Таназзули иқтисодӣ қисми торафт бештари ҷаҳонро фаро мегирад. Ва дар ин замина барои пешрафти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки тадриҷан ба як минтақаи босуръат рушдёбанда ва муҳим табдил меёбад, тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст.
Чӣ тавр аз зарфиятҳои худ дуруст истифода карда, ба ин ҳадаф ноил шудан мумкин аст? Дар матлаби «Nuqta.tj» ба ин суол посух пешкаш мешавад.
Вазъияти ҷории ҷаҳон аз буҳрони бисёр кишварҳои пешқадам гувоҳӣ медиҳад. Ба мушкилоти қаблан мавҷуд оқибатҳои то ҳол идомаёбандаи пандемияи вируси тоҷдор ва низои низомӣ байни Русия ва Украина, канда шудани роҳҳои муҳими тиҷоратӣ ва нақлиётӣ, инчунин болоравии нархҳои ашёи хому шиддат гирифтани таваррум зам шудаанд. Дар натиҷа, чархиши се “муҳаррик”-и иқтисоди ҷаҳонӣ – ИМА, Аврупо ва Чин – ба таври назаррас суст шуд, Русия ва дигар кишварҳои пешрафта торафт бештар ба мушкилот мепечанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон аз рушди иқтисоди минтақаи Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои охир ва имкониятҳои он тавсиф мекунанд, ки метавонанд Осиёи Марказиро ба яке аз марказҳои пешрафтаи иқтисодии Шарқ табдил диҳанд.
БАОР: ОМ барои пешқадам шудан ҳама имкониятҳоро дорад
Осиёи Марказӣ дар айни замон танҳо як таъминкунандаи қафомондаи ашёи хом нест. Вақти он расидааст, ки назари нав ба Осиёи Марказӣ ҳамчун як минтақаи бузурги башиддат рушдёбанда ва ояндадори иқтисодӣ ташаккул ёбад.
Дар ин бора дар гузориши таҳлилии чанде қабл нашршудаи Бонки Авруосиёии Рушд (БАОР) «Иқтисодиёти Осиёи Марказӣ: нигоҳи нав» гуфта мешавад.
Дар пасманзари коҳишёбии фаъолияти бозигарони умдаи минтақавӣ, тибқи пешгӯии таҳлилгарони БАОР, нақши стратегии Осиёи Марказӣ дар фазои густурдаи Авруосиё, аз ҷумла аҳамияти афзояндаи минтақа барои ҳамсоягони наздиктарин ва шарикони калидии иқтисодии он – Русия ва Чин боло меравад.
«Кишварҳои минтақа шонси таърихии баҳрагирӣ аз бартариҳои мавқеи транзитӣ ва инчунин имкони ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ тавассути долонҳои байналмилалии нақлиётиро пайдо карданд. Имкониятҳои назаррас аз ҳисоби рушди ҳамоҳанги маҷмуаи обу энергетикӣ, аз ҷумла энергетикаи «сабз» ба вуҷуд меоянд. Ташаббусҳои равона ба ҳамгироӣ дорои зарфиятҳои назаррас барои таҳриқи рушди иқтисодӣ мебошанд ва махсусан инҷо ҳамгироии зерсохторӣ муҳим аст”, – омадааст дар гузориш.
Таҳлилгарони БАОР хусусиятҳои кишварҳои минтақа, дурнамои ҳамкориҳо ва иқтидори рушди онҳоро таҳлил карданд. Коршиносон бар ин назаранд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҷмуъ аз ҷиҳати иқтисодӣ муваффақ шудаанд ва дурнамои ҷиддии рушд ҳам доранд.
- Маҷмуи маҳсулоти дохилии муштараки Осиёи Марказӣ 347 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар давоми ду даҳсолаи охир ин рақам 7,5 баробар афзуд. Саҳми Осиёи Марказӣ дар ММД-и ҷаҳон аз рӯйи қобилияти харидорӣ аз соли 2000-ум 1,8 баробар афзудааст.
- Аҳолии минтақа, ки 77 миллион нафар аст, 1,4 баробар афзуда, захираҳои ҷиддии меҳнатиро ташаккул медиҳад.
Суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 20 соли охир 6,2%-ро ташкил дод. Ин дари ҳолест, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо суръати 5,3% ва иқтисоди ҷаҳон дар маҷмуъ бо суръати миёнаи солонаи 2,6% афзоиш меёфтанд. Болоравии даромади содиротӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба афзоиши даромади аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд.

Дар аксари кишварҳои минтақа ММД ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба афзудааст. Гардиши тиҷорати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2021 165,5 миллиард долларро ташкил дода, дар 20 соли охир 6 баробар афзоиш ёфтааст. Савдои байниҳамдигарии кишварҳои минтақа назар ба савдои берунӣ бо суръати тезтар инкишоф меёбад.
- Ҳаҷми маҷмуии сармоягузориҳои мустақими воридотӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз кишварҳои сеюм ба 211 миллиард доллар баробар мебошад. Дар 20 соли охир ин рақам беш аз 17 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар хусуси иқтисоди Тоҷикистон
Қаблан, дар моҳи августи соли ҷорӣ таҳлилгарони Бонки Авруосиёи Рушд дар шарҳномаи худ афзоиши баландтарини иқтисодии Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ сабт карданд.
- Қайд гардид, ки ҳаҷми умумии иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 46,2 миллиард сомониро ташкил дод (тақрибан 4,4 миллиард доллар), ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7,4 дарсад бештар будааст.
Пешбари асосии иқтисоди кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ саноат буд, ки ҳиссаи он 19,7%-ро ташкил дод.
Саҳми савдо 18,1%, кишоварзӣ 16,9%, андоз 10,4%, сохтмон 8,3%, нақлиёт 8,1%, дигар соҳаҳои хизматрасонӣ 18,5%-ро ташкил дод.
- Дар ҷамъбасти соли 2021 ҳиссаи кишоварзӣ дар ММД Тоҷикистон 24,1% ва саноат 18,2%-ро ташкил дод.
Қайд бояд намуд, ки моҳи марти соли гузашта саноатикунонии босуръати иқтисоди Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ эълом гашта буд. Ҳукумат бар асоси Стратегияи миллии рушди кишвар барои солҳои 2016-2030 интизор дорад, ки Тоҷикистон то оғози даҳсолаи оянда ба кишвари саноатию аграрӣ табдил меёбад. Барои ин зиёд кардани иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ, кам кардани вобастагии иқтисодии мамлакат аз хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шудааст.
- Дар Стратегияи миллии рушд (СМР) барои давраи то соли 2030 ҳадафи то соли 2030 то 3,5 баробар зиёд кардани даромади дохилии аҳолӣ ва ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ пешбинӣ шудааст.
Ин ҳадаф дар сурате амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон модели мавҷудаи рушди худро тағйир диҳад ва ба бахши хусусӣ имкони бештари сармоягузорӣ, эҷоди ҷойҳои корӣ ва саҳмгузорӣ ба инноватсияҳо ва рушди иқтисод фароҳам орад.
«Барои муваффақ шудан талошҳоро муттаҳид бояд кард»
Солҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими робитаҳо ва иқдомоти муштарак ҷиҳати рушди иқтисоди минтақа талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Ин масъала дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Тошканд дар мавзуи “Иқтидори сармоягузории Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, низ баррасӣ шуд. Иштирокдорони баҳс дар бораи он, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамкориҳо, таъмини афзоиши воқеии вуруди сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишварҳои минтақа бояд чӣ чораҳо андешанд ва инчунин кадом усулҳо дар ин самт самараноктар мебошанд, суҳбат карданд.
Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон, таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз усули “чизе аз ҷиҳати иқтисодӣ ба даст овардан аз ҳисоби аз даст додани як кишвари дигар” дур шаванд.

– Мушкилоти воқеие, ки бо кишварҳои ҳамсоя доштем, солҳои охир аз байн бардошта шуданд. Кӣ метавонист чанде пеш тасаввур намояд, ки Ӯзбекистон бонизом ҳаҷми тиҷорат бо Покистонро тавассути Афғонистон афзоиш медиҳад? Холо бор аз бандари Қарочӣ дар зарфи чор рӯз оварда мешавад. Чанде пеш мо бо Ҳиндустон низ мубодилаи амволро сар кардем, – қайд намуд Умурзоқов ҳангоми баррасии зарфиятҳои кишварҳои ОМ ва имконияҳои форум ҳамчун майдон барои муҳокимаи дурнамои мазкур.
Неъматулло Ҳикматуллозода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисод, зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфт, сармоягузорон омилҳои мухталиф, аз ҷумла суботи сиёсӣ ва имконоти сармоягузории молиявиро баррасӣ мекунанд. Ин намояндаи сектори давлатӣ дар хусуси шароите, ки дар Тоҷикистон фароҳам оварда мешавад, алоҳида таваққуф кард. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ду маротиба коҳиш ёфта, афзоиши ҳиссаи соҳибкории хурду миёна ба қайд гирифта шудааст. Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон саноатикунонии бошиддат мебошад. Илова бар ин, дар сатҳи ҳукумат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави сармоягузорӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
- – Кишварҳои мо барои рушди сайёҳӣ ва шояд ташкили хатсайрҳои муштарак дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам имконот доранд. Бартарии мо дар он аст, ки иқтисодҳои мо ба ҳам рақиб нестанд, балки якдигарро пурра мекунанд, дурусттараш, бояд якдигарро пурра кунанд. Ин бурди мо мебуд, ки ба туфайли он мо метавонистем ба кишварҳои минтақа сармояи бештар ҷалб кунем, – таъкид кард Ҳикматуллозода..
Сардор Умурзоқов ташаббуси эҷоди фазои ҳамгирои инвеститсиониро пеш овард, ки кишварҳои минтақаро муттаҳид мекунад. Вай таъкид кард, ки иқтисодҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози тахассусӣ, соҳаҳои муайян ва соҳаҳо беназиранд.
“Барои муваффақ шудан мо бояд якҷоя кор кунем. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, бозорҳои мо вақте ҷолиб хоҳанд буд, ки шароитҳоро ҳамоҳанг созем. Мо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шароит ва замина дорем, ки дар татбиқи лоиҳаҳо, шумораи ҷойҳои кории нав, аз ҷиҳати дастовардҳо дар самти рафъи камбизоатӣ, таъсиси «устохонаи ҷаҳонӣ» пешсаф бошем. Масалан, мо дар Самарқанд як минтақаи саноатӣ ташкил карда истодаем, ки дар он намояндагони кишварҳои ҳамсоя метавонанд лоиҳаҳои саноатиро ба роҳ монанд. Мо бояд якҷоя кор кунем. Мо метавонистем аз ин бартариҳои рақобатӣ – ҳамкориҳои тиҷоратӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои судманд дар самти долонҳои нақлиётӣ ва имкониятҳои логистикӣ истифода барем. Ин калиди боз кардани дари иқтидорҳои нуҳуфтаи мост. Ин воқеан натиҷа медиҳад.
Робитаҳои зич, субот, роҳ ба баҳр, рушди истеҳсолот…
Коршиносон бар ин назаранд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ояндаи калон дорад, аммо танҳо бо рафъи монеаҳои мавҷуда ба муваффақият ноил шудан метавонад.
«Мушкилоти асосӣ дар дарки комил наёфтани он аст, ки мо танҳо дар сурати муттаҳид шудан ба як минтақаи тавоно ва пешрафта табдил ёфта метавонем, – мегӯяд иқтисоддон Насимҷон Ризоев. – Пеш аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро лозим аст, ки ҳама гуна монеаҳоро дар роҳи тиҷорати мутақобила аз байн баранд. Ин дар замони мо, вақте тамоми ҷаҳон ба масъалаи таъмини бехатарии ғизоӣ машғул аст, аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин, долонҳои муштараки нақлиётиро таъсис додан лозим аст, ки барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истеҳсолшуда имкон фароҳам меоранд. Аҳамияти стратегии минтақа – ҳам аз ҷиҳати содироту сармоягузорӣ ва ҳам дар самти рушди долонҳои нақлиётии Ғарб-Шарқ ва Шимол-Ҷануб меафзояд. Ҳамзамон, тамоми равандҳои табдилдиҳӣ бояд шаффоф ва фаҳмо бошанд, ин махсусан ба сиёсати гумрукӣ, андоз ва дигар ҷанбаҳо дахл дорад.
Ҳамчунин, ба ақидаи коршинос, масоили обу марз боз як самтест, ки бояд ҳарчӣ зудтар ҳалли худро пайдо кунад. Ин бахусус ба муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дахл дорад. Илова бар ин, хатари бесуботии марбут ба Афғонистон вуҷуд дорад.
Тавре коршиносон қайд мекунанд, ба авлавиятҳо дар роҳи ифшо кардани зарфиятҳои инвеститсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди зерсохтор, бунёди роҳҳои оҳану мошингарди нав дохил мешаванд, ки на танҳо кишварҳои минтақаро муттаҳид месозанд, балки роҳро ба кишварҳои дигар, сӯйи бандарҳои баҳрӣ мекушоянд.
- Самти дигари таваҷҷуҳталаб ҷалби сармоягузорон мебошад. Дар байни афзалиятҳои муҳим барои сармоягузорон коршиносон дастгирии ҳамаҷониба, субот ва амниятро номбар мекунанд, ки бояд дар сатҳи қонунгузорӣ кафолат дода шавад.
– Ҳамчунин ба ҳамкории зичи корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, тиҷоратӣ, бонкҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, рушди робитаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ бояд кард, – мегӯяд Насимҷон Ризоев. – Дар ин росто бояд тамаркуз ба таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди соҳибкории хурду миёна, минтақаҳои озоди иқтисодӣ кард. Дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти олӣ, барномаҳои муштарак ва лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ заруранд. Мо бояд дар сатҳҳои гуногун – аз сарони давлатҳо то иқтисоддонҳою соҳибкорон бештар мулоқот кунем. Ҳамаи ин барои ташаккули назари умумӣ ба мушкилоти минтақа ва роҳҳои ҳалли онҳо имкониятҳои хуб фароҳам меорад.
Асад Беҳрӯз