Сабабҳо ва омилҳои низои Тоҷикистону Қирғизистон – нигоҳ аз Душанбе

Дар даҳсолаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, бо вуҷуди гуфтушунидҳои ҳукуматдорон ва ҳатто созишномаҳои гуногун, теъдоди муноқишаҳо танҳо зиёд мешавад. Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён нақл кард, ки вазъ дар минтақаи наздисарҳадии байни ду кишвар аз Душанбе чӣ гуна ба назар мерасад.

Дар 10 соли охир шиддати низоъҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш ёфта, борҳо ба бархӯрди мусаллаҳонаи хадамоти сарҳадии ду давлат оварда расонидааст. Таҳлили фазои иттилоотӣ нишон медиҳад, ки аз аввали солҳои 2000-ум шумораи бархӯрду муноқишаҳо миёни аҳолии ду тараф аз 100 гузаштааст. Мутаассифона, аз соли 2010 ин тараф миқдори муноқишаҳои сарҳадӣ афзоиш меёбад, ки ин зарурати ҳар чи зудтар барқарор намудани сулҳу суботро дар минтақа доғ мекунад.

Яке аз қитъаҳои мушкили марз, ки инҷо манфиатҳои гуногуни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳам мепечанд, минтақаи Исфара-Ботканд мебошад. Дар ин мавзеъ муноқишаҳо зиёд рух медиҳанд, чун омилҳои гуногуни мавҷуд барои ин шароит месозанд.

Сокинони қитъаи сарҳадии мазкур, ки дар натиҷаи даргириҳо хешовандони худро аз даст додаанд ва зарари ҷиддии моддӣ дидаанд, дар дил бештар кина гирифтаанд.

Ба сабабҳои аслии муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи дастрасӣ ба об (нўшокӣ ва обёрӣ), замин, роҳҳо, маъданҳо, ҳамчунин мушкили боздоштҳои ғайриқонунии аҳолии маҳаллӣ тааллуқ доранд.

Хосагиҳои низоъҳои марзии ҶТ ва ҶҚ

Бархўрди охирини мусаллаҳона, ки 27 январи соли 2022 дар минтақаи наздисарҳадӣ рўй дод, бо ҳодисаҳои қаблӣ алоқамандии зич дорад.

Таҳлили фазои васоити ахбори оммаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки дар байни ҳодисаҳои 28-29 апрели соли 2021 ва рӯйдоди охирин дар сарҳад робитаи мустақим вуҷуд дорад. Зиёда аз 90% хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони ҳангоми ҳодисаҳои сарҳадӣ то он рӯз кушташуда (11 аз 12 нафар) шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Мувофиқи маълумоти нашршуда, бисёр аз шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон аз тири снайпер ба шаҳодат расидаанд.

Воқеаҳои зеринро ба қатори рӯйдодҳои хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дохил метавон кард:

• июли соли 2014 – муноқиша аз сабаби гузарондани лӯлаҳои об дар маҳалли Бедаки деҳаи Ворух. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон Сафоиддин Шаропов кушта шуд, 7 нафар маҷруҳ шуданд;

• августи соли 2014 – задухӯрди мусаллаҳона дар ҷамоати Овчӣ Қалъача – тирандозӣ сӯйи марзбонон ва сокинони одии тоҷикистонӣ аз сабаби бунёди дидбонгоҳ дар наздикии пули обсанҷии болои канал. Дар натиҷа капитан Азамат Азимов, роҳбари гурӯҳи сарҳадӣ ва сокини маҳаллӣ Нуъмонҷон Набиев ба ҳалокат расиданд, 7 шаҳрванди Тоҷикистон чароҳат бардоштанд;

• июли соли 2015 – ҳодисаи марбут ба ҳаракати марзбонони тоҷик аз деҳаи Лангар дар самти ҷамоати Чоркӯҳ, дар натиҷа сокини осоишта Боборизо Ризоев кушта ва як марзбони тоҷик маҷруҳ шуд;

• марти 2019 – аз сабаби идомаи сохтмони ғайриқонунии роҳи мошингарди «Коктош-Оқсой-Тамдиқ» даргирии мусаллаҳона рӯй дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов ва Рафоиддин Тешаев кушта шуданд, 11 шаҳрванди кишвар захм бардоштанд,  30 сокини Ворух асир гирифта шуданд.

• июли соли 2019 – муноқиша аз сабаби овехтани парчамҳои Тоҷикистон ба муносибати ташрифи президенти кишвар. Ҷалолиддин Қараев кушта шуд, 7 шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ гардиданд. Расонаҳо хабар медоданд, ки 17 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштаанд;

• сентябри соли 2019 – задухӯрди мусаллаҳона дар ҷамоати Овчӣ Қалъача аз сабаби аз тарафи Қирғизистон оғоз ёфтани сохтмони иншооти номаълум  дар варзишгоҳи қитъаи Баҳор. Низомиёни тоҷик  – подполковник Рустам Убайдуллоев, сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов кушта шуданд, 12 марзбон захм бардошт. Аз тарафи Қирғизистон 1 нафар кушта ва 13 нафар маҷруҳ шуданд;

• августи 2020 – шаҳрванди Тоҷикистон Воҳид Ваҳҳобов, сокини деҳаи Сомониён кушта шуд. Аз тири камони шикорӣ лейтенанти калон Шер Кабиров дар мавзеи Лангари Моҳиёни ҷамоати Чоркӯҳ захм бардошт.

Муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29 апрели соли 2021 яке аз хунинтаринҳо дар таърихи даргириҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон буд. Сабаби оғози муноқиша мониторинги нуқтаи обтақсимкунии “Головной” дар деҳаи Хоҷаи Аъло гардид. Дар оқибати низоъ 19 тоҷикистонӣ кушта шуда, 87 каси дигар захм бардоштанд; Қирғизистон 36 ҷон талаф дод, 189 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба ин тариқ, омили даргириҳои марзӣ тайи 10 соли охир сохтмони зерсохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба захираҳои об ба назар мерасад.

Ихтиилофи 27 январи соли 2022 дар сарҳад аз сабаби боздошти маҷбурии автомашинаи шаҳрванди Тоҷикистон дар қитъаи роҳи байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён рух дод. Изҳороти расмии хадамоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи омилҳои рух додани даргирӣ ба ҳам муқобиланд.

Тайи моҳҳои охир дар фазои иттилоотӣ масъала торафт тунд карда мешуд, ки ин ба афрӯхта шудани оташи даргирӣ ва амсиласозӣ шудани он мусоидат мекард.

Масалан, аз октябри соли 2021 дар бораи ҳарбикунонии тадриҷии минтақа аз ҷониби Қирғизистон хабар дода мешуд: 40 адад техникаи ҳарбӣ ва камонҳои снайперӣ (аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар ҳаҷми $3,5 млн) харида ва барои ҳифзи сарҳади давлатӣ дар вилояти Ботканд равона карда шуданд. Инҷо аз хариди ҳавопаймоҳои ҷангии бесарнишини туркии Bayraktar TB2 низ ёд кардан лозим аст. Пас аз низоъ Қамчибек Тошиев дар рафти вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Оқсой гуфт, ки барои ҳифзи сарҳади вилояти Ботканд силоҳи нав харида мешавад – ин низ далели ҳарбикунонии ҳадафмандонаи минтақа буд.

Дар фазои иттилоотӣ ҳам тайи 9 моҳи охир “забони кинаву адоват” хомўш намешуд, оҳанги айбдорсозӣ ва талаби интиқом садо медод. Воқеан, муноқишаи 27 январ дар ҳамон қитъаи роҳи деҳаи Сомониён рух дод, ки имрўз дар Қирғизистон барои сиёҳ кардани мухолифони сиёсии ҳукуматдорон истифода мешавад.

Монеа дар роҳи ҳаллу фасли ин ва боз ихтилофҳои наздимарзии бисёри дигар Санад дар бораи сохтмони қитъаи роҳи мошингарди Исфана – Ўш мебошад, ки Қирғизистон барои 49 сол ба иҷора гирифтааст.

Таърихи Санад аз 3 марти соли 2009: чаро ин ҳуҷҷат барои минтақаи наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши асосӣ дорад

Аз сабаби муносибатҳои мураккаб бо Ўзбекистон, Тоҷикистон дар оғози солҳои 2000-ум ба манбаъҳои алтернативӣ барои таъмини ниёзҳои вилояти Суғд ба неруи барқ эҳтиёҷ дошт. НОБ-и Қайроққум танҳо 30% аз зарурати мавҷударо қонеъ мекард.

Мувофиқи созишҳо бо Қирғизистон, ин ҷумҳурӣ масъулияти дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани вилояти Суғдро ба уҳда гирифт. Он замон ҳанўз хатти интиқоли баландшиддати “Шимол-Ҷануб”-ро насохта буданд ва низоми барқи Тоҷикистон пайваст набуд.

Дар моҳи майи соли 2004 сохтмони хатти 220-киловаттаи Конибодом – Ботканд оғоз ёфт. Ҳамон вақт масъалаи ҷудо шудани замин аз тарафи ду давлат барои сохтмони хатҳои баландшиддат ва роҳи автомобилгард мувофиқа карда шуд ва дар санади вохўрии сарвазирони ду давлат сабт гардид.

Дарозии хат 53 километрро ташкил дод, ки аз он 34 км аз қаламрави Тоҷикистон ва 19 км аз ҳудуди Қирғизистон мегузашт. Маросими расмии ба истифода додани ХИБ “Ботканд-Конибодом” 18 майи соли 2005 баргузор гардид. Барои сохтмони он аз ҳисоби Тоҷикистон $3 млн. ҷудо шуда буд. Ҳукуматҳои ду кишвар дар хусуси ҷудо кардани қитъаҳои замин шартнома имзо карданд.

Мувофиқи моддаи 1-и ин шартнома, тарафҳо дар фосилаи як моҳ бояд масъалаи ҷудо кардани қитъаҳои заминро ҳал менамуданд. Тибқи моддаи 5, қитъаҳои замин бояд ба муддати 49 сол бо маблағи иҷоравии солонаи $1 пешкаш мешуданд. Дар матни шартнома сухан аз хатти баландшиддати интиқоли барқи “Ботканд-Конибодом” ва роҳи мошингарди “Ўш-Исфана” мерафт.

Он ҳангом ХИБ “Ботканд-Конибодом” яке аз лоиҳаҳои комгорона амалишудаи Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба бевосита пайваст кардани низомҳои энергетикии ду кишвар маҳсуб меёфт.

16 майи соли 2008 дар Хуҷанд, дар рафти ташрифи президенти Қирғизистон Изҳороти муштараки сарварони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон қабул гардид.

Дар банди 5 ин изҳорот гуфта мешуд, ки тарафҳо ба ҳукуматҳои хеш супориш медиҳанд, то лоиҳаи санад дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи байни ҳукуматҳо оид ба ҷудокунии қитъаҳои замин аз 18 майи соли 2005 ба мувофиқа расонда шавад.

Ғайр аз ин, дар изҳорот қайд мегардид, ки ба хотири пешгирӣ аз ихтилофҳо бо сабабҳои марбут ба хоҷагидорӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ сарварони ду давлат ба ҳукуматҳои худ супориш медиҳанд, ки созишномаи байниҳукуматиро оид ба манъи ҳар гуна фаъолияти хоҷагидорӣ дар тўли хатти марз то анҷоми делимитатсия ва демаркатсияи он ба тасвиб расонанд, ки дар амал аслан татбиқ нашуд ва яке аз омилҳои низоъҳои минбаъда, аз ҷумла бо талафоти ҷонӣ гардид.

Дар мавриди Санади байни котибони Шўрои амнияти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 3 марти соли 2009 бояд гуфт, ҳуҷҷати мазкур, мувофиқи банди 2, барои иҷрои банди 5-и Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 16 майи соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд қабул гардидааст. Ҷониби тоҷик бояд бо тартиби муқарраршуда масъалаҳои зеринро ҳал менамуд:

-ба ҷониби қирғиз ба иҷора супоридани қитъаи роҳ дар дарёбоди рўди Исфара бо дарозии 275 метр ба муддати 49 сол бар ивази маблағи рамзӣ;

-таъмин намудани дастрасии бемамониати коргарон ва техникае, ки сохтмони қитъаи мазкури роҳро анҷом медиҳанд, ба маҳал.

Ба ин тариқ, муқаррароти санади мазкур дар қисми марбут ба уҳдадориҳои Тоҷикистон иҷро гардид. Имрўз қитъаи роҳи мошингарди “Ўш-Исфана” дар деҳаи Сомониён сохта шуда, ноҳияҳои вилояти Боткандро ба ҳам мепайвандад.

Таҷрибаи ҳалли мушкилоти наздисарҳадӣ миёни давлатҳо нишон медиҳад, ки риояи созишҳои ҳосилшуда, реҷа ва шартҳои гузарондани гуфтушунидҳо атрофи демаркатсия ва делимитатсияи хатҳои марз, даст кашидан аз равишҳое, ки афкори ҷамъиятӣ, махсусан сокинони манотиқи наздимарзиро ба шўр меорад, аҳамияти хоса доранд.

Риоя нашудани чораҳои номбурда ба тезутунд шудани вазъ ва такрори муноқишаҳо боис мегардад.

Сабабу омилҳои даргирии мусаллаҳонаи 27 январ

Истифодаи муқаррароти санади болозикр дар муборизаи дохилии сиёсии Қирғизистон беш аз 10 сол пеш оғоз ёфт.

Ҳанӯз 6 июни соли 2011 год агентии иттилоотии 24.kg матлаберо нашр намуд, ки зимни он гуфта мешуд, «Кумитаи соҳавии парлумони Қирғизистон баррасии шартнома бо Тоҷикистон дар бораи аз ду тараф ҷудо шудани қитъаҳои заминро то замоне мавқуф мегузорад, ки комиссияи махсус ба тамоми тафсилоти кор равшанӣ наандозад». Ҳарчанд, тавре болотар қайд гардид, қитъаи роҳи мошингарди Исфана-Ботканд, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, сохта шудааст ва шаҳрвандони Қирғизистон аз он истифода мекунанд.

Тайи соли 2021 ҷониби Қирғизистон мувофиқаҳои ҳосилшуда ҳам бо Ўзбекистон ва ҳам бо Тоҷикистонро риоя намекард. Далел ё «талаби сокинони маҳаллӣ» буд, ё ягон баҳонаи дигари бофта.

Ба ақидаи ман, сабабҳои зерин дар даргирии мусаллаҳона нақши такондиҳандаи оғозро доштанд:

1.Нишасти матбуотии пешазинтихоботии Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз 23 октябри соли 2021 бахшида ба фаъолияти ў ва нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Қирғизистон. Ҷабборов гуфт, ки ў санади қаблан имзошуда миёни котибони Шўрои амнияти Қирғизистон Адахон Мадумаров ва Тоҷикистон Амирқул Азимовро аз 3-юми марти соли 2009 эътироф намекунад. Чун, ба ақидаи сарвари ҶҚ, ҳуҷҷат ба манфиатҳои миллии кишвари ў мувофиқ нест, ў даъват намуд, ки санад аз эътибор соқит шавад. Дар рафти нишасти матбуотӣ Содир Ҷабборов қайд намуд (бо шрифти сиёҳ тезисҳои сарвари ҶҚ-ро ҷудо кардем):

· ў санадро эътироф намекунад, зеро замин ба Қирғизистон тааллуқ дорад ва эътирофи он ноҳияи Лайлакро ба анклав табдил медиҳад.

Ҳарчанд дар ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки болотар номбар шудаанд: аз солҳои 2004; 2005; 2008 ва 2009 масъалаи тааллуқ доштани замин ба Тоҷикистон қонунан сабт шудааст, баногоҳ дар октябри соли 2021 он «замини Қирғизистон» шуд;

· Адахон Мадумаров салоҳияти имзо кардани чунин ҳуҷҷатро надошт, аз ин сабаб ҳуҷҷат эътибори қонунӣ надорад.

Аммо аслан А. Мадумаров дар асоси супориши сарвари Қирғизистон дар натиҷаи раванди музокирот аз соли 2004 ҳуҷҷатро ба тасвиб расонд. Ман бовар дорам, ки соли 2004 маҳз намояндагони қирғиз масъалаи иҷораи заминро ба миён гузоштанд, зеро баҳрабардорони ин роҳ онҳоянд. Инҷо суоли мантиқие ба миён меояд: агар замин аз оғоз аз онҳо бошад, бо Тоҷикистон гуфтушунид кардан чӣ лозим буд?

· Ҷумҳурии Қирғизистон дар рафти музокирот оид ба ҳалли масоили марзӣ як метр заминашро ҳам намедиҳад, зеро ин замин ба давлат тааллуқ дорад.

Содир Ҷабборов таъкид намуд, ки дар масъалаи куллияи қитъаҳои баҳсӣ Қирғизистон ҳақ аст, зеро барои ин асоси ҳуқуқӣ дорад – гарчанде ин изҳорот гуфтушунидро ба бунбаст мебарад.

Мувофиқи маълумоти расонаҳои қирғиз, Адахон Мадумаров чанд маротиба барои бозпурсӣ даъват гардид ва муқобили ў парвандаи ҷиноӣ шуруъ шудааст. Адахон Мадумаров дар навбати худ қайд мекунад, ки «санадро парлумони Қирғизистон дастгирӣ накард, аз ин сабаб он ҳеҷ эътибор надорад ва набояд ба Қирғизистон дар гуфтушунид бо ҷониби тоҷик халал расонад». Дар ҳоле дар ин қитъа роҳ аллакай сохта шуда, имрўз дар истифодаи шаҳрвандони Қирғизистон қарор дорад.

Муттаҳамкунии Мадумаров, аз ҷумла, заминаи дохилӣ дорад, зеро ў аз неруи ба ҳукумати имрўзаи Қирғизистон мухолиф намояндагӣ мекунад.

Дар маҷмуъ, яктарафа бекор кардани ҳуҷҷатҳои пештар имзошуда хосияти харобиовар дорад, зеро метавонад низоъҳои шадидро ба вуҷуд орад. Қазияи моҳи январ намунаи ин буда метавонад.

Таҷрибаи Қирғизистон имкон дорад Тоҷикистонро ба беэътибор эълон намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои қаблан имзошуда  водор намояд, зеро агар як тараф шартҳоро риоя накунад, бо ин амал ҷониби дигарро аз масъулияти иҷрои созишу паймонҳо озод мекунад.

2. Лаҳзаи шуруъ шудани низоъ пас аз нашри натиҷаҳои тафтишоти канали “Temirov Live” дар “Ютуб” мароқовар аст, ки иштирокчии асосии он раиси КДАМ-и қирғиз Қамчибек Тошиев ва хешовандони ў мебошанд. Дар ин ҳол “таъин намудани душмани беруна” дар симои Тоҷикистон аз сабаби бори навбатӣ тезутунд шудани низои мусаллаҳонаро ҳамчун гашт барои ба тарафи дигар бурдани таваҷҷуҳи ҷомеа ва сафарбар намудани он бар зидди “амалҳои ҳамсоя” метавон маънидод кард.

3. Дар фазои иттилоотии Қирғизистон айбдоркуниҳои яктарафа нисбати Тоҷикистон садо медиҳанд. Аз тарафи прокуратураи генералии қирғиз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи АИ Kaktus.media гувоҳи чунин мавқеъ аст. Пештар ин сомона хабари нашрияи тоҷикистонии “Asia-Plus”-ро бознашр карда буд, ки назари ҳукумати Тоҷикистонро ба сабабҳои оғози даргирӣ дар марзи ду кишвар баён мекард. Зидди Kaktus.media бо моддаи 407 (“Таблиғи ҷанг”) парванда шуруъ шуд. Ба ақидаи Прокуратураи генералии ҶҚ, “матлаб иттилои ғайриэътимод дорад, ки низомиёни ҶҚ аввал тирпаррониро оғоз карда, бо ин ҶТ-ро ба амали ҷавобӣ водор намуда бошанд”.

ВАО-и Тоҷикистон ба матлабҳои ҳампешагони қирғиз истинод меоранд ва ин ҳамчун як кори табиӣ қабул мешавад. Муттаҳам намудани нашрия ба хиёнати манфиатҳои миллии халқи қирғиз ва шуруи парвандаи ҷиноӣ як андоза ғаразмандӣ ва сиёсӣ шудани масъаларо дар Қирғизистон нишон медиҳад.

27 январ чӣ рух дод ва дар идома чӣ мешавад?

Дар натиҷаи задухўрди марзии моҳи январи соли 2022 ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд:

· Обидҷон Тўйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар оқибати таркиши гулўлаи миномёт дар ҳавлии манзили худаш ба ҳалокат расид (хонаи Тўйчиев дар шафати шуъбаи милитсия воқеъ аст ва имкон дорад, ки гулўлаафканон маҳз онро нишон гирифта буданд)

· Шарипов Абдулатиф, ронандаи ёрии тиббии беморхонаи шаҳри Исфара, аз таркиши тири миномёт ҳангоми наҷот додани аҳолии деҳаи Хоҷаи Аъло ба ҳалокат расид (инҷо поймол кардани моддаи 19 Конвенсияи Женева дида мешавад, ки зимни он гуфта шудааст: «муассисаҳои санитарӣ ва ҷузъу томҳои сайёри санитарии хадамоти тиббӣ наметавонанд ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди ҳамла қарор дода шаванд»).

10 нафар ҷароҳат бардоштанд: 6 низомӣ ва 4 сокини осоиштаи тоҷик. Аз тарафи Қирғизистон 11 нафар захмӣ шуданд, ки ҳамагӣ низомӣ буданд, шаҳрвандони мулкӣ миёнашон дида намешаванд.

Бино ба маълумоти пешакии маъмурияти Исфара, хисорот аз низоъ дар марз беш аз 1,5 миллион сомонӣ (зиёда аз 133 ҳазор доллар)-ро ташкил додааст. 52 хонаи сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх қисман ё пурра тахриб шудаанд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2 феврал ба шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, бо дархости боисрор дар хусуси худдорӣ аз сафар ба ин кишвар муроҷиат кард. Як рӯз баъд Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, даъват кард, то ба эътидол омадани муносибатҳо аз сафар ба ҶҚ худдорӣ кунанд.

Додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита ба ҳаводиси рӯзи 27 январ дар минтақаи марзӣ алайҳи шаҳрвандон ва низомиёни тарафи муқобил парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Чуноне дар ҷараёни ҳодисаи рӯзҳои 28-29 апрели соли 2021 буд,  ҷониби Қирғизистон боз қабл аз оғози даргирии мусаллаҳона ба эвакуатсияи мардуми осоишта аз деҳаҳои марзии худ шуруъ кард, ки ин гувоҳи равшани барангехтани қасдии задухӯрдҳо мебошад.

Музокирот барои ҳалли вазъ дар сарҳад идома дорад ва ҷониби Қирғизистон розӣ шуд, ки ба иҷрои санади қаблан имзошуда аз 1 майи соли 2021 шуруъ кунад. Дар ҷараёни музокироти рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 ягон ҳуҷҷати нав ба имзо нарасид. Ба ин тариқ, низоъ бе кафолати иҷро шудани санаде, ки 8 моҳ пеш имзо шуда буд, “консерватсия” карда шуд.

Қамчибек Тошиев пас аз қатъи низоъ изҳороте пахш кард, ки моҳияти он ба милитаризатсияи минтақа нигаронида шудааст. Чунин ба назар мерасид, ки ӯ дар бораи созишҳои ҳосилшуда ҳамчун шахсе гап мезанад, ки худро дар низоъ ғолиб медонад. Ин сиёсати реваншизмро дар Ҷумҳурии Қирғизистон тасдиқ мекунад, ки мутаассифона, дар ниҳояти кор боиси муноқишаи нави мусаллаҳона шуда метавонад.

Мисли моҳҳои апрел-майи соли 2021 сиёҳкунии Тоҷикистон, бад нишон додани симои он дар фазои иттилоотӣ, аз ҷумла дар фазои шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон рух медод. Ҳарчанд наметавон инҷо рад кард, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон низ дар канор наистода, дар бораи раисиҷумҳур Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Тошиев ҳарфҳои пурхашм навиштаанд.

Фарзияи панкардаи расонаҳои Қирғизистон дар хусуси он, ки муноқишаро Тоҷикистон оғоз кардааст, ба интиқод тоб оварда наметавонад. Душанбеи расмӣ дар пасманзари ҳаводиси охири Афғонистон (ғасби мусаллаҳонаи қудрат аз ҷониби Толибон) ба ҳеҷ ваҷҳ ба пайдоиши як нуқтаи бесуботӣ ва ташдиди низоъ манфиатдор нест.

Тезиси дигаре, ки Тоҷикистон мушкилоти дохилии сиёсии худро бо низоъҳо ҳал мекунад, низ дуруст нест, зеро низомҳои сиёсии ду кишвар аз ҳам ҷиддан фарқ мекунанд. Тоҷикистон камтар аз ҳама ба пайдоиши як макони нави низоъ манфиатдор аст, зеро чолишҳо ва таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон дар симои Толибон ва ДОИШ дар воқеъ вуҷуд доранд.

Мутаассифона, бояд гуфт, ки масъалаи аломатгузорӣ ва делимитатсияи марзҳои давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба як омили фишор болои мухолифони сиёсии ҳукуматдорони Бишкек табдил ёфтааст ва бори аввал нест, ки мо инро мушоҳида мекунем. Ин омил муқаррару аломатгузорӣ кардани марзҳоро ба як кори ҳалнашаванда мубаддал мегардонад. Ва он чизе, ки боиси нигаронии бузург аст – муноқишаро ҳар дафъа шадидтар ва хунинтар амсиласозӣ ва тарҳрезӣ мекунад.

Муноқиша дар марз ба манофеи доимии Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқат намекунад, агар ҳадаф реваншизм ва таъйини душмани беруна бо ҳадафи муттаҳид намудани ҷомеа ва устувор кардани ҳокимияти худ набошад.

Суоли асосӣ имрўз ин аст, ки то кадом андоза тарафҳо ба созишҳои ҳосилшуда риоя мекунанд. Оё имрӯз Қирғизистон ва Тоҷикистон иродаи сиёсӣ доранд, ки музокирот дар мавриди муайян ва аломатгузорӣ кардани марзҳоро ба анҷом расонанд, на ин ки аз ҳолат барои ҷамъ овардани сармояи сиёсӣ истифода кунанд?

Нотамомии раванди демаркатсия ва делимитатсия дар оянда сабаби муноқишаҳои марзӣ хоҳад шуд. Тадқиқотҳо оид ба ин масъала нишон медиҳанд, ки низоъҳо метавонанд ҳар лаҳза рух диҳанд – пешгӯӣ кардан душвор аст, ки дар кӯтоҳмуддат чӣ рӯй хоҳад дод.

Маълум аст, ки бидуни ба назар гирифтан ва эътироф намудани манфиатҳои миллии тарафҳо, риоя кардани созишномаҳои қаблан имзошуда, пешниҳод накардани талабҳои нав ва ба таври яктарафа баҳснок эълон намудани ин ё он ҳудуд, инчунин омода будан ба гузашт  ва табодули қитъаҳо ихтилофотро бартараф намуда, дар ин масъала нуқтаи ниҳоӣ гузоштан аз имкон берун аст.

Ia-centr.ru 

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.