Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии ҳисоботии вазорату идораҳо бо суръату ҷўши тамом идома доранд. Ин таҷриба, ки дар бисёр кишварҳои дунё меъёр аст, дар кишвари мо сирф ба шарофати сиёсати бемайлон ва суботкорона дар масъалаи зерҳисобии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мекунад, пайдо шудааст. Ва бори навбатӣ, сарфи назар аз хоҳиш надоштану норозӣ будани бархе, мансабдорони баландпоя назди мардуми Тоҷикистон бо истифода аз минбаре, ки расонаҳои ватанӣ дар ихтиёрашон мегузоранд, ҳисобот медиҳанд.
Фарқи калон
Яке аз нишастҳои деринтизор нишасти матбуотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар рафти он ба суолҳои рўзмарра посухҳо пешкаш ва як қатор ададҳое арз шуданд, ки баёнгари вазъи соҳаи тандурустӣ дар соли 2020 мебошанд. Аммо баъди омўзиши хабару матлабҳои дар ин мавзўъ дар ВАО-и ватанӣ нашршуда суолҳо зиёд шуданду кам не. Nuqta.tj як қисми онҳоро дар зер меорад.
Дар сомонаи гурўҳи расонаии «Азия-Плюс» 12 феврали соли 2021 матлабе таҳти унвони ҷолиби «Роҳбари Вазорати тандурустии Тоҷикистон: «Омили асосии пирўзӣ бар COVID-19 дасткашӣ аз карантин буд».
Дар матлабе, ки ба суханронии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ бахшида шуда буд, як қатор рақамҳое зикр мегардид, ки хеле мароқовар ба назар мерасанд.

Дар хусуси сармоягузории соҳаи тандурустӣ иттилоот пешкаш намуда, вазир гуфт, ки соли 2020 буҷети умумии соҳаи тандурустӣ 1 млрд. 600 млн. сомониро ташкил дод, ки аз ин 94% аз худ карда шудааст. Дар зимн ҷаноби Абдуллозода қайд намуд, ки буҷет аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ – 13,4 млн. сомонӣ, фонди президентӣ – 12 млн. сомонӣ, фонди эпедемиологӣ – 9 млн. 27 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин дигар идораҳои дахлдор – 35 млн. сомонӣ ташаккул дода шуд. Илова бар ин, бо ҳадафи рафъи оқибатҳои манфии вирус бо дастгирии президент боз 800 млн. сомонӣ ихтисос дода шуд.
Аз назари аввал, пас аз чунин ҳисоботи муфассал дигар суоле боқӣ намемонад. Аммо калкулятор ё малакаҳои одитарини ҳисобу китобро ба кор бурда, чунин манзараро ифшо мекунем:
Буҷети тандурустӣ – 1 млрд. 600 млн. сомонӣ.
Воридоти пулӣ дар доираи ташаккулдиҳии буҷет – 69,427 млн. сомонӣ (13,4+12+9,027+35).
Бо дастгирии Президент иловатан ҷудо карда шуд – 800 млн. сомонӣ
Ҷамъ аз манбаъҳои номбурдаи вазир ворид гардид – 869 млн. 427 ҳазор сомонӣ.
Суоли мантиқӣ ба миён меояд: маблағҳои боқимонда дар буҷети соҳаи тандурустӣ аз куҷо пайдо шуданд? Агар сухан аз даҳ-бист ё ҳатто садҳо ҳазор сомонӣ мерафт, тахмин кардан мумкин мешуд, ки вазир аз гирифтани вақти ҳозирин бо зикри ададҳои хурд худдорӣ кардааст. Вале фарқ миёни ҳаҷми буҷет ва маблағҳои умумии аз манбаъҳои мазкур воридшуда қариб 50% ё зиёда аз 730 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ин маблағҳои саховатмандона (бо дарназардошти ҳаҷми ҳарсолаи сармоягузории соҳаи тандурустӣ) аз кадом манбаъҳо ворид гардида бошанд? Оё Тоҷикистон метавонад дар зарурат боз ин навъ сармоягузориҳои иловагиро ҷалб намояд? Ва умуман, дар бораи ин, тавре имрўз гуфтан мўд шудааст, «кейс» хоҳиши ҳарчи бештар донистан пайдо мешавад.
Зеро комёбии онҳое, ки ин қадар воситаҳои иловагиро ҷалб намудан муяссарашон гаштааст, бебаҳс аст. Ҳамчунин шинохтани «эҷодгарон»-и ин дастовард низ хуб мебуд.
Муаммоҳои эмгузаронӣ
Ҳамчунин, бо ба эътибор гирифтани таваҷҷуҳи бузург дар саросари олам ба масъалаи эмгузаронӣ, ададҳои зерини дар рафти нишасти матбуотӣ зикргардида низ зиёд мароқангез менамоянд.
Ба суолҳои хабарнигорон доир ба ваксина ҷавоб дода, вазир гуфт: «20% ваксина барои аҳолии Тоҷикистон дар чорчўбаи барномаи COVAX таъмин хоҳад шуд, 1 млн. 800 ҳазор нафарро фаро мегирем. Дар хусуси ваксинаи россиягӣ бояд гуфт, мо бо он 5 млн. 840 ҳазор нафарро эмгузаронӣ хоҳем кард. Дар маҷмўъ, ба мо эмгузаронӣ кардани 6 млн. 714 ҳазор нафар – 80% лозим меояд».

Боз ҳам усули болотар зикршудаи ҳисобҳои одитаринро ба кор бурда, чунин ҳолро мебинем:
Дар чорчўбаи барномаи COVAX фаро гирифта мешавад – 1 млн. 800 ҳазор нафар
Бо ваксинаи россиягӣ эмгузаронӣ мешаванд – 5 млн. 840 ҳазор нафар
Ҷамъулҷамъ: 1,8+5,840=7,640 млн. нафар.
Лекин тибқи рақамҳое, ки «Азия-Плюс» овардааст, «дар маҷмўъ, ба мо эмгузаронӣ кардани 6 млн. 714 ҳазор нафар – 80% лозим меояд».
Суоли дигари мантиқӣ ба миён меояд: 926 ҳазори дигар (7,640 млн. – 6,714 млн.) куҷо шуд?
Баъди ин дигар тафовути қариб 8-дарсада миёни 80%-и аҳолӣ, ки вазир зикр намуд ва 72 дарсади аҳолӣ, ки баъди ҳисобҳо ҳосил мешавад (6 млн. 714 ҳазор нафари номбаршударо ба аҳолии Тоҷикистон – 9,314 млн. тақсим намуда, ба 100% зарб занем, 72,09% ҳосил мешавад), касеро ҳайрон намекунад.
Боз ҳам номутобиқатӣ…
Боис ба тазаккур аст, ки бисёр ададу нишондодҳо, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон замони охир эълом медорад, дар сари ҳар инсоне, ки одати анҷом додани ҳисобҳои одитаринро дар зеҳн ё тариқи калкулятор дорад, ё суолҳои зиёд ва ё тааҷҷуби самимиро ба вуҷуд меорад.
Ба ин тариқ, масалан, дар рафти нишасти матбуотӣ рақамҳое арз шуданд, ки қариб ҳар тоҷикистонӣ ба онҳо таваҷҷуҳ дорад. Мувофиқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, «аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуд, теъдоди қурбониҳо 90 нафарро ташкил дод».
Албатта, шаккоконе ёфт мешаванд, ки ба ададҳои номбаршуда шубҳа мекунанд. Барои исбот далелҳои гуногун, сар карда аз мушоҳидаҳои шахсӣ ва овозаҳо то ба таҳлили ба ном «фавтияти барзиёд» оварда мешаванд. Хотиррасон мешавем, ки фавтияти барзиёд истилоҳест, ки дар кишварҳои мухталиф ба кор рафта, афзоиши муваққатии маргумирро миёни аҳолӣ дар қиёс бо интизорраванда дар шароити эпидемия, пандемия, гуруснагӣ, хушксолӣ, амалиёти ҳарбӣ ва ғайра ифода мекунад.

Дар баъзе кишварҳои дунё соли 2020 мансабдорон шумораи воқеии фавтро миёни бо коронавирус сироятёфтагон аз роҳбарияти кишвар ва ҷомеа пинҳон дошта, омори тиббиро сохтакорӣ намудаанд, дар натиҷа соли 2020 нишондиҳандаҳои фавт аз пневмония ва маризиҳои дигар дар муқоиса бо солҳои пешини «токовидӣ» афзуд.
Аммо мо танҳо бо маълумоти омори расмӣ сарикор мегирем, ки дар рафти нишасти матбуотӣ арз шуд.
Мувофиқи ахбори пешкашгардида, аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемор ба қайд гирифта шуд. Зимнан, «бино ба иттилои вазир, дар замони пандемия шумораи бештари беморон ба вилояти Суғд рост омад – 4330 мубталошуда. Дар мавқеи дуюм аз рўи шумораи сироятёфтагон Душанбе буд – 4100 нафар. Дар вилояти Хатлон ин рақам 1998 нафарро ташкил медод, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1,5 ҳазор, дар ВМБК 1196 ҳолати сироят сабт гардид».
Теъдоди беморонро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳам оварда, метавон натиҷаи парадоксалиро мушоҳида кард: дар маҷмўъ дар кишвар 13 ҳазору 308 бемор ба қайд гирифта шуд, аммо агар натиҷаҳоро минтақа ба минтақа ҷамъ намоем, ин адад 13 ҳазору 094 беморро ташкил медиҳад. Баръало номутобиқатиҳои «хурд» дар миқдори мубталоёни COVID-19 ва тақсимоти онҳо дар манотиқи кишвар ба чашм мерасанд. Беихтиёр суоли дигар пайдо мешавад: дар кадом гўшаи кишвари мо боз 212 бемор ба қайд гирифта шуданд, дар ҳоле ки кулли минтақаҳои дар Тоҷикистон мавҷуд аллакай номбар гардиданд?
Аз даҳонашон шамол мебурда бошад?
Як чизи дигари муҳимро қайд намудан зарур аст. Адади дар рафти нишасти матбуотӣ зикршударо бори дигар зикр мекунем: «аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемор ба қайд гирифта шудааст». Ба ибораи дигар, мувофиқи маълумоти мазкур, COVID-19 тақрибан дар 0,14% аҳолии кишвар ошкор гардидааст.
Ин нишондод барои табиб ва ровии телевизион аз Россия Александр Мясников асос шуд, ки ба дастовардҳои Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 шубҳа намояд ва нисбати рафти минбаъдаи ҳодисаҳо пешгўии номусоид кунад. Посухҳои далелноки мутахассисон ба изҳороти мазкур дар матлаби «АЗ ДАҲОНАТОН ШАМОЛ БАРАД!» Табибони тоҷик бо пешгўии кардиологи россиягӣ Александр Мясников розӣ нестанд» «садо» доданд.

Мудири кафедраи эпидемиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб Ниёз Одинаев дар асоси таҳқиқоти лабораторӣ, ки моҳҳои октябр-ноябр доир намуд, гуфт: «Подтанҳо дар хуни 71,3% аз 129 омўзгори мактабҳои олӣ пайдо карда шуданд. Подтанҳо ҳамчунин дар 109 корманди бозори «Корвон» пайдо карда шуданд».
Ба қавли олими шинохтаи тоҷик, таҳқиқоти баргузоршуда «… гувоҳ аз он аст, ки аксари аҳолии кишвари мо масунияти дастаҷамъона ҳосил намудааст. Мувофиқи қонуни эпидемиологӣ, барои ҳосил намудани масунияти ҷамъиятӣ бояд 70% шаҳрвандон подтан дошта бошанд».
Ғайриихтиёр ҳангоми қиёси рақамҳо саволе пайдо мешавад: дар кишвар аз оғози пандемияи COVID-19 танҳо дар 0,14% аҳолӣ (7 маротиба камтар аз 1%-и зикркардаи Мясников) ба қайд гирифта шудаст, аммо дар зимн олимони тоҷик асос доранд бигўянд, ки 70% аҳолӣ аллакай ба COVID-19 подтан ҳосил кардааст?
Барои бовар накардан ба олимони тоҷик, фикр мекунем, асосе нест. Танҳо як суол ҳаст: чӣ тавр ба COVID-19 дар 70% аҳолӣ метавонист подтан пайдо шавад, дар ҳоле ки беморони ба қайд гирифташуда ҳамагӣ 0,14% ё 500 маротиба камтар буданд?
Як суоли дигар: чаро дар ин сурат ҳамаи кишварҳои олам таҷрибаи моро ба кор намебаранд? Охир он, ба назари мо, нодир аст.
Ё (ба ростӣ, намехоҳем, ки ин ҳақиқат бошад) мо бо додаҳою иттилоот мушкилоти ҷиддӣ дорем? Ва аз хеле зиёд аз мушкилу хавфҳои мавҷудаву эҳтимолӣ пешгирӣ кардан мумкин мебуд, агар ҳам ба мансабдорони давлатию мутахассисон, ҳам ба коршиносони мустақилу ҷомеаи шаҳрвандӣ нишондодҳои дақиқи оморӣ пешниҳод мегардид. Фаврӣ, дар ҳаҷми пурра ва бо дастрасии озод.
Ба назар мерасад, ҳамааш аз посух ба суоли азалии фалсафӣ вобаста аст: барои одамон чӣ гуворотар аст: ҳақиқати талх ё дурўғи ширин?!
Ҳоло бошад… нишастҳои матбуотӣ идома доранд. Ва коршиносони Nuqta.tj ҳамомўзишу таҳлили иттилоотеро, ки дар рафти ин нишастҳо мансабдорон пешкаш мекунанд, ҳамчунин таҳлили муҳтавои интишороти расонаҳои ватаниро идома медиҳанд.
Михаил Петрушков