Озодӣ аз пардохти боҷу андоз – роҳи поин кардани нархи маҳсулот?

Дар пайи паҳншавии бемории COVID-19 ва баста шудани марзҳо тайи бештар аз як соли охир сокинон аз гаронии арзиши маҳсулот шикоят доранд. Мақомот ҳам инро рад намекунанд, вале то ҳол омили онро расман шарҳ надодаанд. Танҳо баъзе ишораҳо дар мавриди муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор мекунанд. Ин дастбакориҳо то куҷо ба нархи маҳсулот дар бозор таъсир мерасонанд, саволест, ки дар ин мавод ба баҳс кашидем.

Рўзи 31 марти соли равон вакилони парлумони Тоҷикистон барои муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ имтиёз доданд. Тавре сомонаи парлумони кишвар – parlament.tj хабар медиҳад, воридоти маҳсулоти озуқа, сўзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода зимни муаррифии қарори мазкур гуфтааст, он тарҳро бо ҳадафи беҳтар кардани вазъи “таъминоти бозори истеъмолӣ ва зарурати муътадил нигоҳ доштани нархҳо” таҳия кардаанд.

– Тағйирот ба Буҷети давлатии соли 2021 бо мақсади ҷалб ва истифодаи самараноки маблағҳои қарзии Корпоратсияи байналмилалии исломӣ ва таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сўзишвории дизелӣ таҳия шудааст, – гуфтааст ӯ.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, Агентӣ бо Корпоратсияи байналмилалии исломӣ созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба савдо ба имзо расонидааст, ки дар он барои воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, инчунин, гандуму шакар, биринҷ ва ғайра додани қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ менависад, ин масъала ба рӯзномаи ҷаласаи парлумон, ки дастраси хабарнигорон шуд, ворид нагардида буд, вале дар оғоз онро бе баҳсу баррасии ҷиддӣ қабул карданд. Муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ лоиҳаро муаррифӣ кардааст, вале баъди ҷаласа ба суолҳои хабарнигорон посух надодааст. Ӯ ҳамчунин, нагуфтааст, ки Агентии захираҳои моддии давлатӣ барои овардани чӣ миқдор маҳсулот ҳақ дорад. Танҳо таъкид кардааст, ки “ин лоиҳа бо қонуҳои дигар мухолифат надорад”.

Дар бораи ҳаҷми қарзе низ, ки дар доираи ин қарордод пешниҳод мегардад, маълумот дода нашудааст. Ҳамчунин саҳеҳ нест, ки Агентӣ имтиёзро танҳо дар доираи қарзи Корпоратсияи байналмилалии исломӣ мегирад ё тағйирот инчунин ба маҳсулоти аз ҳисоби худи Агенти воридшуда низ дахл дорад.

Вале ҳоло саволи асосӣ ин аст: имтиёзе, ки ҳоло ба як идораи давлатӣ доданд, арзиши маҳсулотро дар бозор то куҷо поин меорад ва ё ҳадди ақал дар як сатҳ нигоҳ медорад. Ҳарчанд дар Вазорати молия ва бархе вакилони Маҷлиси намояндагон бар ин назаранд, ки имтиёзҳои ба Агентӣ додашуда ба беҳбуди таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти дар боло зикршуда, инчунин ҷиҳати ба эътидол омадани вазъи нархҳо мусоидат менамояд, вале иқтисодшиносон ба ин масъала назари дигар доранд.

Иқтисодшинос: «Ин ҳама имтиёздиҳӣ кори беҳуда аст…»

Ба гуфтаи иқтисодшиноси тоҷик, Масъуд Собиров ин ниҳод танҳо бозорро бо маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум таъмин карда наметавонад ва ҳамин тавр аз уҳдаи танзими бозор ҳам намебарояд. Ба таъкиди ў, корхонаҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ба ворид кардани маҳсулоти ниёзи мардум ба бозори дохилӣ машғуланд ва дар ин сурат ба онҳо низ бояд имтиёз дод.

Озодӣ аз пардохти боҷу андоз - роҳи поин кардани нархи маҳсулот?
Масъуд Собиров

– Ҳоло масъала сари он нест, ки ин кор байни корхонаҳое, ки ба воридоти чунин маҳсулот машғуланд, рақобати носолимро ба вуҷуд меорад. Гап сари ин аст, ки оё ин ниҳод тани танҳо аз уҳдаи таъмини бозор бо маводи ниёзи аввалия ва сўзишворӣ буромада метавонад ё не. Ба фикри ман, не, – гуфт М. Собиров.

Мавсуф мегўяд, бояд барои ширкатҳо ва корхонаҳое, ки дар дохил молҳои ниёзи мардумро истеҳсол мекунанд, имтиёз дод.

Номбурда барои паст намудани нархи бозор ва ё ақалан дар як сатҳ нигоҳ доштан пешниҳод намуд, ки бояд иқтисоди Тоҷикистон мақоми истеҳсолиро касб намояд ва қурби пули миллӣ устувор нигоҳ дошта шавад.

– Бояд корхонаҳои саноатӣ сохта шаванд, корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти бозоргирро дар дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монанд. Дар ин сурат метавонем нархи маҳсулотро дар бозор ақалан дар як сатҳ нигоҳ дорем. Дар акси ҳол ин ҳама имтиёздиҳиву реформаҳо корҳои беҳада аст, – хулоса намуд ин иқтисодшиноси тоҷик.

Муқобилони имтиёз: ба ҳама баробар имтиёз дода шавад

Додани имтиёз ба як ниҳоди давлатӣ дар ҳолест, ки тайи як соли охир нархи маҳсулоти хўрока ва сўзишворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври чашмрас боло рафта, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Аз ҷумла, тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ нархи хӯрокворӣ ба андозаи 3% зиёд шудааст.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдумаҷид Муъминзод рӯзи 3 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ омили беруниро аз сабабҳои аслии гарон шудани нархи баъзе маҳсулот дар кишвар дониста, гуфта буд, “нархҳо дар бозори кишварҳое, ки ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунанд, низ гарон шудаанд ва ин ба вазъи бозори дохилӣ таъсир мегузорад”.

Айни суханро мақомот дар гузашта ба расонаҳо ва вакилони парлумони Тоҷикистон гуфтаанд. Ва ҳар гоҳ ки “омили берунӣ” ҳамчун далели гаронии нархҳо пешниҳод мешавад, иқтисоддонҳо мегӯянд, ки бояд чораҳои дигареро ёфт.

Шореҳи иқтисодӣ ва журналист Пайрав Чоршанбиев, ки зидди додани имтиёз ба ин Агентӣ аст, мегўяд, имтиёзе, ки барои Агентӣ дода шуд, ба хотири надоштани маблағҳои зарурӣ барои ворид намудани захираҳои кофии давлатӣ аст.

Ў дар идома гуфт, агар ният паст кардани нархи молу мавод бошад, ба тамоми воридкунандагон чунин сабукиҳо диҳанд.

– Барои мисол, Агентӣ яке аз се воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба кишвар аст, лекин ғайр аз он зиёда аз 50 ширкати дигар дар ин бозор фаъолият доранд. Чун дигарон аз ин сабукӣ бархурдор нестанд, нархи асосии маводи воридотӣ монанди пешина мемонад, – гуфт П.Чоршанбиев.

Аммо иқтисодшинос Фирўз Саидов бо ишора ба вазъи иқтисодии ҷаҳон ва таъсири он ба бозори Тоҷикистон гуфт, иқдоми мазкур дуруст аст ва он имкон медиҳад, ки ақаллан нархи бозор дар як сатҳи муайян нигоҳ дошта шавад. Вале ў гуфт, ба ин роҳ намешавад нархро дар бозор «контрол» намуд.

Вай аз Русия мисол овард, ки вақте нархи маҳсулотро дар бозори дохилӣ контрол кард, мушкилоти ворид ва истеҳсол кардани маҳсулот пайдо шуд. Ў гуфт, имкон дорад, ки дар Тоҷикистон низ ҳамин ҳолат такрор шавад.

Пайрав Чоршанбиев мегўяд, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ нархро бозор муайян мекунад. Яъне вақте талабот зиёд шавад, нарх боло меравад ва баръакс.

– Вақте давлат пофишорӣ карда нархи муйянеро ба гардани фурўшанда бор мекунад, мол камчин мешавад ва дар сурати камчин шудани мол нархи он боз дучанд гарон мешавад, – мегўяд П. Чоршанбиев.

Фирўз Саидов пешниҳод намуд, ки барои паст намудани нархи маҳсулот ва ё ақаллан дар як сатҳи муайян нигоҳ доштани он бояд давлат ба секторҳои хусусӣ имтиёз ва имконият диҳад, ки рушд ёбанд. Ў аз истеҳсоли пахта мисол овард, ки бояд онро бештар кард, чунки рўз аз рўз нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ боло рафта истодааст.

Озодӣ аз пардохти боҷу андоз - роҳи поин кардани нархи маҳсулот?
Фирўз Саидов

– Бояд на танҳо бозори дохилӣ, балки бозори берунаро ҳам омўхта як нақшаи эҳтимолии мубориза бо баланд шудани нархи маҳсулот дар бозорро тартиб диҳем, – гуфт Ф. Саидов.

Имтиёз танҳо ба худиҳо?

Вакилони парлумон дар ҳоле барои муътадил кардани нархҳо ба як ниҳоди давлатӣ имтиёз доданд, ки дар гузашта баъзе аз соҳибкорон аз бархўрди дугунаи мақомот бо субъектҳои соҳибкорӣ нигаронӣ карда буданд. Онҳо иддао доранд, ки имтиёзҳо ба таври интихобӣ ба идораву ширкатҳо ва бахусус ширкатҳои наздик ба мансабдорони баландпоя дода мешавад. Мақомот инро инкор мекунанд.

Ба гуфтаи Масъуд Собиров, дар Тоҷикистон воқеан ба ширкатҳои наздики мансабдорони баландпоя имтиёзҳо дода мешавад ва ин барои ҷомеа пўшида нест. Вале ў дар мавриди додани имтиёз ба ин ниҳоди давлатӣ гуфт, ки то ҳол ташхис карда наметавонад, ки чаро ба он имтиёз доданд, ин ҳам дар ҳоле, ки ин ниҳод наметавонад талаботи бозори дохилиро пурра қонеъ намояд.

Пайрав Чоршанбиев мегўяд, имтиёз ба ширкату корхонаҳои алоҳида роҳи кўтоҳтарин барои эҷод кардани рақобати носолим дар ин ё он бозор аст. Ў гуфт, агар давлат хоҳад ин ё он соҳаро дастгирии молиявӣ намояд, беҳтар асти онро маблағгузорӣ кунад.

“Имтиёз барои коҳиш додани уҳдадориҳои андоз”

Дар барорбари гаронии нархи озуқа афзоиши нархи сӯзишворӣ низ аз аввали сол ба мушоҳида мерасад. Масалан, аз 1 январ то имрӯз нархи бензини тамғаи АИ-92 дар Душанбе зиёда аз 30% (аз 6,5 то 8,5 сомонӣ барои 1 литр), АИ-95 – 27% (аз 6,90 то 8,80 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 13% (аз 6,80 – 7,70 сомонӣ) ва гази моеъ – 9% (аз 4,25 то 4,60 сомонӣ) боло рафт.

Агар иддае гаронии нархи сӯзишвориро кори дасти монополистони соҳа медонанд, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, “болоравии нарх бесабаб нест” ва ба як тасмими Қазоқистон рабт доданд. Нашрияҳои қазоқӣ навиштанд, корхонаи тавлиди гази моеъ дар шаҳри Атирауи Қазоқистон бо далели бозсозии таҷҳизот, фаъолияташро муваққатан боздоштааст. Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон меорад.

Коршиносон мегўянд, дар ҳоле кидар бозори воридоти маҳсулоти сўзишвории кишвар ба ҷуз ин Агентӣ зиёда аз 50 ширкати дигари таҳвилкунанда кор мекунанд, ки имтиёз нагирифтаанд, изҳорот дар мавриди ба эътидол омадани вазъи арзиши маводи сўхт баъди додани  имтиёз баҳснок ба назар мерасад.

Озодӣ аз пардохти боҷу андоз - роҳи поин кардани нархи маҳсулот?
Акси Мазхаб Ҷумъа

Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров мегўяд, қарори додани имтиёз ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар маҷмӯъ наметавонад ба нархи сӯзишворӣ таъсир расонад, зеро Агентии мазкур таъминкунандаи калони сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон нест ва, аз ҷониби дигар, он ширкати тиҷоратӣ ҳам нест.

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, имтиёзҳои мазкур қарори муваққатӣ барои сохтори давлатӣ ва коҳиш додани уҳдадориҳои он дар назди андоз аст.

– Беш аз 90% тамоми маҳсулоти нафтии мо аз ФР аст ва ширкатҳое, ки сӯзишвориро бо ҳаҷми пуррааш аз ин кишвар ворид мекунанд, андозу боҷҳоро пардохт намуда, соҳиби ягон хел имтиёз нестанд. Мушкили дигар низ барои давлат вуҷуд дорад, ки ин ғайриқонунӣ ворид кардани сӯзишворӣ, алалхусус ба вилояти Суғд аз Қирғизистон аст. Гап сари ин аст, ки киҳо ин маҷроро назорат мекунанд ва то кадом андоза онҳо бо соҳибмансабони бонуфуз иртибот доранд,- мегўяд Н. Сафаров.

Мавсуф дар идома қайд кард, ки ба нархи сӯзишворӣ нархҳои ҷаҳонии нафт, таъмину таъхири истеҳсоли сӯзишворӣ дар корхонаҳои коркарди он, нархи интиқол, сиёсати андозӣ ва гумрукӣ, қурби табодули арз ва дастрасӣ ба конвертатсия дар бонк тасъир мерасонанд.

– Бораи паст шудани  нархи сӯзишворӣ на дар ояндаи наздик ва на дар миёнамуҳлат ҳатто фикр кардан ҳам лозим нест,- хулоса намуд Н. Сафаров.

Бояд гуфт, ки Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар баробари ҶСК “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва ҶДММ “Сеганҷ” дар бозор мавқеи ҳукмрон дорад, лекин ҳиссаи умумии ин ду ширкат беш аз 70%-ро ташкил дода, ҳиссаи Агентӣ  ҳамагӣ ба 10% аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ баробар аст.

Боҷи гумрукии воридотӣ барои ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ 0,25% ва ААИ 18% аз арзиши маҳсулотро ташкил медиҳад. Меъёри аксиз барои ҳар як тонна бензин $65 ва сӯзишвории дизелӣ $10-ро ташкил медиҳад.

Роҳи ҳал кадом аст?

Тавре сомонаи “Азия плюс” бо такя ба Агентии омори назди президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар зарфи 2 моҳи соли равон маҳсулоти ғизоӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 3% қимат шуд.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1%-ро ташкил дод, ки 0,35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Имсол нархҳо ба картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва маҳсулоти ширӣ (1,4%), шакар (қанд) (1,3%), гӯшт (1,1%), равған ва чарбҳо (0,7%) нисбатан бештар боло рафтанд.

Тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,2% афзуданд. Байни маҳсулоти ғайриозуқа давоми моҳҳои январ-феврали соли равон бештар бензин (16,4%), сӯзишвории дизелӣ (6,5%), гази моеъ (3,1%), масолеҳи сохтмон (1,7%), либос (0,8%), пойафзол (0,7%), матоъ (0,5%), маҳсулоти дорусозӣ (0,4%) қимат шуданд.

Тавре коршиносон гуфтанд, Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон аз уҳдаи танзими бозори дохилӣ намебарояд ва ҳамчунин, он аз воридкунандаи асосии маҳсулоти хўрокворӣ ва сўзишворӣ дар кишвар ба ҳисоб намеравад. Аз ин рў интизор меравад, ки додани имтиёз ба ин ниҳод ба нархи маҳсулоти аввалия дар бозор таъсир расонида наметавонад.

Бо ин вуҷуд коршиносон мегўянд, роҳи ҳалли масъала беҳтар кардани шароити соҳибкорон ва афзоишу дуруст ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аст. Иқдоме, ки ҳамеша ҳукумат аз ҷой доштани он таъкид менамояд, вале зоҳиран дар амал татбиқ намешавад.

Пас дар ин росто беҳтар аст, ки масъулин на танҳо вазъи бозори дохилӣ, балки берунаро ҳам таҳлил намуда, як нақшаи эҳтимолии танзими нархи маҳсулот дар бозорро тартиб диҳанд ва дар асоси он амал намоянд.

Мазҳаб Ҷумъа

Оцените статью

Озодӣ аз пардохти боҷу андоз – роҳи поин кардани нархи маҳсулот? Дар пайи паҳншавии бемории COVID-19 ва баста шудани марзҳо тайи бештар аз як соли охир сокинон аз гаронии арзиши маҳсулот шикоят доранд. Мақомот ҳам инро рад намекунанд, вале то ҳол омили онро расман шарҳ надодаанд. Танҳо баъзе ишораҳо дар мавриди муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор мекунанд. Ин дастбакориҳо то куҷо ба нархи маҳсулот […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.