Оё барои овардани роҳрўбон чартер фармудан лозим меояд?

Дар сурати сарду сербарф омадани зимистон шаҳрдориҳои Маскаву Санкт-Петербург эҳтимол маҷбур мешаванд, ки ба хотири овардани коргарони низоми хоҷагии манзилию коммуналӣ аз Осиёи Марказӣ парвозҳои чартерӣ фармоиш диҳанд.

Зимни як матлаби худ профессори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, доктори илмхои иқтисодӣ Раҳмон Улмасов, коршиноси дар кишварҳои ИДМ маъруфи масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгўии хотирмоне кардааст: «Ба зудӣ корфармоён аз Русия қишлоқ ба қишлоқ гашта, одамонро ба кор даъват хоҳанд кард». Давроне, ки коршинос пешгўӣ намудааст, ҳанўз фаро нарасидааст ва садҳо ҳазор бекорон дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон барои пайдо кардани кори муздноке, ҳатто якдафъаина ҳам бошад, дар талошанд. Нишондиҳандаҳои баланди афзоиши аҳолӣ (солона тақрибан 2%) дар кишвари 9-миллионнафара ҳарсола ба бозори меҳнат иловатан на кам аз 150 ҳазор шаҳрванди нав ба синни балоғат расидаро мебарорад, ки бояд таълими касбӣ гиранд ва бо кор таъмин карда шаванд.

Ба даҳҳо ҳазор нафари аз Русия барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ватан депортатсияшуда соли 2020 дар ҷумҳурӣ гурўҳи нави калони бекорон зам гардид, ки пайдо кардани корро берун аз Тоҷикистон дар нақша доштанд, вале аз сабаби баста шудани марзҳо наметавонанд ба Русия раванд. Шумораи умумии аҳолии бекор, машғул ба кор бо вақти нопурра, муҳоҷирони меҳнатии депортатсияшуда ва ҷавононеро, ки ҳамасола ба сафҳои ниёзмандони кор ҳамроҳ мешаванд, ба ҳолати миёнаи соли 2020 тахминан 800 ҳазор нафар баҳо додан мумкин аст ва ин адад дар ҳоли афзоиш аст.

Дар бозори меҳнати Федератсияи Русия падидаи манфии дигар ба вуқўъ мепайвандад – норасоии захираҳои меҳнатӣ зиёдтар мешавад. Камбуди нерўи корӣ дар Русия соли аввал нест, ки эҳсос мегардад. Дар 10 соли пас аз бўҳрони соли 2008 миқдори онҳое, ки дар Русия кор мекунанд, беш аз 7 миллион нафар коҳиш ёфтааст, шумораи нафақахўрон тақрибан 10 миллион зиёд шуда, ба 43 миллион расидааст. Хусусан, аз гурўҳи сокинони ҷавони Русия, ки дар солҳои бўҳронии 90-ум зода шуда, акнун дар синни репродуктивӣ мебошанд, бохтҳо зиёданд.

Ба солҳои 2010-2015 дар бозори Русия қишри чашмраси меҳнаткашони хориҷӣ – коргарони машғул ба корҳои ғайриихтисосӣ ва мутахассисони дорои маълумоти олӣ, ки камчинияшон, хоса дар музофотҳои Русия, низ хеле эҳсосшаванда аст, ба вуҷуд омадааст. Дар бисёр соҳаҳои иқтисодиёти аксари минтақаҳои Русия ҳал намудани масъалаи камбуди нерўи корӣ ва мутахассисон танҳо аз ҳисоби муҳоҷирон даст медиҳад.

Тамоюлҳое, ки баъд аз пошхўрии ИҶШС дар бозори меҳнати Русия зуҳур мекарданд, хеле мароқангезанд. Даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки малакаҳои хуби тиҷорат доштанд, дар солҳои 90-ум умед ба пайдо кардани мавқеи худ дар арсаи савдои чакана ва дар бозорҳо мебастанд. Вале маълум гашт, ки ин соҳаро қаблан зодагони Қафқоз банд кардаанд ва танҳо қисмате аз муҳоҷирони тоҷик тавонистанд дар кори савдо мавқеъ устувор кунанд. Издиҳоми бузурги зодагони Тоҷикистон дар куҷо метавонистанд нерўи худро ба кор баранд? Он замон садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ бо пайдо кардани кор дар соҳаҳои сохтмон ва хоҷагидории коммуналӣ аз мушкилот раҳо ёфтанд.

Бино ба арзёбии коршиносон, тақрибан 70% муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия дар соҳаи сохтмон фаъолият мекунанд ва сатҳи ихтисосмандии онҳо имрўз имконашон медиҳад, ки бо аҳолии таҳҷоӣ дар рақобат бошанд.

Аммо имконияти пайдо кардани кор ва ҳаққи иқомати доимиро тоҷикистониёни дорои маълумоти олӣ ҳатто бештар аз коргарони беихтисос доранд. Дар низоми тандурустии ФР солиёни зиёд боз камбуди табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ ба назар мерасад. 200 километр дуртар аз Маскав, дар поликлиникаи ноҳиявии шаҳри хурдакаки Суздал, ки ба норасоии беш аз 50-фоизаи табибону ҳамшираҳо дучор аст, аз тобистони соли 2020 комгорона ҷарроҳи ҷавон аз Гамбияи Африқо Шейк Ҷенг фаъолият мекунад, ки Донишгоҳи дўстии халқҳои Маскавро хатм намудааст. Ва муносибати дармонҷўёни маҳаллӣ ба ў ҳамон гунае пур аз эҳтиром аст, ки нисбати ду зани табиб аз Тоҷикистон – терапевт ва педиатр ба назар мерасад.

Беш аз пеш дар минтақаҳои Русия пешгўии Раҳмон Улмасов амалӣ мешавад – тоҷикон метавонанд бомуваффақият дар деҳоти Русия кору зиндагӣ кунанд. Андаке дуртар аз маркази ноҳияе дар вилояти Курск хоҷагии фермери русе рушд мекунад, ки дар он чанд сол боз 10 тоҷику ўзбек фаъолият доранду аллакай барои оилаҳои худ инҷо манзили зист сохтаанд.

Мисолҳои кори муваффақонаи зодагони Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои муосир дар Русия ҳамчунин кам нестанд. Дар Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Энергия» ракетасози дар «Роскосмос» шинохта Алишер Аминов дар мансаби баланд аст. Ҳамнасаби ў Фарҳат Аминов бошад, ба ҳайси роҳбари яке аз бахшҳои IT-и бонки калонтарини Русия «Сбербанк» фаъолият мекунад.

Мувофиқи иттилои таҳқиқгарони бозори меҳнати ФР, мушкили норасоии нерўи корӣ дар соли 2020 ва давраи наздики пас аз он аз байн намеравад. Камбуд боқӣ мемонад ва аз сабаби пандемия зиёд ҳам мешавад –  хоса дар соҳаҳои сохтмон ва тандурустӣ. Ба қатори кормандоне, ки дар Русия талабот ба онҳо зиёд аст, фурўшандагон, ошпазон, омўзгорон, табибу ҳамшираҳо, дорандагони қариб ҳамаи ихтисосҳои бинокорӣ, коргарони низоми коммуналӣ медароянд.

Дар қайди шуъбаҳои хадамоти шуғли аҳолӣ дар миёнаҳои соли 2020 наздик ба 3 миллион шаҳрванди Русия қарор дошт, ки аммо ба зиёда аз 1 миллион ҷойи кории холӣ аз сабаби маоши кам рағбат зоҳир намекарданд. На ҳамаи сокинони Русия, аз ҷумла ҷавонони солим, ба кор бо музди баланд – беш аз 1 ҳазор доллар ва болотар аз он (муодили зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ) – дар соҳаи сохтмон розӣ мешаванд. Теъдоди хохишмандони роҳрўбӣ дар миёни сокинони бумии Русия бениҳоят кам аст.

Норасоии коргаронро дар соҳаи коммуналӣ пешгўӣ намуда, дар низоми хоҷагидории манзилӣ-коммуналии Москва ва Санкт-Петербург маоши роҳрўбонро аз 30 то ба 40 ҳазор рубл боло бурданд. Шаҳрдори Москва Собянин муътақид аст, ки хоҷагии шаҳр аз ўҳдаи рафъи оқибатҳои барфрезиҳои зимистона, яхбандии бомҳо ва садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ мебарояд. Лекин агар зимистон сарду сербарф ояд, маҳаллаҳои истиқоматии Маскав дар барфтўдаҳои касногузар меғўтанд. Ва он гоҳ ба роҳбарони соҳаи коммуналӣ ҳамин мемонад, ки оҷилан ба роҳбарияти ширкатҳои ҳавоӣ бо хоҳиши аз Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тариқи парвозҳои чартерӣ ба шаҳрҳо овардани  муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат намоянд. Коршиносон бовар доранд: агар барои кор ба роҳрўбон 50 ҳазор рубл дода, онҳоро бо манзил таъмин намоянд, зимистони меомадаро бидуни душвориҳои ҷиддӣ паси сар кардан мумкин мешавад.

Андрей Захватов, публитсист

Оцените статью

Оё барои овардани роҳрўбон чартер фармудан лозим меояд? Дар сурати сарду сербарф омадани зимистон шаҳрдориҳои Маскаву Санкт-Петербург эҳтимол маҷбур мешаванд, ки ба хотири овардани коргарони низоми хоҷагии манзилию коммуналӣ аз Осиёи Марказӣ парвозҳои чартерӣ фармоиш диҳанд. Зимни як матлаби худ профессори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, доктори илмхои иқтисодӣ Раҳмон Улмасов, коршиноси дар кишварҳои ИДМ маъруфи масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгўии хотирмоне кардааст: «Ба […]
1.25 1 5 4
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.