣ ҳанӯз ба назар намерасанд. Ва воридоти маҳсулот аз Чин, ки мувофиқи пешбиниҳо, бояд аз худи кишварҳои ИИАО ба бозори дохилӣ ворид мешуд, ҳамчунин бартарии ҷузъи ашёӣ дар содироти кишварҳои ИИАО ба Чин «зангӯлачае» аст, ки агар тадбирҳои ҳамоҳанг ва босамари стратегияи ивазкунии воридот ба роҳ монда нашаванд, бо гузашти вақт ба «бонги хатар» табдил меёбад.
Ва ин на танҳо дар мавриди кишварҳои ИИАО, балки нисбати бисёр мамолики дигар низ воқеият дорад. Ҳеҷ набошад, нисбати кишварҳои фазои пасошӯравӣ.
Ҳикмати мардумӣ ин навъ ҳолатро дар харидуфурӯш, ки бо Чин ташаккул ёфтааст, ин зайл шарҳ медиҳад: «нодаркорро мехариву даркорро мефурӯшӣ».
Дақиқтар аз ин гуфтан мешавад?..
Михаил Петрушков