Рўйдодҳои соли 2021 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон: ҳамла ба Капитолий, суқути Кобул ва афви “тиллоӣ”

Nuqta.tj натиҷаҳои соли гузаштаи 2021-ро ҷамъбаст намуда, шарҳи рӯйдодҳои ҷолибтарини ҷаҳон ва Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба вуқуъ пайвастанд, ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш мекунад.

Британия бо роҳи худ меравад

1 январи соли 2021 Британия ниҳоят аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд. Ҳарчанд Британия аз моҳи январи соли 2020 узвияташро дар Иттиҳоди Аврупо қатъ карда буд, дар давраи гузариш дар бозори ягона боқӣ монд ва муваққатан ба қоидаҳои ИА итоат мекард.

Ҳамла ба Капитолий

6 январ дар Вашингтон, пойтахти Амрико, ҷонибдорони Доналд Трамп вориди Капитолий шуданд, ки он вақт натиҷаҳои интихобот дар он ҷо баррасӣ мешуданд ва раъйи интихобгарон  бояд тасдиқ меёфтанд.

Ҷонибдорони Трамп биноро ишғол карданд ва хадамоти амниятӣ ба эвакуатсияи фаврии сенаторҳо ва конгрессменҳо рӯ оварданд.

Дар ошӯб дастикам панҷ нафар кушта, даҳҳо афсари пулис захмӣ ва бархе аз онҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳукумат дар пойтахти Амрико соати комендантӣ ҷорӣ кард.

Илова бар ин, пас аз як ҳафта Палатаи Намояндагони ИМА бори дуюм ба Доналд Трамп импичмент эълон кард.

20 январ маросими савгандёдкунии Ҷо Байден, ки 46-умин раиси ҷумҳури Амрико шуд, баргузор гашт.

Коронавирус симояшро дигар мекунад

Дар тӯли тамоми  соли 2021 пандемияи сирояти нави вируси тољдор ё коронавирус дар саросари ҷаҳон ба рабудани ҷони одамон идома дод. Зиёда аз панҷ миллион нафар қурбонии COVID-19 шуданд. Аз моҳи апрел штамми делтаи ин беморӣ, ки бо номи ҳиндӣ маъруф аст, дар бисёр кишварҳо паҳн шудан гирифт. Аллакай дар моҳи июн ӯ дар тамоми ҷаҳон миёни штаммҳо ба бартарӣ расид. Олимон таъкид кардаанд, ки ин варианти вирус хатарноктар аст, зеро он зудтар аз кас ба кас мегузарад ва симптомњои иловагиро ба вуҷуд меорад.

Ҳамзамон, вирус мутатсияашро идома медиҳад: 11 ноябр дар Африқои Ҷанубӣ як штамми нав, ки омикрон ном гирифт, ошкор гардид. Он аллакай дар Африқо, Аврупо ва Осиё паҳн шудааст ва бояд гуфт, дар байни шахсони сироятшуда ваксинагирифтагон низ буданд.

События 2021 года в мире и Таджикистане: атака на Капитолий, падение Кабула и «золотая» амнистия
Ҳамлаи Изроил ба Ғазза | акс: АР

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба навори Ғазза

Моҳи май низо миёни нерӯҳои исроилӣ ва фаластинӣ дар навори Ғазза бо шиддати тоза авҷ гирифт.

Рӯзи 10 май артиши Исроил ҳамлаҳои ҳавоиашро ба Ғазза шуруъ кард. Зарбаҳо ба Ғазза шаби 21 май баъд аз он поён ёфтанд, ки Исроил ва ҷунбиши фаластинии ҲАМОС ба созиши оташбас расиданд. Созишнома бо миёнҷигарии Миср ҳосил шудааст.

Ба иттилои расонаҳо, шумори фаластиниҳое, ки дар ҳамлаҳои 11-рӯзаи Исроил талаф ёфтанд, 248 нафар, аз ҷумла 66 ноболиғ ва 39 занро ташкил медиҳад. Илова бар ин, ҳудуди 2 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Рўйдодҳои соли 2021 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон: ҳамла ба Капитолий, суқути Кобул ва афви "тиллоӣ"
акс: Anadolu Agency

Афғонистон зери ҳукми “Толибон”

Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сол ба қудрат расидани ҷунбиши “Толибон” дар Афғонистон буд. Толибон шаҳрҳоро пасиҳам забт намуда, санаи 15-уми август ба Кобул ворид шуданд ва зери назорати пурра гирифтани ҷумҳуриро эълон карданд.

Ҷангҷӯён гуфтанд, ки қасд доранд кишварро нисбат ба 20 соли пеш ба таври муътадилтар, бо назардошти бештари эҳтиёҷоти гурӯҳҳои мухталиф идора кунанд. Аммо то ҳол ба ваъдаи худ вафо накардаанд.

Вазъият дар Афғонистон пас аз тасарруфи он аз сӯйи “Толибон” ноором боқӣ мемонад. Дар Кобул ва дигар шаҳрҳо мунтазам таркишҳо ба амал меоянд, ки дар оқибати онҳо аҳолии осоишта нобуд мешавад. Мамлакат дар буҳрони иқтисодӣ қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, захираҳои тиллову асъори Афғонистон аз сӯйи Вашингтон блок шудаанд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳукумати нав ҳамкориро шуруъ намекунад. Ҳамаи ин аксарияти шаҳрвандони оддии кишварро бо хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ кардааст.

Ангела Меркел сиёсатро тарк кард

Садри аъзам – канслери Олмон Ангела Меркел аз ширкат дар интихоботи моҳи сентябри соли гузашта ба Бундестаг худдорӣ карда, тасмим гирифт, ки ба фаъолияти сиёсии худ хотима диҳад. Дар охири моҳи октябр вай дар бораи ба охир расидани ваколатҳои канслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабари расмӣ гирифт. Бо ҳамин барои Олмон давраи ҳукмронии Бонуи Оҳанин, ки 16 сол давом кард, ба охир расид.

Дар пасманзари оқибатҳои вазъи душвори марбут ба коронавирус, буҳрони муҳоҷират ва обхезии шадид рейтинги Иттифоқҳои Насронӣ-демократӣ ва Насронӣ-сотсиалӣ (CDU/CSU), ки солҳои тӯлонӣ аз он Меркел намояндагӣ мекард, ба таври назаррас поин рафт. Дар интихобот ҳизби сотсиал-демократӣ ғалаба кард ва Олаф Шолс канслери нави Олмон шуд.

Буҳрони муҳоҷират дар сарҳади Беларус ва Полша

Пас аз он ки Александр Лукашенко, президенти Беларус, аз гирифтани пеши роҳи ҷараёни муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо роҳ меҷӯянд, худдорӣ кард, буҳрони муҳоҷират дар марзи Полша ва Беларус шиддат гирифт. Аз аввали моҳи ноябр дар ин ҷо ҳазорон гурезаҳо аз Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои Ховари Миёна ҷамъ омадаанд. Дар миёни муҳоҷирони ғайриқонунӣ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳастанд. Онҳо кӯшиши ғайриқонунӣ ворид шудан ба хоки Полшаро пеш мегиранд, ки ин сабаби задухӯрдҳо бо сарҳадчиён ва қувваҳои бехатарй шуд.

Иттиҳоди Аврупо ва ИМА раҳбарияти Беларусро дар ин вазъ муттаҳам карданд ва тасмим гирифтанд, ки ба далели буҳрони муҳоҷират алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон COVID “назист”

Дар ҳоле ки дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон паҳншавии пандемияи коронавирус дар шаклҳои мухталиф идома дорад, дар Тоҷикистон ин мушкил дар соли 2021 шадид набуд. Ҳанӯз 1 январи соли ҷорӣ кишвар ба ҳаёти комил баргашт – маҳдудиятҳо қариб дар ҳама бахшу соҳаҳо аз байн бардошта шуданд.

Аз моҳи феврал дар ҷумҳурӣ барои баргузории чорабиниҳои зиёди оммавӣ иҷозат дода шуд, масҷидҳо кушода шуданд ва дар моҳи март маъракаи оммавии эмкунӣ бар зидди коронавирус оғоз ёфт.

Моҳи июн аз ҳолатҳои нави сирояти коронавирус ба одамон хабар расид. Тирамоҳ вазъ муътадил шуд ва COVID-19 дубора ақиб гашт.

Андоз аз «Google»

13 январ дар Тоҷикистон ба ном “андоз аз Google”, яъне ислоҳу иловаҳо ба Кодекси андоз оид ба андозбандӣ барои истифода аз хизматрасониҳои ширкатҳои хориҷӣ ба кор даромад. Facebook, Google ва чанд ширкати онлайнии бузурги дигар ба зудӣ, ба моҳи март дар Кумитаи андози ҶТ худро ба қайд дароварданд.

Рўйдодҳои соли 2021 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон: ҳамла ба Капитолий, суқути Кобул ва афви "тиллоӣ"
акс: ВМҶТ

25 ҳазор сомонӣ бар ивази билет ҳарбӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, рӯзи 29 январ Қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав имзо кард.

Бар асоси қонуни нав, ҳамаи мардони синни сарбозӣ, аз ҷумла магистрантҳо, ки қаблан аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, муваззафанд ба Ватан хизмат кунанд. Шахсоне, ки макотиби олиро хатм карда, дар кафедраи ҳарбӣ аз тайёрӣ гузаштаанд, низ дар сафи артиш хизмат мекунанд, вале танҳо як сол.

Онҳое намехоҳанд дар артиш хизмати ҳарбӣ адо кунад, метавонанд як моҳ хизмат кунанд ва бо пардохти 25200 сомонӣ ба давлат билети ҳарбӣ гирифта, ба ҳайати захиравӣ шомил шаванд.

Рўйдодҳои соли 2021 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон: ҳамла ба Капитолий, суқути Кобул ва афви "тиллоӣ"
акс: Коммерсант

Роҳ ба Россия боз шуд

Моҳи апрел барои муҳоҷирони кории мо ва оилаҳои онҳо як рӯйдоди муҳим ба вуқуъ пайваст – парвозҳои мунтазам бо Русия аз нав боз шуданд. Рӯзи 3 апрел нахустин парвоз аз Москва ба Душанбе рух дод – ҳавопаймои ширкати русии “Utair” 258 мусофирро овард. Нигаронӣ аз сабаби аз ҳад зиёд боло рафтани нархи чиптаҳо ҷой дошт, аммо пас аз чанд моҳ вазъ нисбатан муътадил шуд.

Дар ҳамин сол инчунин парвозҳои мунтазам ба Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо аз сар гирифта шуда, рӯзи 21 апрел гузаргоҳи Кулма дар марзи Тоҷикистону Чин бо иқтидори пуррааш ба кор шуруъ кард.

Зарбаҳои табиат

Мутаассифона, имсол ҳам ҳодисаҳои нохуши табиӣ ба тоҷикистониён хисороти зиёд расонданд. Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 300 офати табиӣ рух дода,  ҷони 35 нафарро гирифтааст.

Офатҳои табиӣ танҳо дар муддати байни моҳи январ то июли соли 2021 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 111 миллион сомонӣ (9,7 миллион доллар) хисороти моддӣ расонидаанд.

Тобистон заминларзаи шадид дар Тоҷикобод ҷони 5 нафарро рабуд, ки 4 нафари онҳо ноболиғон буданд, 16 нафар захмӣ шуданд ва даҳҳо хона хисорот бардоштанд.

Дар натиҷаи селҳо 9 сокини кишвар ба ҳалокат расид, бар асари фаромадани тарма, ярч ва сангрезиҳо 18 нафар талаф ёфтанд.

Бар асари ҳодисаҳои фавқулода 337 бинои истиқоматӣ осеб дида, 140 бинои истиқоматӣ комилан хароб шудааст. Илова бар ин, офатҳо сабабгори зиён дидани 8 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 42 пул ва 213 километр роҳҳо гардидаанд.

Ҷаҳиши нархҳои сӯзишворӣ

Дар аввали соли 2021 дар ҷумҳурӣ нархи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ якбора боло рафт. Нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ба 11 сомонӣ расид.

Баъдан ба ҳукумат муяссар шуд, ки нархи сӯзишворӣ ва равганҳои молиданиро каме поин барад, аммо аз оқибатҳои он ҷилавгирӣ кардан муяссар нагашт.

Дар бозор нархи бисёр маҳсулот, аз ҷумла молҳои ниёзи аввал — орд, картошка, равған, шир, қанд, гӯшт ва ғайра хеле афзуд. Масалан, нархи як халта орди навъи якум аз 270 то 300 сомониро ташкил дода, 20-25 сомонӣ боло рафтааст.

Тарофаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳам боло ҷаҳиданд. Масалан, рафтуомад дар микроавтобусҳои пойтахт ҳоло 2,5 сомонӣ (қаблан 1,6 сомонӣ буд) арзиш дорад.

Нокомӣ дар Бозиҳои олимпӣ

Дар поёни моҳи июн Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио, пойтахти Ҷопон, оғоз ёфтанд, ки ба далели пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтода буданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба нокомӣ дучор гашта, ба гирифтани ҳеҷ нишоне ноил нагардид.

Аммо намояндагони навъҳои ғайриолимпии варзиш дар соли 2021 шод карданд. Дар чемпионати XII ҷаҳон дар Тошканд бодибилдери тоҷик Суҳроб Ғафуров медали тилло ба даст овард. Моҳи ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо боз ҳам дар Тошканд паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов дар даври ниҳоӣ бар Саян Ҳертеки русиягӣ пирӯз шуда, қаҳрамони ҷаҳон гашт. Ҳамзамон Хушқадам Хусравов низ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар вазни дигар барандаи медали нуқра гардид.

Истиқлолият ва афви “тиллоӣ”

Рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон 30-умин солгарди Истиқлоли кишвар таҷлил шуд.

Ба ифтихори ин ҳодиса Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд, ки тибқи он беш аз 10 ҳазор нафар ба озодӣ баромаданд.

Афв 16 ҳазор нафарро фаро гирифт, ки 10,7 ҳазор нафари онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд.

Тибқи қонун, 800 гумонбаршуда ва айбдоршаванда, 350 нафар судшаванда, ҳудуди 3 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд. Боз 1,9 ҳазор нафар аз колонияҳои сукунатӣ ва зиёда аз 4,6 ҳазор нафар аз нозироти корҳои ислоҳӣ раҳо шуданд.

Илова бар ин, дар мавриди 5 ҳазору 300 нафар маҳкумшуда муҳлати адои ҷазо кам карда шудааст.

Рўйдодҳои соли 2021 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон: ҳамла ба Капитолий, суқути Кобул ва афви "тиллоӣ"
акс: Nuqta

Марзи ноором

Соли гузашта низ бе низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  набуд. Дар охири моҳи апрел дар мавзеи иншооти тақсими оби Головной як задухӯрди хунин бо ширкати сокинони маҳаллӣ ва низомиён рух дод.

Дар рафти задухӯрд, ки чанд рӯз давом кард, аз ҳар ду тараф 55 кас кушта, қариб 300 кас ярадор шуд ё лат бардошт. Пас аз ин Қирғизистон марз бо Тоҷикистонро баст. Аз он танҳо донишҷӯён ва дипломатҳо убур карда метавонанд.

Дар сарҳадҳои ҷанубӣ, ки онҷо Толибон ба сари қудрат расиданд, вазъ низ нигаронкунанда буд. Пас аз анҷоми даргириҳо дар манотиқи наздимарзии Афғонистон, хуруҷи паноҳандагон аз ин кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон оғоз ёфт.

Роҳбарияти ҷумҳурӣ ва қувваҳои мусаллаҳ аз вазъияти ба амаломада нигарон шуда, ба андешидани чораҳои бехатарӣ шуруъ карданд. Мулоқотҳо дар сатҳи созмонҳои СҲШ ва СПАД, тақвияти нерӯҳои марзбонӣ, машқҳои муштараки СПАД дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор шуданд, ки ба рафъи хатарҳо дар сурати вуруди эҳтимолии ҷангҷӯён аз Афғонистон равона буданд.

Низоъ дар Хоруғ

Рӯзи 25 ноябр дар ноҳияи Роштқалъа як сокини ин минтақа Гулбиддин Зиёбеков боздошт шуд, ки аз сӯйи мақомоти интизомӣ ба гаравгонгирӣ ва барангехтани хусумат муттаҳам мешуд. Зимни ин боздошт Зиёбеков ҷароҳат бардошта, дар роҳ ба сӯи Хоруғ ҷон додааст. Марги Зиёбеков норозигии наздикону пайвандонашро ба бор овард. Онҳо пулис ва ниҳодҳои амниятиро дар куштори Гулбиддин муттаҳам карда, ҷасади ӯро бо талаби таҳқиқи қазияи марг ба майдони марказии Хоруғ оварданд. Дар рафти задухӯрд чандин кас кушта ва ярадор шуд.

Nuqta.tj

Оцените статью

Рўйдодҳои соли 2021 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон: ҳамла ба Капитолий, суқути Кобул ва афви “тиллоӣ” Nuqta.tj натиҷаҳои соли гузаштаи 2021-ро ҷамъбаст намуда, шарҳи рӯйдодҳои ҷолибтарини ҷаҳон ва Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба вуқуъ пайвастанд, ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш мекунад. Британия бо роҳи худ меравад 1 январи соли 2021 Британия ниҳоят аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд. Ҳарчанд Британия аз моҳи январи соли 2020 узвияташро дар Иттиҳоди Аврупо қатъ карда буд, […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.