Тағйири қонун артишро чӣ гуна тағйир медиҳад?
Депутатҳои Парлумони Тоҷикистон таҳрири нави Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро қабул намуданд. Дар натиҷаи ислоҳу иловаҳо дар кишвар намуди нави хизмати ҳарбӣ пайдо мешавад, ки як моҳ муҳлат дорад ва пардохти маблағи муайянро дар назар дорад. Ҳамчунин ба хатмкардагони макотиби олӣ барои ба даст овардани рутбаи афсарӣ як сол хизмат адо намудан лозим меояд.
Навовариҳои мазкур ба қонун дар бораи даъват ба артиш чӣ таъсире хоҳанд дошт ва неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ то куҷо пурзўртар мешаванд?
Қонуни нав чӣ мегўяд?
Инак, он чӣ, ки интизораш будем, рўй дод. Баъд аз чанд соли муроҷиату даъвату пешниҳодҳои коршиносон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, волидони даъватшавандагон депутатҳои палатаи поёнии парлумони кишвар дар ниҳоят таҳрири нави Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро қабул намуданд.
Дар назди депутатҳо суханронӣ карда, вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо иттило дод, ки ҳарсола ба артиши кишвар тақрибан 10% ҷавонони синни даъват ҷалб мегарданд. Навгонӣ, бино ба қавли вазир, барои он қисмати ҷавонон ворид карда мешавад, ки бо хизмати ҳарбӣ фароногирифта мемонанд.
Ў гуфт, барои захиранишинҳо навъи ҷудогонаи хизмат ташкил карда мешавад: бар ивази музди муайян дар давоми як моҳ ба онҳо кори ҳарбӣ таълим ва пас аз хатми курс билети ҳарбӣ дода мешавад.
Дар бораи тағйироти дигар ба қонун суҳбат намуда, сардори Кумита оид ба масоили ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти парлумон Рустам Шоҳмурод қайд намуд, ки минбаъд тамоми хатмкардагони макотиби олӣ (агар дар лаҳзаи хатми донишгоҳ синнашон ба 27 нарасида бошад) ба сафҳои Неруҳои мусаллаҳ даъват мешаванд. Ў гуфт, ба хатмкардагоне, ки дар давраи таҳсил дар мактабҳои олӣ аз тайёрии ҳарбӣ дар кафедраҳои ҳарбӣ гузаштаанд, танҳо пас аз адои хизмати яксола дар артиш унвони афсарӣ дода мешавад. Пеш унвон ба хатмкардагони мактаби олӣ, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ аз тайёрӣ мегузаштанд, дарҳол пас аз хатми таҳсил дода мешуд.
Депутатҳои палатаи поёнии парлумон инчунин тағйиру иловаҳои ба як қатор қонунҳои кишвар пешниҳодкардаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд, ки мувофиқи онҳо минбаъд барои касоне, ки дар артиш адои хизмат накардаанд, роҳи кор дар мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, мақомоти зидди коррупсия, ҳамчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҷумҳурӣ баста мешавад.
Тағйироти қабулгардида ба кормандони амалкунандаи идораҳои мазкур, занҳо ва шаҳрвандони аз хизмат дар артиш озодшуда дахл нахоҳанд дошт.
Тағйироти деринтизор
Дар бораи зарурати ислоҳот дар артиш дар Тоҷикистон кайҳо боз мегуфтанд. Зимнан, на танҳо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон, балки намояндагони худи идораи дифо ва ҳукумати кишвар низ.
Махфӣ нест, ки ҳар сол дар давраи даъват ба артиш дар кишвар ҳодисаҳои зиёди “облава” ба қайд гирифта мешуданд, ки дар рафти онҳо ҷавонони синни даъватро маҷбуран ба хизмат равон мекарданд. Дар ин раванд ҳуқуқҳои одитарини шаҳрвандон поймол мегардиданд. Бисёр ҷавонон хизмат накунем гуфта, ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро афзал медонистанд.

Коршиносон мутмаин буданд – танҳо ворид намудани тағйирот ба қонунгузории кишвар метавонад бисёр мушкилоти артиш, аз ҷумла “облава”, зўроварӣ, меҳтарсолорӣ ё “дедовшина”-ро, ки гоҳо бо марги сарбозон меанҷомид, ҳал намояд.
Моҳи апрели соли 2017 вазири мудофиа Шералӣ Мирзо барои баррасӣ ба парлумони кишвар лоиҳаи қонун дар бораи хизмати алтернативиро пешниҳод намуд. Аз он замон дар бораи тақдири лоиҳа садое набуд. Аммо намояндагони Кумитаи қонунгузорӣ, бехатарӣ ва мудофиа мутмаин месохтанд, ки Тоҷикистон аз лоиҳаи қонун даст накашидааст ва гурўҳи кории Вазорати мудофиа корро дар ин самт идома медиҳад.
«Соле ду бор дар кишвар ҳамон як мушкилот ба миён меояд – «облава», ки аслан одамрабоии (ғайри)қонунӣ барои артиш мебошад ва онро танҳо дар Тоҷикистон дидан мумкин аст,- гуфт ҳуқуқшиноси варзида, сардори ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврўз Одинаев. – Он барои ҳама мушкилӣ эҷод мекунад, вале гурўҳе ҳам ҳаст, ки аз ин манфиати ҳангуфт ба даст меорад. Замоне ҳатто “облава”-ро расман манъ намуданд ва як даъватшаванда ҳатто чанд низомиро корд ҳам зада буд”.
Ба гуфти Одинаев, масъалаи мазкур дар нишасту ҷаласаҳои гуногун баррасӣ гардид ва далели асосии ашхоси ваколатдор ҳама вақт як буд – бе “облава” нақшаи даъватро иҷро кардан ғайриимкон аст.
«Ҳанўз он замон мо усули маълум, аммо хеле натиҷаовари ҳалли масъаларо пешниҳод намуда будем – хизмат кардан нахоҳӣ, пул супор! Ва маблағҳои ҷамъоварда бояд ба эҳтиёҷоти онҳое равона гарданд, ки хизмати низомӣ адо мекунанд. Фарз кардем, соли гузашта аз ҳисоби онҳое, ки хизмат кардан намехоҳанд, 100 млн. сомонӣ ҷамъ шуд. Ҳангоми даъват эълон карда мешавад: ба ҳамаи онҳое, ки бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд, 6500 сомонӣ дода мешавад. Боварӣ дорам, ки ин 100% ҳам набошад, ба андозаи баланд мушкилиро рафъ месозад. Дар иваз чиро ба даст меорем? Кам шудани унсури коррупсионӣ; ҳавасмандсозии иловагии онҳое, ки тасмими хизмат кардан гирифтаанд; таъминоти беҳтари сарбозон; ниҳоят, падидаи нангине чун “облава” аз байн меравад.

Бино ба суханони коршинос, рақибони навовариҳо метавонанд бигўянд, ки ин салоҳи кор нест ва дар натиҷа танҳо фарзандони волидони сарватманд аз хизмат озод мешаванд.
“Хуб, имрўз чанд одами сарватманд писарашро ба сафи артиш равон мекунад? – суол мегузорад Одинаев.- Бо ин восита дигарон лоақал даромаде мегиранд. Айни замон бе ин ҳам ашхоси сарватманд бо ин ё он роҳ фарзандонашонро аз адои хизмат халос мекунанд, аммо пулҳо ба буҷа ворид намешаванд. Муҳим он аст, ки маблағҳои ҷамъшуда сирф мувофиқи таъинот, яъне барои беҳсозии шароити хизмат ва маишати низомиён, ҳамчунин мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии кишвар ба кор бурда шаванд”.
Хизмати шартномавӣ низ лозим аст
Дар Тоҷикистон даъват ба артиш соле ду дафъа – баҳору тирамоҳ мегузарад, ҳар бор аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола даъват мешавад. Мувофиқи иттилооти расмӣ, кишвар алҳол беш аз 600 ҳазор нафари синни даъват дорад, ки аз онҳо 150 ҳазор бо сабабҳои гуногун аз хизмати низомӣ озоданд.
Тавре корманди собиқи Вазорати мудофиа, ҳуқуқшинос Салоҳиддин Мақсудов қайд менамояд, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки ҳанўз соли 2000-ум қабул гардидааст, гуфта мешавад, ки шаҳрванд ба ҷои адои хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ дорад аз хизмати алтернативӣ гузарад.
«Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазо барои саркашӣ аз адои хизмат, аз ҷумла хизмати алтернативӣ пешбинӣ шудааст. Яъне дар қонунҳои гуногуни ҷумҳурӣ хизмати алтернативӣ зикр мешавад. Аммо худи қонуни танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи хизмати алтернативӣ набуд. Тағйироте, ки парлумон қабул намуд, барои шаҳрвандон алтернативаро ба миён меорад, ҳамчунин ба маротиб шумораи ашхоси аз хизмат саркашикунандаро коҳиш медиҳад. Амалҳои коррупсионӣ низ аз байн бардошта мешаванд, зеро акнун метавон бар ивази маблағи муайяни расмӣ пас аз як моҳи хизмат билети ҳарбӣ ба даст оварду дар зимн қонунро вайрон накард. Ғайр аз ин, навовариҳо ба ҷалби теъдоди бештари ҷавонони таҳсилдида ба сафҳои Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд”,- муътақид аст коршинос.
Бино ба ақидаи Мақсудов, ҷузъиёти хурдтарини эҳтимолиеро, ки дар рафти татбиқи тағйирот ба қонун ба миён омада метавонад, ҳисоб карда баромадан лозим аст, то ки барои фасодкорӣ роғу рахнае намонад.
«Мо набояд ба дастовардҳоямон қонеъ шавем, ислоҳотро идома бояд дод. Масалан, бо роҳи ташкил намудани ҷузъу томҳои шартномавӣ аз ҳисоби мардони таҳсилдида ва ҷисман омода. Ҳамчунин роҳҳои таҷдиду такмили аслиҳа, тайёр кардани кадрҳоро бояд ҷуст. Аз ин лиҳоз ислоҳот ба мо имкон фароҳам меорад, ки минбаъд ба гузариши Неруҳои мусаллаҳи ҶТ ба сатҳи муҷаҳҳазонатар мусоидат шавад, зеро даъват гардидани хатмкардагони макотиби олӣ умедро ба азхудкунии навъҳои мураккабтари аслиҳа ва мутаносибан баланд шудани сатҳи омодагии артиш ба миён меорад.
Фаррух Бозоров
Дар ҳамсояҳо кор чӣ тавр аст?
Айни замон хизмати алтернативӣ дар бисёр кишварҳо амал мекунад, аз ҷумла дар фазои пасошўравӣ низ.
Масалан, дар Россия қонун ба шаҳрвандони синни даъват ба артиш ҳуқуқ медиҳад, ки ба ҷойи силоҳ дар даст хизмат кардан корҳои каммузди иҷтимоӣ – фаррошӣ, ҳаммолӣ, санитарӣ ва ғайраро иҷро намоянд.

Дар Қирғизистон ба қонун ҳамчунин мафҳуми «ба сабабҳои оилавӣ» ворид карда шудааст. Барои мисол, рўзирасони оила метавонад ба ҷои хизмати ҳарбӣ машғулияти алтернативиро интихоб намуда, якуним сол корҳоеро анҷом диҳад, ки дар байни ҷавонон «номуътабар» маҳсуб меёбанд.
Ўзбекистон хизмати алтернативии мулкиро якчанд сол баъди ба даст овардани истиқлолият ҷорӣ намуд ва, бино ба қавли коршиносон, аллакай натиҷаҳои мусбат нишон дод. Хизмати алтернативӣ дар Ўзбекистон беш аз ҳама ба онҳое лозим аст, ки дар фикри карйераи ҳарбӣ нестанд ва намехоҳанд 2 сол хизмат адо намоянд. Ба хизмати ҳатмӣ ҷавононе мераванд, ки дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ё дар мақомоти давлатӣ кор карданро дар нақша доранд. Хизмат дар артиш дар Ўзбекистон имтиёзҳо медиҳад. Масалан, нафаре, ки хизмат кардааст, ҳангоми дохилшавӣ ба мактаби олӣ имтиёз дорад. Агар дар артиш хизмат кардан нахоҳӣ, роҳи раҳоӣ аз он вуҷуд дорад – дар ин ҳолат ба буҷаи давлат 400-500 доллар супоридан лозим аст. Ҷорӣ намудани хизмат ва имтиёзҳо барои онҳое, ки хизмати ҳатмӣ адо кардаанд, бисёр ҷавононро ба сафҳои артиш ҷалб менамояд.