Ҳукумати Тоҷикистон то оғози тирамоҳи соли ҷорӣ қабули Кодекси андозро дар таҳрири нав дар нақша дошт, ки ба кам кардани сарбории андоз ба доираҳои соҳибкорӣ равона аст. Аммо пандемияи Covid-19 санаи қабули онро ба муҳлати номуайян ба таъхир андохт.
Кодекси андоз, ки аз соли 2013 амал мекунад, дар ин байн на танҳо аз тарафи соҳибкорон, сармоягузорон, мутахассисони мустақил, балки аз ҷониби ниҳодҳои молиявӣ ва дипломатҳои хориҷӣ низ танқид шудааст.
Аз ҷумла, соҳибокорон аз андози баланд, зиёдии тафтишҳо, имтиёзҳо барои андозсупорандагони ҷудогона, талаби пешпардохтҳо, ҳамчунин сўистифодаи кормандони андоз аз мақоми мансабӣ шикоят мекунанд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳанўз соли 2016 дар мусоҳиба бо воситаҳои ахбори маҳаллӣ «душвориҳои ҷиддӣ, қабл аз ҳама андозбандиҳои аз ҳад баланд дар ҶТ»-ро қайд намуда буд, ки сармоягузорони русиягӣ дучор мешуданд.
Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар ҶТ бошад, дар аввали соли ҷорӣ дар суҳбат бо агентии «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки ба воридшавии сармоягузорони амрикоӣ ба ҷумҳурӣ андозҳои баланд ва ғайришаффоф будани қонунгузории андоз, аз ҷумла коррупсия дар байни кормандони андоз халал мерасонанд.
Мутахассиси соҳаи андозу ҷамъовариҳо, ки аз зикр намудани номаш худдорӣ кард, аз баланд будани сатҳи меъёрҳои пардохтӣ гила кард, ки соҳибкоронро ба пинҳон намудани даромадҳои воқеии худ ва бурдани ду муҳосибот маҷбур месозад, қисме аз онҳо сармояҳои худро ба ҳамсоякишварҳои дорои шароитҳои мусоидтар мекўчонанд.
Кам кардани сарбории андоз, ба ақидаи ў, боис ба шаффоф шудани фаъолияти молиявии тоҷирон ва рушди назарраси шумораи соҳибкорон мегардад, ки ба афзудани даромадҳои буҷаи давлатӣ ва мутаносибан боло рафтани некўаҳволии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар арзёбии охирини низоми андози Тоҷикистон, ки Бонки ҷаҳонӣ анҷом дод, гуфта мешавад, ки ҷумҳурии мо ҳанўз дар байни кишварҳо бо сарбории баландтарини андоз ба соҳибкории миёна қарор дорад. Муаллифони таҳқиқот қайд менамоянд, ки дар солҳои охир меъёри умумии андоз барои корхонаҳои миёна дар Тоҷикистон аз 75% то 65% коҳиш дода шуд, вале он ҳанўз дар миқёси ҷаҳон яке аз баландтаринҳо боқӣ мемонад. Барои қиёс, меъёри умумии андоз дар Қирғизистон 29% ва дар Ўзбекистон 38%-ро ташкил медиҳад.
Амри президент
Моҳи майи соли гузашта президент Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо кормандони соҳаҳои андоз, гумрук ва бонкию молиявӣ супориш дод, ки то соли 2020 Кодекси андоз дар таҳрири нав бо назардошти манфиатҳои андозсупорандагон коркард шавад. Як моҳ пас гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси нав дар назди Вазорати молия – мақоми пешбар дар муайян кардани сиёсат дар соҳаи андоз – ташкил дода шуд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ сардори Вазорати молия Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки лоиҳа омода шудааст ва пас аз муҳокима бо намояндагони бахши хусусӣ барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод мегардад. Ў ҳамчунин қайд намуд, ки қабули санади омодашуда то моҳи сентябри соли ҷорӣ дар нақша аст, то ки дар асоси он буҷа барои соли 2021 тартиб дода шавад.
Дар нишасти матбуотии моҳи август намояндаи Кумитаи андоз иттилоъ дод, ки қабули Кодекси нав аз сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир меафтад. Дар муассиса шарҳ надоданд, ки пандемия мушаххасан бо чӣ роҳ ба татбиқ намудани қонунгузории нав дар соҳаи андоз халал расондааст. Зоҳиран сабаб бештар дар он аст, ки ҳаҷми андозҳои ҷамъоваришуда дар соли ҷорӣ якбора коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки Кодекси нав, бино ба маълумоти идораи андоз, барои тиҷорат, махсусан дар соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ сабукиҳои бисёрро дар назар дорад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи андоз, дар давоми нўҳ моҳи имсол муассиса аз лиҳози ҷамъоварии андоз дар ҳаҷми беш аз 646 млн сомонӣ (наздик ба $63 млн) камбуд дошт. Воридоти андоз ба буҷа дар ҳамин давра тақрибан 7,5 млрд сомониро ба ҷойи беш аз 8,1 млрд (7,9% камтар) сомонии нақшавӣ ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат дар дурнамои миёнамуддат ҳарсола ба ҳисоби миёна 10% зиёд кардани нақшаи ҷамъоварии андозҳоро дар нақша дорад.
Дар воқеъ, яке аз навовариҳо дар лоиҳаи Кодекси таҳиягардида андозбандӣ кардани хизматрасониҳои электронӣ мебошад. Ба ҳайси андозсупорандагон шахсони хориҷие шинохта мешаванд, ки мустақиман ё ба воситаи намояндаҳои худ дар ҳудуди Тоҷикистон хизматҳои электронӣ пешкаш мекунанд. Азбаски навоварии мазкур ба афзоиши ҷамъоварии андозҳо равона аст, онро палатаи поёнии Парлумон дар оғози ноябри имсол бо роҳи ворид кардани ислоҳу иловаҳо ба Кодекси андози амалкунанда қабул намуд.
Бо қабули Кодекси нав чӣ тағйир меёбад?
Лоиҳаи омодашудаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки нусхаашро идораи ПИТ «Нуқтаи назар» дар ихтиёр дорад, тағйиру иловаҳои зиёдро дар бар мегирад. Инҷо мо танҳо ба дигаргуниҳои асосӣ ва муҳимтарин ишора хоҳем кард.
Таҳиягарони лоиҳа коҳиш додани миқдори андозҳоро аз 10 номгўи амалкунанда то ба 7 номгў пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, бекор кардани андоз аз фурўши алюминийи аввалия дар нақша аст. Пешниҳод мешавад, ки он ҳамчун пардохт баррасӣ гардад.
Пешниҳоди дигар ин аст, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор гардида, он ба таркиби андози аксиз ҳамроҳ карда шавад.
Андоз аз воситаҳои нақлиёт ва андоз аз амволи ғайриманқулро муттаҳид карда, ба андозҳои маҳаллӣ ворид кардан пешниҳод мешавад.
Дар натиҷа 6 андози умумидавлатӣ (андоз аз даромад, андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андози иҷтимоӣ, андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ) ва як андози маҳаллӣ боқӣ мемонанд.
Ба қатори андозҳои амалкунанда инҳо дохил мешаванд:
– андоз аз даромади корхонаҳо
– андоз аз даромади шахсони воқеӣ
– андоз ба фонди музди меҳнат (андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ)
– андоз аз арзиши иловашуда
– аксизҳо
– андоз аз фурўши аввалия (алюминий, пахта)
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
– андоз барои истифодаи қаъри замин
– андоз аз молу мулки ғайриманқул ва замин
– андоз аз даромади ғайрирезидентҳо, ки аз манбаи пардохт нигоҳ дошта мешавад.
Реҷаҳои андозбандӣ ва низомҳои назоратӣ
Пешниҳод мегардад, ки низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ ва реҷаи имтиёзноки андозбандӣ барои субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок барҳам дода шаванд. Ҳамзамон ба қонунгузорӣ низоми андозбандии бонкии исломӣ ва низоми андозбандии фаъолияти адвокатӣ илова гарданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки қонунгузории андоз реҷаҳои махсуси андозбандиро муқаррар мекунад, ки мувофиқи онҳо гурўҳҳои ҷудогонаи андозсупорандагон баъзе андозҳоро бо тартиби содакардашуда пардохт мекунанд.
Кодекси андози амалкунанда реҷаҳои махсуси андозбандиҳоро таъин мекунад: барои соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, барои субъектҳои соҳибкории хурд, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона), барои субъектҳои бизнеси бозӣ ва барои субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок.
Бо мақсади маҳдуд кардани дахолат ба фаъолияти андозсупорандагон мураттибони Кодекси нав ҷорӣ кардани низоми умумии назорат (аз тафтишҳои андоз иборат аст) ва мониторинги андозҳоро ва ба ин тариқ ихтисор намудани миқдори навъҳои назорати андозро аз 9 адади амалкунанда то ба 2 адад пешниҳод мекунанд.
Меъёрҳо
Ба хотири кам кардани сарбории андоз ба бахши хусусӣ тағйир додани баъзе меъёрҳои (ставкаҳои) андоз то ба сатҳи кишварҳои ҳамсоя пешбинӣ мешавад.
Хоса, тағйир додани меъёрҳои ду андози асосӣ – андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромад пешниҳод мегардад. ААИ-ро аз 18 то 15% фаровардан таклиф мешавад. Меъёри андози иҷтимоиро барои суғуртакунандагон (корфармоён) бо назардошти тавсияҳои мутахассисони байналмилалӣ аз 25%-и то ба 20% кам кардан дар назар аст.
Ба хотири сода кардани тартиби нигоҳдории андоз аз даромад ва сарфаи вақти соҳибкорон ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ муқаррар намудани меъёри ягонаро барои андози мазкур дар ҳаҷми 12% тавсия медиҳанд. Мутобиқи қонунгузории амалкунанда, андоз аз даромад дар ҳаҷми 8% барои даромадҳои баландтар аз як нигоҳдории инфиродӣ (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо) дар ҳаҷми то 140 сомонӣ ва 13% барои даромадҳои болотар аз 140 сомонӣ пардохт мешавад. Ҳамчунин пешниҳод ҳаст, ки андозаи нигоҳдории инфиродӣ аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз музди якмоҳа то ба ду чунин нишондиҳанда бардошта шавад.
Бояд қайд кард, аз даромади якмоҳае, ки аз ҳаҷми нигоҳдории якмоҳа зиёд нест, андоз аз даромад ситонда намешавад.
Лоиҳаи Кодекси нав таъин намудани меъёри ягонаро ба даромади маҷмўии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 18% тавсия медиҳад. Айни замон истеҳсолкунандагони молҳо дар ҳаҷми 13%, дигарон 23% андоз аз фоида пардохт мекунанд.
Бо назардошти таъсири эҳтимолии ин навъ пешниҳод ба даромадҳои буҷаи давлатӣ, таҳиягарони лоиҳа муқаррар намудани андоз аз фоидаро барои ширкатҳои мобилӣ ва истифодабарандагони қаъри замин дар ҳаҷми 20%, барои фаъолиятҳои букмекерӣ ва марбут ба лотереяҳо дар ҳаҷми 25% маслиҳат медиҳанд.
Дар баробари корхонаҳои истеҳсолии нав, аз пардохти андоз аз фоида (андози содакардашуда) ба муҳлати 5 сол озод кардани корхонаҳои амалкунанда, ки ба фонди оинномавӣ сармояи иловагӣ ворид мекунанд, пешниҳод мешавад.
Бо ҳадафи ҳавасмандгардонии корхонаҳои машғул ба давраи пурраи коркарди пахта, нисбати онҳо ба кор бурдани механизми давраи имтиёзноки 12-сола тавсия мегардад.
Дилшод ШАРАФОВ