Зуд-зуд иваз шудани ҳукумат дар Қирғизистон ба кишвар зарар ҳам мерасонад. Аммо ин, албатта, кори худи шаҳрвандони кишвари ба мо дўсту ҳамсоя аст. Мо бештар аз ҳама айни замон анҷоми ҳарчи тезтари музокироти атрофи марз бо ҳамсояҳоро мехоҳем, ки ду даҳсола боз тўл мекашад. Ҳарчанд масъала барои шаҳрвандони ду кишвар ҳассосу нозук мебошад ва муносибати эҳтиёткорона, боандешаро талаб мекунад, аммо изҳороти зуд-зуду баланд садодиҳанда ва бемулоҳизаи мансабдорони қирғиз дар ин масъала ва дар робита ба ҷамоати Ворух гоҳо сабаби ҳайрат ва эътирозҳои асосноки шаҳрвандони Тоҷикистон мегарданд. Ин ҳама боис ба он гашт, ки бархе коршиносон ҳатто суолеро ба миён гузоранд: оё Қирғизистон умуман қобилияти маслиҳату машварат кардан дорад?
Кор аз он сар шуд, ки пас аз даври навбатии гуфтушунид оид ба марзҳо, ки ин дафъа сардорони КДАМ-и ду кишвар гузаронданд, генерал Қамчибек Ташиев пешниҳод кард, Ворух бар ивази дигар қитъаи баробари замин ба Қирғизистон дода шавад. Ба ин изҳорот Ҳамрохон Зарифӣ, сардори собиқи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, посухе бо лаҳни тунд дод, ки моҳияташ ин буд: пешниҳоди иваз намудани қитъаҳое аз қаламрави Тоҷикистон ба заминҳои дигар як ҳарзае беш нест.
Имшаб Қамчибек Ташиев ба вазири собиқи мо Ҳамрохон Зарифӣ посух дод, ки матни онро дар зер меорем.
«Қирғизистониҳои муҳтарам!
Як оқсақол Ҳамрохон Зарифӣ аз Тоҷикистон озорҳои худро аз ман дар масъалаи марзи байни ду кишвар навиштааст, мехоҳам равшанӣ андозам.
Ман чӣ кор кардам? Ҳамчун роҳбари ҳайати ваколати давлатӣ пешниҳодҳои моро оид ба анклави «Ворух» ба дасти ҳампешаи худ муҳтарам Саймумин Сатторович дар ҳузури ҳайатҳои ваколати ҳарду тараф супоридаму халос, дигар ҳеҷ ҳарфе ҷониби кишвари ба мо ҳамсояи наздик набуд.
Аммо чаро сипас оқсақол Ҳамрохон посухи хеле бад медиҳад, фарҳанги паст ва муносибати душманиварзонаи худро намоиш медиҳад, шояд аз он сабаб бошад, ки ман ба пешниҳодҳои онҳо, ки манфиатҳои кишвари маро инъикос намекунанд, розӣ нашудам?
Ҳар гунае бошад, ман аз ҳама даъват мекунам, ки нисбати ҳамсояи наздики мо, халқи Тоҷикистон муносибати дўстона дошта бошем, ба фитнаҳо дода нашавем, Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад!
Ҳар қадаре хоҳед, маро бадгўӣ кунед, вале, лутфан, ба Халқи Бузурги Қирғизи ман нарасед!
01.04.2021, 01-30-и шаб, ағбаи «Ала-Бел».
Як мавзеъгирии тамоман дигар, ҳамин тавр не? Сипос ба шумо, генерал Қамчибек Ташиев, лоақал барои он ки мардуми ду кишварро даъват мекунед, ки ба фитнаҳо дода нашаванд, итминон доред, ки ҳамааш хуб мешавад.
Бо вуҷуди ин қайд бояд кард, ки ҳама ин ҳангома дар атрофи Ворух дар матбуоти тоҷик ва шабакаҳои иҷтимоӣ оқибати рафтори бемулоҳиза, пешниҳоди бемантиқ, оҳанги гуфтаҳои шумост.
Генерали муҳтарам! Ақаллан як бор хондаед, ки ба президенти худ дар чӣ шакл ҳисобот пешкаш намудаед, аз номи шумо дар матбуоти қирғиз чӣ чоп шудааст? «Якум – мо дар асоси қонун сарҳади анклавро чен мекунем ва он дигар васеъ нахоҳад шуд. Аммо мо ба анклав тариқи қаламрави худ, танҳо ба он хотир ки онҳо даромадан тавонанд, роҳ медиҳем».
Шумо яктарафа исрор мекунед, ки тамоми гарданаи пеши Ворух қаламрави шумост, дар ҳоле хеле хуб медонед, ки Оқсой қад-қади роҳи тоҷикистонӣ соли 1975 пайдо шуд, роҳе, ки тариқи он мегузашт, то соли 1991 дар тавозуни Тоҷикистон буд. Ва шумо мегўед, ки роҳ медиҳед, ки «даромадан тавонанд»?

Ин хел гуфта, шумо афкори ҷамъиятӣ месозед, халқи қирғизро ба ғалатфаҳмӣ меандозед, ки ҳудуди мазкур ба ў дахл дорад, халқи тоҷикро бо изҳори мавқеи табъизии худ ба шўр меандозед. Дар идома шумо аз пешниҳоди 12 ҳазор га замин дар ҷои дилхоҳ бар ивази Ворух мегўед. Наход нафаҳмед, ки ин хел пешниҳод аз оғоз як ҳарза аст? Наход, агар нисбати халқи тоҷик эҳтиром дошта бошед, ин қабил таклифро ба мардуми қариб чилҳазорнафара кунед? Шумо, ки хуб медонед, на қирғизҳо, на тоҷикон онҷо, дар наздикиҳои марз, алалхусус дар минтақаи Ворух-Оқсой-Хоҷаи Аъло-Чоркўҳ-Коктош ҳеҷ гоҳ ба қабул намудани шаҳрвандии кишвари дигар розӣ намешаванд. Шумо ба ворухиҳо кўч бастанро пешкаш мекунед? Тасаввур мекунед, ки ин қарор дар Тоҷикистон ба чӣ боис шуда метавонад? Оё ҳукуматдорони Тоҷикистон инро қабул мекунанд? Дар ҳоле медонед, ин таклиф қабулношуданӣ ва подарҳавост, шумо ин «роҳҳал»-ро пешниҳод мекунед. Ин аз чӣ гувоҳӣ медиҳад?
Ин беҳурматӣ нисбати халқи тоҷик, нописандӣ, таҳқири он аст. Чаро шумо варианти пас додани заминҳои тоҷиконро баррасӣ намекунед? Охир аз замони дар Оқсой маскун шудани қирғизҳо 70 сол ҳам нагузаштааст. Чаро шумо намехоҳед масъалаи кўчондани Оқсойро бинед, лоақал аз соҳили чап, то ки ба Тоҷикистон қитъаи роҳи кўҳнаашро пас диҳед? Шумо, ки дар соҳили чап замини Тоҷикистонро ғасб карда, роҳро аз Коктош то Оқсой сохтед, чаро лоақал пешниҳоди ҳамин ҳудудҳоро ба хотири роҳҳо намекунед? Ба шумо – роҳи Коктош-Оқсой, ба тоҷикон – Ворух–Хоҷаи Аъло (Октябр). Мушкили наздисарҳадӣ, мутаассифона, барои шумо як васила барои мустаҳкам кардани мавқеатон миёни интихобкунандагон шудааст, шумо бо ҳиссиёти миллии қирғизистониҳо бозӣ мекунед, паси хоҳишҳои сокинони Коктош ва Оқсой меравед, ки мехоҳанд аз ҳисоби ҳамсояҳо замин гиранд ва ҳатто неруҳои солими кишвари худро ба гумроҳӣ меандозед.
Ва боз. Ҷамъ овардани миқдори азими техникаи низомӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ, гузарондани тамринҳои низомӣ маҳз дар рўзҳои гуфтушунид чӣ маънӣ дорад? Магар намоиш додани неру нест? Магар кишварҳои дўст, зиёда аз ин, аъзои созмонҳои СПАД ва СҲШ чунин рафтор мекунанд? Агар ин техника минтақаи наздисарҳадиро тарк накунад, фикр намекунед, ки амалҳои ҷавобӣ мешаванд? Ин ҳама ба чӣ оварда метавонад? Шумо дар ин бора фикр кардед?
Акнун дар бораи халқи қирғиз. Он воқеан Бузург аст. Зикри номи танҳо Чингиз Айтматов инҷо кофист. Мо, тоҷикон, аз ҷумла дар ҳавои асарҳои ў тарбия ёфтаем. Шахсан ман «Муаллими аввалин», «Ҷамила», «Киштии сафед», «Майдони модар»-ро хондаам. Дар як синф ҳамроҳи қирғизҳо таҳсил кардаам. Ҳамин коктошиён, оқсойиҳо, коктерекиҳо дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кардаанд. Як бор ба номаҳои камол, шаҳодатномаҳои таваллудашон нигаред, мебинед, ки онҳо дар куҷо зода шудаанд, таълим гирифтаанд – дар Тоҷикистон ё дар Қирғизистон. Мефаҳмед, ки ҳоло кӣ дар замини кист.
Мо мефаҳмем, ки одамон реша давондаанд, молу ҳол ҷамъ кардаанд – бигузор оромона зиндагӣ кунанд. Ва заминҳоеро, ки онҳо маскан гирифтаанд, касе пас талаб намекунад. Аммо деҳоти тоҷикӣ таърихан чарогоҳҳо, роҳҳо, низоми ирригатсионии худро доштанд. Ин мардум ҳуқуқи дастрасӣ ба онҳоро доранд. Суолро ин тавр гузоштан лозим аст. Аз рўи номусу виҷдон, одилона. Ин ягона равиши дуруст дар ҳалли баҳси марзӣ аст. Ҳамаи ин масъалаҳо бояд дар маҷмўъ баррасӣ шаванд. Дар акси ҳол шумо роҳро тариқи қаламрави худ медиҳеду пагоҳ боз мебандед. Чуноне ки имрўз дар Оқсой рўй медиҳад. Ба шумо бовар нест. Бубахшед.
Гуфтаҳои Ҳамрохон Зарифӣ як навъ хашми инсони таҳқиршунида, озурдае аз суханони шумо, аз муносибати шумо ба масъалаи давлатӣ буданд. Охир ў вазири корҳои хориҷӣ буд, дипломати воқеӣ аст, Комиссияи Байнидавлатиро роҳбарӣ мекард, муддати тўлонӣ масъалаи наздисарҳадиро омўхтааст. Ў таърихи заминҳои атрофи Ворухро хеле хуб медонад. Медонад, ки гуфтаҳои шумо ба ҳеҷ чорчўбаи дипломатӣ намеғунҷанд.
Музокирот оид ба масъалаи наздисарҳадӣ раванди тўлонӣ ва диққатталаб аст. Ҳайати Комиссияи Байнидавлатӣ, иштирокдорони музокирот аз ҷониби Қирғизистон ҳар бор тағйир меёбад. Ва боз агар ба назар гирем, ки дар Қирғизистон ҳукумат зуд-зуд тағйир меёбад, ин раванд гоҳо боис ба он мегардад, ки ҳайати нав қарори ҳайати пешинро эътироф намекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб давоми якчанд соли охир дар раванди гуфтушунид пешрафте дида намешавад. Чӣ кор бояд кард, ки раванд ба анҷоми мантиқӣ бирасад? Оё намояндагони Қирғизистон омодаанд дар ниҳояти кор маслиҳат кунанд ва кори делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатиро ба итмом бирасонанд? Ё Қирғизистон имиҷи давлати ба маслиҳату машварат ноқобилро мегирад?
Неъматулло Мирсаидов, шореҳи сиёсӣ
Дар ин байн:
Собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар блоги худ ба Қ. Ташиев ҷавоб дод.

Ҷаноби Ташиев, аз ҳуҷраи торик гурбаи сиёҳро пайдо кардан душвор аст…, хусусан, агар он дар он ҷо набошад. Ман ҳеҷ гоҳ чизи баде дар бораи халқи бузурги қирғиз, фарҳанги қадимаву хеле ғании он нагуфтаам. Халқҳои мо на танҳо ҳамсояанд, балки то андозае пайванди хешутаборӣ низ доранд. Ҳамаи мо хуб бо эпоси мардуми қирғиз, қаҳрамони асосии он Манас ва ҳамсараш Каникей ошно ҳастем. Ман ба халқи бародари қирғиз, фарҳанг ва таърихи он эҳтироми баландтарин қоилам. Дар ин кишвар сад дўсти арҷманд дорам. Ҳама вақт ба мардуми бародари қирғиз осмони софи болои сар, шукуфоӣ, осудагии пойдорро дар ҳаёти паҳлу ба паҳлу, ёрии байниҳамдигарии анъанавиро дар лаҳзаҳои душвор ва бо ҳам дидани шодиҳоро таманно доштаму дорам.
Ҳамзамон саҳлангориро қабул надорам ва ба касе додани имкони ҳалли дағалонаи масъалаи ҳудудиро, ки ояндаи халқи ман ба он вобаста аст, қобили қабул намедонам.
Чӣ тавр Ворухро бо девори оҳанӣ иҳота кардан ё сокинонашро аз сарзамини қадима, ки садсолаҳо боз зери он гузаштагонашон, падару бобоҳои наслҳои сершумор хобанд, рондану ба ин тариқ руҳ ва мероси таърихии мардумро хароб кардан мумкин аст?
Чӣ тавр метавон чунин сангдилона дар бораи тақдири қисме аз халқи ман гуфтугузор кард ва вариантҳои бесарунўгу подарҳавои ҳалли масъаларо пешниҳод намуду дар зимн, бо поймол намудани тамоми меъёрҳои этикии пешбурди музокирот, дар нишасти матбуотӣ, бидуни мувофиқа бо ҷониби дигар муҳтавои суҳбатро ошкор кард?
Дар забони дипломатия ин маънии «ZERO-SUM GAME»-ро дорад. Дар лаҳзаи фароғат як хонед…