Пас аз сари қудрат омадани «Толибон» (ташкилоти дар Тоҷикистон манъшуда) дар Афғонистон садҳо ҳазор сокинони ин кишвари азиятдида талош барои фирор аз қаламрави он ва ёфтани сарпаноҳ дар кишварҳои дигар мекунанд. Ба Тоҷикистон фирориён асосан ҳамчун ба як минтақаи транзитӣ барои расидан ба кишварҳои сеюм роҳ меҷӯянд.
Қаблан сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар шумораи гурезагонеро, ки аз силоҳбадастон фирор намуда, ба Тоҷикистон омадаанд, наздики 10 ҳазор гуфта буд. То ҳуҷуми толибон онҳо тақрибан 7 ҳазор нафар буданд.
Аммо Тоҷикистон чанде пеш иброз дошт, ки имкони хеле маҳдуд барои қабули фирориёни афғонистонӣ дорад, аз ин сабаб қодир нест теъдоди зиёди паноҳҷӯёнро аз ин кишвар қабул намояд.
Ба ҳоли имрӯз, мувофиқи маълумоти ташкилоти ғайриҳукуматии фирориёни афғон «Ориёно», дар Тоҷикистон зиёда аз 6000 паноҳандагони афғон кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар якчанд минтақаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳру шаҳракҳои атрофи пойтахт – Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, ҳамчунин дар Бохтар ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Доир ба он ки афғонҳо дар Тоҷикистон имрӯз чӣ имкониятҳо барои пайдо кардани паноҳандагӣ доранд ва ҷамоати афғонҳо дар кишвари мо чӣ ҳастие мебарад, дар мусоҳиба бо Абдулмусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ТҒД-и афғонии «Ориёно» гуфтем.
Абдулмусаввир Баҳодурӣ соли 1996 пас аз омӯзиши таърих дар Донишгоҳи давлатии Кобул ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омада буд, то ки дар бораи гузаштаҳои дури худ маълумоти бештаре ба даст орад ва аз он замон дар Тоҷикистон аст.
— Ҷаноби Баҳодурӣ, оё иттилое доред, ки баъди ҳокимиятро ғасб намудани толибон чӣ шумораи афғонистониён мехоҳанд ба Тоҷикистон оянд?
— Наздики 2 ҳазор нафар мехоҳанд ба Тоҷикистон оянд, аммо чунин имконият надоранд. Аксари афғонҳо ба Тоҷикистон майлу рағбат доранд, аксаран онҳое, ки инҷо таҳсил кардаанд ва кишварро медонанд. Аммо фурудгоҳҳои Афғонистон айни ҳол бастаанд. Ҳатто онҳое, ки чипта доранд, наметавонанд аз Афғонистон берун шаванд.
Бояд гуфт, миёни онҳо зиёданд нафароне, ки дар Канада сарпараст доранд. Масалан, аз 600 фирории афғон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, 60% ҳомие дар хориҷа дорад. Беш аз 87 оила дар Тоҷикистон раводиди вуруд ба Канадаро ба даст овардааст, аммо аз сабаби пандемияи вируси тоҷдор иҷозати рафтан нагирифтааст.
— Сабаби ба Осиёи Миёна омадани шумо дар чӣ буд?
— Гузаштагони ман тоҷикон, зодаи деҳаи Даҳбеди наздики Самарқанд будаанд. Ман чанд маротиба ба он ҷо ба хотири барқарор намудани шохаҳои шаҷараи авлод сафар доштам. Дар роҳ аз бисёр шаҳру манотиқи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дидан кардам ва бароям тарзи ҳаёти мардуми маҳаллӣ хуш омад. Дар рафти яке аз сафарҳои худ бо духтаре аз вилояти Хатлони Тоҷикистон шинос шудам ва соли 1996 мо оила сохтем. Ду писар ва ду духтар дорем, духтари калонии ман худ оиладор аст, писарбузургам дар Фаронса иқомат мекунад.
— Шумо он замон аз толибон фирор карда будед?
— Соли 1996 толибон бисёр қисматҳои Афғонистонро зери тасарруф дароварда буданд, ба ҷуз Кобул ва вақте ман фаҳмидам, ки толибон ба Кобул ворид шуданд, дигар ба ватан барнагаштам.
—Ҷаноби Баҳодурӣ, ба ҳамин қарибӣ мо наворҳои мудҳишеро дидем, ки чӣ тавр одамон бо қасди ба ҳар усуле набошад, аз ватан фирор кардан ба ҳавопаймо мечаспанд. Пеш низ мардум чунин мегурехтанд ё ин андоза ба воҳима дода намешуданд?
– Пеш чунин воҳима набуд, вале мехоҳем ё не, мардум метарсанд, зеро толибони сариқудратомада на ақл доранд, на фаросат. Одамон ҳарос доранд, ки толибон мисли соли 1996 рафтор хоҳанд кард. Алъон онҳо оромона рафтор мекунанд, то ки ҳукумати худро мустаҳкам намоянд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро шиносад.

— Ба шумо он вақт аз Афғонистон берун шудан ба осонӣ даст дод?
– Бале, он замон аз Афғонистон хориҷ шудан осон буд. Мо раводид гирифта чипта мехаридем ва ҳар ҷое мехостем, мерафтем.
—Ба андешаи шумо, ҳукуматодорони афғон ба чӣ иштибоҳҳое роҳ доданд, ки дубора сари қудрат омадаи толибон имконпазир гашт?
– Ҳукуматдорон иштибоҳҳои зиёд карданд. Хоса, онҳое зери хатари бештар қарор доранд, ки шиносномаи биометриашон ситонда шудааст. Онҳо дар низоми вазоратҳои дифоъ, умури дохила ва амният фаъолият мекарданд. Толибон онҳоро пайдо ва нест мекунанд.
Ононе, ки дар сафорати ИМА кор кардаанд, низ нобуд карда мешаванд, зеро ҳар кадоми онҳо (сарбоз, фармондеҳ) беш аз 100 толибро куштааст.
Агар Амрико намехост, бо он қудрат, молия ва силоҳе, ки дорад, толибон имрӯз дар Афғонистон сари қудрат намебуданд. Баъзе аз мошинҳои ҷангии онҳо, ки дар 20 сол ҳатто боре истифода ҳам нашуда буданд, имрӯз ба дасти толибон супурда шудаанд.
—Фарқ миёни толибоне, ки он замон омаданд ва имрӯз ҳукм меронанд, дар чист?
– Фарқ дар он аст, ки 20 сол пеш васоити ахбори омма чунин рушдкарда набуданд. Толибон аслан ҳамон гунае ҳастанд, ки 20 сол пеш буданд, аммо азбаски ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро он солҳо эътироф намекард, толибон чунин вонамуд месозанд, ки гӯё кишвари осудаҳоле сохтанӣ ҳастанд. Дар асл онҳо мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро фиреб диҳанд.
— Ҷаноби Баҳодурӣ, доир ба фирори Ашраф Ғанӣ чӣ андеша доред? Чаро ӯ бо чунин осонӣ зимоми ҳокимиятро партофта гурехт?
– Фирори сарвари Афғонистон лоиҳае 80-90 сол пеш тартибёфта буд. Қаблан аз рӯйи ин лоиҳа Карзай амал кард, ки қисми корро анҷом дод. Қисми дигарро Ашраф Ғанӣ иҷро кард. Худ андеша кунед, чӣ тавр бо халтаҳои пур аз пул – 169 миллион доллар метавонӣ бо чунин осонӣ фирор намоӣ? Ғайр аз ин, як моҳ қабл аз ин ҳамсари Ғанӣ ба ИМА муодили 70 миллион доллар пули афғонӣ бурда буд. Чаро касе аз ӯ напурсид? Ҳатто пулиси ҳавопаймоӣ на як бору ду бор огоҳ карда буд, ки ҳамсари Ғанӣ аз Афғонистон пул дуздидааст.
Ин хиёнат аст. Сиёсатмадорони афғон ҳама вақт мегуфтанд, ки ин тоифа ду шиноснома дорад ва дар ҳар шароит имкон барои фирор кардан меёбад, лек мардум мемонад. Маҳз ҳамин дар ниҳоят рӯй дод. Магар Амрико наметавонад Ашраф Ғаниро пайдо намояд? Вале фаромӯш накунед, ки ин як лоиҳаи амрикоӣ буд, ки анҷом дода шуд.
— Имрӯзҳо толибон зиёд ваъда мекунанд, ки нафарони алоқаманд бо хориҷиёнро таъқиб нахоҳанд кард, занҳо имкон барои таҳсил ва кор хоҳанд дошт. Ба онҳо бовар мекунед?
– Барои занҳо рафтан ба бисёр ҷойҳо манъ аст, аммо ба онҳо иҷозаи кор дар соҳаи тандурустӣ дода шудааст. Аммо инро мехоҳем ё на, вуҷуди мардумро ваҳм фаро мегирад. Ононе, ки толибонро дидаанд ва давронеро ёд доранд, ки онҳо ҳукмфармоӣ мекарданд, ҳеҷ гоҳ ба гуфтаҳояшон бовар намекунанд. Толибон садҳо карат ваъдахилофӣ ва хиёнат кардаанд. Ҳафт пешвое, ки аз Маккаву Мадина гузаштанд, қавл дода буданд, ки ба Афғонистон сулҳ меоранд, вале ин корро накарданд.

— Ба ақидаи шумо, оё Аҳмад Масъуд метавонад дар атрофи худ шумораи зиёди норозиёнро барои муқобилият ба толибон ҷамъ орад? Ё ӯ ҳанӯз барои ин ҷавон аст?
– Муҳим нест, ки Аҳмад Масъуд ҷавон аст ё не, ӯ оқил аст, мушовиронаш кор мебаранд, ҷабҳаи муқовимати ӯ сарбозони хубе дорад. Одамоне дар атрофи Масъуд ҳастанд, ки собиқаи ҷангӣ доранд. Роҳбарияти толибон огоҳ аст, ки зидди онҳо пойгоҳи ҳарбии Панҷшер истодагарӣ мекунад. Аммо Аҳмадшоҳ Масъуд таҷрибаи худро дошт. Мо ҳама вақт ӯро қадр хоҳем кард. Масъуди хурдӣ, дар навбати худ, пур аз ҷуръату неру барои муқобилият ба артиши сиёҳ аст, на ҳар кас дар 32-солагӣ тавони инро дорад.
— Он чӣ, ки имрӯз рух медиҳад, оё маънии онро дорад, ки толибон барои ҳамеша дар Афғонистон сари қудрат боқӣ мемонанд?
– Толибон ба ҳеҷ ваҷҳ дар сари қудрат намемонад.
— Назари шумо ба оянда чӣ гуна аст? Афғонистонро дар ду соли минбаъд чӣ интизор аст?
— Ду сол пас Худо ба кишвар сулҳи пойдор меорад, агар тақдири афғонҳо дар дасти худи онҳо бошад. Лек тақдири афғонҳо дар дасти худи онҳо на, дасти абарқудратҳои ҷаҳон аст. Калиди сулҳи мо дар Покистон, Амрико ва Русия аст. Ин ҷанги Русия бо ИМА ва Ҳиндустон бо Покистон мебошад, ки имрӯз дар Афғонистон сар шудааст.