Самтҳо ва «парадокс»-ҳои савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017-2021 гг.)

Моҳи апрели соли 2022 года дар сомонаи АМИТ «Ховар» матлабе зери унвони «Тоҷикистон азм дорад ҳаҷми ММД-ро дар се соли наздик 25,2% зиёд кунад» нашр гардид.

Пешгӯйиҳои хушназаронаи муаллифони матлаб ба “Пешгӯйии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” ва изҳороти зикршуда оид ба он ки Хазинаи Байналмилалии Асъор суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро баландтарин дар минтақа дар замони охир номидааст, асос меёбанд. Ин аз ҳисоби афзоиши маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 29,6%, ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ – 22,6%, ба мусофиркашонӣ – 13%, ба гардиши дохилии амвол – 14%, ба хоҷагии қишлоқ – 6,3%, ба хизматрасониҳои пулакӣ – 12% ва савдои берунӣ – 33,1% даст дод.

Сомонаи таҳлилии Nuqta.tj дар асоси маълумоти омори савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз 1 январи соли 2017 то 31 декабри соли 2021, ки дар сомонаи расмии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон интишор шудааст, талош кардааст, ки векторҳо ва “парадоксҳо”-и тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро дар 5 соли охир муайян созад.

Ҷадвали содирот ва воридоти Ҷумҳурии Тоҷикистон_аз рӯйи молҳо дар солҳои 2017-2021 

Инак, хонандагони гиромӣ, Тоҷикистони мо чиро мефурӯхтаасту мехаридааст? Ба кадом кишварҳо содирот мекунад? Аз кадом кишварҳо молҳоро ворид мекунад? Дар чӣ ҳаҷму миқдор?

«Аълоҳазрат Воридот»

Чизи аввалине, ки ҳангоми таҳлили маълумот ба чашм мерасад:

Зимнан 10,4% молҳое, ки дар бораашон маълумот мавҷуд нест, аз Россия, 6,6%  аз Чин ва 4,4% аз Қазоқистон мебошанд.

Ҷадвали воридоти молҳое, ки дар бораашон маълумот мавҷуд нест. _Тоҷикистон,_2017-2021.xlsx 

Дар зимн афзоиши аз ҳама зиёдро Қазоқистон намоиш медиҳад, воридоти молҳое, ки дар бораашон маълумот мавҷуд нест, аз ин кишвар дар 5 соли охир беш аз 12 маротиба афзудааст.

Инҳо чӣ гуна молҳоянд ва чаро маълумот дар бораи онҳо, сарфи назар аз рақамҳои хеле ҷиддӣ, пешкаш намешавад, танҳо фарзу тахмин кардан метавон. Тахмин кардан, масалан, мумкин аст, ки инҳо молҳои дорои хусусияти стратегӣ ё ҳарбӣ буда метавонанд ва маълумот дар бораи онҳо сирри давлатӣ мебошад. Аммо номгӯйи кишварҳо ва арзиши умумии молҳои воридотӣ чунин тахминҳоро ботил сохта метавонад. Бо ҳамин асос фарзияи иштибоҳ дар ҳисобу китоб ё мушкилӣ дар пешниҳоди маълумоти дахлдор аз ҷониби воридкунандагон ҳам қобили қабул нест. Фақат умед бастан боқӣ мемонад, ки дар ояндаи наздик омори савдои беруна такмил дода мешавад ва дар он дигар ин навъ норавшаниҳо боқӣ намемонанд.

На кам аз ин рӯйхати 10 кишвари пешсаф ҷолиб аст, ки аз онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳо ворид карда мешаванд (аз с. 2017 то с. 2021)

Фосилаи калони байни се кишвари пешсаф ва кишварҳои боқимонда (кишварҳои истеҳсолкунандаи молҳои воридотӣ) ғайричашмдошт нест, вале, бо вуҷуд, далели хеле нигаронсоз мебошад, зеро аз сатҳи пасти диверсификатсияи воридот дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Ҷадвали_воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи кишварҳо, с.2017-2021

Лозим ба қайд аст, ки ба ин як навъ сабқати воридкунандагон дар солҳои охир Ӯзбекистон низ ҳамроҳ шудааст, ки ҳаҷми воридот аз ин кишвар ба ҶТ дар 5 соли охир қариб 5 баробар афзудааст.

Болоравии бошиддати воридот ба Ӯзбекистон имкон дод, ки аз кишварҳое мисли Туркия, Олмон, Эрон пеш гузарад ва ба Чин хеле наздик шавад.

Ва бо назардошти изҳороти сершумори мақомоти давлатӣ, роҳбарони ду кишвар – Тоҷикистону Ӯзбекистон назди онҳо вазифа гузоштаанд, ки дар солҳои наздик ҳаҷми муомилоти мол (мутаносибан, воридот низ) байни ин кишварҳоро ба 1-1,2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Ва ба эътиқоди коршиносон ва таҳлилгарон, ин вазифа барои бахши давлатӣ ва хусусӣ комилан иҷрошаванда аст, ки онро равобити якбора шиддатгирифтаи тиҷоратӣ ва алоқаю ҳамкориҳои афзояндаи байнидавлатӣ тасдиқ мекунанд.

Ба ин тариқ, шояд рӯзе дур нест, ки Ӯзбекистон мавқеи ҳам Чин ва ҳам Қазоқистонро дар воридоти молу коло «танг» мекунад ва аз эҳтимол берун нест, ки аз рӯйи ҳаҷми воридот аз Россия ҳам гузашта, пешсаф мешавад.

Як навъ «барометри воридот» даҳгонаи молҳои воридотии пешсаф (аз молҳои дар 5 соли охир ба Тоҷикистон воридшуда) мебошад, ки ҳаҷми умумии онҳо бештар аз 26%-и ҳаҷми умумии воридоти ин солҳоро ташкил медиҳад.

Ҷадвал_воридот ба Тоҷикистон, рӯйихати молҳо _ с.2017-2021

Рӯйихат ва ҳаҷми воридоти ин молҳо гувоҳии асосан аз маводи ғизоӣ ва ашёи хом иборат будани воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба ин тариқ, ҳаҷми умумии воридоти озуқаворӣ (гандум ва меслин, равғани растанӣ ва маргарин) беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад; ҳаҷми умумии воридоти ашёи хом (газҳои нафтӣ, нафт, қубурҳои пулодӣ, чӯб ва корунди сунъӣ) қариб ба 1,6 миллиард доллар мерасад.

Бояд таъкид намуд, ки маҳсулоти асосии воридотӣ гандум ва меслин буда, ҳаҷми хариди онҳо аз ҳаҷми умумии хариди мошинҳои сабукрав ва боркаш 225 миллион доллар ё беш аз 25 фоиз зиёд аст.

Дар баробари ин, ҳаҷми воридоти «даҳгона»-и молҳои аз ҳама серталаботи 6 кишвари асосии воридкунанда (Олмон, Қазоқистон, Чин, Русия, Ӯзбекистон, Ҷопон) ва дигар кишварҳои воридкунандаи ин молҳо хеле фарқ мекунад. Ин далели вобастагии баланди Тоҷикистон аз ин “шашгона”-и кишварҳои воридкунанда аст.

«Содирот» гуфта, даҳон ширин мекунем 

Таҳлили ҷараёнҳои содиротӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 5 соли охир (2017-2021) низ сюрпризҳои хеле ҷолиб ва баъзан ногуворро пешкаш мекунад.

Ҷадвал_содироти Тоҷикистон_ мувофиқи номгӯйи молҳо_2017-2021 гг.

Яке аз сюрпризҳои асосӣ ин аст, ки моли асосии содиротӣ дар давраи 5-сола (аз соли 2017 то соли 2021) на алюминий (ифтихори саноати Тоҷикистон), на нерӯи барқ ​​(аз рӯйи захираҳои эҳтимолии он ба як километри мураббаи қаламрав (3682,7 ҳазор кВт/соат дар як км2 дар як сол) Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 1-ум ва аз ҷиҳати иқтидори мутлақи истеҳсолӣ 8-умро ишғол мекунад), на пахта (дар тамоми ҷаҳон қадр мешавад) ва на ҳатто семент аст, ки алъон ба микдори беназир истеҳсол карда мешавад.

Ҳамчунин қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳаҷми 5-солаи 10 моли қатори аввали содиротии Тоҷикистон (каме камтар аз 5,4 млрд.$) 86%-и ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон хеле ташвишовар аст, ки дар ин даҳгонаи содиротӣ ҳиссаи ашёи хом (тилло, консентратҳои маъдан, нахи пахтаи ғознокарда, алюминийи аввалия) беш аз 85 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳатто як нигоҳи сатҳӣ ба сохтори содироти кишвар имкон медиҳад, ки дар мавриди асосан ашёи хом содирот кардани Тоҷикистон хулосаи ҳузнангез барорем. Ин дар навбати худ маънои онро дорад, ки Тоҷикистон миқдори хеле ками маҳсулоти содиротии дорои арзиши иловашудаи баланд истеҳсол мекунад, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ талабот доранд.

Пӯшида нест, ки ҷумҳурӣ бар хилофи кишварҳои содиркунандаи нафту газ иқтидори назаррас барои содироти ашёи хом надорад. Аз ин рӯ, бидуни ислоҳоти куллӣ ва зиёд кардани истеҳсоли молҳои дорои арзиши иловашудаи баланд, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазиранд, имкони якбора зиёд кардани содирот (дар назар дошта мешавад, ки даромади асъор) ғайривоқеист.

Ҳангоми омӯзиши номгӯйи кишварҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳгонаи аввали маҳсулоти худро ба онҳо содир мекунад, низ сюрпризҳо кам нестанд.

Барои мисол, ба гумон аст, ки одами оддӣ дарёфтан тавонад, ки кишвари асосие, ки Тоҷикистон тиллояшро ба он содир мекунад, Швейтсария аст. Дар 5 соли охир ин кишвар 20 маротиба бештар аз як харидори дигар – Чин тиллои Тоҷикистонро харидааст.

Барои як шахси одӣ, ки ба ҳисоботҳои пуртантанаи мансабдорону рӯзноманигорон аз содироти маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва коркардёфта ба Россия одат кардааст, даҳгонаи аввали кишварҳое, ки ба онҳо маҳсулоти худро Тоҷикистон содир мекунад, низ метавонад сюрпризе шавад.

Ҷадвал_содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи кишварҳо, с.2017-2021

Ва Россия аз сатрҳои аввали ин радабандӣ дур аст. Ҷойи 6-уми Чин дар он, ки яке аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар маҳсуб меёбад, на кам тааҷҷубовар хоҳад буд.

«Савдоям сею қарзам панҷ»?

Руҷуи мухтасарамонро ба омори савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва рақамҳои «саркаш»-ро таҳлил намуда, бояд қайд кунем, ки сарфи назар аз ҳама талошҳо, ҳаҷми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 соли охир ба ҳисоби миёна назар ба ҳаҷми содирот беш аз 2,5 баробар зиёд аст.

Аммо тамоюли мусбати 2 соли охирро қайд кардан зарур аст: дар ин фосила фарқи байни воридот ва содирот кам шуда истодааст. Чунончи, ҳаҷми воридот дар соли 2019 аз ҳаҷми содирот 3 маротиба ва дар солҳои 2020-2021 аллакай 2,4 баробар зиёд буд.

Албатта, сабаби чунин пешрафт рӯйи об аст: содироти ҳаҷми зиёди тиллои тоҷик.

Бо вуҷуди ин, мехостем умед дошта бошем, ки ин танҳо “нишонаи якуми баҳор” дар ин самт аст.

Ва «Солҳои рушди саноат» (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 309 аз 6 январи соли 2022 эълон шудааст) умедҳоро бароварда хоҳад кард: Тоҷикистон ба тиҷорати фаъолона ва калонҳаҷми  маҳсулоти технологии баланд бо арзиши иловагии зиёд дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуруъ хоҳад кард. Ба шарофати ин дефитсити тавозуни савдои Тоҷикистон, агар ба профитсит иваз нашавад, ақаллан хеле камтар мешавад.

Охир, замона қоидаи одиро талқин мекунад: «Рушд кардан мехоҳӣ? Зарро не, «мағз»-ро фурӯш!»

Оцените статью

Самтҳо ва «парадокс»-ҳои савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017-2021 гг.) Моҳи апрели соли 2022 года дар сомонаи АМИТ «Ховар» матлабе зери унвони «Тоҷикистон азм дорад ҳаҷми ММД-ро дар се соли наздик 25,2% зиёд кунад» нашр гардид. Пешгӯйиҳои хушназаронаи муаллифони матлаб ба “Пешгӯйии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” ва изҳороти зикршуда оид ба он ки Хазинаи Байналмилалии Асъор суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро баландтарин […]
5 1 5 4
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.