Роҳи баҳрӣ барои Тоҷикистон. Интизор бошем ё бишитобем?

Ўзбекистон, Афғонистон ва Покистон тасмим гирифтаанд татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф – Кобул – Пешоварро тезонанд. Ин ва дигар лоиҳаҳои фароафғонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ дурнамое доранд ва чаро Тоҷикистон набояд дар амалисозии онҳо нақши пассив дошта бошад, дар зер бихонед.

Моҳи феврали соли ҷорӣ дар Тошканд вохўрии сеҷонибаи нахустини Ўзбекистон, Афғонистон ва Покистон сари масъалаи амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф – Кобул – Пешовар доир гардид. Ин лоиҳаро аз оғоз бисёр коршиносон ва расонаҳо «Лоиҳаи аср» меноманд.

Ҳавасмандии худро дар воқеӣ намудани он намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигарон изҳор намуданд.

Ин лоиҳа ба чӣ хотир кишварҳои минтақа ва сармоягузоронро ба худ ҷалб кардааст?

«Долони афғонӣ» ва ояндаи нави Осиёи Марказӣ

Назар ба ақидаи коршиносон, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ долони фароафғонии Мазори Шариф – Кобул – Пешовар роҳи комилан нав ва кўтоҳтаринро ба бозорҳои зарфиятдори Осиёи Ҷанубӣ боз мекунад.

Ба андешаи мудири Пажуҳишгоҳи таҳқиқотҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ўзбекистон Элдор Орипов, сохтмони долони фароафғонӣ маҷроҳои нақлиётӣ ва тиҷоратро дар Осиёи Марказӣ ба якборагӣ ҷоннок мекунад, зеро дар ихтиёри кишварҳои минтақа пас аз ин ду роҳи расидан ба баҳрҳои ҷанубӣ хоҳад буд. Аз як тараф – роҳи мавҷуд ба бандарҳои эронии Ҷобаҳор ва Бандараббос, аз тарафи дигар – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар  бо баромади минбаъда ба бандарҳои Қарочӣ ва Гвадар.

«Аз мавқеи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ба истифода додани хатсайри роҳи оҳани Мазори-Шариф – Кобул – Пешовар имкон медиҳад, ки муддати расидани борҳо то Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Аврупо хеле кўтоҳтар шавад. Масалан, дар сурати пурра амалӣ шудани лоиҳа барои интиқоли борҳо аз Покистон ба Ўзбекистон на 35 рўз, балки ҳамагӣ 3-5 рўз лозим мешавад. Тафовут аз замин то осмон. Дар навбати худ, кўтоҳ шудани роҳ боз маънии ба маротиб поинтар шудани арзиши интиқоли борҳоро дорад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, хатсайр имкон медиҳад арзиши ҳамли як контейнери 10-тоннагӣ қариб 3 маротиба коҳиш дода шавад. бино ба ҳисобҳои пешакии коршиносон, хароҷот барои интиқоли контейнер аз Тошканд то Қарочӣ ба тахмин 14001600 долларро ташкил хоҳад дод, дар ҳоле ки тариқи хатсайри Тошканд Бандараббос – 26003000 долларро. Яъне қариб 1,5-2 карат камтар. Таъмини транзити молҳо аз Ҳиндустон ва Покистон тавассути Ўзбекистон ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо тақрибан дар сатҳи 3-4 млн тонна дар як сол арзёбӣ мешавад»,- далелҳои Элдор Ориповро меорад Gazeta.uz.

Роҳи баҳрӣ барои Тоҷикистон. Интизор бошем ё бишитобем?
Элдор Орипов

Беш аз ин, Мазори Шариф-Пешовар қисмате аз алоқаҳои васеътари зерсохтории Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хоҳад буд. Тариқи ин долон ҳамчунин хатти баландшиддати барқи CASA-1000 кашида мешавад, ки Осиёи Марказиро ба бозорҳои неру дар Покистон ва Ҳиндустон мепайвандад.

Аз амалишавии лоиҳа Афғонистон низ манфиати зиёд мебардорад. Он дар ривоҷи савдо, сохтмони зерсохтори наздироҳӣ, таъсис ёфтани ҷойҳои кории нав, фароҳам омадани шароит барои азхудкунии захираҳои ғании маъданҳо дар минтақаҳои атрофи роҳи оҳани нав таҷассум хоҳад ёфт. Лоиҳаи Мазори Шариф – Пешовар ҳамчунин ба тавсеаи шабакаи нақлиётӣ-иртиботии дохили Афғонистон мусоидат хоҳад намуд. Бино ба қавли коршинос, танҳо ҳангоми сохтмони худи роҳ бунёд кардани иловатан 264 кўпрук, 7 нақб, 641 иншооти обгузар дар нақша аст.

«Дар баробари ин арзёбии дурнамоҳои лоиҳа танҳо аз нигоҳи иқтисодӣ чандон дуруст нест. Сохтмони шоҳроҳи фароафғонӣ бояд ҳамчун қисме аз талошҳо ба хотири ноилшавӣ ба сулҳ дар Афғонистон баррасӣ гардад»,- мегўяд Орипов.

“Субот дар Афғонистон ба манфиати бисёр кишварҳо аст ”

Бештар аз 30 сол пеш неруҳои низомии Шўравӣ тарки Афғонистон карданд, аммо ҷанг дар ин сарзамини азияткашида ҳанўз давом дорад. Ва инак ба назар мерасад, ки ҳамаи иштирокдорони низоъ ахиран ба дарки он расидаанд, ки ғайр аз миллионҳо марги бегуноҳ, миллиардҳои барбодрафта, харобӣ ин ҷанг дигар чизе намеорад.

Аз оғози гуфтушуниди нав миёни ИМА, Толибон ва ҳукумати Афғонистон кишварҳои ҳамсоя талошҳои худро баҳри пешбурди лоиҳаҳои иқтисодии вобаста ба ҶИА якбора зиёд намуданд.

Аз охири соли 2018 роҳи нави алтернативии «Долони лоҷувардӣ» дар Ҳирот ба истифода супорида шуд. Ин хатсайр тариқи Туркманистон, баҳри Хазар, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркия, сипас ба Аврупо мегузарад.

Афғонҳо кишвари худро «Дили Осиё» меноманд, «Долони лоҷувардӣ» имкон медиҳад дили Осиё ба Аврупо пайваста шавад – ончунон ки дар замонҳои Роҳи бузурги абрешим буд.

Роҳи баҳрӣ барои Тоҷикистон. Интизор бошем ё бишитобем?
Нурали Давлатов

«Субот дар Афғонистон ба манфиати бисёр кишварҳои минтақаи Осиё аст, – хотирррасон мекунад рўзноманигори сиёсатшинос Нуралӣ Давлатов.- Сабаб дар он аст, ки ҳамон як минтақаҳо ба пешрафти ҷиддии саноатӣ ноил гардида, ба маводи нафтӣ ва газ ниёзи зиёд пайдо мекунанд, дар ҳоле ки дигарон ба содирот намудани онҳо манфиатдоранд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки роҳи баромад ба баҳр надоштанд, наметавонистанд нафту газро ба Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ содирот намоянд, аз ин сабаб Туркманистон бо нархи паст онро ба Чин медод. Акнун Ашқобод тамоми чораҳоро барои кушодани роҳҳо ба бозорҳои нав андешида истодааст. Инчунин барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, ба бандарҳои Эрон ва Покистон тавассути Афғонистон роҳ ёфтан зарур аст, то ки дастрасӣ ба бозори ҷаҳонӣ пайдо кунанд”.

Замонҳои охир Ўзбекистон дар самти Афғонистон фаъол шудааст. Ҷумҳурӣ роҳи оҳани 85-километраро то Мазори Шариф бунёд кард ва минбаъд азм дорад онро то ба Ҳирот  расонад. Эрон аз ҷониби худ ба зудӣ ба истифода роҳи оҳани 200-километриро аз шаҳри Хуф то Ҳирот медиҳад. Ин на танҳо ба Афғонистон, ки ба кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон фароҳам мекунад, ки молҳои худро тариқи ин роҳ ба бандарҳои эронии Ҷобаҳор ва Бандараббос интиқол диҳанд. Мувофиқи “харитаи роҳ”, ки соли 2017 қабул гардид, Ўзбекистон ният дорад дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши дутарафаи молҳояшро бо Афғонистон ба 1,5 миллиард доллар расонад. Ин замон дар бозорҳои афғонӣ метавон молу маҳсулоти ўзбекистониро, аз ҷумла автомобилҳо, техникаи барқии маишӣ, маводи доруворӣ ва ғайраро пайдо кард.

“Афғонҳо ин амалҳои ҳамсояҳоро хуш мепазиранд, зеро мефаҳманд, ки кишварҳои ҷавони осиёимарказӣ ба фарқ аз абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ хавфи сиёсӣ ва ё иқтисодие ба кишварашон надоранд, аз ин рў ба ҳамкориҳо бо Ўзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон манфиатдоранд. Мо набояд ин имкониятро аз даст диҳем”,- муътақид аст Нуралӣ Давлатов.

Тоҷикистон ба лаби баҳр расидан мехоҳад. Аммо шитоб намекунад…     

Дар Тоҷикистон дарк мекунанд, ки кушода шудани роҳ ба сўи баҳр ба рушди иқтисоди кишвар такони ҷиддие хоҳад бахшид. Вале, ба ҷуз лоиҳаҳои энергетикӣ, ҷумҳурӣ айни замон ба дигар лоиҳаҳои калонмиқёс ҳамроҳ нашудааст. Дар вохўрии сарони ду кишвар асосан масъалаҳои амниятӣ баррасӣ мегарданд, ки бояд гуфт, низ муҳиманд.

Кишварҳои минтақа ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ якчанд лоиҳаи сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли неру аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро таҳия намудаанд. Инҳо хаттҳои 500-кВт Роғун – Сангтўда– Қундуз – Пули Хумрӣ – Кобул – Пешовар, Роғун – Хоруғ – долони Вахон – Пешовар бо қобилияти гузарондани 8,6 млрд. кВт соат дар як сол мебошанд. Пас аз ба кор даровардани НБО «Сангтўда-1» ва «Сангтўда-2» сохтмони хатти баландшиддати Лолазор–Пули Хумрӣ ба анҷом расонда шуд.

Роҳи баҳрӣ барои Тоҷикистон. Интизор бошем ё бишитобем?

Бешубҳа лоиҳаи калонтарин феълан CASA-1000 бо арзиши умумии 1 млрд доллар мебошад. Неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон (50-дарсадӣ аз ҳар кишвар) ба Покистон ва эҳтимолан ба Ҳиндустон содирот хоҳад шуд. Корҳо оид ба татбиқи ин лоиҳа бояд соли 2020 ба анҷом мерасиданд, лекин аз сабаби пандемия ва ҷангҳои идомаёбанда дар шимоли Афғонистон қисми корҳо қатъ гардид.

“Албатта, Тоҷикистон набояд аз ин равандҳо дар канор монад. Аммо, дар ҳар сурат, фаҳмост, ки бидуни таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя амалӣ намудани ин лоиҳаҳо осон нахоҳад буд,- ақида дорад коршинос оид ба масоили Афғонистон Қосим Бекмуҳаммад. – Иқдомҳои террористӣ, ки пас аз ба имзо расидани созишномаи миёни ИМА ва толибон ба вуқўъ пайвастанд, нишон медиҳанд, ки толибонро ҳамчун як неруи ягона баррасӣ кардан дуруст нест. Толибони зиёде ҳастанд, ки новобаста аз якдигар амал мекунанд ва бо марказҳои гуногуни хориҷӣ дар алоқа мебошанд”.

Тибқи суханони коршинос, ба ғайр аз фаъолиятҳои ҷангии идомаёбанда, дар роҳи амалисозии лоиҳаҳои бузурги фароафғонӣ инчунин ихтилофи манфиатҳои абарқудратҳо дар минтақа метавонад монеа барпо намояд.

“Агарчӣ аз сулҳи пурра дар Афғонистон гуфтан ҳанўз барвақт аст, аммо он дигар чизи дастнорасе ба назар наменамояд,- мегўянд коршинос.- Фаҳмише вуҷуд дорад, ки бо силоҳ ҳеҷ кас онҷо ба ҳадафҳои худ ноил нахоҳад шуд. Ва инҷо ба Тоҷикистон сари вақт имкониятҳои пайдошударо дарк намудан, шонси нафъбардорӣ аз онҳоро аз даст надодан, шиддат бахшидан ба амалҳо дар роҳи расидан ба сулҳ дар Афғонистон, рушд додани муносибатҳои иқтисодӣ бо ин кишвар муҳим мебошад. Лоиҳаҳои калони иқтисодӣ, зерсохторӣ, ба монанди сохтмони роҳи Мазори Шариф- Пешовар ё лоиҳаи аз он калонтари “Дили Осиё – раванди Истанбулӣ” дер ё зуд амалӣ мешаванд. Ва Тоҷикистон, ки дар минтақа сарҳадҳои дарозтаринро бо ин кишвар дорад, набояд дар ин кор дар нақши як дунболагир бошад. Дар баробари ин, ба барқарории Афғонистон ҳамчун пуле миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат намуда, мо на танҳо масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро ҳал менамоем, балки дар таъмини амнияту субот дар минтақа низ саҳми ҷиддӣ мегузорем”. 

Фаррух Бозоров

Оцените статью

Роҳи баҳрӣ барои Тоҷикистон. Интизор бошем ё бишитобем? Ўзбекистон, Афғонистон ва Покистон тасмим гирифтаанд татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф – Кобул – Пешоварро тезонанд. Ин ва дигар лоиҳаҳои фароафғонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ дурнамое доранд ва чаро Тоҷикистон набояд дар амалисозии онҳо нақши пассив дошта бошад, дар зер бихонед. Моҳи феврали соли ҷорӣ дар Тошканд вохўрии сеҷонибаи нахустини Ўзбекистон, Афғонистон ва Покистон сари масъалаи […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.