(давомаш, авалаш дар инчо)
ХАТАРИ СЕВУМ: ТАСЛЕҲОТИ ҚАТЛИ ОМ
Дар ин матлаб манзур аз таслеҳоти қатли ом, танҳо мушакҳои ҳастаӣ нест. Ба ҷуз мушакҳои ҳастаӣ, ки воқеан даҳшатборанд ва метавонанд курраи заминро ба коми нестӣ бикашанд ва машҳар барпо кунанд, василаҳои дигаре низ ҳастанд, ки бидуни зарари бештаре расонидан ба табиат, инсонро маҳв кунанд. Имрӯз ба шарофати технологияњои муосир усулҳои нави қатли ом кашф шудаанд, ки ба таври пӯшида ва бидуни он, ки инсон аз нақшаҳои шуми он огоҳ шавад тарҳрезӣ мегардад.
Нахуст мутаваҷҷеҳ мешавем ба мушакҳои ҳастаӣ. Бузургтарин ва даҳшатноктарин бомби ҳастаиро олимони Иттиҳоди Шӯравӣ кафш карданд (АН602, зери роҳбарии академик И.В.Курчатов соли 1956-1961), ки бо унвони “шоҳ-бомба” маъруф аст . Бомбаи мазкур термоҳастаӣ буд ва иқтидораш сад мегатонро ташкил медод. Ҳангоми озмоиш мавҷи зарбаи инфиҷор се маротиба курраи заминро давр зад ва дар масоҳати садҳо км. тамоми алоқаи радиёиро аз кор баровард. Посухи ИМА ба Никита Хрушёв, ки ин аслиҳаро мавриди озмоиш қарор дод, нисбатан заифтар буда, 15 мегатон иқтидор дошт. Баъдтар бомбаҳои нейтрони, вакуумӣ ва мисли ин низ ихтироъ шуданд, ки аз лиҳози экологӣ “камзарар”, вале аз ҷиҳати наслкушии инсон хеле ваҳшатноканд.
Яке аз кишварҳои дорои бузургтарин арсенали ҳастаӣ Русия, барои истифодаи он солҳои охир мушакҳои фаросавти (фавқуссадо)-ро ихтироъ кардааст, ки дигар кишварҳои ҷаҳон пеши он оҷизанд.
Имрӯз дар натиҷаи ихтилофи бесобиқаи кишварҳои гегемон, хатари набарди ҳастаӣ зиёд шудааст ва дар ҳоли истифодаи он дар сайёра фаро расидани охирзамон (армагедон) аз эҳтимол дур нест.
Дар мавриди таслеҳоти дигари қатли ом метавон, аслиҳаи биологӣ ва пандемияи вирусҳои гуногунро мисол овард, ки имкон дорад бидуни эълони чанг ва пай бурдани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тамои олам ба таври сунъӣ паҳн шавад ва ба ҷони миллионҳо нафар таҳдид кунад.
Ахиран роҳбари комиссия оид ба коронавируси маҷаллаи тибии Бритониё “Lancet” Джеффри Сакс изҳорот дод, ки эҳтимолан COVID-19 ба таври сунъӣ бо истифода аз технологияҳо пешрафтаи амрикоӣ дар озмоишгоҳ сохта шудааст. Чанд руз қабл низ ошкор шуд, ки дар яке аз озмоишгоҳҳои ИМА дар натиҷаи омезиши вируси “Омикрон” ва “Коронавирус” –и навъи Уҳан, вируси ҷадиде ихтироъ шудааст, ки дар ҳоли паҳн шудан 80% гирифторони он ҷон ба саломат намебаранд.
Агар ба таърихи даҳшатбори паҳншавии вирусҳои наслкуш таваҷҷӯҳ намоем, тоуни испанӣ соли 2018 -2020 тамоми манотиқи ҷаҳонро фаро гирифт ва 550 миллион одамро аз пой даровард, ки ҳамон вақт баробар ба 30% аҳолии замин буд.
Истифодаи аслиҳаи биологӣ ҳануз дар асри XIV дар дафтари таърих сабт шудааст. Тоторҳо ҳангоми ба муҳосира гирифтани истеҳкоми Каффа ҷасади ҷанговареро, ки гирифтори вируси тоун буд бо манҷаниқ ба қалъа партофтанд, ки дар натиҷа аксари истеҳкомнишинон аз ин вирус сироят ёфта, талаф шуданд. Англисҳо, фаронсавиҳо ва испаниҳо, ки худро аз нажоди баргузида меҳисобиданд барои фатҳи заминҳои Амрикои шимолӣ, Тунис ва маҳви кардани тамаддуни астекҳо борҳо аз усули паҳн кардани вирусҳои тоун, вабо, обила (оспа) истифода намудаанд.
Дар таърихи башар як ҳодисаи нанговар сабт шудааст, ки шоҳиди ваҳшонияти аврупоиҳо нисбат ба мардуми таҳҷоии амрикост. Соли 1763 ҳиндуҳои сурхпӯст форти Питтро ба муҳосира гирифтанд. Инглисҳо маҷбур шуданд, ки бо ҷанговарони ҳинду гуфтушунид кунанд. Ҳангоми мулоқот ба онҳо ду курпаи сабукро аз госпитали ҳарбӣ тақдим карданд, ки бо вируси обила (оспа) олуда буд. Ин муҳосира ба чӣ анҷомид дар хотирҳо боқӣ намондааст, вале ҳамин курпаҳо боис шуданд, ки дар байни қабилаҳои таҳҷоӣ, ки организмашон пешорӯи вирусҳои аврупоӣ хеле оҷиз буд, бемории обила ба шиддат паҳн шавад ва боиси талафоти ҷонии зиёд гардад.
Солҳои охир вирусҳои ВНМО (СПИД) зукоми хук, зукоми паранда, эйбола, сарс ва мисли ин дар кишварҳои гуногун паҳн шуданд, ки боиси ҳалокати миллионҳо нафар гардиданд. Баъзе коршиносон, бо назардошти таҷрибаи пешинаи истеъморгарони аврупоӣ, имконпазир мешуморанд, ки вирусҳои барои инсон марговари ҳозира метавонанд аз ҷониби онҳо ба ҳайси аслиҳаи қатли ом бар зидди душманонашон истифода шаванд.
Олимони маъруфи ҷаҳон дар риштаи билогия ва тиб аз пажӯишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон кайҳо собит намудаанд, ки аксари ин вирусҳо дар озмоишгоҳҳои кишварҳои пешрафта ба таври сунъӣ эҷод мешаванд ва ҳадафашон маҳв намудани насли башар аст.
ХАТАРИ ЧАҲОРУМ: НАБРДҲОИ ИТТИЛОТӢ ВА ТЕРРОРИЗМИ МАЪНАВӢ
Як фаҳмиши ғалат дар ҷомеаи мо роиҷ аст, ки “набарди иттилооти”ро танҳо дар маҳдудаи ҷангҳои расонаӣ мешиносанд. Аммо маҳфуми “набарди иттилоотӣ” аз гумону андешаҳои мо хеле васеътар буда, чангҳои расонаии ду ҷониб, ки алайҳи ҳам сангар гирифтаанд, бахше аз он аст.
Дар асри 21 мутахассисон ниҳоят сарҳади навъҳои суннатӣ ва муосири набарди иттилоотиро дар шакли зер муайян карданд:
-заиф намудани ситоди фармондеҳӣ – ба хотири аз байн бурдани робитаи байни фармондеҳӣ ва муҷриён (иҷрокунандагон);
-набарди ҷосусӣ – дастрасӣ ба иттилооти ҳарбии рақиб ва ҳифзи иттиллоти худ; набарди электронӣ алайҳи васоити электронии алоқа, марказҳои иртиботи радиёӣ, шабакаҳои компютерӣ равона шудааст;
-набарди равонӣ – таблиғот, мағзшӯйӣ тариқи паҳн кардани филмҳо ва иттилооти таъсиррасон, коркарди иттилоотии ҷомеа, ки ба заиф кардани рӯҳияи шаҳрвандон, заъфи нерӯҳои мусаллаҳ, раҳгумзании фармондеҳӣ ва ҷанги фарҳангӣ нигаронида шудааст;
– киберҷанг – ба маънои харобкории алайҳи марказҳои электронии низомӣ ва ғайринизомии душман, ки ба фалаҷ кардани тамоми шабакаҳо боис мегардад, паҳн кардани вирусҳои компютерӣ ва ба таври ғайриқонунӣ раҳ ёфтан ба шабакаҳо, бо мақсади ба манфиати худ истифода бурдани иттилоот; – набарди иттилоотии иқтисодӣ – ҳадаф фалаҷ кардани бахши иқтисод ва тиҷорат ва мисли ин.
Набардҳои иттилоотӣ ҳанӯз аз аҳди бостон то ба мо расидаанд. Истифодаи дуҳул, кӯс ва карнайҳои ҷангӣ ҳангоми набард, ки садои ваҳшатангез доштанд, пӯшидани кулоҳу зиреҳҳои ҷангии ҳаросафкан, ки ба рӯҳияи рақиб таъсири манфӣ мерасониданд, аз усулҳои таъсиргузоре ба рӯҳияи душман ба шумор мерафт. Фаразан, дар заминаи баъзе фарзияҳо бо сабаби кулоҳи душоха пӯшидани Искандари Мақдунӣ, мавсуф бо лақаби “зулқарнайн” маъруф буд ва рақибони ӯ воқеан ҳам бар ин бовар буданд, ки ӯ инсони фавқулода ва соҳиби ду шох аст. Ин мифҳо ҳароина ба рӯҳия аскарон таъсир мерасонд ва боиси заъфу ҳароси онҳо мегашт.
Яке аз бузургтарин мактабҳои дурӯғпароканӣ дар ҳукумати Ҳитлер асос гузошта шуд, ки таъсири он то ҳанӯз дар кишварҳои аврупо эҳсос мешавад.
Ҷозеф Геббелс, аз асосгузорони хадамоти таблиғотии Олмони фашистӣ, идораи мазкурро “даҳон ва гӯши Рейх” меномид. Зери роҳбарии ӯ усули “60 ба 40”- и паҳн кардани иттилооти дурӯғ роҳандозӣ шуд, ки зимни он 60% иттилооти дуруст бояд ба манфиати душман паҳн карда шавад, вале баъд аз ба даст овардани боварии рақиб, 40% иттилооти дурӯғ, вале хеле муҳиму таъсиргузор ба манфиати Рейх анҷом дода мешуд. Дар Ҷанги дувуми ҷаҳон радиостансияе бо ҳамин принсип фаъолият мекард, ки мардум гумон доштанд бритониёӣ аст, вале баъд аз ҷанг маълум шуд, ки он мутаалиқи олмон будааст.
Усули “60 ба 40” дар марказҳои иттилоотрасони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле такмил ёфтааст ва имрӯз низ бахши умдаи иттилооти расонаҳоро фаро мегирад.
Имрӯз рушди бесобиқаи техника ва технологияҳои замони муосир дар бахши иттилоот, боиси он гардидааст, ки набарди иттилоотӣ ба яке аз хатарҳои хеле ҷиддӣ табдил ёбад ва боиси нооромиҳо дар дилхоҳ манотиқи ҷаҳон гардад. Инқилоби рангаи маъруф ба унвони “Баҳори араб”, ки дар кишварҳои арабистон тарҳрезӣ ва амалӣ шуданд, моҷарои Афғонистон, Укроин мисоли рӯшани ин гуна набардҳост, ки ба заъфи пояҳои давлатдорӣ ва барҳам задани низоми суннатии ин кишварҳо замина гузошта, боиси кушта ва аз ватан овора шудани садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта гардидааст. Саҳнасозиҳои қалбакӣ, паҳн кардани хабарҳое, ки ҳақиқат надоранд, филмҳое, ки ба мағзи мардум таъсир мерасонанд, онҳоро ба амалҳои ғайриқонунӣ таҳрик медиҳанд имрӯз фазои иттилоотии ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ба ҳайси яке аз воситаҳои таъсиргузор аз ҷониби кишварҳои абарқудрат истифода мешавад.
ХАТАРИ ПАНҶУМ: ЛИБЕРАЛИЗМИ ҒАРБӢ
Либерализм (аз лотинӣ-озодӣ) як раванди фалсафӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ маънидод мешавад, ки дахлнопазирии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эълом медорад. Ин раванд ба ҳайси як аксуламал алайҳи зулми ҳокимони мутлақ ва бедодиҳои калисои католикӣ тавлид шудааст. Дар ибтидо либерализм ҳамчун раванде, ки ҳуқуқ ва озодии инсонро арзиши олӣ эътироф мекард, маъруф буд. Тамоюле буд барои озодии рӯҳияи инсон аз таҳмилҳои динӣ, расму оин, давлат ва мисли ин. Аз бузургтарин дастовардҳои либерализм озодии баён, озодии виҷдон (фосилагирии дин аз давлат), ҳуқуқ барои ширкати бидуни монеа дар муборизаҳои сиёсӣ маҳсуб мешуд. Дар муносибатҳои иқтисодӣ аз принсипҳои асосии ин раванд дахлнопазирии моликияти хусусӣ, озодии тиҷорат ва соҳибкорӣ, дар муносибатҳои ҳуқуқӣ волоияти қонун ва баробари тамоми шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз боигарӣ ва мансаб эътироф гардида буд.
Ин гумон, ки либерализм ва демократия ҳамманоанд иштибоҳи бузург аст. Либерализм ва демократия на танҳо аз ҳам тафовут доранд, балки муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Аз назари либералҳо диктатураи қишрҳои нодор ба моликияти хусусӣ ва кафолати озодии шахс таҳдид дорад. Вале аз зовияи диди демократҳо, аз ҳуқуқи интихобӣ маҳрум намудани қишри нодор, як шакли ғуломдорӣ талаққӣ мешавад.
Либерализми муосир, ки имрӯз ба унвони либерализми ҷаҳони ғарб машҳур аст, хеле такмил ва тағйир ёфтааст. Маҳфумҳое мисли либерализми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки дар шакли омехта дар аксарияти кишварҳои ғарб низоми давлатиро асос гузоштаанд ва суннатҳои санияи ин кишварҳоро, ки таърихи ҳазорсола доранд, аз байн бурдаанд.
Хатари либерализм дар ин аст, ки ба хотири озодии мутлақи инсон, тамоми арзишҳои дигарро, мисли идеологияи миллӣ, дин, расму оин, фарҳанг, таърих… инкор мекунад.
Фаразан либерализми фарҳангӣ зидди танзими давлатии бахшҳои адабиёт, санъат, илм аст (яъне инсон ихтиёр дорад дар риштаи санъат ва адабиёт фарҳанги урёнӣ, фаҳшнависӣ ва бадахлоқиро озод таблиғ кунад). Инчунин дар доираи ин таълимот ҳеҷ кас ҳақ надорад монеъ ба таблиғ ва амалкарди ҳамҷинсгароӣ, танфурӯшӣ, қиморбозӣ, маҳдуд кардани сину сол дар муносибатҳои ҷинсӣ, истифодаи машрубот, маводи мухаддир бошад.
Бубинед, танҳо аз байн бурдани низоми оиладорӣ, кӣ қолаби онро ҳазорсолаҳо тамаддуни башар рехтааст, метавонад ба вайрон шудани низоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсир гузорад ва мардумро ба як туъдаи бемасъулият табдил диҳад.
Имрӯз ихтилофи назарҳо байни кишварҳои ҷаҳон бештар дар ҳамин замина ба вуҷуд омадааст. Ҷаҳони ғарб мехоҳад ин арзишҳоро ба кишварҳои дигари ҷаҳон таҳмил намояд. Фаразан ихтилофи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо бо Русия ва Чин шояд, ки омилҳои зиёд доранд, вале яке аз сабабҳои асосии он нигаришҳои мутафовит сари ҳамин арзишҳост, ки солҳои охир вазъи ҷаҳонро хеле ноором сохтааст.
Либерализми ғарбӣ бо ин, ки хилофи арзишҳои ватанпарастӣ, идеологияи миллӣ, суннатҳои санияи мардумӣ, фарҳанг ва таърих аст, ҷомеаи берӯҳеро бунёд мегузорад, ки дигар қобили ҳифзи марзҳои миллӣ ва фарҳанги маънавӣ намебошад. Дар ҳоли дар тамоми кишварҳои ҷаҳон паҳн шудани ин “арзиш” раванди идораи давлатҳо ва миллатҳо хеле сода ва осон мегардад ва табиист, ки роҳ барои ғорати захираҳои модии онҳо боз мешавад.
ФАРҶОМ
Хатарҳое,ки дар маҳдудаи ин матлаб зикр шуданд ба амнияти аҳолии тамоми сайёра таҳдид дорад ва мутаасифона кишваре ва созмоне, ҳатто ба шумули СММ дар танҳоӣ қодир нест, ки шиддати онро коҳиш диҳад. Феълан чунин ба назар мерасад, ки ҷаҳони сармоя бар маънавиёт, фарҳанг, ахлоқ, дину оин тасаллут пайдо кардааст ва теша ба решаи арзишҳои инсонӣ мезанад, ки тӯли ҳазорсолаҳо шакл гирифтаанд ва дар ҳаёти иҷтимоъ татбиқ шуданд.
Ҷаҳони сармоя ин ҷаҳони манфиатҳои фардӣ ва ё гурӯҳӣ аст, ки ба тақдири инсоният комилан бетафовут буда, онро танҳо ба ҳайси як абзори қобили меҳнат мавриди истисмор қарор медиҳад. Панҷ хатаре, ки дар мақола зикрашон рафт аз усулҳои модерни ҷаҳони муосир аст, ки сармоядорон тавассути он коҳиш додани насли башар дар кураи замин ва соҳиб шудан ба захираҳои моддиро ҳадаф қарор додаанд.
Гумони ғолиб ин аст, ки то фарҳанги маънавӣ, илм, ахлоқ, расму оин, суннатҳои сания ва дигар арзишҳои башарӣ дар ҳаёти инсон фарози сармоя ва нафси шаҳвонии инсон қарор нагиранд, ҳеҷ умеде нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин бумбасти ноумедиҳо раҳоӣ ёбад.
Бахтиёр Ҳамдам