Ё ҳадиси рӯзгори ронандае, ки нахустин ташкилоти ғайридавлатии суғуртавияш 30 сол инҷониб аз беҳтаринҳост
Коргоҳе, ки ӯ ташкил кардааст, дар ибтидо ягона буд, зеро маҳз ӯ нахустин шуда дарк кард, ки дар ин давраи буҳронӣ маҳз чунин ташкилоти ғайридавлатӣ ба дарди мардуми кишвар мехурад.
Коргоҳе, ки ӯ ташкил кардаасту 30 сол инҷониб муваффақона фаъолият дорад, ба ҳазорҳо дармонда, ҷабрдида, беморшуда, офатзада дасти мадад додааст, аз мушкили рухдода эшонро вораҳондааст.
Коргоҳе, ки ӯ ташкил кардааст, аз паси худ 20 корхонаи ҳамсонро ба майдон овардааст.
Коргоҳе, ки ӯ ташкил кардааст, алъон бренди суғуртаи миллӣ шудааст. Ва табиист, ки имрӯз номи “Муин” барои мардуми дурдасттарин рустои кишвар ошност.
Он ҳама комёбие, ки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Муин” тӯли се даҳсола ноил гашта, бо номи муассис ва садри аъзамаш – ҳоҷӣ Шарифҷон Исҳоқов тавъам аст, ки баъди хатми мактаби миёна ронандаи оддӣ буду даъвои ситора аз осмон кандан надошт. Тарки чанбар кардан ва пайвастанаш ба олами комилан ноошнои суғурта ва беш аз ним асри умри хеш нисори он карданаш худ ҳадиси ҷолибест. Онро банда аз забони эшон чанде пеш дар рӯзҳои ҷашни 70-солагияшон шунидаму акнун навбати шумост.
“Мошин ё трактор бошад, бо ҷону дил, лекин суғурта…”
– Дар ҷавонӣ ҳама максималистанду орзуи муҳандис, духтур, олим, геолог ё футболисти номдор шудан мекунанд. Шумо пас аз хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ронандагиро ёд гирифта бошед ҳам, барои кор ба… идораи суғуртаи давлатӣ рафтед. Чӣ сабаби чунин интихоби ғайримаъмулӣ шуд?
– Соли 1969 баъди мактаб тракторчии омӯзишгоҳи техникии рақами 18-и шаҳри Конибодом шудам. Аз он ҷо ба комбинати консервбарорӣ гузаштам. Бо даъвати комиссариати ҳарбии шаҳр курси нимсолаи ронандагиро хатм кардаму баъд ба хизмати ҳарбӣ рафта, ду сол дар ҳайати авторота дар Муғулистон ронанда будам. Чун баргаштам, Абдуғаффор Қаҳҳоров, комранди комиссариати ҳарбӣ ва зиндаёд котиби Ҷамоати деҳоти Пулодон Узоқбой Ҳасанов гуфтанд, ки маро чун нозир ба нозироти суғуртаи шаҳр тавсия карданиянд. “Ман одами ба қавле техникӣ, ягон мошин ё трактор бошад, бо ҷону дил, лекин ман аз кори суғурта бӯе набурдаам” гӯям, гӯш накарданд. Онҳо бо падарам, ки муовини директори мактаби ба номи Чапаев буданд, аллакай гапро пазондаанд, зеро чун хона омадам, он кас бо табассум гуфтанд, ки “Шарифҷон, аллакай кор ёфтаед – ку”. Хуллас, бо хоҳиши модарам падар розӣ гаштанд. Аз ҷамоат маро назди сардори нозироти суғуртаи шаҳр шодравон Қаҳрамон Нӯъмонов фиристоданд, ки баъдан нахустин устоди ман дар ин ҷодаи бароям нав шуданд. Пас аз суҳбат он кас маро ба нозироти суғуртаи вилоят фиристоданд, зеро он вақтҳо ҳатто нозири қаториро дар вилоят тасдиқ менамуданд. Дар он ҷо фармони қабулро бароварданд, лекин таъкид карданд, ки ҳеҷ набошад, дар техникум хонда, маълумоти соҳавӣ гирам.

Ҳамин тавр, соли 1973 нозири суғурта шудам ва дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пулодон ва Патари шаҳри Конибодом ба кор шуруъ кардам. Пулодон аз калонтарин деҳаҳо буд ва сеюним ҳазор хоҷагӣ дошт. Ҳамзамон ғоибона таҳсил карда, соли 1976 техникуми молиявию иқтисодии Душанберо хатм намудам.
– Бӯи мушк пинҳон намонад, гуфтагӣ барин, дере нагузашта, бо аҷри кордонию масъулиятшиносӣ Шуморо сарнозир – муовини сардор таъинатон карданд. Соле пас бошад, иҷрокунандаи вазифаи сардори нозироти “Госстрах”и шаҳр. Дар 25 – солагӣ сарвари нозироти суғурта шудан он давра кам ба вуқуъ мепайваст. Бо вуҷуди эътирофи маҳорати баланди ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ, ки дар ниҳоят Шуморо ба Душанбе овард, дар вилоят розӣ нашуданд ба ҳафзи “иҷрокунандаи вазифа”. Ситораатон ба кадоме аз роҳбарон соз наомад?
– Не, ин ҷо сабаб тамоман дигар буд. Дар Хуҷанд ба ман гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳо ҳамааш дуруст, маълумоти соҳавӣ низ доред, натиҷаҳои коратон низ хеле хубанд. Лекин чун узви ҳизб нестед, мо Шуморо алҳол ба ин вазифаи баланд тасдиқ карда наметавонем.
Бояд ҳатман маълумоти олӣ гирифт
– Воқеан, дар он давраи яккатозии ҳизби коммунист чунин муносибату талаб нисбати кадрҳои роҳбарикунанда маъмулӣ буд. Чун тасдиқ накарданд, ба пойтахт омадед?
– Давоми воқеа ин тавр сурат гирифт. Ман қариб як сол иҷрокунандаи вазифа кор кардам, ки ба нозиротамон аз Душанбе ревизия омад. Кормандони масъули Сарраёсати “Госстрах”-и ҷумҳурӣ тамоми ҷанбаҳои корамонро пурра омухта, маълумотро ба роҳбарият пешниҳод намуданд. Баъди ин дере нагузашта маро барои идомаи кор ба ҳайси муфаттиш ба Душанбе хонданд. Ин соли 1978 буд. Сонитар сармуфаттиш таъин карданд. Корамон шаҳру ноҳияҳо гашта, фаъолияти нозиротҳоро ревизия кардан буд.
– Бори якум вақте идораи Шуморо ревизия карданд, вазифа гирифтед, бори дуввум вақте худатон нозиротеро ревизия кардед, боз вазифа гирифтед. Агар хато накунам, пас аз тафтиши кори нозироти шаҳри Ваҳдат.
– Дуруст. Ин соли 1985 буд. Баъди анҷоми тафтиш натиҷаи онро дар Сарраёсат муҳокима мекардем, ки сардорамон Мансур Очилдиевич Очилдиев маро назди худ хонда гуфтанд, ки бояд назди вазир равем. Он вақт вазири молия Ҷанобиддин Лафизов буданд. Ҳайрон будам, ки чаро маро аз миёни муҳокимаи масъала берун оварданд. Ростӣ, хавотир ҳам шудам, ки шояд ягон кас шикоят кардаасту он то гӯши вазирамон расидааст. Хуллас, аз кабинети вазир ғайричашмдошт бо вазифаи нав баромадам – сардори нозироти суғуртаи ноҳияи Октябри (ҳоло Исмоили Сомонӣ) пойтахт. Дертар фаҳмидам, ки вақте сарвари ин нозирот аз кор меравад, сардори Сарраёсатамон ба вазир номзадии маро тавсия кардааст.

Баъди ин боварии калон ман яқин дарк кардам, ки бояд ҳатман маълумоти олии соҳавӣ дошта бошам. Ин буд, ки ғоибона дар факултаи молия ва қарзи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) таҳсил ва соли 1990 онро хатм намудам.
Тӯли ин панҷ сол тавонистем корро равнақ диҳем ва нозироти ноҳияи Октябр аз беҳтаринҳо гардад.
Аз бурд то бохт – як қадам
– Фаъолияти муваффақонаи қариб 20 солаатон дар аҳди шӯравӣ як мақоли русиро ёд меорад, ки тарҷумааш шояд ин тавр бошад: омад, дид ва комёб шуд. Яъне ба ҳар кадом вазифае, ки таъин карданд, бо сарбаландӣ аз ӯҳдааш баромадед. Гумон мекунам, таҳрикгари асосӣ ору номус, масъулиятшиносӣ, омӯзиши пайваста ва муносибати хайрхоҳона ба ҳамкорону мизоҷон буд. Ҳамчунин ҷуръати таваккал кардан. Сифати охиринро ман бо он сабаб зикр мекунам, ки дар вазъияти буҳрони шадиди соли 1992 ташкили нахустин ширкати ғайридавлатии суғуртавӣ дилу гурдаи қавиро тақозо дошт. Зеро дар чунин ҳолат шонси бурд кардану хатари бохтан баробар буд.
– Шикасти давлати абарқудрати шӯравӣ аз як тараф боиси соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриҳо, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо гашта бошад, аз ҷониби дигар боиси шикасти иқтисоди нақшавӣ шуд, ки қомати Иттиҳоди Шӯравиро рост карда буд. Ба ҷояш иқтисодӣ бозаргонӣ омад, ки падидаи комилан нав буд. Барои Тоҷикистони мо давраи гузариш дучанд душвор омад, зеро гирифтори ҷанги таҳмилӣ гашт. Имрӯз ҳама медонад, ки бо азоби сангин ва панҷ соли мубориза оташи он хомӯш карда, давлати ҷавонамон аз фаноёбӣ наҷот дода шуд.
Он вақтҳо касе намедонист, ки пагоҳ чӣ мешавад. Бо вуҷуди ин сарфи назар аз душворию хатарҳо мебоист ба хотири имрӯзу фардо зиндагиро пеш мебурдем, корро давом медодем. Ҳамин буд, ки бо ҳамсинфам меъмор Бобоҷон Олимов қарор додем, ташкилоти суғуртавӣ созмон диҳем.
Ташкилоти ғайридавлатӣ. Чунки он вақт бо сабабҳои маълум ба умеди давлат шудан имкон надошт. Баръакс давлат, ба қавле, ба умеди мо буд, ки ҳар кадом дар ҷои худ бо донишу маҳорат ва таҷриба дастгирияш кунем, муттакояш бошем. Ҳамин тавр, моҳи майи соли 1992 ширкати “Муин” ба фаъолият оғоз намуд.
– Дар кори суғурта меъморро шарик гирифтан ҳодисаи аҷиб, аниқтараш ғайричашмдошт аст. Бо ҳамсинфу дӯст ҳамроҳ кор кардан, албатта, азми хуб. Лекин дар ин маврид бароятон нафари иқтисоддон заруртар набуд, ки боратонро сабук созад?
– Ба ман ин саволро ҳамон вақтҳо ҳам бисёриҳо медоданд. Ҳамсинфу дӯстам Бобоҷон ғайр аз меъмори воқеан олиҷаноб будан масъалаҳои иқтисоду молия ва суғуртаро хуб мефаҳмид, шахсе буд кони идея. Аз ин рӯ, тасодуф нест, ки баъдан якчанд ширкати муваффақ ташкил намуд.
– Дар замоне, ки кулли мардум дар фикри ҷону фикри нон буданд, яқинан “Муин” ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ шуд. Танҳо баъди истиқрори сулҳ ва оромӣ дар мамлакат, барқарор ва пойдоршавии сохторҳои давлатӣ барои меҳнати созанда шароити созгор ба миён омад. Аз ҷумла барои ширкати Шумо. Солҳои минбаъда коратон торафт равнақ ёфт, намудҳои хизматрасонӣ ва теъдоди мизоҷонатон меафзуд. Чӣ Шуморо дилпур мекард, ки интихобатон дуруст аст?
– Шӯълаи умед дар чашми мардум.Аз муоширати ҳаррӯза бо одамони гуногункасб, ки мо наздашон мерафтем, ё онҳо ба идораамон меомаданд, эҳсос кардан гуворо буд, ки фардои неку рӯзгори осуда фаро мерасад. Ҳамин буд, ки аксарашон ба умқи гуфтаҳои мо мерасиданд, ба суғуртакунӣ розӣ мешуданд, хоса суғурта аз ҳодисоти нохуш ва суғуртаи молу амвол. Тадриҷан дигар намудҳои суғурта низ роиҷ мешуд. Яъне кори мо ҷон мегирифт.

Мо ҳоло ҳам агенти суғурта мекобем
– Дар ибтидо ташкилот ҳамагӣ чор корманд дошту бо мурури солҳо шумори онҳо қариб даҳ маротиба афзуд. Яъне дар “Муин” кор кардан боиси ифтихор гашт. Ҷаззобияш шояд дар маош буд. Зимнан, агар сирри тиҷоратӣ набошад, маоши кормандонатон чӣ қадар аст?
– 10 маротиба зиёд шудани кормандон шояд ба назари дигарон комёбӣ тобад, лекин ман ҳамчун роҳбар чунин намешуморам. Зеро ба кормандони бештар ниёз доштему дорем ва тайёрем худи ҳамин рӯз боз 15-20 нафарро чун агенти суғурта ба кор қабул кунем барои густурдатар кардани доираи фаъолият. Аммо мутахассиси кордон намеёбем, ки мушкили дирӯзу имрӯзи як ширкати мо нест. Бисёр меоянд хоҳишмандон, лекин як ҳафта нагузашта, дигар остонаи идораро зер намекунанд. Ё саводи казоӣ надоранд, ё бо одамон муошират карда наметавонанд, ё якбора пули калон мехоҳанд.
Акнун дар бораи маош дар “Муин”. Мо то 35 дарсади маблағи ҳар шартномаи бо мизоҷ басташударо ба агентҳои суғуртаамон медиҳем, ки ин фоизи баланд аст ва онҳо ба ҳисоби миёна моҳе 3-4 ҳазор сомонӣ мегиранд.
Маоши бад аст? Фақат касби худро дӯст дошта, пайваста камол ёфта, бо дили гарм кор кардан даркор. Ва ман нафаронеро намефаҳмам, ки чунин корҳои хубро дар Ватан сарфи назар карда, ба Русия мераванд. Муҳоҷирон дар он ҷо бо чӣ азобу маҳрумият пул кор мекунанд, ба касе пӯшида нест.
Ғайр аз ин, мутаассифона, сатҳи донишу малакаи хатмкардаҳои донишкадаҳои олӣ паст буда, он аз ҷумла ба талаботи бозори суғурта ҷавобгӯ нест.
– ҶДММ “Муин” ғайр аз идораи асосӣ дар пойтахт ҳамагӣ як филиал дорад, ки дар Хуҷанд аст. Сабаби чунин доираи маҳдуди намояндагии ширкатро Шумо чӣ тавр тавзеҳ медиҳед?
– Мо пурра имконияти молиявӣ дорем, ки дар вилоятҳо филиалҳо ифтитоҳ намоем. Аммо мушкил боз сари кадрҳост. Бо вуҷуди ин, дар ояндаи наздик дар Душанбе, сипас дар вилояти Хатлон филиалҳо кушоданием. Аз фурсат истифода бурда, расман хоҳишмандонро ба кор даъват мекунам.
“Муин” 15 намуд хизмат мерасонад
– Шумо “Муин”-ро ба як ташкилоти тавоно табдил додаед, ки айни замон аз ҷиҳати ҳаҷми сармояи худӣ, дороиҳо ва захираҳои суғуртавӣ камназир аст. Он ҳоло чӣ хизматҳое ба мизоҷон мерасонад ва кадомаш бештар бозоргир шудааст?
– Айни замон мо 15 намуд хизмати суғуртавӣ пешниҳод кардаем, ки талабгоронашон зиёданд. Аз ҷумла, суғуртаи тиббӣ, суғурта аз ҳодисоти нохуш, суғуртаи ҷамъшавандаи кудакон, суғуртаи амволи ашхоси ҳуқуқӣ, суғуртаи амволи шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва масъулияти шаҳрвандии соҳибони онҳо, суғуртаи сайёҳон ва мусофирон, суғурта аз ҳодисаҳои ёрии таъҷилии ҷарроҳӣ ва дигарҳо.
Соли 2021 маблағи умумии пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба суғурташудагон қариб 600 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз ин миён суғурта аз ҳодисоти нохуш – 360 220 сомонӣ; суғуртаи нақлиёт – 64 333, суғуртаи молумулки ашхоси ҳуқуқӣ – 60 905, суғуртаи тиббӣ – 58 376, суғуртаи ҷамъшавандаи кӯдакон – 44 600 сомонӣ.
Яке аз намудҳои густурдаи хизматрасониямон суғуртаи мактаббачагон аз ҳодисоти нохуш шудааст, ки ҳамагӣ аз 5 то 25 сомонӣ арзиш дорад. Ба василаи он теъдоди мизоҷонамон хеле афзуд.
– Донишҷӯё ҳам суғурта карда мешаванд?
– Не, лекин ҳамин сол хизматрасонӣ ба онҳоро низ роҳандозӣ мекунем.
Ба ду зарардида 350 ҳазор сомонӣ суғуртапулӣ доданд
– Далели ҷолибе ба чашмам афтид. Гаронарзиштарин суғуртаи тиббӣ пардохти маблағ ба донишҷӯи британӣ Агнес Коллиер будааст, ки барои табобаташ ширкат $37 миллион додааст. Метавонед, мисоле аз харҷҳои калонтарини ширкати худ оред?
– Соли 2020 дар натиҷаи аз таркиши мина ҷароҳат бардоштан ба ду корманди Маркази миллии Тоҷикистон оид ба поккорӣ аз минаҳо тибқи шартномаи суғурта аз ҳодисоти нохуш 350 ҳазор сомонӣ пардохт кардем.
– Бино ба маълумот, хароҷоти солонаи одамони дунё барои суғурта тақрибан $4,6 трлн шудааст. Қисми зиёди он ба ИМА рост меояд, зеро харҷи амрикоиён бо ин мақсад ба $1,5 трлн мерасад. Метавон афзуд, ки одамон аксаран ҳаёти худро суғурта мекунанд ва барои ин соле то $1,9 трлн медиҳанд. Барои суғуртаи амвол бошад, то $1,2 трлн ва суғуртаи тиббӣ тақрибан $0,8 трлн. Фоидаи суғуртачиён дар бозори глобалии суғурта дар ҳудуди 10 дарсад аз маблағҳои гирифтаро ташкил медодааст. Дигар далели ҷолиб ин, ки дар ИМА ва Аврупо эҳтимоли сарзании ҳодисаи суғуртавӣ аз 5 дарсад беш нест. Ин ҳамаро Шумо хубтар медонед. Бигӯед, ки дар бозори суғуртаи кишвари мо, аз ҷумла дар “Муин” он чӣ миқдор бошад?
– Аз хусуси дигар ташкилотҳои суғуртавии ҷумҳурӣ чизи аниқе гуфта наметавонам. Лекин дар “Муин” аз воридоти маблағи суғуртавӣ пардохти суғуртавӣ 15 – 20 фоизро ташкил медиҳад. Дар чунин мавридҳо мекӯшем, ки ба зарардидагон сари вақт маблағи муайяншударо пардозем.
Зимнан, солҳои охир “Муин” ҳар сол ба буҷети давлатӣ қариб аз як миллион сомонӣ андоз мепардозад.
Аз мактабхонӣ суғуртаро бояд донист
– Дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 20 ташкилоти давлатию хусусии суғуртавӣ фаъолият дорад. Ба фикри коршиносон то ҳол дар ҷомеа зарурату манфиати суғурташавӣ ба ҳақиқати бебаҳс табдил наёфтааст. Ҳамчун мутахассиси варзида сабаби инро дар кадом омилҳо мебинед ва чӣ тадбирҳо барои рушди соҳа корагар мешаванд?
– Мақсад аз суғурта чист? Дар ҳолати душвор ба шахси зарардида ё бемор ёрии моддӣ расондан.Одамӣ пешомадашро намедонад ва дар кору рӯзгор аз ҳодисоти нохуш эмин нест. Ва бисёр вақт чун фалокате аз таги по сар зад, барои рафъи он маблағи зарурӣ надорад. Ана дар ҳамин ҳолат ташкилоти суғуртабо маблағ ба мададаш мерасад. Бояд гӯям, ин маблағ аз пуле, ки барои суғурташавӣ месупоред, чандин маротиба зиёд аст. Бо вуҷуди ин аксари мардуми мо то ҳол суғуртаро бо чашми кам мебинанду харҷи беҳуда меҳисобанд.
Дар чунин муносибат, пеш аз ҳама, худи мо, суғуртагарон гунаҳгорем. Тарғиби аҳамияту фоидаи суғурта густурда ва ба таври системавӣ нест. Рекламаи фаҳмову нишонрас ниҳоят кам мебошад, ҳамчунин нархи он гарон. Ман мутмаъинам, ки барои ҷиддан дигар кардани ин ҳолат дахолати давлат зарур аст. Аз ҷумла дастгирияш аз ташкилотҳои хусусии суғуртавӣ. Дар бозори суғурта, дар музоядаҳо барои ҳама иштирокдорон шароити баробар, муҳити солими рақобатро таъмин кардан ба манфиати давлат низ ҳаст. Дар натиҷа ҳам миқдори ширкатҳои суғурта меафзояд ва ҳам маблағи андози онҳо ба буҷети давлатӣ.
Зимни сафарҳои зиёди хориҷӣ, вохӯрию сӯҳбатҳо бо ҳамкасбон аз давлатҳои дигар маълумам гашт, ки дар онҳо одамони суғуртанашударо ҳисоб кардан осонтар аст, назар ба суғурташудаҳо. Зеро зарурату фоидаи онро наврас ҳам медонаду калонсол ҳам. Аммо дар мо на дар мактабҳои миёна дар ин хусус дониш медиҳанд, на дар макотиби олӣ.
Танҳо бо рекламаи аҳёни ташкилотҳои ангуштшумори суғуртавӣ ин вазъиятро тағйир додан душвор аст. Қонунҳои мавҷудаи соҳа низ бояд тибқи талаботи замони тағйирёбандаи муосир такмил дода шаванд.
– Имрӯз дар бозори суғурта босуръат хизматҳои нав манзур карда мешаванд, намуде аз даҳон монда, намуди дигаре серталаб мешавад, дар асоси дастовардҳои ҷадиди технологӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ тарзи ташкили кор ва иртиботу корбарӣ бо мизоҷон сифатан дигар мегардад, бисёр равандҳои кор ба таври рақамӣ роҳандозӣ мешаванд, истифодаи роботҳо амали муқаррарӣ мегардад. Технологияҳои нав имкон фароҳам меоранд, ки хизматрасонӣ ба мизоҷон “дар ҳудуди онҳо” ва вақти барояшон матлуб сурат гирад. Суръати вокуниш ба муроҷиати мизоҷон барои ширкатҳо аз муҳимтарин ҳадафи таҳаввулоти рақамӣ мегардад. Оё суғуртачиёни ватанӣ, аз ҷумла кормандони “Муин” аз ин абзорҳои муосир истифода мебаранд?
– Ҳамқадами замон будан кафолати пешравӣ аст ва мо низ то қадри имкон мекӯшем, ки абзорҳои муосири технологии пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасониро мавриди истифода қарор диҳем. Айни ҳол бо ҳамкасбонамон бо таҳияи чанд намуди нави суғурта машғулем, ки тариқи онлайн дастрас мешаванд.
Ҳам муваффақ, ҳам хушбахт
– Аҷиб, ки тӯли ин даҳсолаҳо оё боре худ ё ягон узви оилаатонро суғурта кардаед?
– Аз соле, ки “Муин” ба кор даромад, ман натанҳо худам, балки тамоми аъзои оилаи худ ва фарзандонамро ҳар сол суғурта мекунам. Сӣ сол боз. Раво нест, ки дигаронро тарғиби суғурташавӣ кунему худро канор гирем.
– Шумо 30 сол боз сарвари муваффақи ташкилотед, донишу таҷрибаи нодири касбӣ андухтаед. Агар роҳбари ҷавоне наздатон ояду маслиҳат пурсад, ки чӣ сон метавон комёб шуд, се тавсияатон аз чӣ иборат мешуд?
– Дониши мукаммали соҳавӣ, дасту дили пок доштан ва навҷӯ будан аз шартҳои асосии комёб шудан дар касбу кори интихобкарда, ҳамчунин сарварӣ мебошанд. Кулли ашхоси муваффақ як ҷиҳати умумӣ доранд: ҳамарӯза субҳи солеҳ аз хоби ширин хестан ва то 16 соат кор кардан. Яъне ганҷ бе ранҷ ба даст наояд.

– Шумо худро бештар шахси муваффақ меҳисобед ё хушбахт?
– Ё ҳарду. Ман лаҳзае пушаймон нагаштаам, ки зиёда аз 50 соли умрам сарфи кори суғурта шудааст. Корхонае, ки ташкил кардам, 30 сол боз хизмати мардум мекунад. Аз ҳамин касб ном ва нони ҳалол ёфтам. Ва гумон мекунам, ин ҳама баракати дуои мардум ва падару модарам бошад.
Бо ҳамсарам Матлубахон дар тӯли қариб ним асри гузашта оилаи ободе бунёд намудем. Ҳар се фарзандамон – Гулноза, Шаҳноза ва Шерозро ба камол расонда, соҳибкасб кардем, ки дар “Муин” кори моро идома дода истодаанд. Шукри Парвардигор, ки хушбахтии моро 11 набера ва ду абера шаҳди хоса мебахшанд.
– Шаҳд гуфтеду ҳикояти яке аз дӯстонатон ба хотирам расид, ки гуфта буд: рӯзҳои истироҳати баҳору тобистон ҳоҷӣ Шарифҷонро аз Душанбе пайдо кардан амри маҳол, чунки ҳатман ба Файзобод мераванд. Назди занбурҳои асалашон. Ҳамин тавр?
– Ҳа. Қариб чил сол боз бо ин кор машғулам. Асал бо кулли хусусияти беназираш аз беҳтарин неъмати Парвардигор барои инсон бошад, ки дар сураи Қуръон – Ан – Наҳл таъкид шудааст.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД