Миллионер Константин Малофеев, ки барои пуштибонӣ аз ҷудоихоҳон дар Украина таҳти таҳримҳои Ғарб қарор гирифтааст, мехоҳад Русия дубора ба монархияи воқеӣ табдил ёбад, аммо намедонад, ки ин кай ва чӣ гуна сурат мегирад. Украина, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Канада Малофееви 40-соларо дар ҳамдастӣ дар аннексияи Қрим ва барангехтани низои мусаллаҳона дар шарқи Украина гумонбар медонанд. Худи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунад ва итминон медиҳад, ки ӯ танҳо ба кӯмаки башардӯстона ба Қрим ва ҷанубу шарқи Украина машғул аст.
Нисбат ба Константин Малофеев ҷонибдори беҳтарини фаъолияти раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ёфтан душвор аст.
Ба қавли ҷаноби Малофеев ба қатори дастовардҳои ҷаноби Путин барҳам додани нуфузи олигархҳо, мустаҳкам шудани ҳокимияти Кремл дар тамоми кишвар, зинда шудани иқтисодиёт ва ҳамчунин барқарор шудани Русияро ҳамчун бозингари мустақили геосиёӣ дохил кардан мумкин аст.
– Русия Белгия нест. Русия метавонад танҳо ҳамчун империя вуҷуд дошта бошад, -гуфт Малофеев чанде пештар дар сўҳбат бо Ҷонн Торнхил («The Financia Times») ва ҳамкасбҳои маскавии ман дар ҳуҷраи кориаш – идораи сомонаи «Царград» ки бо ашёҳои дурахшони шоҳӣ оро дода шуда буд. –Путин лидери таърихӣ аст. Лидери беҳтарин давоми 100 соли охир.
Ба савол дар бораи он ки оё ба ҷаноби Путин муяссар шудааст ташкили чунин системаи идоракунӣ, ки метавонад баъди ў ҳам боқӣ монад, Малофееви одатан сергап баъзе шубҳаҳои ба худаш хос набударо баён кард:
– Ёфтани Путини дигар хеле душвор аст. Ман боварӣ надорам, ки система баъди Путин ҳам боқӣ монад.
Калавиши ҷаноби Малофеев аз гуноҳҳои ҳалокатовари идоракунии ҷаноби Путин гувоҳӣ медиҳад, ки вақти бо Маскав сарукор доштани сиёсатмадорони бонуфузи Ғарб бояд ба ҳисоб гирифта шаванд. Аз ҷумла ҷаноби Путин ҳокимияти Кремлро аз ҳисоби маҳрум кардани ҳамаи идораҳои рақобаткунанда аз ҳокимият ва қонуният мустаҳкам намуд. Давоми 15 соли охир вай парлумон, губернаторҳои минтақавӣ, матбуоти озод, оппозитсия ва мақомоти додгоҳро тамоман суст кард. Агар дилхоҳ дурнамои дарозмуддатро бигирем, ҷинояти ҳайратовари Русияи путиниро на қувваи вай, балки заифии ҳаросовари он ҳисобидан лозим аст.
Давоми як вақти муайян ҷаноби Путин метавонад тасаввуроте ба вуҷуд орад, ки вай хўҷаини ҳама чиз аст, Русияи эҳёшудаистодаро идора карда, ҳамсояҳои собиқи шўравии худро тарсонда, ҳама чизро таҳти назорат дорад. Дар ҳар ҳолат вақти баҳсу мунозираҳои сиёсатмадорони Ғарб дар бораи Русия мавҷудияти аз будаш зиёд баҳо додан ба сиклҳои ин кишвар қайд карда мешавад, дар ҳоле ки сиёсатмадорон ба дурнамои оғоз шудани «ҷанги нави сард» бо ташвиш менигаранд. Лекин вақтҳои наздик Русия мумкин аст боз дар таназзули сиклӣ билағжад. Дар он вақт Ғарб аз хатарҳои марбут ба бесарусомониҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, миллатгароии шадид ва паҳн шудани сиклҳои ҳастаӣ ба ташвиш хоҳад афтод. Русияи заиф, эҳтимол, аз Русияи пурқувват бештар ташвишовар хоҳад шуд.
На танҳо худи модели сиёсии ҷаноби Путин кўҳна ба назар мерасад. Иқтисодиёти Русия ҳам, аз афти кор, ҳамон қадар фарсуда аст. Таҳти таъсири нархи пасти нафту газ, таҳримҳои Ғарб ва ба миқдори калон аз кишвар берун шудани сармояҳо иқтисодиёти Русия кам шудааст.
Як вақтҳо Иттиҳоди Шўравӣ дар мубориза барои бартарии иқтисодӣ бо Иёлоти Муттаҳида рақобат мекард ва имрўз Маҷмўи Маҳсулоти Дохилии Амрико бо назардошти қобилияти харидорӣ аз Русия панҷ маротиба зиёдтар аст. Агар, тавре баъзеҳо мегўянд, мо аллакай ба «қуллаи баланди талабот бо нафт» расидаем, дар чунин ҳолат иқтисодиёти Русия бо назардошти надоштани қобилият ба диверсификатсия заиф ба назар мерасад. Вай модели нави афзоиш надорад.
Асосан заифии иқтисодиёти Русия фалокати демографӣ мебошад. Аҳолии Русия то 146 миллион нафар кам шудааст, ки ин қариб 20 миллион камтар аз Бангладеш мебошад. Бисёр ақлҳои беҳтарини он кишварро тарк кардаанд ё онҳоро ба ин кор маҷбур намудаанд. Дар гузориши чанде пеш интишоршуда дар бораи вазъи демографӣ дар кишвар чунин хулоса бароварда шудааст: «Агар вазъият беҳбудӣ наёбад, кишвар дар иқтисодиёт, дар муборизаи рақобатии байналмилалӣ ва дар ояндаи дарозмуддат дар соҳаи геосиёсӣ низ ба мушкилот дучор шуданаш мумкин аст».
Дар хориҷа Русия муттаҳидини боэътимод надорад. Иттиҳоди Авруосиё, ки барои рақобат бо Иттиҳоди Аврупо ҳарому ҳариш ташкил карда шудааст, мисли қасри аз рег сохташуда мебошад.
Маскав ба шарикӣ бо Чин диққати калон медиҳад, лекин ин муносибат аз бисёр ҷиҳат яктарафа мебошад, зеро Пекин дар гирифтани фоидаи калони иқтисодӣ бар ивази иродаи неки сиёсии худ таҷрибаи калон дорад. Агар мо дар асри тоҳастаӣ зиндагӣ мекардем, Чин кайҳо Сибирро ба худ ҳамроҳ менамуд. Проектсияи нерўи нарми Русия он қадар умедбахш ба назар намерасад, бо вуҷуди экспансияи васоити ахбори оммаи инглисизабони аз тарафи давлат дастгиришаванда. Назарпурсии имсола байни 45 ҳазор одам дар 40 кишвар аз тарафи ширкати «Rew Research Centre» доиршуда нишон медиҳад, ки Русия дар аксарияти минтақаҳои ҷаҳон аз Иёлоти Муттаҳида хеле қафо мондааст. Ба ҳисоби миёна 58 фоизи одамон дар ҳамаи кишварҳои олам (албатта ба истиснои худи Русия), ба Путин муносибати манфӣ доранд.
Бо назардошти ҳамин сустиҳои номбаршуда як дўсти либералии ман дар Русия ҷаноби Путинро ба нонхўраки калон аз шеъри бачагонаи Корней Чуковский монанд мекунад. Давоми як муддат ин нонхўрак бо намуди даҳшатнок ва мўйлабҳои ваҳмангези худ дигар ҷонваронро ба воҳима меорад. Онҳо ўро дида ба чор тараф мегурезанд. Вале баъд гунҷишке парвоз карда меояд ва нонхўракро фурў мебарад. Баъди ин ҳайвонҳои боқимонда аз худ суол мекунанд – чаро онҳо аз ў тарсидаанд?
Тақдири ҷаноби Путин номаълум аст ва ояндаи Русия дар маҷмўъ пешгўинашаванда мебошад. Мухтасар баён кардани ҷавоб душвор аст. Ғарб вазни калон дорад, агар вай муттаҳид ва пурқувват бошад. Албатта, дуруст аст ҷорӣ кардани таҳримҳо зидди режими ҷаноби Путин барои вайрон кардани истиқлолияти Украина. Ҳамчунин дуруст аст мустаҳкам намудани мудофиаи кишварҳои узви НАТО, ки бо Русия ҳамсарҳад мебошанд. Вале иқдоми шитобкорона ва бемулоҳизагист аломати баробарӣ гузоштан байни режими Путин ва Русия ва ҳамчунин оғози «ҷанги нави сард»-ро эълон карда, вазъиятро душвортар намудан. Дар доираи имкониятҳои номаҳдуди мавҷуда Ғарб бояд ба одамон дар Русия фаҳмонад, ки вай онҳоро изолятсия карданӣ нест. Вай бояд дарро барои Русия кушода боқӣ монад, барои он ҳолате, ки агар ягон лидер дар оянда тавассути он баргаштан хоҳад.
Таҳияи А.Зохиди дар асоси маводи «The Financia Times»