I
Москва аз забони котиби матбуотии президенти кишвар Дмитрий Песков ба аз даст додани Афғонистон иқрор шуд. Ду гуфтаи ў, ки дар сомонаи tass.ru нашр гардиданд, хилофи якдигаранд.
«Россия медонад, ки вазъи Афғонистон аз нигоҳи таҳдидҳои террористӣ ва мухаддирӣ чӣ гуна инкишоф хоҳад ёфт. Ба Москва дарк намудан муҳим аст, ки роҳбарияти феълӣ кадом қадамҳоро пеш мегирад.
Мо намедонем, ки аз ин нигоҳ вазъият чӣ тавр инкишоф меёбад. Маҳз аз ҳамин сабаб мо мегўем, ки фаҳмидан муҳим аст, ки қадамҳои нахустин ва минбаъдаи роҳбарияти феълии Афғонистон чӣ гуна хоҳанд буд».
Изҳороти хеле ғалатӣ. Россия солиёни зиёд боз бо љунбиши «Толибон» мунтазам дар тамос аст. Толибон роҳбарияти Россияро мутмаин сохтанд, ки ба Осиёи Марказӣ ҳамла карданро дар нақша надоранд, ваъда доданд, ки алайҳи нашъаљаллобӣ мубориза мебаранд, фаъолияти созмонҳои дигари террористиро дар кишварашон маҳдуд месозанд, ба захираҳои табиии худ дастрасиро боз мекунанд. Ва Россия ба ин ваъдаҳо бовар кард.
Ин нобоварӣ ба шарик-террористи бисёрсола ногоҳ аз куљо сар зад? Ва аљиб аст, ки Россия ҳанўз чизеро дар бораи «қадамҳои нахустин»-и толибон намедонад.
Ба Песков «қадами нахустин»-и љунбишро хотиррасон кардан мехоҳем – таъсиси ҳукумат, ки комилан аз террористон иборат аст, дар ҳоле созмон додани ҳукумати коалитсионӣ ваъда шуда буд. Ҳамаи онҳое, ки ба ҳукумати террористӣ дохил шудаанд, ё Амрико љустуљўяшонро эълон кардааст, ё дар рўйхати СММ ҳамчун террористони хавфнок номнавис шудаанд. Ноиби якуми сарвазир Абдулғанӣ Бародар се сол дар зиндони Покистон буд ва бо хоҳиши ҳукумати қаблии «лўхтакӣ», яъне бо дархости ИМА озод карда шуд. Сирољиддин Хоқонӣ, ки ба курсии вазири корҳои дохилӣ нишастааст, як қатор иқдомҳои террористии мудҳиш, аз љумла дар меҳмонхонаи «Ориёно»-и Кобулро анљом додааст. Департаменти давлатии ИМА ўро террористи хатарноктарин эълон намуд ва Идораи марказии иктишофӣ (ЦРУ) барои сари ў 10 млн доллар мукофот таъин кард!
Дар баробари ин, бо мақсади пурзўртар намудани ҳайати ҳукумати нав ИМА ба Кобул аз маҳбаси номии Гуантанамо, ки дар он бе суду тафтишот маҳбусон аз Афғонистон нигоҳ дошта мешаванд, якчанд номзади навро овард. (Ин амрикоиҳо аљаб дурбину сарфакоранд! Бист сол террористони парваришкардаи худро чун дар анборе нигоҳ доштанд – гуфта намешавад, яке даркор шаванд! Ва даркор шуданд!)
Дигар «қадамҳои нахустин» – далели аёнии он ҳастанд, ки созмони террористӣ ба ҳукумати террористӣ табдил дода шудааст:
— Террор ва зўроварии оммавӣ нисбати аҳолии ғайрипашту дар саросари кишвар. Ҳамагӣ якчанд рўз пеш дар ду деҳаи ишғолкардаи вилояти Панљшер толибон 130 сокини осоиштаро ба қатл расонданд. Ва чанд хонаро оташ заданд. Дар байни қурбониҳо занҳо, кўдакон, пиронсолон буданд.
-Ба хотири пешгирӣ аз раҳпаймоиҳои эътирозии шаҳрвандони башўромада дар ҳар кўчаи шаҳрҳо ва дар ҳар деҳа гурўҳҳои мусаллаҳи террористон гаштзанӣ мекунанд. Вазифаи онҳо ба кўчаҳо роҳ надодани мардум аст. Барои саркашӣ аз итоат љо ба љо мепаронанд.
–Боздошти оммавии љавонони ғайрипашту дар шаҳру деҳот. Љавонон ба дасти террористон афтода, бе ному нишон ғайб мезананд.
-Барои муљоҳидини аз Покистон омада аз оилаҳои тољик, ўзбек, ҳазораҳо ба ғуломӣ духтарон рабуда мешаванд.
II
«Қадамҳои минбаъдаи» толибон зарурат ба пешгўӣ ҳам надоранд. Ин қадамҳоро онҳо худ пешакӣ эълон кардаанд. Мувофиқи барномаи «паштуникунӣ» толибон маљбуран аз љойҳои доимӣ тољикон, ўзбекҳо, ҳазораҳо, қазоқон, туркманҳоро кўчонда, дар маҳалҳои гуногун чунон парешон карданро дар нақша доранд, ки шумораи намояндагони ин халқҳо нисбати паштуҳо кам бошад. Ба мавзеъҳои холишуда паштуҳои покистониро маскун карданианд. Бо ин роҳ толибон мехоҳанд Афғонистонро ба Покистон-2 табдил диҳанд.
III
Бо дархости рўзноманигорон суханони муовини вазири корҳои хориљӣ Сергей Рябковро доир ба он, ки «дар Афғонистон ҳама ғайри толибон мағлуб шуданд», шарҳ дода, Песков чунин гуфт:
«Дар назар аст, ки ба камӣ ҳама (?!) бурд накардаанд, зеро суолҳои асосие, ки ҳоло матраҳанд, чунинанд: оё Афғонистон кишваре боқӣ мемонад, ки аз он ба миқдори калон маводи афюнӣ паҳн мешавад ва оё Афғонистон ҳамчун маконе боқӣ мемонад, ки дар он гурўҳҳои террористӣ худро озод ҳис мекунанд? Аз ин нигоҳ, бале – ба он маънӣ, ки чунин хатарҳо боқӣ мемонанд, – ҳамаи мо дар ҳолати бурднок нестем».
Забони бузургу тавонои русӣ (И.С.Тургенев) ба намояндаи роҳбарияти олии Россия ёрӣ расонд, ки пардапўшона иқрор шавад – сиёсати мо дар Афғонистон ноком шуд! Толибон, ки мо ба онҳо бовар мекардем ва дастгирии иттилоотӣ таъминашон менамудем, умедҳои моро бароварда накарданд. Ва мисле ки барои нокомӣ худро сафед карда, Песков эҳтиёткорона ишора мекунад – на танҳо мо, балки ҳамаи кишварҳои минтақа бохтанд!
Алъон маълум нест, ки оё роҳбарияти Эрон, ки солҳои зиёд пеш бо толибон робитаҳои низомиро ба роҳ монда буд, бохташро дарк кардааст ё на. Тайи бист соли ҳузури низомии Амрико ҳокимони Эрон ба Афғонистон ҳамчун таҳдид ба бехатарии кишвари хеш назар мекарданд. Ҳангоми тарк кардани хоки кишвар амрикоиҳо ба толибон ба маблағи 85 миллиард доллар аслиҳа монданд! Ва ин маънии онро дорад, ки Афғонистон барои Эрон низ хатаре боқӣ мемонад!
Бо эҳтимоли зиёд нокомӣ дар Афғонистон чораҳои муљозотиро дар пай меорад –масъулони самти кор бо Афғонистон дар ВКХ-и Россия ва дар Хадамоти иктишофии беруна ба истеъфо фиристода мешаванд:
–Сардори ВКХ Сергей Лавров барои дастфишорӣ бо террористон дар Москва ва изҳорот дар он хусус, ки «Толибон қисми комилҳуқуқи љомеаи Афғонистонанд»;
–Замир Кобулов, намояндаи махсуси президент дар Афғонистон, барои он ки ба созмони террористӣ номи нав – «Љунбиши ҳарбӣ-сиёсӣ» дод;
–Дмитрий Жирнов, сафири Россия дар Афғонистон лоиқи аз вазифа рондан аз сабаби сатҳи пасти касбӣ аст. Ҳамзамон бо кори асосӣ ў вазифаи имиљсози террористонро адо мекард. Истилоҳи Толибон-2-ро сохт ва бо ғайрати тамом исбот мекард, ки ба фарқ аз толибони якум Толибон-2 тамоман террористӣ нест.
Жирнов бесаброна интизор буд, ки кай ахиран Панљшер шикаст мехўрад. «Ба толибон як рўз кифоя аст, ки шўришгаронро шикаст диҳанд!»- бовар мекунонд ў бинандагони телевизиони русро. Ва ба дурўғе, ки ба ў хадамоти матбуотии «Толибон» пешкаш намуд, бовар кард – исёнгарон торумор шуданд, Панљшер зери назорати толибон аст. Ин дурўғро ў ба ҳамаи расонаҳои ҳукуматгарои Россия ирсол дод, ки бо хурсандӣ хабар доданд: «Толибон» кулли Афғонистонро зери назорат гирифт!
Аммо Панљшер ҳоло ҳам як қалъаи шикастнопазир боқӣ мемонад. Тақрибан 60% ҳудуди он дар дасти Љабҳаи муқовимат боқӣ мемонад. Талафоти љонии толибон ба ҳоли имрўз беш аз 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, онҳо аслиҳаи зиёдро ҳам аз даст додаанд. Талафоти Љабҳа минималӣ аст.
Пас бо Афғонистон минбад чӣ бояд кард? Ба ин суол, аз ранги кор, Россия ҳоло љавоб надорад. Љуръат мекунем фикри худро гўем – ҳоло ки дер нашудааст, Љабҳаи муқовиматро дастгирӣ бояд кард ва ба он дар озод намудани Афғонистони Шимолӣ аз истилои Покистон ёрӣ расонда, миёни љумҳуриҳои осиёимиёнагӣ ва қаламравҳои зери ихтиёри толибон минтақаи буферӣ бояд сохт. Россия танҳо бо ин роҳ метавонад худ ва Осиёи Миёнаро аз омадани террористон эмин дорад ва обрўйи худро ҳамчун шарики боэътимод дар чорчўбаи СПАД устувор намояд.
IV
Дар маъракаи муштараки кишварҳои минтақа оид ба хушном кардани террористон ва ҳамкорӣ бо онҳо танҳо Покистон – асосгузори љунбиши Толибон ва иттифоқчии стратегии ИМА дар минтақаи Осиё, ки силоҳи ҳастаӣ дорад, бурд мекунад. Ва аз ин рў ҳамаи гапҳо дар хусуси он, ки амрикоиҳо бо шармсорӣ аз Афғонистон гурехтанд, хандаоваранд. Ин фикри дипломатҳои россиягӣ аст, ки ин кишварро дарк кардан натавонистанд.
Ва амрикоиҳо «ҳељ арзишҳоеро» ба афғонҳо бор накардаанд. Бист сол онҳо дар кишвар бесуботиро таъмин мекарданд, то ки ба ҳамсояҳо зарар расонанд. Ва қабл аз ҳама – ба Россия, Чин, Эрон.
ИМА баъди худ дар Афғонистон бомбаи маљозии азимеро монда рафт, ки рўзе метаркад. Ва пораҳои он пеш аз ҳама ба сари ҳамсоягони наздиктарин – кишварҳои ОМ мерезанд.
Дар бозии калон бо номи «Толибон» камтар аз ҳама Пекин бохтааст. Ворисони Дэн Сяо Пин ба насиҳати пешвои бузурги худ содиқ монданд: «Вақти убури дарё сангҳоро санљида пой гузор». Онҳо робитаҳои худро бо «Толибон» чандон ошкор наменамуданд ва мисли Россия дар шабакаҳои телевизионии худ террористонро реклама намекарданд.
Вале бурдкардаҳо ҳам ҳастанд. Инҳо “коршиносони масоили Афғонистон»-и сершуморанд, ки ногоҳ аз куљое дар шабакаҳои телевизионии Россия пайдо шуданд. Бисёри онҳо, аз рўйи андешаҳояшон, дар бораи кишвари мазкур тасаввуроти тирае доранд. Аммо офаринашон, ки ҳамчун донандаи мавзуи Афғонистон мукофотпулии ҳангуфт мегиранд! Барои онҳо шодем!
САЛОМИДДИН МИРЗОРАҲМАТОВ
БАХТИЁР ҲАМДАМОВ