Шарти ягона – ташхиси саривақтӣ
Мувофиқи маълумоти СҶТ, саратони ғадуди сина аз саратони шуш пеш гузашта, аз ҷиҳати паҳншавӣ дар ҷаҳон пешсаф шудааст. Ҳарсола теъдоди занони бемор аз 2 миллион зиёдро ташкил медиҳад, аз ин миён тақрибан 600-700 ҳазор ҳолат фарҷоми фоҷиавӣ дорад.
Вазъи марбут ба ин беморӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст ва он чӣ тавр ҳаллу фасл мешавад? Барои ба ин суол посух гирифтан Nuqta.tj ба директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, доктори илмҳои тиб, саронкологи кишвар Зафар Ҳусейнзода муроҷиат намуд.
Шумораи беморон ду карат афзуду…
– Мувофиқи омори расмӣ, дар 140 аз 184 кишвари таҳқиқшуда, аз ҷумла дар Тоҷикистон, саратони сина дар байни бемориҳои саратонии занон дар ҷойи аввал аст. Тайи панҷ соли то охири соли 2020 дар ҷаҳон тақрибан дар 8 миллион зан саратони ғадуди шир ташхис гардид. Аз ин шумора 685 ҳазор фавтиданд. Баъди ошноӣ бо ин рақамҳо, барои занҳо дар дилам тарс пайдо шудааст…
– Дили шумо танҳо аз дидани ин рақамҳо ба тарс омада бошад, фикр кунед, мо, табибон, ҳамарўза ранҷҳои занҳои ба саратон гирифторро дида, чӣ аҳвол дорем! Ҳамин аст, ки ҳуши ҳар саратоншиносро пайваста як фикр банд мекунад: чӣ тавр ранҷҳои ин занҳоро кам кунем ва чӣ хел онҳоро табобат намоем. Афсўс, зиёдшавии ҳодисаҳои саратони ғадуди шир тамоюли умумиҷаҳонист. Ин аст, ки фавтнокӣ аз сабаби ин маризӣ айни замон дар ҷойи дуюм пас аз саратони меъда мебошад. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар занон мавқеи дуюмро саратони гарданаки бачадон ишғол мекунад. Боиси таассуфи бениҳоят аст, ки ҳамин ҳолат дар кишвари мо низ мушоҳида мешавад. Нигаронкунанда мебошад, ки миқдори занони гирифтор ба саратон ҳар сол зиёд мешавад.
– Чаро? Дар ҳоле дар солҳои охир, мувофиқи маълумот, тибби ватанӣ, аз ҷумла бахши саратоншиносии он, хуб рушд мекунад?
– Воқеан, барои инкишофи саратоншиносӣ ҳам Ҳукумати ҶТ ва ҳам Вазорати тандурустӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Дастгирӣ чашмрас аст, хоса дар масъалаи хариди таҷҳизоти ташхисӣ, ҷарроҳӣ, табобатӣ ва шуоафкан. Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба бахши кадрҳо низ дида мешавад. Дар натиҷа, дар ҷумҳурӣ низоми пуриқтидори хадамоти саратонӣ ташаккул ёфта, фаъолона амал мекунад. Феълан мо дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ утоқҳои саратоншиносӣ дорем, ки аз нигоҳи дастрасии ташхиси барвақтӣ дар маҳалҳо ҳаётан муҳим мебошад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин комёбиҳо, вазъ бо бемориҳои саратонӣ дар занон, ошкоро бояд гуфт, ташвишовар аст.
Масалан, соли 2011 дар ҷумҳурӣ бори нахуст дар 227 зан саратони ғадуди шир ташхис шуд, соли гузашта ин рақам аз 500 гузашт. Яъне омор беш аз 2 карат зиёд шудааст.
– Омори фавт чӣ?
– Не, он танҳо андак афзудааст. Ҳатто дар 4 соли охир ҳам тамоюл ба коҳишёбии фавт аз бемориҳои саратонӣ дар кишвар ба назар мерасид, ки гувоҳии босамарии маҷмуи тадбирҳои табобатӣ аст.
То 90% беморон шифо меёбанд, агар…
– Имрўз ба саратоншиносони тоҷик барои ташхис ва табобати комёбонаи беморон имкониятҳо фароҳаманд. Дарвоқеъ, дар рафти гуфтугўйи чанде пешамон шумо гуфтед, ки дар Маркази саратоншиносӣ муддати посухи таҳлил барои саратон ҳамагӣ ним соатро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ҳамагӣ даҳ сол пеш барои ин ду ҳафтаи том талаб мешуд!
– Бале, муҷаҳҳазӣ бо асбобу дастгоҳҳои муосир, технологияҳои ташхис, дахолати ҷарроҳӣ, муолиҷаи шуоӣ ва химиявӣ, таргетӣ хеле имкониятҳои моро дар табобати ҳам саратони сина ва ҳам гарданаки бачадон васеъ карданд. Метавонам бо дарки комили масъулият бигўям, ки бо чунин имкониятҳо мо беморони вазнинро ҳам табобат карда истодаем ё ба онҳо ёрии паллиативӣ расонда, ранҷҳояшонро кам ва сифати ҳаёти беморонро беҳтар мекунем. Агар саратон дар марҳилаи барвақт ошкор шавад, он гоҳ, масалан, дарсади зиндамонӣ бо саратони ғадуди шир то 90% мерасад.
Мушкили асосиро ман дар чизи дигар мебинам. Моро лозим аст, ки ҳамакаса дар ҳамдастӣ, аз ҷумла бо ёрии шумо, рўзноманигорон, ВАО, муносибати ҷомеаро ба беморони мубталои саратон ва дар маҷмуъ ба кори табибӣ қатъиян тағйир диҳем. Мардуми мо то ҳанўз ба саратон ҳамчун ҳукми ниҳоӣ назар мекунад. Ин аст, ки беморон, хоса занон, назди табибон намераванд, ҳатто муоинаи ҳатмии профилактикиро сарфи назар мекунанд. Чаро? Танҳо аз он сабаб, ки аз муносибати бади наздикон, таънаву маломати ҷомеа метарсанд. Зани беморшуда дар навбати аввал дар чӣ бора фикр мекунад? “Шавҳарам чӣ мегўяд, хушдоманам чӣ мегўяд?! Мани бемор ба онҳо лозим нестам!” Мутаассифона, дар зиндагӣ чунин ҳолатҳо зиёд рух медиҳанд.
-Яъне дар лаҳзаи аз ҳама душвори ҳаёт, вақте дастгирии равонӣ ва молиявӣ зарур аст, аз онҳо шахсони наздиктарин рўй мегардонанд. Инро пешбинӣ карда, онҳо то лаҳзаи охир бемории худро пинҳон мекунанд, бехабар аз он ки бо гузашти ҳар рўз имкони шифоёбиашон кам мешавад.
– Бале. На аз худи беморӣ, балки аз дер мондан дар табобати он бояд тарсид. Ин ба саратони гарданаки бачадон ҳам дахл дорад, ки низ хеле хатарнок, ҳатто марговар аст, агар онро сари вақт муайян ва табобат накунем.
Омори фавт аз саратон дар марҳилаи азҳадгузашта зиёда аз 60% аст, ки бештар аз фавт аз БПНМ (СПИД) ва гепатити В мебошад. Зимнан, се аз чор зани беморшуда дар синни репродуктивӣ қарор доранд.
Нақши асосиро дар пайдо шудани бемории мазкур вирусҳое мебозанд, ки бо роҳи ҷинсӣ мегузаранд. Сабаби то ин дараҷа баланд будани сатҳи беморшавии занҳои то 30-сола дар ҳамин аст – ин синни авҷи ҳаёти ҷинсӣ аст.
Илман исбот шудааст, ки агар муносибатҳои ҷинсӣ то 16-солагӣ оғоз ёбанд, хавфи пайдо шудани омос 16 карат, дар 16-19-солагӣ оғоз ёбанд, 3 карат, дар 13-14-солагӣ оғоз ёбанд, 26 карат меафзояд. Илова бояд кард, ки дар заноне, ки ду ва зиёда бор ҳомилагиро қатъ кардаанд, саратони гарданаки бачадон 4,5 карат дар қиёс бо онҳое, ки таҷрибаи исқоти ҳамл надоштанд, бештар вомехўрад. Ғайр аз ин, хавфи мубталошавӣ ба бемории хавфнок дар онҳое 5 карат зиёд мешавад, ки шавҳаронашон алоқаҳои ҷинсии беруна доранд.
Саратони сина аз аппендитсит мудҳиштар нест
-Зафар Ҳабибуллоевич, метавонед бигўед, ки давомнокии ҳаёти дармонҷўёни маркази саратоншиносӣ чӣ қадар аст ва он то куҷо аз марҳилаи беморӣ вобаста мебошад?
– Имрўз дигар суоле, ки «оё саратони ғадуди сина табобатшаванда аст?» дар миён нест. Дар саратоншиносии муосир ин яке аз амрози омўхташуда мебошад, ки дар ҳама марҳилаҳо табобатшаванда аст. Дар сурати таъмин намудани муолиҷаи даркорӣ омосе, ки дар марҳилаҳои 0 ё I ташхис гардидааст, аз илтиҳоби рўдаи аппендикс ё пневмония хавфноктар нест. Аммо дар ҳолати пайдо шудани метастазҳо имкони шифоёбӣ кам мешавад, вале дар ин марҳила ҳам боқӣ мемонад. Саратони синаро дар марҳилаи IV ҳам табобат кардан мумкин аст. Дар марҳилаи I омори барҳаётмонӣ баландии ниҳоӣ дорад – зиёда аз 90% аз ҳадди барҳаётмонии 5-сола мегузаранд, дар марҳилаи III ин омор ду карат камтар аст. Агар омори умумии миёна, новобаста аз марҳиларо нигарем, қариб 60%-и онҳое, ки муолиҷаи радикалӣ дидаанд, беш аз 5 сол умр мебинанд.
– Оё раванди ташаккулёбии омосҳои бадсифат аз синни занон вобастагӣ дорад?
– Ба гирифторшавӣ ба саратони сина синни таваллуди аввал таъсир дорад: дар занҳои таваллуднокарда ё агар таваллуди аввал пас аз 30-солагӣ рўй дода бошад, хавфи беморшавӣ аз занҳое, ки то 20-солагӣ таваллуд кардаанд, 2-3 маротиба зиёд аст. Ҳосил нашудани шир хавфи инкишофи саратони синаро 1,5 карат зиёд мекунад.
– Дар кадом син хавфи пайдо шудани саратон махсусан баланд аст?
– Дар 35 % ҳолатҳо саратони ғадуди шир дар 40-49-солагӣ инкишоф меёбад.
– Метавонед бигўед, соли гузашта чанд нафар бемори саратони сина ва гарданаки бачадон шуд? Ҷарроҳишудагон чӣ қадар буданд? Динамика чӣ гуна аст?
– Агар ба омори солҳои гузашта такя намоем, дар давоми ҳар сол зиёда аз 500 бемори саратони ғадуди шир ошкор мегардид, аз онҳо наздики 300 нафар ташхиси исботшуда доштанд. Аз сабаби саратони узвҳои низоми репродуктивӣ дар марказ беш аз 600 бемор ҷарроҳӣ шуд. Ғайр аз ин, дар шуъбаи маммология табобати ҷарроҳии бемориҳои пешазомосӣ ва хушсифат анҷом дода мешавад.
Муъҷизаи ҷарроҳии пластикӣ
– Бартараф кардани нуқсони зоҳирӣ дар занон пас аз ҷарроҳии сина то куҷо бехатар ва имконпазир аст? Ин паҳлу низ барои занон муҳим мебошад.
-Имконпазир аст, албатта. Соли 2011 дар Маркази саратоншиносӣ шуъбаи маммология ва ҷарроҳии реконструктивии барқароркунанда таъсис ёфт, ки «марҳаме ба ҷароҳат»-и занони ҷарроҳишуда гашт. Дар шуъба ҳамчунин ҷарроҳиҳои барқароркунандаи пластикии реконструктивӣ мегузаронанд. Ҷорӣ намудани ин гуна ҷарроҳиҳо ба дармонҷўёни мо имкон дод ҳам осеби равонии вобаста ба маҳрумшавӣ аз узв ва ҳам нуқси зоҳириро рафъ намоянд ва ба ин тариқ худро дар оила ва ҷомеа зани комил эҳсос намоянд. Дар марказ беш аз даҳ сол боз ҳамаи навъҳои ҷарроҳии ғадуди шир гузаронда мешавад ва на танҳо ҳангоми омосҳои бадсифату хушсифати ғадуди шир, балки ҳамчунин амалиёти реконструктивӣ барои тағйир додани шаклу андоза низ. Онҳо чунон хушнатиҷаанд, ки зани ҷарроҳишударо аз зани комилан солим имкони фарқ кардан надорад.
– Паёми асосии суҳбати мо ташхиси саривақтии омосҳои саратонӣ, ҳаётан муҳим будани зарурати муроҷиати бетаъхири занҳои беморшуда ба мутахассисон мебошад. Дар робита ба ин аз шумо як суол дорам. Соли 2017 дар Маркази саратоншиносӣ, бо такя ба стратегияи миллии “Барномаи давлатии пешгирӣ, ташхис ва табобати саратон” ва тавсияҳои СҶТ, барномаи скрининги саратони сина ва гарданаки бачадон роҳандозӣ шуд. Аммо аз сабаби харҷи зиёд ба Марказ муяссар нагардид, ки барномаро дар сатҳи миллӣ татбиқ намояд ва масъала дар сатҳи Вазорати тандурустӣ бардошта шуд. Он қазия бо чӣ анҷомид, оё имкон шуд шуъбаи скринингро таъсис бидиҳед? Дар ҳоле, тавре медонем, барои ошкоркунии тағйироти тосаратонӣ скрининг метавонад нақши ҳалкунанда дошта бошад.
– Бале, шумо дар бораи ташхиси саривақтии омосҳои бадсифат дуруст қайд намудед. Ин масъала тамоми ҷомеаи саратоншиносии ҷаҳонро нигарон месозад ва барои ҳалли он тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд. Усули асосӣ барои муайянкунии бармаҳалли равандҳои омосӣ скрининги беморон мебошад, ки марҳила ба марҳила дар ҷумҳурӣ татбиқ мешавад.
Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилӣ қабули беморон аст, ки мо дар шакли “рўзи дарҳои боз” ташкил менамоем. Яъне ҳар се моҳ, дар рўзҳои муайян дар поликлиникаи назди маркази мо рўзҳои қабул ташкил мешаванд. Мувофиқи нақша, мутахассисони салоҳиятдор ба марказҳои саратоншиносии вилоятӣ рафта, онҷо қабули кушод баргузор мекунанд ва дар ҳамдастӣ бо мутахассисони маҳаллӣ ҷарроҳии муштараки беморони саратонии эҳтиёҷмандро анҷом медиҳанд.
Дар хотир доред: вақт саломатист!
– Саволи охирин. Ба кӣ, аз кадом син ва чанд вақт пас аз муоинаи профилактикӣ гузаштан лозим аст, то ки навташкилаҳои бадсифат аз таваҷҷуҳ берун намонанд? Воқеан, аз чунин муоина танҳо дар маркази шумо гузаштан мумкин аст?
– Муоинаи ҳарсолаи профилактикӣ дар ҳар синну сол барои ошкор кардани на танҳо ташкилаҳои бадсифат, балки дигар патологияҳо низ халал намерасонад. Агар аз рӯйи синну сол гирем, албатта, пас аз 40-солагӣ, ба ҷуз аз худмуоинакунӣ, ба табибони оилавии ҷойи иқомат муроҷиат кардан хуб мешавад. Дар сурати пайдо шудани гумони онкопатология беморон ба муассисаи тиббии дахлдори кишвар фиристода мешаванд.
Гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда, бори дигар таъкид мекунам, ки саратоншиносии муосири ватанӣ ба бемор имкон медиҳад, аз ин беморӣ комилан раҳо ёбад ва ҳаёти комилро идома диҳад.
Суҳбаторо: Хуршеди ҶОВИД