Пас аз он ки Президенти ФР дар охири моҳи сентябр сафарбарии қисмӣ ба артишро эълон кард, дар як муддати кӯтоҳ ба кишварҳое, ки бо Россия иҷозати равуои бераводид доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, шумораи зиёди шаҳрвандони Россия ворид шуд. Дар байни онҳо мутахассисони соҳаҳои гуногун буданд, ки кишвари мо ба онҳо эҳтиёҷ дорад.
Аммо замони охир аз ҷумҳурӣ берун рафтани онҳо мушоҳида мешавад.
Сабаб чист?
«Ҳамааш хуб аст, ғайри музди кор»
Минтақаи моро барои муҳоҷират интихоб кардани русҳо ба як қатор сабабҳо: имкони вуруди бе раводид, арзиши нисбатан пасти зиндагӣ, шартҳои мусоиди ҳуҷҷатсозӣ, маъмул будани забони русӣ вобаста буд.

Дар рӯзҳои аввали омадани русҳо расонаҳои Тоҷикистон зиёд аз нияти дар ояндаи наздик дар кишвари мо мондани аксари онҳо хабар медоданд.
Аммо имрӯз раванди акс мушоҳида мешавад – бисёр шаҳрвандони ФР ҷумҳурии моро тарк мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба мутахассисони салоҳиятнок, ки дар байни омадагон зиёд буданд, ниёз дорад.
“Ман қарор додам ба Туркия равам,- аз тасмими тарки Тоҷикистон хабар дод Юрийи 34-сола. – Забони англисиро хуб медонам, дар бахши сайёҳӣ таҷриба дорам. Аз як ширкати сайёҳии шаҳри Измир даъватнома гирифтаам. Дар Душанбе ҳама чиз бароям мақбул буд – иқлим, худи шаҳр, мардуми хайрхоҳ. Аммо на музди кор. Бинобар ин маҷбурам, ки кишвари шуморо тарк кунам. Ташаккур аз тоҷикистониён барои қабули гарм. Инҷо бароям гуворо буд.
Сарфи назар аз зиёдии қувваи корӣ, дар ҷумҳурӣ ҳанӯз нарасидани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаҳои гуногун эҳсос мешавад. Ихтисосҳое, ки музди баланди кор доранду дар бозори кории Тоҷикистон ба онҳо талабот зиёд аст, дар соли 2022 касбҳои соҳаи молия: кормандони бонкҳо, менеҷерҳо, таҳлилгарон ва мушовирони молия буданд. Ба ҳисоби миёна намояндагони ин соҳа 2500 сомонӣ маош мегиранд. Дар Тоҷикистон бисёр касон мехоҳанд чунин кор дошта бошанд. Аммо кадрҳое, ки аз Россия омадаанд, на.

– Ман мутахассиси соҳаи молия мебошам, – мегӯяд Михаил, ки аз Москва омадааст. – Шиносҳоям барои ман дар як ширкати калони хусусӣ кор ёфтанд. Лекин 500 доллар маош шояд барои мутахассисони маҳаллӣ хуб бошад, барои ман хуб нест. Ман маҷбур будам, ки рад кунам. Бо эҳтимоли зиёд ба Гурҷистон меравам. Дар он ҷо як дӯстам бароям коре пайдо кард, ки маоши баландтар дорад.
Тоҷикистон ба барномасозон низ ниёз дорад. Ширкатҳои маҳаллӣ зиёд даъват кардани кормандони IT аз кишварҳои дигарро афзал медонанд. Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурии мо аз рӯйи шартнома кор мекунанд, назар ба шаҳрвандони Тоҷикистон музди бештар медиҳанд.
Бо вуҷуди ин, ҳатто маоши баландтарини мо барои барномасозон дар муқоиса бо Россия паст боқӣ мемонад.
Коршиносон: «Расмиёти бюрократӣ ба даъвати мутахассисон монеъ мешаванд»
Дар “мизи мудавваре”, ки чанде пеш дар Media Lab «Азия-Плюс» дар мавзуи «Содасозии расмиёти додани иҷозати кор ба шаҳрвандони Русия» баргузор шуд, коршиносон роҳҳои ҷалби мутахассисони варзидаи русро барои кори дарозмуддат дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Зимнан, зикр гардид, ки дар ҳоли ҳозир аксари меҳмонон Тоҷикистонро як макон барои ҷойгиршавии муваққатӣ медонанд – аммо агар мақомот шароити мусоид фароҳам оранд, ин вазъ метавонад тағйир ёбад.
Аз ҷумла, Павел Ткаченков, пизишке, ки аз Новосибирск ба Тоҷикистон омадааст, бартариҳои ин кишварро ҳавои тоза, шароити иқлимӣ ва табиии хуб, таомҳои болаззат ва сатҳи нисбатан пасти хароҷот унвон кард. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ба раванди интегратсия ба зиндагии маҳаллӣ баъзе расмиёти бюрократӣ монеъ мешаванд.

-Як мушкил ин аст, ки ширкатҳои тоҷикӣ бе иҷозатномаи дахлдор шаҳрвандони хориҷиро ба кор қабул карда наметавонанд. Илова бар ин, барои шаҳрвандони хориҷӣ дар хариди манзил маҳдудиятҳо вуҷуд доранд, – афзуд ӯ.
Дар ҳоли ҳозир раванди додани иҷозатномаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ то 30 рӯз тӯл мекашад, аммо дар ин муддат бисёр аз меҳмонон метавонанд кишварро тарк кунанд. Илова бар ин, на ҳама ширкатҳои тоҷикӣ омодаанд ба хотири як ё ду корманди нав, ҳатто агар онҳо сатҳи баланди тахассус дошта бошанд, иҷозатнома бигиранд.
Дар сурати гирифтани иҷозатномаи лозима ширкат ба рӯйхати “агентиҳои кадрӣ” дохил кард мешавад ва минбаъд уҳдадор мегардад, ки ҳар семоҳа ба Хадамоти муҳоҷират ҳисобот пешниҳод кунад. Дар акси ҳол, онро ҷаримаи калон интизор аст.
Коршиносон ҳамчунин аз набуди роҳи маъмулии дарёфти иҷозаи иқомат (“вид на жительство”) аз тариқи сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқули маҳаллӣ (яъне, харидани манзил -НН) дар Тоҷикистон гуфтанд. Намояндагони хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнати кишвар дар навбати худ тавсия додаанд, ки душаҳрвандӣ ҳамчун усули алтернативӣ баррасӣ гардад.
Мутахассисони IT Ӯзбекистонро интихоб мекунанд
Солҳои охир технологияҳои иттилоотӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромадтарин табдил ёфта, ба иқтисодиёти кишварҳо фоидаи калон меорад.
Дар ин самт Ӯзбекистони ҳамсоя, ки бисёр аз мутахассисони руси ин соҳа аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба он ҷо мекӯчанд, қадами бузурге гузоштааст.
Тибқи иттилои нашри русии Forbes (“Форбс”), ширкати IT-и EPAM Systems-и амрикоӣ аз баҳори соли ҷорӣ ҷалб кардани барномасозони Россия ва Беларусро ба Ӯзбекистон оғоз кардааст. EPAM аз соли 2019 инҷониб дар Тошканд идораи худро дорад, бошандаи кластери маҳаллии IT аст.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, имрӯз беш аз 3000 мутахассиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз Федератсияи Россия ва Беларус барои ҳамкорӣ бо корфармоёни мухталиф вориди Ӯзбекистон шудаанд. Ҳоло ширкатҳо тасмим доранд масъалаи иқомати дарозмуддати онҳоро ҳал кунанд, зеро дар меҳмонхонаҳо теъдоди ҷойҳои зисти муносиб торафт кам мешавад.
Яке аз кормандони EPAM пас аз омадан ба Ӯзбекистон ба Forbes гуфт, ки ширкат ҳалли мушкилоти кӯчишро пурра – аз ҷиҳати молиявӣ, дар масъалаи парвоз ва манзил ба зиммаи худ гирифтааст. EPAM инчунин хароҷоти сафар, манзил ва масрафоти ҳаррӯзаи аҳли оилаи кормандро дар моҳи аввал пардохт кардааст. Тавре ӯ шарҳ дод, ин шароит барои ҳама барномасозоне, ки сари қарори кӯчидан омадаанд, дастрас буд. Ба гуфтаи ӯ, ширкат ба ҷуз Ӯзбекистон ба кормандонаш боз 10 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Гурҷистон ва Арманистонро барои интихоб пешниҳод мекард.
-Аҷиб аст, ки чӣ тавр таърих такрор меёбад. Соли 1941 ба Тошканд мардум аз шаҳрҳои Россия аз ҳамлаи фашистони немис фирор мекарданд, ҳоло аз худиҳо фирор мекунанд. Бе шубҳа, ин фавҷи мутахассисони IT, ба шарти амали оқилонаи ҳукуматдорон, таконе ба рушди Ӯзбекистон хоҳад дод. Боз ба шарте, ки ин суръати рушди фанновариҳои IT дастгирӣ ёбад ва ба “шарофат”-и баъзе мансабдорони белаёқату савод аз даст наравад. Сарфи назар аз “бозсозӣ”, дар онҷо инхелҳо кам нестанд, – шарҳ медиҳад дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ мутахассиси IT-и рус Руслан, ки аз Душанбе ба Тошканд кӯчидааст.
Дар Тоҷикистон ин соҳа дар ҷодаи рушд танҳо қадамҳои нахустини худро мегузорад, аммо ба пешрафти он як қатор омилҳо халал мерасонанд.
Ду сол пеш мақомот аз таъсиси технопарк дар кишвар хабар дода буданд, вале он замон ҷомеаи коршиносон ба як қатор мушкилоте, ки то ба имрӯз ҳалли худро наёфтаанд ва ба мавҷуд набудани ҳаракат дар самти рафъи ин монеаҳо ишора карданд. Муҳимтарини онҳо интернети пастсифату ноустувор ва нархи баланди он гуфта мешавад.
– Аз ин сабаб мо наметавонем аз фурсат истифода бурда, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотиро ҷалб кунем, – мушкилоти болозикрро хулоса кард коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ Фирдавс Забиров.- Ва мисли ҳарвақта боз аз дигарон ақиб мемонем.
Асад Бехруз